Главная / Ҷамъият / Одоби Салом гуфтан – Қоидаи саломгӯӣ

Одоби Салом гуфтан – Қоидаи саломгӯӣ

Чи тавр бояд салом дод?

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрўву нуфуз ва манзалати ўро баланд мебардорад, ин гуфтани салом ба хурду бузург ва риояи одоби он мебошад. Пешиниён ин ҳусни одобро дар вуҷуди фарзандон парвариш намуда, аз хурдӣ таълим медоданд. Он аз амалҳои солеҳи фарзандон маҳсуб меёфт. Дар ҷомеаи асримиёнагӣ ин амал ҷойгоҳ ва аҳамияти махсус дошт ва аз бузургсолон то хурдсолон онро риоя мекарданд. Аксари адибон ва олимон низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатҳои салом изҳори андеша кардаанд ва амали онро низ хостор мешуданд. Бо мақсади расидан ба камоли инсонӣ кўшиш мекарданд, ки ба атфол аввал одоби салом доданро омўзонанд.

Одоби салом додан

Барои расидан ба ин мақсад ривоятҳои зиёди ҷолибро низ оварданд, ки дар хотиру зеҳни кўдак ва ҳар мураббӣ нақш мебаст. Мурод аз ин, албатта, арҷгузорӣ ба инсон буд.

Ҳамин тавр салом беҳтарин рукни маърифати инсонӣ ба шумор мерафт. Аз хурдӣ то давраи камолот аз ҷониби волидайн назорат ва таъкид мегардид. Ин гуна муносибат ва таъкидҳои пай дар пай асос мешуд, ки фарзанд одоби саломро риоя намояд ва дар ҳама ҳолат барои иҷрои ин амал омода бошад. Равони кўдак нисбат ба салом ба дараҷае фаъол гардида буд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мехост ба калонсолон салом диҳад.

Агарчи имрўз дар рўзгори мо одоби салом риоя шавад ҳам, вале наметавон онро ҷавобгўи талабот ва идомаи анъана ҳисобид. Ҳам дар мактаб ва ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар баъзе хонаводаҳо салом ва одоби он риоя намешавад, падару модар низ ба ин масъала кам аҳамият медиҳанд.

Аз ин рў, лозим донистем, ки назари эҷодкорону мутафаккирони пешинро доир ба арзиши салом иҷмолан таъкид намуда, дар ин замина саъй кардем, ки истифодаи рукнҳои салом ва фазилатҳои онро бори дигар ёдоварӣ намоем.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барҳақ ба таъкид дар «Маснавии маънавӣ» иброз доштанд:

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд

В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.

В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле

В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.

Дар ҳақиқат, агар насиҳат дуруст ба миён гузошта шавад ва ба зеҳни кўдак ё наврас ҳамин гуна ҷой дода шавад, дилпурона метавон умед баст, ки хурдсол рафтору кирдори худро дигар менамояд ва номбардори падару модар мегардад. Зеро насиҳат дар мафкураи мардуми мо, пеш аз ҳама, ташаккул додани қобилияти мадании фарзанд ба шумор меравад ва бо ин роҳ метавон ҷавҳари ақлонии ўро ғанӣ гардонид. Насиҳат, ки маънои тоҷикиаш панд додан мебошад ва як навъ маслиҳат ба шумор меравад, беҳтарин омили тарбия аст.

Абўҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолӣ дар талхиси китоби «Эҳё-ул-улум—аддин» ва «Кимиёи саодат» қазоват менамояд, ки «дили кўдакон мисли замини навкорам аст ва он чи ки мо дар он кишт мекунем, ҳамон месабзад».

Дар таъкиди Имом Муҳаммади Ғаззолӣ масъалаи «кишт» ва натиҷагирӣ аз он ба хотири қавӣ будани ҳофизаи кўдак таъкид шудааст, яъне таълими онҳо дар ин даврон таъсири мусбат мерасонад. Дар ҳақиқат, кўдак дар ҳофизааш ҳар ончиро агар ғунҷонад, онро метавонад то охири умр нигоҳ дорад. Дар ин гуна ҳолат кўдак барои онро аз ёд дур накардан саъйи махсус менамояд. Салом низ аз арзишҳои маънавӣ ва фарҳангие мебошад, ки он аз аввал то ба охири умр ҳамчун ҳусни инсонӣ бо шахс боқӣ мемонад.

Яке аз аввалин шартҳои тарбияи инсон ҳам омўзонидани одоби салом аст. Аз ин рў, аз давраҳои хело пеш одоби салом ва ҷавоб гуфтан ба он аз ҷониби падару модарон ба фарзандон дар хурдсолӣ бо ҷузъиёташ яъне чӣ гуна дастҳоро пеши бар гирифта, чӣ гуна истодану андаке хам намудани қомат ва кушода нигоҳ доштани чеҳра ва ғайра таълим дода мешуд.

Мутаассифона, алҳол дар ҷомеаи мо таъсири калонсолон ба хурдсолон хело кам шудааст. Дар кўча, маҳаллаҳо, ҳатто дар деҳот касе бар касе эрод намегирад ва касе дар пайи ислоҳи ҳамдигар, ба хусус, наврасону ҷавонон нест. Аз ин наврасон ва навҷавонон истифода карда, худро ниҳоят озод мегиранд ва ба салом додан ҳатто хуш надоранд. Баъзан барои аз ҷой хестан ва даст пеши бар карда салом додан ҳавсала намекунанд. Ин амали хешро як навъ худситоӣ мепиндоранд. Дар баъзе ҳолатҳо ба роҳгузар ҳатто писханд мезананд ва ҷамъият низ ба ин парвое надорад. Дар чойхонаҳо, маҷлисҳои маҳалла ва ҷамоатҳо ин масъала таҳлил намешавад ва ҳамаи ин нуқсонҳоро танҳо ба мактаб ва омўзгор ҳавола менамоянд, ки ин нодуруст мебошад. Кори тарбиявӣ ба пиндори мо кори умум мебошад. Аз хонавода сар карда, то ҳамсояҳои наздику дур, аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар ҷо ки наврасон ва ҷавонон ҷамъ мешаванд, бояд доир ба масъалаи одоб ва ахлоқ сухан гўянд ва ҳамагонро ба иҷрои амалҳои солеҳ ва одобу риояи салом даъват намоянд. Баъзан модарон ва хоҳарон низ дар сари кўча нишаста бошанд ҳам, ҳангоми гузаштани роҳгузар аз ҷой намехезанд. Барои ҷинси зан ин амал аз рўйи ойини миллӣ қубҳи инсонӣ ба шумор мерафт. Маълум мешавад, ки дар хонаводаҳо низ қариб дар бораи маданият, шисту хез, гуфтору пиндор, тарзи риояи муошират ва сару либос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, берун аз хона ва умуман муоширати ҳамдигарӣ кам ё умуман сухан намегўянд.

Дар гузашта аз рўи баъзе сарчашмаҳо мардуми мо пеш аз ношто кардан ва ё пас аз он баъди дуои нон ё баъд аз ҷамъ кардани дастархон барои то даҳ дақиқа ва ё аз ин бешу кам доир ба одоби салом, некию накўкорӣ, хайру эҳсон, эҳтироми хурду бузург ва дигар амалҳои неки инсонӣ бо овардани мисолҳо сухан мегуфтанд ва фарзандону аҳли хонаводаро таъкид мекарданд, ки махсусан берун аз хона ба иҷрои фаризаҳои ахлоқӣ диққат диҳанд ва баъзан шахсан худи волидайн иҷрои онро назорат менамуданд. Пас аз хўроки шом низ ин амалро такрор менамуданд. Хуб мешуд, ки ин анъанаҳоро боз аз сари нав ҷорӣ намоем ва риояи онро таъмин гардонем.

Салом пеш аз ҳама инсонро хушхулқу боодоб, ботамизу бофаросат, нармдилу гармдил, дилҷўву дидадаро, нармгуфтору гарммуомила, пурмеҳру тавозўъкор месозад. Аз ин рў бо манзури ниёзҳои маънавии ҷомеаи кунунии мо хусусан хурдсолону ҷавонон, ки аз осори маънавии асримиёнагии миллии мо иттилооти андаке доранд, қарор додем, ки таваҷҷўҳи онҳоро ба ин рукни асосиву маънавии тарбия бештар ҷалб намоем.

Фазилати салом

Салом чанд фазилат дорад, ки донистани он ба манфиати шахс мебошад. Салом, пеш аз ҳама, ба покии ҷисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози қабеҳро аз забони инсон дур месозад ва гўяндаро фозилу хирадманд мегардонад. Кўдак агар ба бераҳмтарин шахс бо лафзу лаҳни тифлона салом гўяд, раҳмдил мешавад ва ҷаҳлаш ба фазл мубаддал мегардад. Аз ин рў салом барои хушҳол гардонидани инсон низ таъсир мерасонад. Муҳим он аст, ки салом адоват, хусумат, бухл, кина, ҳасад барин хислати инсониро рафъ месозад. Саломи аз рўи сидқ дар дили инсон ҷой гирифта, савоби беш дорад, зеро тавассути он шахс тадриҷан дорои хислатҳои ҳамида: ростқавлу ростгўй, дилсофу раҳмдил, мушфиқу меҳрубон, дилсўзу ғамхор, халқдўсту мардумнавоз, раиятпарвару меҳнатқарин, содиқу вафодор, хушзабону хушмуомила, ҳалиму дилҷў, дидадарову маҳбуб, ғамхору ғамгусор мегардад.

Агар дар кўча фарде салом медиҳад, пеш аз ҳама, ба табъи каси дигар таъсири нек мегузорад ва ўро аз андешаи зиёдатӣ озод менамояд. Агар табъаш хира бошад ҳам, бо шунидани салом болида мегардад.

Ё худ касе бо шумо дилсардие дорад, яъне бо шумо гапӣ нест, агар ба шумо салом диҳад, он бадбиниву сарддилӣ гум хоҳад шуд. Беш аз ин дўсту муқарраби шумо, хеши шумо, бародару хоҳари шумо агар аз шумо дур зиндагӣ кунад, нома менависад ва шумо ба ў нома менависед, аввали номаи шумо бо салом оғоз меёбад, ки бо хондани он хушҳол ва сидқан хурсанд мешавед. Аз ин ҷост, ки насли калонсол бояд фарзандони худро дар хона, боғча, мактаб барои аз ин неъмати муқаддас файзёб шудан роҳнамоӣ намоянд. Дар ин кор лаҳзае таъхир накунанд, ки оқибати андак ғафлатварзӣ дар ин роҳ нохушиҳои гўшношунидеро ба бор меорад.Чунончи шоир мегўяд:

Рафтам, ки хор аз по кашам,

маҳмил ниҳон шуд аз назар,

Як лаҳза ғофил гаштаму

садсола роҳам дур шуд.

Фазилати салом ба рўҳу равони инсон таъсири мусбат мерасонад. Агар хоҳем, ки аз бузургсолон эҳтиром бинем, табъи онҳоро болида созем ва онҳоро шод гардонем, бояд одоби саломро риоя намоем ва кўшиш созем, ки пеш аз онҳо, сари вақт ва бо овози нарму форам салом диҳем. Саломи мо бояд баодобона бошад. Агар нишаста бошем, дарҳол хеста, даст пеши бар намоем ва бо чеҳраи кушод бо як нафас гирифтан, дастро пеши сина гузошта, пойҳоро ба ҳам ва қоматро рост карда, сарро каме рўй ба замин ниҳода бо андаке табассум ва бо чеҳраи гарм салом диҳем. Бояд тарзе овоз барорем, ки ба иззати нафси дигарон нарасем. Ва бояд он бо лаҳни нарму ширину гўшнавоз бошад. Саломдиҳанда баъди салом, аввалан, бояд аз тарзи сухани худ розӣ шавад, сониян, ба ҳар гунае ки ҷавоб мегирад, ба он қаноатманд бошад ва зинҳор бояд аз тарзи ҷавоб норизо нагардад. Баъзан шояд одам дар ҳолати мухталифи равонӣ қарор дорад ва наметавонад саломро дуруст ҷавоб гардонад ва ёдарунӣ аз таги дил ба он ҷавоб мегўяд. Дар ин гуна ҳолат он на бояд мавриди муҳокимаи ботинии каси дигар қарор гирад. Баръакс, бо шукргузорӣ аз рафтори худ қаноат ҳосил намояд, ки қарзи хешро ба анҷом расонидааст.

Дар сурати дигар, худаш ё хурд бошад ё бузург, метавонад салом диҳад ва дар сурати ҷавоб нашунидан боз худаш ботинан ҷавоби саломро такрор намояд. Дар ин гуна ҳолат савоби салом бештар ба ин шахс мерасад ва ин низ яке аз амалҳои солеҳ ба шумор меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми зиёрати аҳли қубур (касоне, ки вафот кардаанд) шахси зиёраткунанда салом медиҳад ва худаш онро ҷавоб мегўяд. Яъне, дар ин ҳол шахсе, ки барои зиёрат рафтааст, масъулу вазифадор аст, ки ба салом ҷавоб диҳад. Бо ин амал, албатта, соҳиби савоб мегардад. Ба ҷуз ин бо ин амали шариф як талаботи зиёратро ба ҷо меорад. Хулоса бо ҷавоб додани худ ба ҷойи шахси шунавандаи салом эътибори кас аз миён намеравад.

Тарз ва усулҳои салом

Салом як амали солеҳи инсон буда, тавассути он камолоти маънавии ў муайян карда мешавад. Дар миёни мардуми тоҷик бошад, он ба як рукни анъанаи миллӣ табдил ёфта, аз ҷониби хурду бузург аз овони кўдакӣ то ба охири умр риоя мешавад.

Салом бо тарзи хос ифода шуда, як чанд усули баён дорад, ки дар поён баъзе аз онҳоро бар тартиби муайян меорем.

Якум. Агар нишаста бошем, аз ҷой бархоста дасти рост ба пеши синаи худ мегузорем ва қомати худро рост намуда, бо табассум ва лаҳни ширин салом мегўем.

Дуюм. Агар рост бошем, даст пеши бар менамоем ва бо чеҳраи кушода, овози нарм салом мегўем ва интизори ҷавоб мешавем.

Сеюм. Агар бузургсол даст дароз накунад, ҳеҷ гоҳ кўшиш насозем, ки пеш аз ў даст дароз ва ўро маҷбур намоем, ки бо мо бо даст салом кунад, ки ин аз рўи одоб нест.

Хуб мешавад, агар ҷойи муносиб бошад, бузургсол худаш даст дароз кунад ва бо табассум, лутф ва овози нарму ширин ба хурд дастӣ салом диҳад ва аз ин амалро бо қаноатмандӣ иҷро намояд.

Тибқи ривояти Анас, Расули акрам ба кўдакон табассум менамуд ва ҳар гоҳ аз наздики эшон мегузашт, салом мегуфт.

Чаҳорум. Ҳангоми ворид шудани ягон шахс ба хона ва ёмеҳмонхона агар нишаста бошем, бархоста даст пеши бар менамоем ва саломро аз дил мегузаронем ва барои бо даст салом кардан шитоб намекунем.

Панҷум. Дар маъракаҳо танҳо даст пеши сина бурда, бо чеҳраи кушода бо ишора (хаму рост кардани сар) салом гуфтан аз рўи одоб аст. Баланд салом гуфтан, хандида салом гуфтан ва чеҳраро туруш намуда салом додан, бо даст салом кардан аз рўи одоб нест.

Шашум. Агар ба маърака даъват мешавед, ба маҷлис медароед ё ба меҳмонхона ворид мегардед ва мебинед, ки ҳозирин нишастаанд, даст пеши бар карда, бо дилатон саломро гузаронед ва бо чеҳраи гарм, нимтабассум карда, сар ҷунбонида дар ҷойе, ки даъват барои нишаст мешавед, нишинед. Дар ин гуна ҳолатҳо аз дигарон дер намонед. Дер мондан аз рўи одоб нест. Агар узр ва ё сабабе дошта бошед, бахшида мешавад.

Ҳафтум. Ҳангоми вохўрӣ бо шахси аз худ калон танҳо даст пеши бар намуда, чеҳраро кушода бо изҳори хушнудӣ салом гуфтан аз рўи одоб аст. Пеш аз вай даст дароз карда бо даст вохўрӣ кардан мумкин нест. Агар шахси калонсол даст дароз намояд, дасти ростро барои салом дароз кардан, дасти чапро ба пеши сина гузоштан аз рўи одоб аст.

Ҳаштум. Савора ба пиёда салом мегўяд. Мошинсавор, аспсавор, харсавор бо ишораи хаму рост кардани сар ба пиёда салом мегўяд. Пиёда агар даст пеши бар карда ҷавоби саломро гардонад, аз рўи одоб аст.

Аз Абўҳурайра ривоят аст, ки Ҳазрати Мууҳаммад фармуд: савора бар пиёда, раванда бар нишаста ва кам ба бисёр салом намояд.

Нўҳум. Пиёда дар роҳ ба ҳар як роҳгузар, хоҳ савор бошад, хоҳ пиёда, даст пеши бар карда салом гўяд, аз рўи одоб аст. Нишаста салом додан, даст дар киса салом гуфтан, бо садои баланд салом додан, шўхӣ карда салом гуфтан аз рўи одоб нест.

Даҳум. Салом додани хурд ба калонсол шарт аст. Вобаста ба ҷой ва мавқеъ бояд ҳар як шахс аз худ бузургро бо салом пешвоз гирад ва ба ў салом диҳад. Салом додан ба калонсолон ҳатмӣ мебошад. Дар сурати риоя нашудан ва ё дар ҳолати парешонӣ будан бояд хурдсолон наранҷанд. Дар ин гуна ҳолат ҳусни одоби хурдсолон боло меравад.

Ёздаҳум. Ҳангоми аёдати бемор аввал беморбин салом мегўяд ва даст пеши бар мекунад ва бо чеҳраи кушода овоз мебарорад ва кўшиш бояд намояд, ки бемор тавассути ин салом роҳат бубинад.

Мафҳуми салом ва мақоми он то ислом ва баъди ислом

Салом калимаи арабӣ буда, маънояш осоиш, сулҳу амонӣ, осудаҳолӣ мебошад ва шакли тоҷикии он мафҳуми «дуруд» аст.

Дар замони пеш аз ислом аҷамиён бо нишони меҳр ва эҳтиром ба ҳамдигар дуруд мефиристоданд ва ҳамдигарро бо дуруд пешвоз мегирифтанд. Махсусан, ҳангоми ҷашнҳо дуруд гуфтан ва бахшоиши гуноҳи ҳамдигар яке аз сифатҳои неки ниёгони мо ба шумор мерафт. Дар миёни мардум, ба хусус, дар айёми Наврўз дуруду шодбош гуфтан ба ҳукми анъана даромада буд ва одамон барои аз худ дур кардани кина ба ҳамдигар дуруд мегуфтанд. Дурудгўӣ аз дарбори шоҳ оғоз меёфт ва ба дурудгўии кўдакон ба анҷом мерасид. Коҳинон дурудгўиро дар миёни ҷомеа таблиғ мекарданд.

Дар Авасто ва дигар сарчашмаҳои тоисломӣ мафҳуми дуруд ва тарзи дуруд гуфтан низ борҳо таъкид шудааст. Маълум мешавад, ки гузаштагони мо низ то замони вуруди ислом ба фарҳанги салом додан таваҷҷўҳи хос медодаанд. Дар миёни гурўҳи ашрофон ва дарбориён дуруд гуфтан рост буд. Дуруд гуфтан дар бисёр ҳолатҳо, ба хусус, ҳангоми ҷашнҳои миллӣ бештар риоя мешудааст ва он ҳамчун роҳи аз бадӣ дур шудан ва ростиро ситоиш кардан ташвиқ мегардидааст. Барои аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан пешиниён мафҳуми дурудро истифода мекардаанд. Ҳангоми таваллуди кўдакон ҳам дуруд гуфтан миёни аҷамиҳо маъмул будааст. Ситоиши коҳинон низ бо дуруд оғоз мешудааст. Ҳамчунон фиристодани дуруд ба Аҳурамаздо маъмул будааст. Аҷамиён ба воситаи дуруд ҳамдигарро ба дўстию рафоқат ва ростиву накукорӣ даъват менамуданд.

Махсусан дар Авасто дуруд гуфтан ҳамчун ҷузъи таълимот ва фарҳанги миллӣ ситоиш ёфтааст. Дар бобҳои мухталифи ин китоб вобаста бо ниёиш мафҳуми «дуруд» корбаст мешавад ва он арзиши баланд низ доштааст.Чуночи омадааст: «Гетиро нерў бод. Дуруд ба гетӣ». Дар ин ҷо дуруд гуфтан ба гетӣ ишора шудааст, ки мазмуни ниҳоят баланд дорад. Дар ҷойи дигар омадааст: «Росттарин дониши маздоофаридаи ашаванро дуруд мефиристам». Ё дар ҷойи дигар таъкид шудааст, ки: «Ба ростӣ дуруд». Ҳамин гуна таъкидҳо дар Авасто хело зиёд мебошад ва беш аз 500 бор мафҳуми «дуруд» дар ин китоб таъкид шуда, тамоми паҳлўҳои зиндагӣ бо он пайванд гардонида шудааст. Аз ҳама муҳим тамоми андеша, гуфтор ва рафтор низ бо дуруд пайванд шудааст. Чунончи: «Андешаву гуфтору кирдори некро, ки дар ин ҷо ва дар ҳар ҷои дигар варзида шудааст ва варзида хоҳад шуд, дуруд мегўем ва (худ) низ бо ҷон(-у дил) ба некӣ ҳамекўшем».

Ба некӣ кўшидан ва дуруд гуфтан беҳтарин оини мардуми Аҷам ба шумор рафта, дар зиндагии ҳарўза аз он истифода мешудааст ва он баъдтар низ дар шакли дигар тавассути ислом боз ҳам роиҷ гардида, ташаккул ёфтааст.

Дар давраи зуҳури ислом дар Осиёи Марказӣ ва пас аз он миёни тоҷикон эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар тавассути риояи одоби салом боз ҳам густариш ёфт. Он ҳам ба одат ва ҳам ба суннат табдилёфт ва дар муносибати одамон ҳамчун рукни қадр кардани ҳамдигар шинохта шуд. Дар ин давра салом муқаддас ва табаррук эълон гардид. Ба яке аз номҳои мубораки Худованд пайванд шуд ва ба он арзиши муқаддамтар аз одоб дода шуд. Акнун зуҳури салом ба сифати тарбия бештар арзиши эътиқодӣ ва маърифатӣ пайдо намуд ва ба тафаккури мардум ҳамчун маърифати исломиву миллӣ ҷойгоҳи хосро касб намуд.

Ба хотири таъкид шудани салом дар китоби «Қуръон» мафҳуми «салом» бо салавот наздик карда шуд ва он аҷри бузургтарро ба худ касб намуд. Дар Сураи «Нисо», ояти 86 омадааст, ки: «Ва чун салом дода шавад, пас ба гунае беҳтар аз он салом диҳед, ё ба ҳамон калима ҷавоб диҳед. Ба дурустӣ, ки Худо бар ҳар чиз ҳисобкунандааст».

Дар ин сура салом додан ва ҷавоб гардонидан ба он махсус таъкидёфта, манзалати салом арҷгузорӣ шуда, бори дигар таъкид шудааст, ки ин амали хайрест, ки Худованд бар амали неки одамон онро воҷиб дониста, дар рафтори некашон саломро ҳисобанда пиндоштааст.

Дар ҷойи дигари сураи «Нисо», ояти 94 омадааст, ки «Эй мўъминон, чун дар роҳи Худо сафар кунед, (нек) таҳқиқ кунед ва касеро, ки ба шумо бо салом муроҷиат кунад, магўед: «Мўъмин нестӣ» – матои зиндагонии дунёро маталабед ва назди Худо ғаниматҳои бисёр аст».

Дар сураи «Нур», ояти 24 бошад, масъалаи салом ва тарзи риояи он дар мавриди эҳтиром гузоштан ҳангоми ба хонаи дигарон ворид шудан таъкид мешавад: «Эй мўъминон, ба хонаҳое ғайри хонаҳои хеш надароед, то ин ки иҷозат талабед ва бар аҳли он салом диҳед, ин барои шумо беҳтар аст, бувад, ки пандпазир шавед».

Дар оятҳои 27, 28, 29-и ин сура низ суннати салом додан таъкид шудааст. Аммо дар ояти 24 аввал масъалаи салом ва баъд ба хонаводаи дигарон бе иҷозат надаромаданро таъкид менамояд. Ҳар ду таъкид ҳам моҳиятан ҷанбаи баланди ахлоқӣ дошта, дар тарбия таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамчунон, дар сураҳои Ҳашр, Тоҳо, Раъд, Анъом доир ба моҳияти салом ва эҳтиром гузоштан ба одамон таъкидҳои ҷиддӣ омадааст, ки ҳар як фард бояд онро риоя намояд. Дар сураҳои мазкур донистани салом ва арҷ гузоштан ба он ва тавассути салом расидан ба рифоҳ, ваҳдат ва осоиш ёфтани тану рўҳ баён шудаанд.

Дар баробари он ки дар «Қуръон» моҳияти салом баён гардидааст, инчунин дар ҳадисҳо низ эҳтиром гузоштан ба салом, риояи он, таъсири салом ба рўҳи инсон ва адлу осоиш овардани он ифодаёфтанд, ки аҳамияти бағоят бузурги тарбиявӣ доранд. Дар ҳадисҳое, ки дар он сухан аз салом меравад, эҳсос мешавад, ки ҷанбаи ахлоқӣ бештар мебошад ва барои тарбия намудани фарзандон дар рўҳияи инсондўстӣ ва эҳтиром гузоштан ба калонсолон таъсири баландро дорост. Масалан, дар ҳадисе Расули акрам мегўяд, ки: «Агар ду мусалмон ҳангоми мулоқот ба якдигар салом ва мусофаҳа (дастӣ салом кардан) кунанд ва аз Худованд талаби омўрзиш намоянд, омурзида мешаванд».

Ё дар ҷойи дигар омадааст, ки аз Амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Ҳазрати Муҳаммад гуфтааст:

«Агар ду мусулмон ҳангоми дидорбинӣ бар якдигар салом диҳанд, пас маҳбубтарини онҳо назди Худо ҳамон аст, ки хандонрўй бошад ва ба ҳамдигар даст бидиҳанд, сад раҳмат барои онҳо нозил шавад. Барои саломдиҳанда навад раҳмат ва барои ҷавобдиҳанда даҳ раҳмат аст».

Дар ҷойи дигар бошад, ба ривояти Абдуллоҳ ибни Салом омадааст, ки Ҳазрати Муҳаммад гуфтааст:

«Эй мардум, саломро дар байнатон ривоҷ диҳед ва ба дарвешон таом диҳед ва пайванди хешовандиро нигоҳ доред, то хушбахтона дар биҳишт дароед».

Дар ҳадиси дигар мегўяд: «Салом номе аст аз номҳои Худои таъоло, пас фош доред ўро миёни шумо, ҳар киро бинед, яъне салом гўед, тавозўъ кунед».

Дар ин чаҳор ҳадис, пеш аз ҳама, маърифати салом ва мақоми салом таъкид шудааст. Махсусан, тавассути ҳадиси чаҳорум минбаъд салом гузоштан суннат гардид ва бештаре аз мусулмонон барои эҳтироми якдигарӣ ба ҳамдигар саломгў шуданд ва саломро бештар ситоиш намуданд. Бо пайванд шудани салом ба номи Худованд арзиши ахлоқӣ ва фарҳангии он боло рафт ва ба як ҷузъи маънавиёт табдилёфт. Чунин мақом гирифтани салом оҳиста – оҳиста ба арзиши ахлоқии миллати тоҷик низ роҳ ёфт ва ба яке аз рукнҳои одоб табдил гардид. Баъдан салом ҳамчун ҷузъи одоб барои хурду бузург аҳамият пайдо намуд ва барои фарди мусулмон риояи он ҳатмӣ гардид.

Мардуми тоҷик ҳам бо он гуна аҳамияте, ки салом пайдо намуд, онро чун ҷузъи фарҳанги худ пазируфтанд ва барои риоя ва таълими он тадбирҳо андешида, дар ин замина рисолаҳои алоҳида таҳия карданд ва арзиши онро дар ҳусни одоби инсонӣ муҳим шуморида, қиматашро бо шеваҳои мухталиф шарҳ доданд. Масалан, таъкид мекарданд, ки «агар муслиме ба ҷамоате салом диҳад ва он ҷамоат ҳам ба ин муслим ҷавоб гардонанд, аҷри он муслим ба сабаби ин ки номи поки Худоро ба ёди он ҷамоа андохтааст, дучанд хоҳад шуд ва агар ҷавоб надиҳанд, ба сабаби ин ки вазифаи худро адо кардааст, виҷдонаш роҳат хоҳад намуд».

Дар миёни мардуми тоҷик чунин ҳадисҳо то дараҷае арзиш пайдо кардаанд, ки ҳатто ҳангоми номгузорӣ ба фарзандон аз он махсус истиқбол менамуданд ва фарзандонро бо эҳтироми хоса Абдуссалом номгузорӣ мекарданд, ки ин анъана то имрўз идома меёбад. Барои мисол калимаи Абдуссалом, ки номи мардона аст, ба маънии бандаи Худо мебошад ва салом ба ҷузъи сифати Худованд дар роҳи ба даст овардани осоишу осудаҳолӣ муқаддас мебошад.

Аз китоби «Қуръон» сар карда, минбаъд дар каломи Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад тавассути ҳадисҳои ў ва таъкиди роҳбарони мазҳабҳои исломӣ ва пайравони вай мафҳуми салом, қадри саломгузор, нақши саломгузор ва яке аз суннатҳои исломӣ будани он ба маротиб таъкид меёфт ва он чун рукни маърифати исломӣ арҷгузорӣ мегардид.

Абўабдулоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ дар фасли «Ҳар кӣ аз додани салом бахилӣ кард» менависад.

Аз Абдуллоҳ ибн Амр ибн Ос ривоят ҳаст, ки ў гуфт:

Дурўғгўтарин шахс касест, ки тавассусти чашмонаш бахилӣ кунад ва бахил касест, ки аз додани салом худдорӣ кунад (Ҳадиси 104).

Ё ин ки дар ҳадиси 1043 омадааст, ки:

Анас ибн Молик гуфт: Ман Пайғамбарро дидам, ки вақте аз назди кўдакон мегузашт, ба онҳо салом медод. Инчунин аз Абўҳурайра ривоят аст, ки:

Расули Акрам фармудаанд:

Бахилтарин инсон касест, ки дар вақти салом намудан бахилӣ менамояд (Ҳадиси 1042).

Дар аксари чунин ҳадисҳо ҳикмати ахлоқ, одоби салом ва арзиши он дар ҷомеа ифода ёфта, ҳамчун сарчашмаи маънавӣ миёни мардум эҳтиром ва афзалият пайдо намудааст.

БАЪЗЕ САРЧАШМАҲОИ ДИГАР, КИ БА ТАВЗЕҲИ САЛОМ БАХШИДА ШУДААНД

Дигар аз сарчашмаҳое, ки дар бораи салом шарҳу тавзеҳ медиҳанд, асарҳои донишмандони илми фиқҳу калом ва зумрае аз намояндагони тасаввуф мебошанд, ки доир ба моҳият ва арзиши салом назару андеша баён дошта, беҳтарин воситаи муносибати байни одамон будани онро таъкид кардаанд. Дар ин маврид манбаи истифодаи онҳо низ ҳадисҳо, ривоятҳо ва дигар сарчашмаҳои осори исломӣ мебошанд. Масалан, дар китоби «Ат-тарғибу ва-т-тарҳиб»-и Имом Абдулазим ал- Манзурӣ, ки намунаи ҳадисҳо ва баъзе ривоёти дигар оварда шудаанд, шахсияти Пайғамбар, ҳусни муоширати ў, ҳилм ва таҳаммули ў ва саховатмандию бахшишҳояшро шарҳ медиҳад. Дар боби алоҳида мақоми саломро, ки аз ҷониби пайғамбар баён ёфтаанд, таъкид карда, аз ҷумла менависад:

Расули Акрам гуфтанд:

«Се чиз бароят дўстии бародаратро холис мегардонад:

вақте ки бо ў вохўрӣ, салом бидиҳӣ;

вақте ки ба маҷлис ҳозир шуд, ба ў ҷой бидиҳӣ;

бо дўстдоштатарин номҳояш даъват бикунӣ».

Дар ҷойи дигар ҳадисеро таъкид кардааст, ки ба тавассути он Расули акрам мақоми шахси аввал саломгуфтаро баланд мебардорад:

«Сазовортарин шахс ба раҳмати Худо касест, ки аввалин шуда салом медиҳад». Ё «Салом сабаби баланд шудани мартабаву ахлоқ аст». Дар ин ҳадисҳо низ мақом ва мартабаи салом дар муносибати инсонӣ таъкид ёфтаанд. Гузашта аз ин, дар кутуби фиқҳӣ, дар асари «Саҳеҳ-ул-Бухорӣ»-и Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил-ал-Бухорӣ дар зерфасли «Фазоилу-с-салом» таъкидҳои фаровон дучор мегардад, ки ниҳоят арзишманданд. Дар китоби дигари худ «Ал-адаб-ал-муфрад» Исмоил – ал – Бухорӣ дар боби «Оғози салом» роҷеъ ба фазоили салом ва фармудаи Расули Акрам дар ин бора менависад: Аз Абўайюб ривоят аст, ки Пайғамбар гуфт:

Барои марди мусулмон раво нест, то ба бародараш аз се рўз зиёдтар қаҳрӣ бошад. Агар онҳо аз якдигар дурӣ ҷўянд, дар ҳоли рў ба рў шудан ба ҳамдигар, беҳтарини онҳо касест, ки бо салом оғоз бикунад (Ҳадиси 985).1

1 Имом Бухорӣ. Ал-адаб-ал-муфрад. Қоҳира, 2005 саҳ 240

Дар асарҳои «Риёз-ус-солеҳин»-и Имом Нававӣ ва бисёр дигарон низ тарбияи инсон ва махсусан одоби салому гардонидани ҷавоби он бо ҷузъиёту назокати тарафайн таъкид шудаанд. Дар тасаввури ин донишмандон покии ахлоқ аз он иборат буд, ки инсон бояд аз мардумозорӣ, дуздӣ, ғайбату бўҳтон, дурўғ, фиреб, ҳиллагарӣ, маккорӣ, ҳавобаландӣ, кибру ғурур, такаббуру бузургманишӣ, одамбадбиниву ришвахўрӣ, кўтаҳназарӣ комилан бипарҳезад ва тавассути салом ва арҷ гузоштан ба он некбин, некирода, одамдўст, хоксор ва фурўтан ба воя расад ва бо камолоти маънавии хеш дар миёни ҷомеа соҳибобрўй ва ба мартабаи баланди инсонӣ шарафёб шавад.

Зуҳуру ташаккул ва таҳаввули тасаввуф ин ғояро инкишоф дод ва меъёрҳои ахлоқиро боз ҳам тақвият бахшид. Бисёри адибони ориф ва намояндагони барҷастаи аҳли тасаввуф дар баёни муносибати инсон ба Худованд масъалаҳои ахлоқиро пеш оварда, ба шарҳи муносибатҳои одамӣ дахл карданд ва меъёрҳо ва арзишҳои муносибати ҳамдигариро шарҳ доданд, ки дар миёни онҳо салом ва риояи одоби он ҷойгоҳи махсусро дар бар мегирад. Дар миёни ин намояндагон Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттор, Саноӣ ва дигарон дар ин иртибот назари хешро баён карда бошанд, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шарҳи муфассали одоби инсонӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда, арзиши саломро дар муносибати инсонӣ муфассалан шарҳ додааст. Мавлоно Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Футувватномаи султонӣ» боберо бо номи «Дар одоби салом кардан» овардааст, ки дар он ҷой, макону мавзеъ, шарту шароити салом, фазилати салому одобро шарҳ додааст. Мувофиқи таълимоти ахлоқии Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ салом ҷой ва мақоми хосеро дар ҷомеа доро мебошад. Чунончӣ: «Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигўй, дар ҳафт мавзеъ. Аввал, чун бародари тариқро бинӣ, салом бояд кард. Дуюм, чун дар роҳ равӣ, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард. Ва инро саломи истиъзон (иҷозат хостан) гўянд. Чаҳорум, чун ба ҷамъе дароӣ, салом бояд кард. Панҷум, чун аз мавзеъ, ки нишастӣ, бархезӣ ва ҷамъе он ҷо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гўянд. Шашум, чун ба мақбарае расад, салом бояд кард. Ҳафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар аҳли байти худ салом кунад.

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом набояд кард, бигўй, дар шаш мавзеъ. Аввал, дар ҳаммом. Дуюм, бар касе, ки ба қазои ҳоҷат машғул бошад. Сеюм, ба қуръонхон. Чаҳорум, ба намозгузор. Панҷум, бар занони номаҳрам. Ва агар дар ин мавзеъҳо касе салом кунад, ҷавоб надиҳанд, осӣ (гунаҳкор) набошанд.

Агар пурсанд, ки одоби салом кардан чанд аст? Бигўй ҳафт: Аввал, пок бошад. Дуюм, савора бар пиёда салом кунад, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада. Сеюм, он ки хурдтар аст, бояд, ки бар бузургтар салом кунад ва аққал бар аксар салом кунанд. Чаҳорум, дар салом кардан рўй хандон ва пешонӣ кушода дорад. Панҷум, ба ишорат салом накунад, балки ба лафз бигўянд, ки «Ассалому алайк»ё «салому алайк» ва агар ҷамоате бошанд, «Ассалому алайкум». Шашум, ибораҳои ҷуҳҳол ва арозил разилона ба ҷои салом нагўяд. Мисли сабоҳулишқ аст ё ишқ аст, ё сокинулишқ аст, ки инҳо бидъат аст ва аз тариқ хориҷ. Ҳафтум, чун ду ба якдигар расанд ва мусофаҳа (даст ба даст вохўрӣ кардан) кунанд. Агар пурсанд, ки одоби ҷавоб додан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал он ки ба тозарўйи ҷавоб диҳад. Дуюм, он ки ба зиёда ҷавоб гўяд. Сеюм, агар касе бошад, ки хориҷи миллати ислом бошад ва бар ин кас салом кунад, дар ҷавоб алейк гўяд. Чаҳорум, бояд ки бар таҳорат (тозаву озода) бошад. Панҷум, агар гурўҳе истода бошанд, як нафар ҷавоби салом диҳад, басандааст. Шашум, ҷавоби салом бо лафз диҳанд, на ба ишорат. Ҳафтум, бояд, ки чунон ҷавоб диҳанд, ки саломкунанда шунавад.

Агар пурсанд, ки фазилати салом дар чист, бигўй, дар он ки тақдим кунанд ва зудтар салом гўянд»2. Дар ин қисмат адиб кўшиш кардааст, ки ҷойгоҳи саломро дар миёни одамон ва тарзи салом гуфтанро шарҳ диҳад ва аз таъкиди ин ориф маълум мешавад, ки салом додан ва риояи он як рукни арзишманди маърифати инсонӣ ба шумор меравад. Дуруст риоя кардани салом ва дар кадом ҳолатҳо салом гуфтанро ориф яке аз амалҳои солеҳи инсонӣ пиндошта, барои расидан ба дараҷаи камолот риояи онро муҳим мешуморад. Дар баробари ин Кошифӣ шартҳои салом ва тартиби онро низ муайян кардааст. Дар ин ҷо низ ориф барои риояи шартҳои салом маводи мўътамадбахш аниқ пешниҳод ва дар заминаи омўзиши ҳадисҳову дигар ривоятҳои исломӣ шартҳои аввалиндараҷаи саломро баён кардааст.

2 Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Футуватномаи султонӣ. Душанбе: Адиб 1991.

Дар асарҳои дигари ин ориф мисли «Анвори Суҳайлӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия» ва ғайра низ роҷеъ ба масоили фавқуззикр баҳсҳои судманд сурат гирифтааст.

Донишманди дигаре, ки ба шарҳи салом пардохтааст, Алии Сафӣ мебошад. Ў дар рисолаи худ – «Одоб-ул-асҳоб» муҳимтарин фазилатҳои инсониро таъкид карда, дар боби салом низ нуктаҳои қиматманд иброз намудааст, ки овардани баъзе аз он ба маврид мебошад. Донишманд баъзе фазилатҳои саломро чунин шарҳ медиҳад:

«Адаби аввал ибтидо кардан ба сабаби салом бар ҳар кӣ шиносад ва бар ҳар кӣ нашиносад. Пўшида намонад, ки ифшои салом суннатест маъмур… Агар ҷамъе бошанд, саломи яке аз эшон кофист. Лекин агар ҳама салом кунад, афзал аст. Суннат аст, ки чун ду мусулмон ба ҳам расанд, пеш аз он ки сухан гўянд, аввал салом кунанд ва ҳеҷ кас аз уламо дар ин хилоф надорад. Ва ҳар кас пеш аз салом (калом) оғоз кунад, ҷавоб мегўяд. Ибтидокунанда ба салом мубаррост аз кибру нахват. Пас, агар ду кас, вақте ки ба якдигар салом кунанд, ҷавоби салом бар ҳар ду воҷиб мешавад ва уламоро дар ин масъала иттифоқ аст.

Дуюм, салом кардан аст ба сиғае, ки уламо муқаррар кардаанд (Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотўҳ). Адаби сеюм, ҷавоб гуфтани салом ба сиғае, ки уламои ислом қарор додаанд. Пўшида намонад, ки ҷавоби салом фарз аст. Агар ҷамъе бошанд, яке аз он ҷамъ ҷавоб диҳад, он фарз аз гардани дигарон соқит шавад ва агар ҳеҷ кас ҷавоб надиҳад, осӣ шаванд ва гунаҳгор бошанд ва агар ҳама ҷавоб диҳанд, ғоятан фазилат ба камол бошад. Ҷавобдиҳанда ба ин навъ (ҷавоб) диҳад, ки «Ва алайкум ас-салом ва раҳматуллоҳи ва баракотўҳ». Агар саломкунанда ваҳид бувад ва ақалли ҷавоб он аст, ки: «Ва алайкассалом» гўяд…

Адаби чорум, тарки тахсиси баъзе мардум аст ба салом. Уламо гуфтаанд, ки чун касе бар ҷамъе дарояд ва хоҳад баъзеро бидуни баъзе махсус гардонад ба салом ин макрўҳ аст ва ин феъл нафрат ва кудурати дигарон мешавад. Валекин дар шореи ом ё бозор, ки мардуми бисёр ҷамъ бошанд, баъзеро ба салом тахсис кунад ҷоиз аст.

Адаби панҷум, бояд ки саломкунанда аз барои эҳтироми бародари мўъмин пушт хам накунад, ки макрўҳ ва мамнўъ аст. Салом бо ишорати сар, китф, даст ва амсоли он бе талаффуз мамнўъ аст ва макрўҳ.

Адаби шашум, рафъи савт аст дар салом кардан. Чун касе бар ҷамъе дарояд ва хоҳад, ки салом кунад, бояд, ки баробар аз рост ва ё чап дарояд ва салом диҳад бар ваҷҳе, ки эшонро бишнавонад, бо кадом суннат салом накарда бошад. Бояд, ки муҷиб низ овози худ баланд кунад, ки мубтадирро бишнавонад. Ва агар касе бар каре салом кунад, аввало он аст, ки ҳам бо лафз салом кунад ва ҳам ба даст ишорате кунад, бар ваҷҳе, ки он кар дарёбад, то мустаҳаққи ҷавоб шавад. Ва агар мубтадӣ миёни салом ва ишорат ҷамъ накунад, бар ин ҷавоб воҷиб нашавад. Агар каре бар вай салом кунад, бояд, ки дар ҷавоби вай ҷамъ кунад миёни талаффуз ва ишорат бар ваҷҳе, ки он кар дарёбад, то фарзияти салом аз гардани вай соқит шавад. Ва агар бар гунге салом кунад ва вай ба даст ишорат кунад, ҷавоб шавад, фарзият аз гардани вай соқит шавад, зеро ки ишорати вай қоим мақоми иборат аст ва агар гунге бо ишорат бар вай салом кунад, дар ҷавоби вай бояд, ки ҷамъ кунад миёни лафз ва ишорат, то фарзияти ради салом аз вай соқит шавад.

Адаби ҳафтум, салом кардани савора аст бар пиёда ва раванда бар нишаста ва андак бар бисёр, сағир бар кабир ва тариқи суннат ин аст. Лекин агар касе мухолифат кунад, масалан, пиёда бар савора салом кунад ё кабир бар қалил макрўҳ нест. Аммо ҷамъе нишаста бошад, ки гурўҳе раванда ба ҳар ҳол нишаста салом бояд кард ва агарчи он ҷамъи нишаста қалил ё сағир бошанд ва раванда касиру кабир.

Агар ҷамъе занони ҷамила ҷое нишаста бошанд, як марди бегонаро равост, ки бар эшон салом кунад ва ҷавоби салом бар эшон воҷиб шавад. Ва агар ҷамъе занони ҷамила бар як мард салом кунанд ҳам, равост ва ҷавоб бар мард воҷиб шавад. Ва агар ҷамъе мардони бегона салом кунанд, равост ва ҷавоб бар он занон воҷиб шавад, ба шарте ки донад фитна мехоҳад. Ва агар як зани ҷамила ба ҷамъи мардони бегона салом кунад, ба ҳамон шарт равост, ҷавоб бар он мардон воҷиб шавад.

Адаби ҳаштум тарки салом аст бар зани ҷамила ва тарки ҷавоби саломи вай. Уламо бар онанд, ки саломи зан бар зан мисли саломи мард аст бар мард, аммо дар саломи мард бар зан ихтилоф аст.

Баъзе гўянд, ки зан бояд, ки бар шавҳар ва ба ҳар кӣ маҳрами шаръии вай бошад, салом кунад ва каниз бар молики худ мустаҳаб аст, ки ҳар як аз мард ё зан ибтидо салом кунад ва бар муслим алайҳи ҷавоб воҷиб шавад ва раво набувад, ки зани ҷамилаи бегона бо ин салом кунад, занро ҷавоб додан макрўҳ аст. Лекин агар ғайри зани ҷамила бошад, саломи мард бар вай равост ва ҷавоби занро барои салом воҷиб аст ва баръакс низ ҳамчунин.

Адаби нўҳум, тарки салом дар мавозеи макрўҳа ва он чи дар кутуб ба назар даромад, ёздаҳ маҳал аст, ки дар он маҳалҳо макрўҳ аст ва агар салом кунад, ҷавоб воҷиб намешавад.

Аввал, маҳалли қазои ҳоҷат аст. Чун касе ба қазои ҳоҷат нишаста бошад, салом кардан ба вай макрўҳ аст ва агар касе салом кунад, ҷавоб воҷиб намешавад.

Дуюм, маҳалли мубошират аст, ки салом дар он маҳал макрўҳ аст ва ҷавоб нашавад.

Сеюм, маҳалли хоб ва пинакӣ аст, ки салом дар он маҳал кароҳият дорад ва мустаҳаққи ҷавоб нашавад.

Чаҳорум, ҳаммом аст, ки салом кардан дар ҳаммом раво нест, аз ҷиҳати он ки метавонад, ки мусалламун алайҳи ба ғусл кардан мўҳтоҷ бувад. Дар ҳинни ҷанобат вайро ҷавоби салом набояд дод. Пас агар мутаҳаққиқ шавад, ки мусалмон алайҳи ба об эҳтиёҷ надорад, салом кардан дар вай бар ҳаммом раво бувад ва ҷавоб воҷиб бувад. Панҷум, вақти таом хўрдан аст ва он маҳал аст, ки шахсе луқмаи таом дар даҳан дорад ва лекин дар миёни таом хўрдан аст. Аммо (донад, ки) луқма дар даҳон надорад, салом равост ва ҷавоб воҷиб шавад… Даҳум, тарки салом аст бар фосиқ, маҷобир ва золим.

Ёздаҳум, саломи видоъ аст дар ҳинни муфориқат аз асҳоб. Чун бо ҷамъе ёрон нишаста бошад ва хоҳад, ки аз эшон ҷудо шавад, суннат он аст, ки бар эшон салом кунад»3. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик қариб адибе нест, ки ба ҷузъиёти тарбияи инсон дахл накарда бошад. Шоирону нависандагони форс-тоҷик чи дар ашъори хурди лирикӣ ва чи дар осори эпикии хеш ба масоили тарбия ва таълими инсон диққати махсус додаанд. Ҳатто асарҳои комилан ахлоқӣ-тарбиявӣ ва таълимӣ таълиф намудаанд. Аз ҷумла: «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Саодатнома», «Рўшноинома», «Кашфул-маҳҷуб», «Кимиёи саодат», «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат», «Мантиқут-тайр», «Маснавии маънавӣ», «Махзан-ул-асрор», «Матлаъ-ул-анвар», «Бўстон»-у «Гулистон» ва ғайра. Танҳо дар асрҳои Х ва нимаи аввали асри Х1 тибқи тасдиқи муҳаққиқон 166 асари ахлоқӣ таълиф гардида будааст. Дар ҳамаи ин осор ба ҷузъиёти тарбияи инсон, шогирд, мурид таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ё ин ки дар китоби фиқҳии «Дурратулвоизин» (боби 27, дар баёни фазилати салом додан) омадааст:

3 Фахриддин Алии Сафӣ. Одоб-ул-асҳоб. Дурдонаҳои наср, ҷ.3., Душанбе, Адиб, 1991, с.277-279

«Абдуллоҳ ибни Масъуд аз Расул фармудаанд, ки Ассалом номест аз номҳои Худои таъоло. Пас ифшо кунед салом доданро дар байни худ. Ҳар мусулмоне ба якдигар салом диҳад ва ҷавоби салом гўяд, фариштагон бар он бандаи мўъмин ҳафтод маротиба салавот фиристанд ва агар ҳар мусулмоне ҳамдигарро дида, салом надиҳанд ва ҷавоби салом нагўянд, фариштагон бар он ҳафтод маротиба лаънат фиристанд».4 Дар адабиёти тасаввуф бисёре аз шоирон, аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ғазалиёти хеш аз мафҳуми салом истифода карда, ба муҳимоти салом эҳтиром гузоштааст. Чунончи ў мегўяд: Рав он рубобиро бигў мастон саломат мекунанд, В-он мурғи обиро бигў мастон саломат мекунанд. В-он мири соқиро бигў мастон саломат мекунанд, В-он умри боқиро бигў мастон саломат мекунанд. В-он мири ғавғоро бигў мастон саломат мекунанд, В-он шўру савдоро бигў мастон саломат мекунанд. Эй «маҳ» зи рухсорат хиҷил, мастон саломат мекунанд, В-эй роҳату ороми дил, мастон саломат мекунанд, Эй ҷони ҷон, эй ҷони ҷон, мастон саломат мекунанд, Эй ту чунину сад чунон, мастон саломат мекунанд. Ин ҷо яке ба хеш нест, мастон саломат мекунанд, Як маст ин ҷо беш нест, мастон саломат мекунанд. Эй орзуи орзу, мастон саломат мекунанд, Он пардаро бардор з-ў, мастон саломат мекунанд.

4 Дурратулвоизин. Таҳия ва пешгуфтори Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзода, Китоби I, нашри II. Хуҷанд, 2003, саҳ. 98

Дар ғазали шоири ориф ва сўфӣ сухан аз ишқи илоҳӣ аст. Барои эҳтиром салому суҷуди хешро ба Худо иброз медорад. Баёни андешаҳои ғиноии шоир, ки ниҳоят пурэҳсос мебошанд, тавассути ифодаи ошиқона маҷозан ба Худо равона шудааст ва дар он муносибати дилу рўҳ ба ҳам омезиш ёфтааст. Шояд хонандагони ҳассос ба мафҳуми «мастон» ба истиҳола назар андозанд. Дар ин ҷо шоир маҷозан сухан мегўяд. Ин мафҳум аз маънои мастие, ки аз шароб маст мешаванд, ба куллӣ фарқ мекунад ва дар тааммуқи шоир мафҳуми «маст» ба маънои ошиқ будан ба ҷамоли Худо мебошад. Дар ин маънӣ шоир тамоми вуҷуд ва ҳастии хешро, ки амали ориф ва сўфии пок аст, сарфи роҳи Ҳақ карда, бо расонидани саломи хеш ба Худо худро тасаллият медиҳад. Салом ҳамчун радиф омада, пайи ҳам такрор мешавад ва бори дигар муҳаббат ва самимияти шахси сўфиро дар роҳи расидан ба Ҳақ иброз медорад. Умуман, ғазали мазкур бори дигар аз муҳим будани салом ва калиди роҳи ҳақиқат будани он дарак медиҳад.

Истифодаи радифи «мастон саломат мекунанд» дар ғазали дигари Ҷалолиддини Балхӣ бисёр ҷолиб ва нодир аст.

Ў пас аз калимаи аввали ғазал «саломат мекунанд»-ро истифода мебарад ва баъд ба иловаи «мастон» дар охири мисраъҳои ҷуфт меорад:

Риндон саломат мекунанд, ҷонро ғуломат мекунанд,

Мастӣ зи ҷомат мекунанд, мастон саломат мекунанд.

Дар ишқ гаштам фонтар, в-аз ҳамгинон қаллоштар,

В-аз дилбарон хушбоштар, мастон саломат мекунанд.

Ғавғои рўҳонӣ нигар, селоби тўфонӣ нигар,

Хуршеди раббонӣ нигар, мастон саломат мекунанд…

Дар оғози як ғазали дигараш ин орифи бузург вожаи «салом»-ро бисёр ба маврид, ки бозгўи ҳолати ошиқи асил аст, истифода мекунад:

Ба ҳаққи он ки бихондӣ маро зи гўшаи бом,

Ишорате, ки бикардӣ ба сар ба ҷойи салом.

Яъне, дар ин ҷо ба он ишора шудааст, ки чун маъшуқ дур ва аз баландӣ аст, намехоҳад гуфтани саломро дигарон ҳам фаҳм кунанд. Бинобар ин, ба ҷойи салом бо сар ишора мекунад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» меорад:

Як саломе нашнавӣ аз аҳли дин,

Ки нагирад охири он остин.

Мақсади ин орифи бузург ривоҷи саломи бетамаъ аст. Яъне салом бояд холисона бошад.

Хоқонӣ дар як байти худ аз мафҳуми салом шоирона истифода карда, онро чунин корбарӣ кардааст:

Ба саломи чарб, эй ҷон, бинавоз ҷони моро,

Ба саломи хушк хуш кун дили нотавони моро.

Анварӣ низ ба мафҳуми салом таъбир карда, мақсади худро бо ифодаи салом баён намудааст:

Шуд фаромўш маро роҳи саломат зи ғамат,

Чӣ шавад, гар ба саломат дили ман шод кунӣ?

Носири Бухороӣ низ аз таъбири салом истифода карда, бо як назокат ва зебоӣ мақсадашро чунин иброз менамояд:

Эй хоҷа, салом аллайк, ман азми сафар дорам,

В-аз боми фалак пинҳон ман роҳи гузар дорам.

Шоир дар байти мазкур муроҷиати хешро бо «салому алайк» шурўъ карда, муроди дилашро ҳунармандона ифода гардонидааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар адаб гуфтан устод аст ва дар бисёре аз ашъораш ахлоқи ҳамидаро ситоиш мекунад, дар баёни салом ва риояи он низ назари хоса баён карда, дар байте доир ба салом ва одоби ҷавоби он андеша меронад ва ба шикоят ба қаҳрамони лирикие, ки ба салом ҷавоби сард мегўяд, ситеза карда, андешаашро чунин ҷамъбаст мекунад:

Сад салом ар шунавӣ аз пасу пеш,

Бе алайка накушоӣ лаби хеш.

Ин чӣ ҷоҳ асту ҷаҳолат, ки турост

В-ин чӣ туғёну залолат, ки турост?!

Шоир ба касе, ки саломро алейк намегирад, як қатор алфози қабеҳро раво медонад ва бори дигар аз қадру қимати салом дастгирӣ намуда, дигаронро низ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми салом бо тавозўъ ва дар ҷавоби он ҳамеша омода бошанд. Дар сурати дигар чунин алфози қабеҳ насибашон хоҳад гашт.

Тошхоҷаи Асирӣ низ аз шоирони фозил ва мактабдидае ба шумор мерафт, ки дар боби салом ва ҷойгоҳи он дар калом махсус таъкид ба амал оварда, қимати саломро дар муносибати одамӣ як рукни муҳим пиндошта, мегўяд:

Дигар, ҳусни анҷоми зеби калом,

Саломун алайкум, алайкум салом !

Шоирони садаи ХХ ва муосир ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон низ иҷмолан дар ашъори худ аз таъбири салом истиқбол карда, доир ба одоб ва фарз будани риояи он изҳори ақида кардаанд.

Умуман, дар адабиёти форс-тоҷик ба салом ва эҳтиром гузоштан ба он аз ҷониби адибон таваҷҷўҳи хоса зоҳир шуда, муҳимоти саломгузорӣ бо шаклу шеваи мухталиф бозтоб гардидааст. Бинобар ин, муҳим будани салом дар муносибат бори дигар тасдиқ шуда, иҷрои он аз тарафи хурду бузург ба ҳукми анъана даромадааст. Мо низ бояд кўшиш намоем, ин суннати миллӣ ва мазҳабии хешро гиромӣ дорем ва риояи онро дар ҷомеа таъмин намоем. Акнун ба матлаб наздик шуда, фазилат ва одоби саломро дар мактаб шарҳ хоҳем дод.

Фазилати салом дар муассисаи таълимӣ

Дар муассисаи таълимӣ низ наврасон ва ҷавонон баробари ба даст овардани маълумот ва дониш бояд одоби баланд дошта бошанд. Он ба сирати вай бузургию фараҳ ҳамроҳ менамояд. Мактаббача бояд фазилатҳое дошта бошад, ки он ба рафтору кирдори ў ҳусн зам намояд. Яке аз ин фазилатҳо одоби саломи ў мебошад, ки он дар ҳақиқат ба вай ҳусни маънавӣ меафзояд.

Барои кўдакони боғча ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ донистани фазилатҳои салом ва риояи он ҳамчун калиди одоб шарт мебошад. Онҳо агар дар роҳ ба калонсолон даст пеши бар карда, салом гўянд, одоб аст. Агар як нафар калонсол бошад, метавонанд бо овоз салом гўянд, агар як чанд нафар бошанд, метавонад танҳо даст пеши бар гирифта салом намоянд. Дар ин ҳолат дасти чап ба дасти ҳамроҳаш қарор гирифта, дасти рост ба пеши сина гузошта, мафҳуми «салом»-ро истифода менамояд.

Ин тарзи салом гуфтанро ба кўдакон мураббияҳо ва омўзгорон то замони хуб ёд гирифтанашон таълим медиҳанд. Ҳангоми ба анҷом расидани дарс, машғулият ва берун шудан аз боғча ба омўзгорон, мураббиён ҳатман «хайр» гуфтан аз адаб аст.

Дар сурати риояи чунин фазилати салом маълум мегардад, ки кўдак одоби саломро ёд гирифта, ба қатори фарзандони солеҳ ҳамроҳ шудааст. Барои ба ин дараҷаи камолот расонидани кўдакон бояд падару модарон, хоҳару бародарон, ҳамсояҳо, омўзгорону мураббиён кўшиш намоянд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ибтидоӣ ва асосӣ) бояд донанд, ки онҳо давра ба давра боадабтар мешаванд ва одоби салом ҳусни амали онҳоро афзун мегардонад. Вобаста ба ин бояд талош намоянд, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат одоби саломро риоя намоянд ва барои дуруст ба анҷом расонидани фазилатҳои салом кўшиш ба харҷ диҳанд. Хуб мешавад, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба ғайр аз зинаи ибтидоӣ, ки дар он ҷо «салом» гуфтан роиҷ мебошад, мафҳуми «Ассалом» ҳам барои шогирд ва ҳам барои устод қабул карда шавад. Ин тарзи баён аввалан ба синну соли кўдакон ва ноболиғон мувофиқ аст, сониян, барои талаффузи хонанда мушкилӣ намеорад ва холисан маънои осудаҳолӣ ва сулҳу осоишро ифода менамояд. Дар ҷойҳои зерин бо истифодаи ин таъбир салом гуфтан тавсия дода мешавад:

Дар роҳ аз хона то мактаб, кўчаву хиёбон, назди мактаб ва дар ҳавлии мактаб. Чун одат хурдон ба бузургон «Ассалом» мегўянд ва агар бузургсолон ба хурдсолон салом диҳанд, боке нест ва он аз тарбиятдида будани калонсол шаҳодат медиҳад. Шарти салом дар ин маврид аз хурдсол ба калонсол мебошад.

Дар роҳрави мактаб аввал шогирд салом мегўяд. Дар синфхона бошад, аввал устод салом мегўяд ва шогирдон ҷавоб медиҳанд.

Паси ҳам сар бароварда, бо якчанд овоз салом додан ва ҳангоми салом додан шўхӣ ё баланд хандидан аз рўи одоб нест. Низоми риояи саломро бояд ба шогирдон устод, падару модарон, бародарон ва хоҳарон омўзонанд ва риояи саломро назорат баранд.

Хонандагони ин зинаи таҳсилот дар хона ба падару модар, хоҳару бародар, хешу табор ва касоне, ки меҳмони хонадони онҳо мешаванд, метавонанд бо риояи одоб ва бо чеҳраи кушода ва овози нарм «Ассалом» гўянд. Писарон даст пеши бар намоянд ва духтарон каме бо сар таъзим намоянд, ин ҳусни одоб ва зеби саломи онҳо мебошад.

Дар дохили нақлиёт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд аввал хурдсолон ба бузургсолон даст пеши бар карда салом диҳанд. Агар калонсол бо фикре банд бошад ва ба салом ҷавоб гуфта натавонад, бояд хурдсол наранҷад ва аз саломи додааш қаноатманд бошад.

Дар кўчаҳо, назди ҳавлӣ ва дар гузаргоҳҳо бояд хонандагон намуна бошанд ва ба хурду бузурги шинос ва ношинос бо чунин таъбир салом гўянд: «Ассалом». Фаромўш накунанд, ки беҳтарин амали солеҳи хонандаи боодоб саломи ў мебошад ва барои соҳиби чунин амал шудан падару модар ва устод масъул мебошанд. Кўшиш намоед, ки фарзандон – хонандагон саломро ҳусни маърифати хеш қарор диҳанд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аксаран хонанда мебошад, тарзи салом гуфтан ба мисли муассисаҳои таҳсилоти умумӣ идома меёбад. Муаллим бо мафҳуми «Ассалом» ба хонанда муроҷиат менамояд ва хонанда низ бо чеҳраи кушода ва бо даст пеши бар намудан «Ассалом» мегўяд.

Дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ услуби салом гуфтан ва тарзи баёни он мураккабтар мегардад. Зеро ин табақа дар ҷомеа мақому манзалати хос дорад ва чашми аҳли ҷомеа ба амали онҳо бештар меафтад. Аз ин рў, тарзи салом гуфтан ва ҷавоб гирифтани онҳо ва риояи фазилатҳои салом барои ин қишри ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад.

Дар ин зинаҳои таҳсилот барои донишҷўён ифодаи мафҳуми«Ассалому алайкум» пешниҳод мегардад. Устодон дар ҷавоби саломи шогирд мегўянд: «Ваалайкуму – с -салом».

Донишҷў дар роҳрав ва ё ҳавлии муассисаи таълимӣ даст пеши бар карда, ба устод аввал «Ассалому алайкум» мегўяд, ки ин аз рўи одоб аст Хеста даст пеши бар карда, салом гуфта, ҳусни салом аст. Бо ҳамдигар салом гуфтан камоли одоби инсонӣ мебошад, ба донишҷўёни аз худ зинаи паст ва ё баланд салом додан нишонаи камолоти маънавӣ мебошад, дастакӣ бо ҳамкурсон ва дўстон салом кардан беҳтар мебошад. Пеш аз устод даст дароз кардан ва бе ишора даст дароз кардан аз рўи одоб нест. Дар нақлиёт, дар кўчаю гузаргоҳҳо ба калонсолон ва хурдсолон салом додан аз тарбия дида будан шаҳодат медиҳад. Дар ҳама ҷо дар сурати нишаста будан хеста даст пеши бар карда салом додан аз фазилати нек шаҳодат медиҳад Дар вақти салом додан баланд хандидан, шўхӣ кардан ҳусни амалро мекоҳонад Бо чеҳраи кушода, лафзи ширин, табассуми нарм ва дили гарм салом гуфтан аз доштани фаросати баланди саломдеҳ гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маъракаҳо ва чорабиниҳо танҳо бо ишора салом додан ва даст пеши бар карда бо садои паст салом гуфтан аз тарбиядида будан далолат мекунад.

Донишҷўён агар аз таътил баргашта пазмон шуда бошанд, ҳамдигарро дар оғўш гирифта, салом намудан аз рўи одоб аст. Писарон танҳо рў ба рўи ҳамдигар се бор мегузоранд ва дастҳои рости якдигарро мефишоранд, аммо ҳамдигарро бўса намекунанд. Духтарон ҳамдигарро оғўш гирифта, аз рухсора ва ё пешонии ҳамдигар бўса менамоянд. Аз лабон бўса намудан аз рўи одоб нест.

Ҳамаи ин фазилатҳои саломро падару модар, бародару хоҳар, устодону олимон ва масъулини муассисаҳо ба шогирдон мефаҳмонанд ва риояи онро назорат мекунанд.

Ҷавоби салом

Вобаста ба таъкидҳои фавқуззикр ҷавоби салом арзиши худро дорад. Ҷавоби салом аз ҳисоби хурдсолон бошад, чунин сурат мегирад: онҳо даст пеши бар намуда, ба калонсолон ҷавоб мегўянд.

Бузургсолон низ саломро бо одоби баланд ба анҷом мерасонанд. Онҳо низ метавонанд даст пеши бар гирифта, ҷавоб гўянд ва метавонанд қоматашонро рост намуда, дастҳояшонро ба қоматашон рост карда, ҷавоб гардонанд. Аз ҳар ду ҷониб чеҳраҳо бояд кушода, овоз нарму ширин ва садо ғулғуладор бошад.

Бузургони асримиёнагӣ ҷавоби саломро дорои ҳафт шарт пазируфтаанд, ки ғолибан ҳадафи тарғиби ахлоқи ҳамида мебошад.

Дар мантиқи оддии ифода ҷавоби салом бояд чунин сурат бигирад:

бо чеҳраи кушода ҷавоб гуфтан;

ҷавоби муфассал додан;

агар ношиносе шуморо ба касе монанд кунаду салом диҳад, ҷавоб гуфтан;

дилу нияти пок доштан ҳангоми ҷавоб гуфтан;

агар гурўҳе дар кўча истода бошанд, касе салом (берун аз гурўҳ) гўяд, як нафар баланд ҷавоб диҳад (дигарҳо замирӣ, беовоз) кифоя аст;

ҷавоб бояд бо лафз ва шунаво гуфта шавад, то саломкунанда шунавад ва бо имову ишора сурат нагирад;

ҷавоб бояд фавран гуфта шавад ва бидуни таъхир, яъне шунаванда агар оҷиле дошта бошад, бояд ҷавоби саломи худро шунавад.

Муҳим он аст, ки вақте хонандагону донишҷўён салому алайк мекунанд, меҳру муҳаббат, сидқу сафо, дўстиву рафоқати онҳо самимитар гардида, онҳоро ба ҳам наздиктар менамояд.

ХУЛОСА

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Ҷалолиддини Балхӣ

Халқи тоҷик мақоле дорад, ки «Фарзанд азиз аст, вале одобаш аз он азизтар». Ба назари Хоҷа Ҳофиз бошад: «Ҳар киро нест адаб, лоиқи сўҳбат набувад». Ё худ Ҷалолиддини Балхӣ таъкид мекунад, ки:

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,

Аз адаб маъсуму пок омад малак,

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Як рукни одоби инсон салом додан ва ҷавоб гирифтан мебошад. Салом ин муайянкунандаи шахсияти калонсолон ва ифодагари унсурҳои тарбиявӣ дар камолоти маънавии наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рў, дар таълими одоби салом ҳамчун унсури муқаддаси сарнавиштсоз набояд лаҳзае таъхир намуд.

Омўзиши осори адабии асримиёнагии форс-тоҷик нишон медиҳад, ки дар маркази тасвири адибон танҳо инсон ва тарбияи маънавии он меистад. Ҳатто мутафаккирон ба зоҳири инсон чандон таваҷҷўҳ зоҳир накардаанд, дар мантиқи оддии ифода зоҳирпарастиро онҳо напазируфтаанд. Чунончи:

Сурататро чӣ кунам? Гар ту надорӣ сират,

Ман ба як пул нахарам сурати бесиратро.

Салом додан гарчанде зоҳиран ба амалҳои инсон иҷро шавад ҳам, аммо тарзи иҷро ва баёни он маърифати ўро миёни ҷомеа ошкор менамояд ва рукни муҳимтарини одоб ба ҳисоб меравад.

Агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маҳаллаҳо, кўчаҳо, деҳаҳо тарзи салому алайк расм шавад, кўдакон, наврасон, навҷавонон ва ҷавонони мо одоби саломро риоя намоянд, муҳити ҷомеаамон боз ҳам бештар фарҳангӣ мешавад ва маданиятамон рушду такомул меёбад.

Умед дорем, ки ин дастур ба сифати раҳнамо ба шогирдони азиз хидмат намуда, онҳоро дар рўҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия менамояд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …