Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ҲАЁТ БА ТАСАВВУРОТИ ФАЙЛАСУФОНИ ДУНЁИ ҚАДИМ ВА АСРҲОИ МИЁНА

ПАЙДОИШИ ҲАЁТ БА ТАСАВВУРОТИ ФАЙЛАСУФОНИ ДУНЁИ ҚАДИМ ВА АСРҲОИ МИЁНА

Савияи дониш дар дунёи қадим чандон баланд набуд, аксар маълумотҳо хусусияти афсонавӣ доштанд, махсусан, дар бобати афзоиш. Масалан, файласуфи юнонӣ Эмпедокл (асри V то мелод) ақида дошт, ки дарахтҳо қобилияти тухмгузорӣ доранд.

Нафаҳмидани усули афзоиши бисёр растанию ҳайвонот эҳтимол сабаби он шуда буд, ки он одамон бовар доштанд, аз боқимондаи организмҳои фавтида, ё аз моддаҳои ғайриорганикӣ организми зинда ба вуҷуд меояд. Масалан, ба гуфтаи Арасту шабушк аз гўшт, ганданафа- сакҳо аз шираи бадани ҳайвон, кирми лойхўрак аз лойқаи зери ҳавзҳо пайдо мешаванд.

maxresdefault

Дар асрҳои миёна ҳам дар масъалаи пайдоиши ҳаёт чунин ақидаҳои нодуруст ҷой доштанд. Ақидаҳое низ буданд, ки ҷиҳати пайдоиши ҳаёт хусусияти мусбат доштанд, вале аз сабаби дар назди калисо обрўи зиёд доштани Арасту ғояи бе ҳеҷ асос пайдо шудани ҳаёт дар ақлу зеҳни мардум муддати тўлонӣ боқӣ монд. Ҳатто, кимёгарҳои асрҳои миёна ба он сафарбар шуда буданд, ки роҳу васоити бо роҳи сунъӣ ба моддаи зинда табдил додани моддаи ғайризиндаро ёбанд.

Масалан, роҳи ба вуҷуд овардани мушҳо аз гандум бо ёрии «ферменти» аз куртаҳои ифлос ҳосилшуда; эҳёи инсон аз маҳсули ҷисм – пешоб, хун ва ғайра.

Кашфи микроскоп донишҳои одамонро оиди мураккабии сохти организмҳо, аз ҷумла, ҳашарот (то кашфи микроскоп онро организми содда меҳисобиданд) зиёд кард. Аз ҷониби дигар, фарзияи аз материяи ғайризинда пайдо шудани организмҳо зери шубҳа монд.

Таҷрибаи нахустин дар ин бобат ба олими италиявӣ (миёнаи асри ХVII) Ф. Реди мансуб аст. Ў гўштро бо докаи ҳавогузар пўшонида, пас аз чанд вақт ба хулоса омад, ки дар гўшти вайроншуда кирминаи пашша пайдо нашуд, зеро пашша

имконияти дар гўшт тухм гузоштан надошт. Ҳамин тавр, ў исбот кард, ки «ҳамаи зинда аз зинда» пайдо мешавад.

Дар бобати муайян кардани роҳҳои пайдоиши организмҳои зинда ақидаи олими англис В. Гарвей низ ҷолиб аст. Ў дар асоси таҷриба қонуни «ҳамаи зинда аз тухм»-ро пешниҳод кард. Бо вуҷуди ин, Гарвей низ ба тасаввуроти замони худ

такя карда, ба фарзияи худ аз худ пайдо шудани баъзе ҳайвонот, аз ҷумла, ҳашарот, бовар дошт.  Тавассути микроскоп муайян гашт, ки дар табиат мавҷудоти зиндаи дараҷаи ташаккули онҳо нисбат ба ҳашарот ва кирмҳо соддатар вуҷуд доранд. Ба ин, ҳамчунин, микроорганизмҳоро, ки дар маҳлулҳои моддаҳои органикӣ сукунат доранд, илова кардан мумкин аст.

Дар бораи пайдоиши ҳаёт корҳои олими рўҳонии ирландӣ Д.Нидгем (1748) низ ҷолиби диққат мебошанд. Ў дар зарфе оби хўрокро андохта даҳони онро руст кард ва рўи оташи паст гузошт. Ба ақидаи ў, гармӣ бояд ҳамаи он микроорганизмҳоеро, ки аз берун ба хўрок дохил мешуданд, нобуд мекард. Вале баъди чанд рўз дар зарф микроорганизмҳои зиёд пайдо шуданд. Ин ҳолат барои олим далели раднаша-

вандае буд баҳри он, ки организмҳои зинда аз материяи ғайризинда пайдо шудаанд. Ғояҳои Д.Нидгем дар байни олимони замони худ тарафдорони зиёд пайдо карда, муддати муайян асоси назарияи худ аз худ пайдо шудани ҳаёт гашт.

Бисёр олимон корҳои рўҳонии ирландиро такмил доданд, аммо натиҷаҳои гуногун ба даст меомаданд.

Тадқиқоти микробиологи франсавӣ Л.Пастер, ки солҳои 70-уми асри ХIХ гузаронида буд, ба ғояи худ аз худ пайдо шудани организмҳои зинда зарбаи қатъӣ зад. Пастер бо шарофати таҷрибаи дақиқ хулосаи хеле боварибахш баровард. Корҳои ў нафақат дурустии ақидаи худ, балки хатоҳои рақибонашро низ собит кард.

Пастер дар зарфи гарданааш S-шакл маҳлули ғизоӣ гирифт. Дар натиҷаи ҷўшонидан ҳавое, ки аз зарф қафо мегашт, хориҷ карда мешуд. Дар ин вақт микроорганизмҳо аз ҳаво дар гардани зарф такшон мешуданд ва ғизо муддати дароз бетағйир (стерилӣ) мемонд. Баъди буридани гарданаи зарф, пас аз чанд рўз, дар таркиби ғизо бактерияҳо пайдо мешуданд.

Чунин ҳолат дар аснои хам кардани зарф ва «шустан»-и микроорганизмҳои таҳшиншуда низ ба назар мерасид.

Корҳои Пастер дар таърихи омўзиши пайдоиши ҳаёт аҳамияти бағоят калон доштанд. Масъалаи худ аз худ пайдо шудани ҳаёт дар он шакле, ки қабул шуда буд, дастгирӣ наёфт, фикри «ҳама зинда аз зинда» асоси илмӣ пайдо кард.

Бояд гуфт, ки тадқиқотҳои Л.Пастер масъалаи пайдоиши ҳаётро комилан ҳал накарданд. Ў ин масъаларо фақат дар асоси илмӣ гузошт. Далели ин, афзудани маълумотҳо оид ба ҳаёт, махсусан, назария дар бораи ҳуҷайра буд.

Ҳуҷайра чун асоси ҳаёт муқаррар шуд, илмҳои физикаю химия рў ба тараққӣ ниҳоданд. Баъд аз Пастер то имрўз ягон олими дигаре кўшиш накардааст, ки аз микроорганизмҳо ё организмҳои нисбатан содда пайдо шудан ё нашудани мав-

ҷудоти мураккабтарро исбот созад. Тадқиқотҳо акнун ба масъалаи пайдоиши ҳуҷайра, ки таркиб ва сохтори мураккаби химиявӣ дорад, нигаронида шудаанд. Ин муаммо маънои мушаххас касб мекунад, зеро масъала нафақат дар пайдоиши ҳуҷайраи содда, балки бо роҳи сунъӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ ба вуҷуд овардани ҳуҷайра мебошад. Ҳоло олимон дар асоси дастовардҳои навтарини биология, астрономия ва физика ақидаҳои асрҳои гузаштаро дар бораи абадӣ будани ҳаёт аз нав зинда карда истодаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …