Главная / Чамъият / ОМУЗОНИДАНИ КОРОМУЗХО (Кормандон)

ОМУЗОНИДАНИ КОРОМУЗХО (Кормандон)

Хар як корманди нави ба кор ба бахши бонкдории корпоративии вохиди амалиётии Ташкилот кабул шудааст (бо дарназардошти гузаронидани корманди бахши дигари Ташкилот, барои кори минбаъда ба бахши карзи), бояд аз омузиши назарияви – тачрибавии карздихи ба тичорати хурдтарин ва хурд гузарад, ки аз руи натичахои он, хуччати дахлдор барасмият дароварда мешавад, ки аз коромузи гузаштан, натичахои он ва хулосахо оиди ба коромуз ичозат додан ё ичозат надодани барои ташаккул додани сандуки карзии шахси ва хизматрасони намудан ба карзгирандагони корпоративии Ташкилот, шаходат медихад. 

 Давраи омузонидан

dars-omuzish

Хар як коромуз, хадди акал давраи омузишии (тренинг) семохаро бояд гузарад. Давраи тренинг, бо карори муштараки Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки ва рохбарияти вохиди амалиётии Ташкилот, метавонад то шаш мох дароз карда шавад.

Дар тули ин давра, коромуз дар якчояги бо эксперти карзии ботачриба кор мекунад. Дар чараёни кори хамарузаашон, коромузон аз чониби экспертони карзии ботачриба рохбалади карда мешаванд.

Дар давраи тренинг, коромуз сандуки карзии худро дошта наметавонад. Коромуз, тахлил ва химояи лоихахоро дар Кумитаи карзи, дар доираи ваколатхои нозири худ – эксперти карзии ботачриба, ки уро рохбалади мекунад, мегузаронад. Ин карзхо ба сандуки карзии ин эксперти карзи ворид мешаванд.

Дар чараёни тамоми давраи тренинг, нозир – корманди Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки дар якчояги бо Рохбарияти вохиди амалиётии Ташкилот, ба кори коромуз бахо мегузоранд, ки аз руи натичахои он доир ба минбаъд идома ёфтани кори коромуз ё худ барканор кардан / аз кор сабукдуш намудани у, карор кабул карда мешавад. Инчунин ба кори эксперти карзи (ки ба у коромуз вобаста карда шудааст), дар самти омузонидани коромуз, бахо дода мешавад. Бахогузории мазкур, хангоми кабул намудани карор оиди ба вазифаи баландтар пешбари намудани эксперти карзи, ба инобат гирифта мешавад.

Пас аз хотима ёфтани давраи омузонидани коромуз, дар холати мусби бахогузори шудан ва кабул гардидани карори мусби, аллакай эксперти карзии нав (коромузи собик), метавонад ба тартиб додани сандуки карзии хеш шуруъ намояд.

Омузиши коромузон, оиди тартиби тахлили молияви ва хочагидории карзгирандагон аз руи китоби омузишии махсус, ки барои экспертони карзи пешниход шудааст, ба рох монда мешавад.

НИЗОМИ ДАРАЧАБАНДИ ХАНГОМИ ЧУДО НАМУДАНИ КАРЗ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ТИЧОРАТИ

Бо максади хавасмандгардони ва дастгирии карзгирандагон – мизочоне, ки вакти тулони бо бонк хамкори доранд ва аз низоми бонк якчанд маротиба карз гирифта, сари вакт бе мушкилот ин карзхо ва фоизхои онхоро баргардонидаанд, инчунин ният доранд хамкориашонро ба муддати тулони идома диханд, ЧДММ  «Стандарт робита» барои онхо низоми дарачабандиро пешбини менамояд. Меъёри дарачабанди барои чунин карзгирандагон, хангоми гирифтани карз, сабукиро дар шартхои он ва имконияти ба мухлати нисбатан дарозтар, бо меъёри пасттари фоизи ва бо дигар шартхои имтиёзнок гирифтани карзро, пешбини менамояд.

Карзгирандагоне, ки ба талаботхои зерин чавобгу мебошанд, ба низоми дарачабанди дохил карда мешаванд:

Шумораи карзхои гирифташуда ва пардохтгардида На камтар аз 3 карз
Мухлати мачмуии карзхо На камтар аз 24 мох
Адади рузхои ичозатдодашуда барои таъхир аз руи хар як карз На бештар аз 15 руз
Танафуси ичозатдодашуда дар байни карзхо На бештар аз 6 мох

Карзгирандагоне, ки ба талаботхои дар боло кайдгардида чавобгу нестанд, хамчун мизочи катори (мукаррари) шинохта шуда, меъёри фоизи ва дигар шартхои карздихи тибки тартиботи амалкунанда пешниход карда мешавад.

Барои карзгирандагон, ки ба онхо дар доираи низоми дарачабанди гирифтани карз ичозат дода шудааст, хангоми гирифтани карз бартарихои зерин дода мешавад:

Гурухбандии мизочон аз руи дарачабанди

 

Шарти гурухбандии мизочон

 

(шумораи карзхои гирифташуда ва пардохтгардида)

Кохиш додани меъёрхои фоизии амалкунанда  аз руи карз Таъминоти гарави

(имтиёз барои таъминнокии амволи гайриманкул – дар сохтори умумии гарав)

Мухлати бастани Шартномаи генералии  карзи
Дарачаи дуюм аз 3 то 4 карз 1 банди фоизи Тибки

Сиёсати гаравии

ЧДММ  «Стандарт робита»

≤  36 мох
Дарачаи якум аз 5 то 6 карз 2 банди фоизи ≤  36 мох
Дарачаи оли зиёда аз 7 карз 3 банди фоизи ≤  60 мох

  Хамзамон ба мизочоне, ки дар низоми дарачабанди шомил хастанд имтиёзхои зерин дода мешавад:

  • Мухлати баррасии дархостхои карзи: Зуд ва камтар аз меъёри мукарраргардида вобаста аз маблаги карз:
  • Давраи имтиёзи барои пардохти карзи асоси: То шаш мох, вобаста аз намуди фаъолият ва тибки карори Кумитаи карзи;
  • Мухлати пешниходи карз:

то 24 мох – барои мизочоне, ки хамчун мизочи катори (мукаррари) мебошанд.

то 36 мох – барои мизочоне, ки дар низоми дарачабанди шомил хастанд, вобаста аз максад ва сарчашмаи маблаггузори.

Бо максади таъмин намудани шаффофии низоми дарачабанди, як маротиба дар нимсола, аз чониби Кумитахои карзии вохидхои амалиётии Ташкилот, руйхати карзгирандагон – карзгироне тартиб дода мешавад, ки имкон доранд ба низоми дарачабанди рох дода шаванд. Руйхати мазкур, барои барраси ва тасдиккунии минбаъда, ба Кумитаи карзии ЧДММ  «Стандарт робита» пешниход мегардад. Пас аз чониби Кумитаи карзии сатхи оли тасдик шудани руйхати карзгирандагоне, ки ба низоми дарачабанди рох дода шудаанд, Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки ин руйхатро ба хамаи вохидхои амалиётии Ташкилот, барои истифода бурдан дар чараёни чудо намудани карз ба карзгирандагони мазкур, мефиристад.

Дар холате, ки агар карзгиранда – карзгири ба низоми дарачабанди рох дода шуда, ухдадорихои аз руи Шартномаи карзи ба зимма гирифтаашро риоя намекунад (ба таъхир афтидани воридкуни аз руи карз ва / ё фоизхои он, аз 10 руз мегузарад, муайян мешавад, ки воситахои карзи гайри максаднок истифода мешаванд) ё худ хангоми гузаронида шудани мониторинг маълум мешавад, ки холати молияви – иктисодии тичорати у бад шудааст, карзгирандаи мазкур аз руйхати карзгирандагони – карзгирандагони ба низоми дарачабанди рохдодашуда, хорич карда мешавад.

Ваколати аз руйхати дар боло зикршуда, бо сабабхои баёнгашта хорич намудани карзгирандагон – карзгирон, ба зиммаи Мудирияти бонкдории корпоративи гузошта мешавад. Хангоми аз руйхат хорич намудани карзгиранда / он – карзгироне, ки ба низоми дарачабанди рох дода шудааст/анд, Мудирияти бонкдории корпоративи ба таври хатти ба карзгиранда – карзгир, ба вохиди амалиётие, ки у аз он чо карз гирифтааст ва ба Кумитаи карзии бонк, доир ба далели мазкур ва сабабхои кабул шудани чунин карор, хабар медихад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …