Главная / Гуногун / ПИРУЗИИ РАХМОН НАБИЕВ

ПИРУЗИИ РАХМОН НАБИЕВ

4 ноябри соли 1991 интихоботи Раиси чумхур баргузор шуд, ки довталабони асосии он Рахмон Набиев ва Давлат Худоназаров буданд. Дар ин интихоботи вокеан озод Рахмон На- биев баранда шуд. Набиев собикаи дарози рохбарии чумхуриро дошт ва маъруф буд, аз ин сабаб, нухбагони шурави – коммуни- стон ва хамаи онхое, ки дар замони шурави амалдор буданд, аз у тарафдори карданд.

Давлат Худоназаровро зиёиён, харакати «Растохез», Хизби демократ, чамъияти «Лаъли Бадахшон» ва Хизби нахзати исломи пуштибони мекарданд. Васоити ахбори давлати ба тарафдори аз Набиев ва рузномахои озоди «Чароги руз», «Адолат» ва дигар нашриёти мухолифон ба тарафдори аз Худоназаров кор мекарданд. Таргиботи Худоназаров хеле густардаву муассиртар бошад хам, маъруфияти Набиев боло гирифт ва у дар интихобот баранда шуд.

Рахмон Набиев

Дар асл ин интихобот бахси кухнаву нав буд. Ин давраи бе- дории мардуми точик буд. Одамон бо иштиёк ахволоти сиёсиро дунбол мекарданд. Хама бесаброна баромадани рузномахоро интизор мешуданд. Бо хам бахс мекарданд, аз ин ё он довта- лаб тарафдори мекарданд, ба оянда бо умед менигаристанд. Озодандеши ва ошкорбаёни хукмфармо буд. Падар тарафдори Набиев бошад, писар аз Худоназаров тарафдори мекард. Ба раъйи хамдигар арч мегузоштанд.

Довталабон ситод ташкил карда буданд ва тарафдорони маъруфи худро чамъ карда, ба минтакахо барои таргибот ме- фиристоданд. Хикоят мекарданд, ки нафаре аз Душанбе хамчун узви хайати таргиботчиёни Худоназаров ба дехааш рафт. Па- дараш, ки садри деха буд, хайатро мехмон кард ва ба онхо сарохатан эълон кард:

– Ман шуморо хамчун мехмон бо чону дил кабул дорам, вале раъйамро ба довталаби шумо намедихам!

Коршиносон ба иттифок ин интихоботро озодтарин раъй- дихи донистаанд, вале мухолифон натичаи интихоботро кабул накарда, ба тазохурот даст заданд. Дар натичаи тавофуки мухо- лифон бо хукумати тозаинтихоб, ба рохбарони мухолифон ба шарти ба хушунат даст назадан, кафолати масуният дода шуд ва дар натича дар кишвар як оромии сунъи баркарор шуд. Конуни манъи рафту омад чори карда шуд, ки тибки он зиёда аз се нафар чамъ шудан ва пас аз соати муайян дар хиёбонхо равуо кардан мамнуъ буд. Вале ба зуди ин ороми халалдор шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …