Главная / Ҷамъият / ОМӮЗОНИДАНИ КОРОМӮЗҲО (Кормандон)

ОМӮЗОНИДАНИ КОРОМӮЗҲО (Кормандон)

Ҳар як корманди нави ба кор ба бахши бонкдории корпоративии воҳиди амалиётии Ташкилот қабул шудааст (бо дарназардошти гузаронидани корманди бахши дигари Ташкилот, барои кори минбаъда ба бахши қарзӣ), бояд аз омӯзиши назариявӣ – таҷрибавии қарздиҳӣ ба тиҷорати хурдтарин ва хурд гузарад, ки аз рӯи натиҷаҳои он, ҳуҷҷати дахлдор барасмият дароварда мешавад, ки аз коромӯзӣ гузаштан, натиҷаҳои он ва хулосаҳо оиди ба коромӯз иҷозат додан ё иҷозат надодани барои ташаккул додани сандуқи қарзии шахсӣ ва хизматрасонӣ намудан ба қарзгирандагони корпоративии Ташкилот, шаҳодат медиҳад. 

 Давраи омӯзонидан

dars-omuzish

Ҳар як коромӯз, ҳадди ақал давраи омӯзишии (тренинг) семоҳаро бояд гузарад. Давраи тренинг, бо қарори муштараки Мудирияти қарзӣ ва рушди маҳсулотҳои бонкӣ ва роҳбарияти воҳиди амалиётии Ташкилот, метавонад то шаш моҳ дароз карда шавад.

Дар тӯли ин давра, коромӯз дар якҷоягӣ бо эксперти қарзии ботаҷриба кор мекунад. Дар ҷараёни кори ҳамарӯзаашон, коромӯзон аз ҷониби экспертони қарзии ботаҷриба роҳбаладӣ карда мешаванд.

Дар давраи тренинг, коромӯз сандуқи қарзии худро дошта наметавонад. Коромӯз, таҳлил ва ҳимояи лоиҳаҳоро дар Кумитаи қарзӣ, дар доираи ваколатҳои нозири худ – эксперти қарзии ботаҷриба, ки ӯро роҳбаладӣ мекунад, мегузаронад. Ин қарзҳо ба сандуқи қарзии ин эксперти қарзӣ ворид мешаванд.

Дар ҷараёни тамоми давраи тренинг, нозир – корманди Мудирияти қарзӣ ва рушди маҳсулотҳои бонкӣ дар якҷоягӣ бо Роҳбарияти воҳиди амалиётии Ташкилот, ба кори коромӯз баҳо мегузоранд, ки аз рӯи натиҷаҳои он доир ба минбаъд идома ёфтани кори коромӯз ё худ барканор кардан / аз кор сабукдӯш намудани ӯ, қарор қабул карда мешавад. Инчунин ба кори эксперти қарзӣ (ки ба ӯ коромӯз вобаста карда шудааст), дар самти омӯзонидани коромӯз, баҳо дода мешавад. Баҳогузории мазкур, ҳангоми қабул намудани қарор оиди ба вазифаи баландтар пешбарӣ намудани эксперти қарзӣ, ба инобат гирифта мешавад.

Пас аз хотима ёфтани давраи омӯзонидани коромӯз, дар ҳолати мусбӣ баҳогузорӣ шудан ва қабул гардидани қарори мусбӣ, аллакай эксперти қарзии нав (коромӯзи собиқ), метавонад ба тартиб додани сандуқи қарзии хеш шуруъ намояд.

Омӯзиши коромӯзон, оиди тартиби таҳлили молиявӣ ва хоҷагидории қарзгирандагон аз рӯи китоби омӯзишии махсус, ки барои экспертони қарзӣ пешниҳод шудааст, ба роҳ монда мешавад.

НИЗОМИ ДАРАҶАБАНДӢ ҲАНГОМИ ҶУДО НАМУДАНИ ҚАРЗ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТӢ

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии қарзгирандагон – мизоҷоне, ки вақти тӯлони бо бонк ҳамкорӣ доранд ва аз низоми бонк якчанд маротиба қарз гирифта, сари вақт бе мушкилот ин қарзҳо ва фоизҳои онҳоро баргардонидаанд, инчунин ният доранд ҳамкориашонро ба муддати тӯлонӣ идома диҳанд, ҶДММ  «Стандарт робита» барои онҳо низоми дараҷабандиро пешбинӣ менамояд. Меъёри дараҷабандӣ барои чунин қарзгирандагон, ҳангоми гирифтани қарз, сабукиро дар шартҳои он ва имконияти ба муҳлати нисбатан дарозтар, бо меъёри пасттари фоизӣ ва бо дигар шартҳои имтиёзнок гирифтани қарзро, пешбинӣ менамояд.

Қарзгирандагоне, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд, ба низоми дараҷабандӣ дохил карда мешаванд:

Шумораи қарзҳои гирифташуда ва пардохтгардида На камтар аз 3 қарз
Муҳлати маҷмӯии қарзҳо На камтар аз 24 моҳ
Адади рӯзҳои иҷозатдодашуда барои таъхир аз рӯи ҳар як қарз На бештар аз 15 рӯз
Танафуси иҷозатдодашуда дар байни қарзҳо На бештар аз 6 моҳ

Қарзгирандагоне, ки ба талаботҳои дар боло қайдгардида ҷавобгӯ нестанд, ҳамчун мизоҷи қаторӣ (муқаррарӣ) шинохта шуда, меъёри фоизӣ ва дигар шартҳои қарздиҳӣ тибқи тартиботи амалкунанда пешниҳод карда мешавад.

Барои қарзгирандагон, ки ба онҳо дар доираи низоми дараҷабандӣ гирифтани қарз иҷозат дода шудааст, ҳангоми гирифтани қарз бартариҳои зерин дода мешавад:

Гуруҳбандии мизоҷон аз руи дараҷабандӣ

 

Шарти гуруҳбандии мизоҷон

 

(шумораи қарзҳои гирифташуда ва пардохтгардида)

Коҳиш додани меъёрҳои фоизии амалкунанда  аз рӯи қарз Таъминоти гарави

(имтиёз барои таъминнокии амволи ғайриманқул – дар сохтори умумии гарав)

Муҳлати бастани Шартномаи генералии  қарзӣ
Дараҷаи дуюм аз 3 то 4 қарз 1 банди фоизӣ Тибқи

Сиёсати гаравии

ҶДММ  «Стандарт робита»

≤  36 моҳ
Дараҷаи якум аз 5 то 6 қарз 2 банди фоизӣ ≤  36 моҳ
Дараҷаи олӣ зиёда аз 7 қарз 3 банди фоизӣ ≤  60 моҳ

  Ҳамзамон ба мизоҷоне, ки дар низоми дараҷабандӣ шомил ҳастанд имтиёзҳои зерин дода мешавад:

  • Муҳлати баррасии дархостҳои қарзӣ: Зуд ва камтар аз меъёри муқарраргардида вобаста аз маблағи қарз:
  • Давраи имтиёзӣ барои пардохти қарзи асосӣ: То шаш моҳ, вобаста аз намуди фаъолият ва тибқи қарори Кумитаи қарзӣ;
  • Муҳлати пешниҳоди қарз:

то 24 моҳ – барои мизоҷоне, ки ҳамчун мизоҷи қаторӣ (муқаррарӣ) мебошанд.

то 36 моҳ – барои мизоҷоне, ки дар низоми дараҷабандӣ шомил ҳастанд, вобаста аз мақсад ва сарчашмаи маблағгузорӣ.

Бо мақсади таъмин намудани шаффофии низоми дараҷабандӣ, як маротиба дар нимсола, аз ҷониби Кумитаҳои қарзии воҳидҳои амалиётии Ташкилот, рӯйхати қарзгирандагон – қарзгироне тартиб дода мешавад, ки имкон доранд ба низоми дараҷабандӣ роҳ дода шаванд. Рӯйхати мазкур, барои баррасӣ ва тасдиқкунии минбаъда, ба Кумитаи қарзии ҶДММ  «Стандарт робита» пешниҳод мегардад. Пас аз ҷониби Кумитаи қарзии сатҳи олӣ тасдиқ шудани рӯйхати қарзгирандагоне, ки ба низоми дараҷабандӣ роҳ дода шудаанд, Мудирияти қарзӣ ва рушди маҳсулотҳои бонкӣ ин рӯйхатро ба ҳамаи воҳидҳои амалиётии Ташкилот, барои истифода бурдан дар ҷараёни ҷудо намудани қарз ба қарзгирандагони мазкур, мефиристад.

Дар ҳолате, ки агар қарзгиранда – қарзгири ба низоми дараҷабанди роҳ дода шуда, ӯҳдадориҳои аз рӯи Шартномаи қарзӣ ба зимма гирифтаашро риоя намекунад (ба таъхир афтидани воридкунӣ аз рӯи қарз ва / ё фоизҳои он, аз 10 рӯз мегузарад, муайян мешавад, ки воситаҳои қарзӣ ғайри мақсаднок истифода мешаванд) ё худ ҳангоми гузаронида шудани мониторинг маълум мешавад, ки ҳолати молиявӣ – иқтисодии тиҷорати ӯ бад шудааст, қарзгирандаи мазкур аз рӯйхати қарзгирандагони – қарзгирандагони ба низоми дараҷабандӣ роҳдодашуда, хориҷ карда мешавад.

Ваколати аз рӯйхати дар боло зикршуда, бо сабабҳои баёнгашта хориҷ намудани қарзгирандагон – қарзгирон, ба зиммаи Мудирияти бонкдории корпоративӣ гузошта мешавад. Ҳангоми аз рӯйхат хориҷ намудани қарзгиранда / он – қарзгироне, ки ба низоми дараҷабандӣ роҳ дода шудааст/анд, Мудирияти бонкдории корпоративӣ ба таври хаттӣ ба қарзгиранда – қарзгир, ба воҳиди амалиётие, ки ӯ аз он ҷо қарз гирифтааст ва ба Кумитаи қарзии бонк, доир ба далели мазкур ва сабабҳои қабул шудани чунин қарор, хабар медиҳад.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …