Савияи дониш дар дунёи кадим чандон баланд набуд, аксар маълумотхо хусусияти афсонави доштанд, махсусан, дар бобати афзоиш. Масалан, файласуфи юнони Эмпедокл (асри V то мелод) акида дошт, ки дарахтхо кобилияти тухмгузори доранд.
Нафахмидани усули афзоиши бисёр растанию хайвонот эхтимол сабаби он шуда буд, ки он одамон бовар доштанд, аз бокимондаи организмхои фавтида, ё аз моддахои гайриорганики организми зинда ба вучуд меояд. Масалан, ба гуфтаи Арасту шабушк аз гушт, ганданафа- сакхо аз шираи бадани хайвон, кирми лойхурак аз лойкаи зери хавзхо пайдо мешаванд.
Дар асрхои миёна хам дар масъалаи пайдоиши хаёт чунин акидахои нодуруст чой доштанд. Акидахое низ буданд, ки чихати пайдоиши хаёт хусусияти мусбат доштанд, вале аз сабаби дар назди калисо обруи зиёд доштани Арасту гояи бе хеч асос пайдо шудани хаёт дар аклу зехни мардум муддати тулони боки монд. Хатто, кимёгархои асрхои миёна ба он сафарбар шуда буданд, ки роху васоити бо рохи сунъи ба моддаи зинда табдил додани моддаи гайризиндаро ёбанд.
Масалан, рохи ба вучуд овардани мушхо аз гандум бо ёрии «ферменти» аз куртахои ифлос хосилшуда; эхёи инсон аз махсули чисм – пешоб, хун ва гайра.
Кашфи микроскоп донишхои одамонро оиди мураккабии сохти организмхо, аз чумла, хашарот (то кашфи микроскоп онро организми содда мехисобиданд) зиёд кард. Аз чониби дигар, фарзияи аз материяи гайризинда пайдо шудани организмхо зери шубха монд.
Тачрибаи нахустин дар ин бобат ба олими италияви (миёнаи асри ХVII) Ф. Реди мансуб аст. У гуштро бо докаи хавогузар пушонида, пас аз чанд вакт ба хулоса омад, ки дар гушти вайроншуда кирминаи пашша пайдо нашуд, зеро пашша
имконияти дар гушт тухм гузоштан надошт. Хамин тавр, у исбот кард, ки «хамаи зинда аз зинда» пайдо мешавад.
Дар бобати муайян кардани роххои пайдоиши организмхои зинда акидаи олими англис В. Гарвей низ чолиб аст. У дар асоси тачриба конуни «хамаи зинда аз тухм»-ро пешниход кард. Бо вучуди ин, Гарвей низ ба тасаввуроти замони худ
такя карда, ба фарзияи худ аз худ пайдо шудани баъзе хайвонот, аз чумла, хашарот, бовар дошт. Тавассути микроскоп муайян гашт, ки дар табиат мавчудоти зиндаи дарачаи ташаккули онхо нисбат ба хашарот ва кирмхо соддатар вучуд доранд. Ба ин, хамчунин, микроорганизмхоро, ки дар махлулхои моддахои органики сукунат доранд, илова кардан мумкин аст.
Дар бораи пайдоиши хаёт корхои олими рухонии ирланди Д.Нидгем (1748) низ чолиби диккат мебошанд. У дар зарфе оби хурокро андохта дахони онро руст кард ва руи оташи паст гузошт. Ба акидаи у, гарми бояд хамаи он микроорганизмхоеро, ки аз берун ба хурок дохил мешуданд, нобуд мекард. Вале баъди чанд руз дар зарф микроорганизмхои зиёд пайдо шуданд. Ин холат барои олим далели раднаша-
вандае буд бахри он, ки организмхои зинда аз материяи гайризинда пайдо шудаанд. Гояхои Д.Нидгем дар байни олимони замони худ тарафдорони зиёд пайдо карда, муддати муайян асоси назарияи худ аз худ пайдо шудани хаёт гашт.
Бисёр олимон корхои рухонии ирландиро такмил доданд, аммо натичахои гуногун ба даст меомаданд.
Тадкикоти микробиологи франсави Л.Пастер, ки солхои 70-уми асри ХIХ гузаронида буд, ба гояи худ аз худ пайдо шудани организмхои зинда зарбаи катъи зад. Пастер бо шарофати тачрибаи дакик хулосаи хеле боварибахш баровард. Корхои у нафакат дурустии акидаи худ, балки хатохои ракибонашро низ собит кард.
Пастер дар зарфи гарданааш S-шакл махлули гизои гирифт. Дар натичаи чушонидан хавое, ки аз зарф кафо мегашт, хорич карда мешуд. Дар ин вакт микроорганизмхо аз хаво дар гардани зарф такшон мешуданд ва гизо муддати дароз бетагйир (стерили) мемонд. Баъди буридани гарданаи зарф, пас аз чанд руз, дар таркиби гизо бактерияхо пайдо мешуданд.
Чунин холат дар аснои хам кардани зарф ва «шустан»-и микроорганизмхои тахшиншуда низ ба назар мерасид.
Корхои Пастер дар таърихи омузиши пайдоиши хаёт ахамияти багоят калон доштанд. Масъалаи худ аз худ пайдо шудани хаёт дар он шакле, ки кабул шуда буд, дастгири наёфт, фикри «хама зинда аз зинда» асоси илми пайдо кард.
Бояд гуфт, ки тадкикотхои Л.Пастер масъалаи пайдоиши хаётро комилан хал накарданд. У ин масъаларо факат дар асоси илми гузошт. Далели ин, афзудани маълумотхо оид ба хаёт, махсусан, назария дар бораи хучайра буд.
Хучайра чун асоси хаёт мукаррар шуд, илмхои физикаю химия ру ба таракки ниходанд. Баъд аз Пастер то имруз ягон олими дигаре кушиш накардааст, ки аз микроорганизмхо ё организмхои нисбатан содда пайдо шудан ё нашудани мав-
чудоти мураккабтарро исбот созад. Тадкикотхо акнун ба масъалаи пайдоиши хучайра, ки таркиб ва сохтори мураккаби химияви дорад, нигаронида шудаанд. Ин муаммо маънои мушаххас касб мекунад, зеро масъала нафакат дар пайдоиши хучайраи содда, балки бо рохи сунъи аз моддахои гайриорганики ба вучуд овардани хучайра мебошад. Холо олимон дар асоси дастовардхои навтарини биология, астрономия ва физика акидахои асрхои гузаштаро дар бораи абади будани хаёт аз нав зинда карда истодаанд.