Главная / Чамъият / Одоби Салом гуфтан – Коидаи саломгуи

Одоби Салом гуфтан – Коидаи саломгуи

Чи тавр бояд салом дод?

Яке аз фазилатхои неки инсони, ки обруву нуфуз ва манзалати уро баланд мебардорад, ин гуфтани салом ба хурду бузург ва риояи одоби он мебошад. Пешиниён ин хусни одобро дар вучуди фарзандон парвариш намуда, аз хурди таълим медоданд. Он аз амалхои солехи фарзандон махсуб меёфт. Дар чомеаи асримиёнаги ин амал чойгох ва ахамияти махсус дошт ва аз бузургсолон то хурдсолон онро риоя мекарданд. Аксари адибон ва олимон низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатхои салом изхори андеша кардаанд ва амали онро низ хостор мешуданд. Бо максади расидан ба камоли инсони кушиш мекарданд, ки ба атфол аввал одоби салом доданро омузонанд.

Одоби салом додан

Барои расидан ба ин максад ривоятхои зиёди чолибро низ оварданд, ки дар хотиру зехни кудак ва хар мурабби накш мебаст. Мурод аз ин, албатта, арчгузори ба инсон буд.

Хамин тавр салом бехтарин рукни маърифати инсони ба шумор мерафт. Аз хурди то давраи камолот аз чониби волидайн назорат ва таъкид мегардид. Ин гуна муносибат ва таъкидхои пай дар пай асос мешуд, ки фарзанд одоби саломро риоя намояд ва дар хама холат барои ичрои ин амал омода бошад. Равони кудак нисбат ба салом ба дарачае фаъол гардида буд, ки хамеша ва дар хама холат мехост ба калонсолон салом дихад.

Агарчи имруз дар рузгори мо одоби салом риоя шавад хам, вале наметавон онро чавобгуи талабот ва идомаи анъана хисобид. Хам дар мактаб ва хам дар чойхои чамъияти, хатто дар баъзе хонаводахо салом ва одоби он риоя намешавад, падару модар низ ба ин масъала кам ахамият медиханд.

Аз ин ру, лозим донистем, ки назари эчодкорону мутафаккирони пешинро доир ба арзиши салом ичмолан таъкид намуда, дар ин замина саъй кардем, ки истифодаи рукнхои салом ва фазилатхои онро бори дигар ёдовари намоем.

Мавлоно Чалолиддини Балхи бархак ба таъкид дар «Маснавии маънави» иброз доштанд:

Аз насихат нокисон комил шаванд

В-аз насихат мудбирон мукбил шаванд.

В-аз насихат тоза гардад хар диле

В-аз насихат хал шавад хар мушкиле.

Дар хакикат, агар насихат дуруст ба миён гузошта шавад ва ба зехни кудак ё наврас хамин гуна чой дода шавад, дилпурона метавон умед баст, ки хурдсол рафтору кирдори худро дигар менамояд ва номбардори падару модар мегардад. Зеро насихат дар мафкураи мардуми мо, пеш аз хама, ташаккул додани кобилияти мадании фарзанд ба шумор меравад ва бо ин рох метавон чавхари аклонии уро гани гардонид. Насихат, ки маънои точикиаш панд додан мебошад ва як навъ маслихат ба шумор меравад, бехтарин омили тарбия аст.

Абухомид Мухаммад ибни Мухаммади Газзоли дар талхиси китоби «Эхё-ул-улум—аддин» ва «Кимиёи саодат» казоват менамояд, ки «дили кудакон мисли замини навкорам аст ва он чи ки мо дар он кишт мекунем, хамон месабзад».

Дар таъкиди Имом Мухаммади Газзоли масъалаи «кишт» ва натичагири аз он ба хотири кави будани хофизаи кудак таъкид шудааст, яъне таълими онхо дар ин даврон таъсири мусбат мерасонад. Дар хакикат, кудак дар хофизааш хар ончиро агар гунчонад, онро метавонад то охири умр нигох дорад. Дар ин гуна холат кудак барои онро аз ёд дур накардан саъйи махсус менамояд. Салом низ аз арзишхои маънави ва фархангие мебошад, ки он аз аввал то ба охири умр хамчун хусни инсони бо шахс боки мемонад.

Яке аз аввалин шартхои тарбияи инсон хам омузонидани одоби салом аст. Аз ин ру, аз даврахои хело пеш одоби салом ва чавоб гуфтан ба он аз чониби падару модарон ба фарзандон дар хурдсоли бо чузъиёташ яъне чи гуна дастхоро пеши бар гирифта, чи гуна истодану андаке хам намудани комат ва кушода нигох доштани чехра ва гайра таълим дода мешуд.

Мутаассифона, алхол дар чомеаи мо таъсири калонсолон ба хурдсолон хело кам шудааст. Дар куча, махаллахо, хатто дар дехот касе бар касе эрод намегирад ва касе дар пайи ислохи хамдигар, ба хусус, наврасону чавонон нест. Аз ин наврасон ва навчавонон истифода карда, худро нихоят озод мегиранд ва ба салом додан хатто хуш надоранд. Баъзан барои аз чой хестан ва даст пеши бар карда салом додан хавсала намекунанд. Ин амали хешро як навъ худситои мепиндоранд. Дар баъзе холатхо ба рохгузар хатто писханд мезананд ва чамъият низ ба ин парвое надорад. Дар чойхонахо, мачлисхои махалла ва чамоатхо ин масъала тахлил намешавад ва хамаи ин нуксонхоро танхо ба мактаб ва омузгор хавола менамоянд, ки ин нодуруст мебошад. Кори тарбияви ба пиндори мо кори умум мебошад. Аз хонавода сар карда, то хамсояхои наздику дур, ахли чамоатчиги дар хар чо ки наврасон ва чавонон чамъ мешаванд, бояд доир ба масъалаи одоб ва ахлок сухан гуянд ва хамагонро ба ичрои амалхои солех ва одобу риояи салом даъват намоянд. Баъзан модарон ва хохарон низ дар сари куча нишаста бошанд хам, хангоми гузаштани рохгузар аз чой намехезанд. Барои чинси зан ин амал аз руйи ойини милли кубхи инсони ба шумор мерафт. Маълум мешавад, ки дар хонаводахо низ кариб дар бораи маданият, шисту хез, гуфтору пиндор, тарзи риояи муошират ва сару либос дар чойхои чамъияти, берун аз хона ва умуман муоширати хамдигари кам ё умуман сухан намегуянд.

Дар гузашта аз руи баъзе сарчашмахо мардуми мо пеш аз ношто кардан ва ё пас аз он баъди дуои нон ё баъд аз чамъ кардани дастархон барои то дах дакика ва ё аз ин бешу кам доир ба одоби салом, некию накукори, хайру эхсон, эхтироми хурду бузург ва дигар амалхои неки инсони бо овардани мисолхо сухан мегуфтанд ва фарзандону ахли хонаводаро таъкид мекарданд, ки махсусан берун аз хона ба ичрои фаризахои ахлоки диккат диханд ва баъзан шахсан худи волидайн ичрои онро назорат менамуданд. Пас аз хуроки шом низ ин амалро такрор менамуданд. Хуб мешуд, ки ин анъанахоро боз аз сари нав чори намоем ва риояи онро таъмин гардонем.

Салом пеш аз хама инсонро хушхулку боодоб, ботамизу бофаросат, нармдилу гармдил, дилчуву дидадаро, нармгуфтору гарммуомила, пурмехру тавозуъкор месозад. Аз ин ру бо манзури ниёзхои маънавии чомеаи кунунии мо хусусан хурдсолону чавонон, ки аз осори маънавии асримиёнагии миллии мо иттилооти андаке доранд, карор додем, ки таваччухи онхоро ба ин рукни асосиву маънавии тарбия бештар чалб намоем.

Фазилати салом

Салом чанд фазилат дорад, ки донистани он ба манфиати шахс мебошад. Салом, пеш аз хама, ба покии чисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози кабехро аз забони инсон дур месозад ва гуяндаро фозилу хирадманд мегардонад. Кудак агар ба берахмтарин шахс бо лафзу лахни тифлона салом гуяд, рахмдил мешавад ва чахлаш ба фазл мубаддал мегардад. Аз ин ру салом барои хушхол гардонидани инсон низ таъсир мерасонад. Мухим он аст, ки салом адоват, хусумат, бухл, кина, хасад барин хислати инсониро рафъ месозад. Саломи аз руи сидк дар дили инсон чой гирифта, савоби беш дорад, зеро тавассути он шахс тадричан дорои хислатхои хамида: росткавлу ростгуй, дилсофу рахмдил, мушфику мехрубон, дилсузу гамхор, халкдусту мардумнавоз, раиятпарвару мехнаткарин, содику вафодор, хушзабону хушмуомила, халиму дилчу, дидадарову махбуб, гамхору гамгусор мегардад.

Агар дар куча фарде салом медихад, пеш аз хама, ба табъи каси дигар таъсири нек мегузорад ва уро аз андешаи зиёдати озод менамояд. Агар табъаш хира бошад хам, бо шунидани салом болида мегардад.

Ё худ касе бо шумо дилсардие дорад, яъне бо шумо гапи нест, агар ба шумо салом дихад, он бадбиниву сарддили гум хохад шуд. Беш аз ин дусту мукарраби шумо, хеши шумо, бародару хохари шумо агар аз шумо дур зиндаги кунад, нома менависад ва шумо ба у нома менависед, аввали номаи шумо бо салом огоз меёбад, ки бо хондани он хушхол ва сидкан хурсанд мешавед. Аз ин чост, ки насли калонсол бояд фарзандони худро дар хона, богча, мактаб барои аз ин неъмати мукаддас файзёб шудан рохнамои намоянд. Дар ин кор лахзае таъхир накунанд, ки окибати андак гафлатварзи дар ин рох нохушихои гушношунидеро ба бор меорад.Чунончи шоир мегуяд:

Рафтам, ки хор аз по кашам,

махмил нихон шуд аз назар,

Як лахза гофил гаштаму

садсола рохам дур шуд.

Фазилати салом ба руху равони инсон таъсири мусбат мерасонад. Агар хохем, ки аз бузургсолон эхтиром бинем, табъи онхоро болида созем ва онхоро шод гардонем, бояд одоби саломро риоя намоем ва кушиш созем, ки пеш аз онхо, сари вакт ва бо овози нарму форам салом дихем. Саломи мо бояд баодобона бошад. Агар нишаста бошем, дархол хеста, даст пеши бар намоем ва бо чехраи кушод бо як нафас гирифтан, дастро пеши сина гузошта, пойхоро ба хам ва коматро рост карда, сарро каме руй ба замин нихода бо андаке табассум ва бо чехраи гарм салом дихем. Бояд тарзе овоз барорем, ки ба иззати нафси дигарон нарасем. Ва бояд он бо лахни нарму ширину гушнавоз бошад. Саломдиханда баъди салом, аввалан, бояд аз тарзи сухани худ рози шавад, сониян, ба хар гунае ки чавоб мегирад, ба он каноатманд бошад ва зинхор бояд аз тарзи чавоб норизо нагардад. Баъзан шояд одам дар холати мухталифи равони карор дорад ва наметавонад саломро дуруст чавоб гардонад ва ёдаруни аз таги дил ба он чавоб мегуяд. Дар ин гуна холат он на бояд мавриди мухокимаи ботинии каси дигар карор гирад. Баръакс, бо шукргузори аз рафтори худ каноат хосил намояд, ки карзи хешро ба анчом расонидааст.

Дар сурати дигар, худаш ё хурд бошад ё бузург, метавонад салом дихад ва дар сурати чавоб нашунидан боз худаш ботинан чавоби саломро такрор намояд. Дар ин гуна холат савоби салом бештар ба ин шахс мерасад ва ин низ яке аз амалхои солех ба шумор меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки хангоми зиёрати ахли кубур (касоне, ки вафот кардаанд) шахси зиёраткунанда салом медихад ва худаш онро чавоб мегуяд. Яъне, дар ин хол шахсе, ки барои зиёрат рафтааст, масъулу вазифадор аст, ки ба салом чавоб дихад. Бо ин амал, албатта, сохиби савоб мегардад. Ба чуз ин бо ин амали шариф як талаботи зиёратро ба чо меорад. Хулоса бо чавоб додани худ ба чойи шахси шунавандаи салом эътибори кас аз миён намеравад.

Тарз ва усулхои салом

Салом як амали солехи инсон буда, тавассути он камолоти маънавии у муайян карда мешавад. Дар миёни мардуми точик бошад, он ба як рукни анъанаи милли табдил ёфта, аз чониби хурду бузург аз овони кудаки то ба охири умр риоя мешавад.

Салом бо тарзи хос ифода шуда, як чанд усули баён дорад, ки дар поён баъзе аз онхоро бар тартиби муайян меорем.

Якум. Агар нишаста бошем, аз чой бархоста дасти рост ба пеши синаи худ мегузорем ва комати худро рост намуда, бо табассум ва лахни ширин салом мегуем.

Дуюм. Агар рост бошем, даст пеши бар менамоем ва бо чехраи кушода, овози нарм салом мегуем ва интизори чавоб мешавем.

Сеюм. Агар бузургсол даст дароз накунад, хеч гох кушиш насозем, ки пеш аз у даст дароз ва уро мачбур намоем, ки бо мо бо даст салом кунад, ки ин аз руи одоб нест.

Хуб мешавад, агар чойи муносиб бошад, бузургсол худаш даст дароз кунад ва бо табассум, лутф ва овози нарму ширин ба хурд дасти салом дихад ва аз ин амалро бо каноатманди ичро намояд.

Тибки ривояти Анас, Расули акрам ба кудакон табассум менамуд ва хар гох аз наздики эшон мегузашт, салом мегуфт.

Чахорум. Хангоми ворид шудани ягон шахс ба хона ва ёмехмонхона агар нишаста бошем, бархоста даст пеши бар менамоем ва саломро аз дил мегузаронем ва барои бо даст салом кардан шитоб намекунем.

Панчум. Дар маъракахо танхо даст пеши сина бурда, бо чехраи кушода бо ишора (хаму рост кардани сар) салом гуфтан аз руи одоб аст. Баланд салом гуфтан, хандида салом гуфтан ва чехраро туруш намуда салом додан, бо даст салом кардан аз руи одоб нест.

Шашум. Агар ба маърака даъват мешавед, ба мачлис медароед ё ба мехмонхона ворид мегардед ва мебинед, ки хозирин нишастаанд, даст пеши бар карда, бо дилатон саломро гузаронед ва бо чехраи гарм, нимтабассум карда, сар чунбонида дар чойе, ки даъват барои нишаст мешавед, нишинед. Дар ин гуна холатхо аз дигарон дер намонед. Дер мондан аз руи одоб нест. Агар узр ва ё сабабе дошта бошед, бахшида мешавад.

Хафтум. Хангоми вохури бо шахси аз худ калон танхо даст пеши бар намуда, чехраро кушода бо изхори хушнуди салом гуфтан аз руи одоб аст. Пеш аз вай даст дароз карда бо даст вохури кардан мумкин нест. Агар шахси калонсол даст дароз намояд, дасти ростро барои салом дароз кардан, дасти чапро ба пеши сина гузоштан аз руи одоб аст.

Хаштум. Савора ба пиёда салом мегуяд. Мошинсавор, аспсавор, харсавор бо ишораи хаму рост кардани сар ба пиёда салом мегуяд. Пиёда агар даст пеши бар карда чавоби саломро гардонад, аз руи одоб аст.

Аз Абухурайра ривоят аст, ки Хазрати Муухаммад фармуд: савора бар пиёда, раванда бар нишаста ва кам ба бисёр салом намояд.

Нухум. Пиёда дар рох ба хар як рохгузар, хох савор бошад, хох пиёда, даст пеши бар карда салом гуяд, аз руи одоб аст. Нишаста салом додан, даст дар киса салом гуфтан, бо садои баланд салом додан, шухи карда салом гуфтан аз руи одоб нест.

Дахум. Салом додани хурд ба калонсол шарт аст. Вобаста ба чой ва мавкеъ бояд хар як шахс аз худ бузургро бо салом пешвоз гирад ва ба у салом дихад. Салом додан ба калонсолон хатми мебошад. Дар сурати риоя нашудан ва ё дар холати парешони будан бояд хурдсолон наранчанд. Дар ин гуна холат хусни одоби хурдсолон боло меравад.

Ёздахум. Хангоми аёдати бемор аввал беморбин салом мегуяд ва даст пеши бар мекунад ва бо чехраи кушода овоз мебарорад ва кушиш бояд намояд, ки бемор тавассути ин салом рохат бубинад.

Мафхуми салом ва макоми он то ислом ва баъди ислом

Салом калимаи араби буда, маънояш осоиш, сулху амони, осудахоли мебошад ва шакли точикии он мафхуми «дуруд» аст.

Дар замони пеш аз ислом ачамиён бо нишони мехр ва эхтиром ба хамдигар дуруд мефиристоданд ва хамдигарро бо дуруд пешвоз мегирифтанд. Махсусан, хангоми чашнхо дуруд гуфтан ва бахшоиши гунохи хамдигар яке аз сифатхои неки ниёгони мо ба шумор мерафт. Дар миёни мардум, ба хусус, дар айёми Навруз дуруду шодбош гуфтан ба хукми анъана даромада буд ва одамон барои аз худ дур кардани кина ба хамдигар дуруд мегуфтанд. Дурудгуи аз дарбори шох огоз меёфт ва ба дурудгуии кудакон ба анчом мерасид. Кохинон дурудгуиро дар миёни чомеа таблиг мекарданд.

Дар Авасто ва дигар сарчашмахои тоисломи мафхуми дуруд ва тарзи дуруд гуфтан низ борхо таъкид шудааст. Маълум мешавад, ки гузаштагони мо низ то замони вуруди ислом ба фарханги салом додан таваччухи хос медодаанд. Дар миёни гурухи ашрофон ва дарбориён дуруд гуфтан рост буд. Дуруд гуфтан дар бисёр холатхо, ба хусус, хангоми чашнхои милли бештар риоя мешудааст ва он хамчун рохи аз бади дур шудан ва ростиро ситоиш кардан ташвик мегардидааст. Барои аз гунохи хамдигар гузаштан пешиниён мафхуми дурудро истифода мекардаанд. Хангоми таваллуди кудакон хам дуруд гуфтан миёни ачамихо маъмул будааст. Ситоиши кохинон низ бо дуруд огоз мешудааст. Хамчунон фиристодани дуруд ба Ахурамаздо маъмул будааст. Ачамиён ба воситаи дуруд хамдигарро ба дустию рафокат ва ростиву накукори даъват менамуданд.

Махсусан дар Авасто дуруд гуфтан хамчун чузъи таълимот ва фарханги милли ситоиш ёфтааст. Дар бобхои мухталифи ин китоб вобаста бо ниёиш мафхуми «дуруд» корбаст мешавад ва он арзиши баланд низ доштааст.Чуночи омадааст: «Гетиро неру бод. Дуруд ба гети». Дар ин чо дуруд гуфтан ба гети ишора шудааст, ки мазмуни нихоят баланд дорад. Дар чойи дигар омадааст: «Росттарин дониши маздоофаридаи ашаванро дуруд мефиристам». Ё дар чойи дигар таъкид шудааст, ки: «Ба рости дуруд». Хамин гуна таъкидхо дар Авасто хело зиёд мебошад ва беш аз 500 бор мафхуми «дуруд» дар ин китоб таъкид шуда, тамоми пахлухои зиндаги бо он пайванд гардонида шудааст. Аз хама мухим тамоми андеша, гуфтор ва рафтор низ бо дуруд пайванд шудааст. Чунончи: «Андешаву гуфтору кирдори некро, ки дар ин чо ва дар хар чои дигар варзида шудааст ва варзида хохад шуд, дуруд мегуем ва (худ) низ бо чон(-у дил) ба неки хамекушем».

Ба неки кушидан ва дуруд гуфтан бехтарин оини мардуми Ачам ба шумор рафта, дар зиндагии харуза аз он истифода мешудааст ва он баъдтар низ дар шакли дигар тавассути ислом боз хам роич гардида, ташаккул ёфтааст.

Дар давраи зухури ислом дар Осиёи Маркази ва пас аз он миёни точикон эхтиром гузоштан ба хамдигар тавассути риояи одоби салом боз хам густариш ёфт. Он хам ба одат ва хам ба суннат табдилёфт ва дар муносибати одамон хамчун рукни кадр кардани хамдигар шинохта шуд. Дар ин давра салом мукаддас ва табаррук эълон гардид. Ба яке аз номхои мубораки Худованд пайванд шуд ва ба он арзиши мукаддамтар аз одоб дода шуд. Акнун зухури салом ба сифати тарбия бештар арзиши эътикоди ва маърифати пайдо намуд ва ба тафаккури мардум хамчун маърифати исломиву милли чойгохи хосро касб намуд.

Ба хотири таъкид шудани салом дар китоби «Куръон» мафхуми «салом» бо салавот наздик карда шуд ва он ачри бузургтарро ба худ касб намуд. Дар Сураи «Нисо», ояти 86 омадааст, ки: «Ва чун салом дода шавад, пас ба гунае бехтар аз он салом дихед, ё ба хамон калима чавоб дихед. Ба дурусти, ки Худо бар хар чиз хисобкунандааст».

Дар ин сура салом додан ва чавоб гардонидан ба он махсус таъкидёфта, манзалати салом арчгузори шуда, бори дигар таъкид шудааст, ки ин амали хайрест, ки Худованд бар амали неки одамон онро вочиб дониста, дар рафтори некашон саломро хисобанда пиндоштааст.

Дар чойи дигари сураи «Нисо», ояти 94 омадааст, ки «Эй муъминон, чун дар рохи Худо сафар кунед, (нек) тахкик кунед ва касеро, ки ба шумо бо салом мурочиат кунад, магуед: «Муъмин нести» – матои зиндагонии дунёро маталабед ва назди Худо ганиматхои бисёр аст».

Дар сураи «Нур», ояти 24 бошад, масъалаи салом ва тарзи риояи он дар мавриди эхтиром гузоштан хангоми ба хонаи дигарон ворид шудан таъкид мешавад: «Эй муъминон, ба хонахое гайри хонахои хеш надароед, то ин ки ичозат талабед ва бар ахли он салом дихед, ин барои шумо бехтар аст, бувад, ки пандпазир шавед».

Дар оятхои 27, 28, 29-и ин сура низ суннати салом додан таъкид шудааст. Аммо дар ояти 24 аввал масъалаи салом ва баъд ба хонаводаи дигарон бе ичозат надаромаданро таъкид менамояд. Хар ду таъкид хам мохиятан чанбаи баланди ахлоки дошта, дар тарбия таъсири мусбат мерасонад.

Хамчунон, дар сурахои Хашр, Тохо, Раъд, Анъом доир ба мохияти салом ва эхтиром гузоштан ба одамон таъкидхои чидди омадааст, ки хар як фард бояд онро риоя намояд. Дар сурахои мазкур донистани салом ва арч гузоштан ба он ва тавассути салом расидан ба рифох, вахдат ва осоиш ёфтани тану рух баён шудаанд.

Дар баробари он ки дар «Куръон» мохияти салом баён гардидааст, инчунин дар хадисхо низ эхтиром гузоштан ба салом, риояи он, таъсири салом ба рухи инсон ва адлу осоиш овардани он ифодаёфтанд, ки ахамияти багоят бузурги тарбияви доранд. Дар хадисхое, ки дар он сухан аз салом меравад, эхсос мешавад, ки чанбаи ахлоки бештар мебошад ва барои тарбия намудани фарзандон дар рухияи инсондусти ва эхтиром гузоштан ба калонсолон таъсири баландро дорост. Масалан, дар хадисе Расули акрам мегуяд, ки: «Агар ду мусалмон хангоми мулокот ба якдигар салом ва мусофаха (дасти салом кардан) кунанд ва аз Худованд талаби омурзиш намоянд, омурзида мешаванд».

Ё дар чойи дигар омадааст, ки аз Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Хазрати Мухаммад гуфтааст:

«Агар ду мусулмон хангоми дидорбини бар якдигар салом диханд, пас махбубтарини онхо назди Худо хамон аст, ки хандонруй бошад ва ба хамдигар даст бидиханд, сад рахмат барои онхо нозил шавад. Барои саломдиханда навад рахмат ва барои чавобдиханда дах рахмат аст».

Дар чойи дигар бошад, ба ривояти Абдуллох ибни Салом омадааст, ки Хазрати Мухаммад гуфтааст:

«Эй мардум, саломро дар байнатон ривоч дихед ва ба дарвешон таом дихед ва пайванди хешовандиро нигох доред, то хушбахтона дар бихишт дароед».

Дар хадиси дигар мегуяд: «Салом номе аст аз номхои Худои таъоло, пас фош доред уро миёни шумо, хар киро бинед, яъне салом гуед, тавозуъ кунед».

Дар ин чахор хадис, пеш аз хама, маърифати салом ва макоми салом таъкид шудааст. Махсусан, тавассути хадиси чахорум минбаъд салом гузоштан суннат гардид ва бештаре аз мусулмонон барои эхтироми якдигари ба хамдигар саломгу шуданд ва саломро бештар ситоиш намуданд. Бо пайванд шудани салом ба номи Худованд арзиши ахлоки ва фархангии он боло рафт ва ба як чузъи маънавиёт табдилёфт. Чунин маком гирифтани салом охиста – охиста ба арзиши ахлокии миллати точик низ рох ёфт ва ба яке аз рукнхои одоб табдил гардид. Баъдан салом хамчун чузъи одоб барои хурду бузург ахамият пайдо намуд ва барои фарди мусулмон риояи он хатми гардид.

Мардуми точик хам бо он гуна ахамияте, ки салом пайдо намуд, онро чун чузъи фарханги худ пазируфтанд ва барои риоя ва таълими он тадбирхо андешида, дар ин замина рисолахои алохида тахия карданд ва арзиши онро дар хусни одоби инсони мухим шуморида, киматашро бо шевахои мухталиф шарх доданд. Масалан, таъкид мекарданд, ки «агар муслиме ба чамоате салом дихад ва он чамоат хам ба ин муслим чавоб гардонанд, ачри он муслим ба сабаби ин ки номи поки Худоро ба ёди он чамоа андохтааст, дучанд хохад шуд ва агар чавоб надиханд, ба сабаби ин ки вазифаи худро адо кардааст, вичдонаш рохат хохад намуд».

Дар миёни мардуми точик чунин хадисхо то дарачае арзиш пайдо кардаанд, ки хатто хангоми номгузори ба фарзандон аз он махсус истикбол менамуданд ва фарзандонро бо эхтироми хоса Абдуссалом номгузори мекарданд, ки ин анъана то имруз идома меёбад. Барои мисол калимаи Абдуссалом, ки номи мардона аст, ба маънии бандаи Худо мебошад ва салом ба чузъи сифати Худованд дар рохи ба даст овардани осоишу осудахоли мукаддас мебошад.

Аз китоби «Куръон» сар карда, минбаъд дар каломи Пайгамбарамон Хазрати Мухаммад тавассути хадисхои у ва таъкиди рохбарони мазхабхои исломи ва пайравони вай мафхуми салом, кадри саломгузор, накши саломгузор ва яке аз суннатхои исломи будани он ба маротиб таъкид меёфт ва он чун рукни маърифати исломи арчгузори мегардид.

Абуабдулох Мухаммад ибни Исмоил ал-Бухори дар фасли «Хар ки аз додани салом бахили кард» менависад.

Аз Абдуллох ибн Амр ибн Ос ривоят хаст, ки у гуфт:

Дуруггутарин шахс касест, ки тавассусти чашмонаш бахили кунад ва бахил касест, ки аз додани салом худдори кунад (Хадиси 104).

Ё ин ки дар хадиси 1043 омадааст, ки:

Анас ибн Молик гуфт: Ман Пайгамбарро дидам, ки вакте аз назди кудакон мегузашт, ба онхо салом медод. Инчунин аз Абухурайра ривоят аст, ки:

Расули Акрам фармудаанд:

Бахилтарин инсон касест, ки дар вакти салом намудан бахили менамояд (Хадиси 1042).

Дар аксари чунин хадисхо хикмати ахлок, одоби салом ва арзиши он дар чомеа ифода ёфта, хамчун сарчашмаи маънави миёни мардум эхтиром ва афзалият пайдо намудааст.

БАЪЗЕ САРЧАШМАХОИ ДИГАР, КИ БА ТАВЗЕХИ САЛОМ БАХШИДА ШУДААНД

Дигар аз сарчашмахое, ки дар бораи салом шарху тавзех медиханд, асархои донишмандони илми фикху калом ва зумрае аз намояндагони тасаввуф мебошанд, ки доир ба мохият ва арзиши салом назару андеша баён дошта, бехтарин воситаи муносибати байни одамон будани онро таъкид кардаанд. Дар ин маврид манбаи истифодаи онхо низ хадисхо, ривоятхо ва дигар сарчашмахои осори исломи мебошанд. Масалан, дар китоби «Ат-таргибу ва-т-тархиб»-и Имом Абдулазим ал- Манзури, ки намунаи хадисхо ва баъзе ривоёти дигар оварда шудаанд, шахсияти Пайгамбар, хусни муоширати у, хилм ва тахаммули у ва саховатмандию бахшишхояшро шарх медихад. Дар боби алохида макоми саломро, ки аз чониби пайгамбар баён ёфтаанд, таъкид карда, аз чумла менависад:

Расули Акрам гуфтанд:

«Се чиз бароят дустии бародаратро холис мегардонад:

вакте ки бо у вохури, салом бидихи;

вакте ки ба мачлис хозир шуд, ба у чой бидихи;

бо дустдоштатарин номхояш даъват бикуни».

Дар чойи дигар хадисеро таъкид кардааст, ки ба тавассути он Расули акрам макоми шахси аввал саломгуфтаро баланд мебардорад:

«Сазовортарин шахс ба рахмати Худо касест, ки аввалин шуда салом медихад». Ё «Салом сабаби баланд шудани мартабаву ахлок аст». Дар ин хадисхо низ маком ва мартабаи салом дар муносибати инсони таъкид ёфтаанд. Гузашта аз ин, дар кутуби фикхи, дар асари «Сахех-ул-Бухори»-и Абуабдуллох Мухаммад ибни Исмоил-ал-Бухори дар зерфасли «Фазоилу-с-салом» таъкидхои фаровон дучор мегардад, ки нихоят арзишманданд. Дар китоби дигари худ «Ал-адаб-ал-муфрад» Исмоил – ал – Бухори дар боби «Огози салом» рочеъ ба фазоили салом ва фармудаи Расули Акрам дар ин бора менависад: Аз Абуайюб ривоят аст, ки Пайгамбар гуфт:

Барои марди мусулмон раво нест, то ба бародараш аз се руз зиёдтар кахри бошад. Агар онхо аз якдигар дури чуянд, дар холи ру ба ру шудан ба хамдигар, бехтарини онхо касест, ки бо салом огоз бикунад (Хадиси 985).1

1 Имом Бухори. Ал-адаб-ал-муфрад. Кохира, 2005 сах 240

Дар асархои «Риёз-ус-солехин»-и Имом Навави ва бисёр дигарон низ тарбияи инсон ва махсусан одоби салому гардонидани чавоби он бо чузъиёту назокати тарафайн таъкид шудаанд. Дар тасаввури ин донишмандон покии ахлок аз он иборат буд, ки инсон бояд аз мардумозори, дузди, гайбату бухтон, дуруг, фиреб, хиллагари, маккори, хавобаланди, кибру гурур, такаббуру бузургманиши, одамбадбиниву ришвахури, кутахназари комилан бипархезад ва тавассути салом ва арч гузоштан ба он некбин, некирода, одамдуст, хоксор ва фурутан ба воя расад ва бо камолоти маънавии хеш дар миёни чомеа сохибобруй ва ба мартабаи баланди инсони шарафёб шавад.

Зухуру ташаккул ва тахаввули тасаввуф ин гояро инкишоф дод ва меъёрхои ахлокиро боз хам таквият бахшид. Бисёри адибони ориф ва намояндагони барчастаи ахли тасаввуф дар баёни муносибати инсон ба Худованд масъалахои ахлокиро пеш оварда, ба шархи муносибатхои одами дахл карданд ва меъёрхо ва арзишхои муносибати хамдигариро шарх доданд, ки дар миёни онхо салом ва риояи одоби он чойгохи махсусро дар бар мегирад. Дар миёни ин намояндагон Мавлоно Чалолиддини Балхи, Шайх Аттор, Санои ва дигарон дар ин иртибот назари хешро баён карда бошанд, Хусайн Воизи Кошифи ба шархи муфассали одоби инсони таваччух зохир карда, арзиши саломро дар муносибати инсони муфассалан шарх додааст. Мавлоно Камолиддин Хусайн Воизи Кошифи дар китоби «Футувватномаи султони» боберо бо номи «Дар одоби салом кардан» овардааст, ки дар он чой, макону мавзеъ, шарту шароити салом, фазилати салому одобро шарх додааст. Мувофики таълимоти ахлокии Камолиддин Хусайн Воизи Кошифи салом чой ва макоми хосеро дар чомеа доро мебошад. Чунончи: «Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигуй, дар хафт мавзеъ. Аввал, чун бародари тарикро бини, салом бояд кард. Дуюм, чун дар рох рави, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар рави, салом бояд кард. Ва инро саломи истиъзон (ичозат хостан) гуянд. Чахорум, чун ба чамъе дарои, салом бояд кард. Панчум, чун аз мавзеъ, ки нишасти, бархези ва чамъе он чо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гуянд. Шашум, чун ба макбарае расад, салом бояд кард. Хафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар ахли байти худ салом кунад.

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом набояд кард, бигуй, дар шаш мавзеъ. Аввал, дар хаммом. Дуюм, бар касе, ки ба казои хочат машгул бошад. Сеюм, ба куръонхон. Чахорум, ба намозгузор. Панчум, бар занони номахрам. Ва агар дар ин мавзеъхо касе салом кунад, чавоб надиханд, оси (гунахкор) набошанд.

Агар пурсанд, ки одоби салом кардан чанд аст? Бигуй хафт: Аввал, пок бошад. Дуюм, савора бар пиёда салом кунад, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада. Сеюм, он ки хурдтар аст, бояд, ки бар бузургтар салом кунад ва аккал бар аксар салом кунанд. Чахорум, дар салом кардан руй хандон ва пешони кушода дорад. Панчум, ба ишорат салом накунад, балки ба лафз бигуянд, ки «Ассалому алайк»ё «салому алайк» ва агар чамоате бошанд, «Ассалому алайкум». Шашум, иборахои чуххол ва арозил разилона ба чои салом нагуяд. Мисли сабохулишк аст ё ишк аст, ё сокинулишк аст, ки инхо бидъат аст ва аз тарик хорич. Хафтум, чун ду ба якдигар расанд ва мусофаха (даст ба даст вохури кардан) кунанд. Агар пурсанд, ки одоби чавоб додан чанд аст, бигуй, хафт: Аввал он ки ба тозаруйи чавоб дихад. Дуюм, он ки ба зиёда чавоб гуяд. Сеюм, агар касе бошад, ки хоричи миллати ислом бошад ва бар ин кас салом кунад, дар чавоб алейк гуяд. Чахорум, бояд ки бар тахорат (тозаву озода) бошад. Панчум, агар гурухе истода бошанд, як нафар чавоби салом дихад, басандааст. Шашум, чавоби салом бо лафз диханд, на ба ишорат. Хафтум, бояд, ки чунон чавоб диханд, ки саломкунанда шунавад.

Агар пурсанд, ки фазилати салом дар чист, бигуй, дар он ки такдим кунанд ва зудтар салом гуянд»2. Дар ин кисмат адиб кушиш кардааст, ки чойгохи саломро дар миёни одамон ва тарзи салом гуфтанро шарх дихад ва аз таъкиди ин ориф маълум мешавад, ки салом додан ва риояи он як рукни арзишманди маърифати инсони ба шумор меравад. Дуруст риоя кардани салом ва дар кадом холатхо салом гуфтанро ориф яке аз амалхои солехи инсони пиндошта, барои расидан ба дарачаи камолот риояи онро мухим мешуморад. Дар баробари ин Кошифи шартхои салом ва тартиби онро низ муайян кардааст. Дар ин чо низ ориф барои риояи шартхои салом маводи муътамадбахш аник пешниход ва дар заминаи омузиши хадисхову дигар ривоятхои исломи шартхои аввалиндарачаи саломро баён кардааст.

2 Хусайн Воизи Кошифи, Футуватномаи султони. Душанбе: Адиб 1991.

Дар асархои дигари ин ориф мисли «Анвори Сухайли», «Ахлоки Мухсини», «Рисолаи Хотамия» ва гайра низ рочеъ ба масоили фавкуззикр бахсхои судманд сурат гирифтааст.

Донишманди дигаре, ки ба шархи салом пардохтааст, Алии Сафи мебошад. У дар рисолаи худ – «Одоб-ул-асхоб» мухимтарин фазилатхои инсониро таъкид карда, дар боби салом низ нуктахои киматманд иброз намудааст, ки овардани баъзе аз он ба маврид мебошад. Донишманд баъзе фазилатхои саломро чунин шарх медихад:

«Адаби аввал ибтидо кардан ба сабаби салом бар хар ки шиносад ва бар хар ки нашиносад. Пушида намонад, ки ифшои салом суннатест маъмур… Агар чамъе бошанд, саломи яке аз эшон кофист. Лекин агар хама салом кунад, афзал аст. Суннат аст, ки чун ду мусулмон ба хам расанд, пеш аз он ки сухан гуянд, аввал салом кунанд ва хеч кас аз уламо дар ин хилоф надорад. Ва хар кас пеш аз салом (калом) огоз кунад, чавоб мегуяд. Ибтидокунанда ба салом мубаррост аз кибру нахват. Пас, агар ду кас, вакте ки ба якдигар салом кунанд, чавоби салом бар хар ду вочиб мешавад ва уламоро дар ин масъала иттифок аст.

Дуюм, салом кардан аст ба сигае, ки уламо мукаррар кардаанд (Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух). Адаби сеюм, чавоб гуфтани салом ба сигае, ки уламои ислом карор додаанд. Пушида намонад, ки чавоби салом фарз аст. Агар чамъе бошанд, яке аз он чамъ чавоб дихад, он фарз аз гардани дигарон сокит шавад ва агар хеч кас чавоб надихад, оси шаванд ва гунахгор бошанд ва агар хама чавоб диханд, гоятан фазилат ба камол бошад. Чавобдиханда ба ин навъ (чавоб) дихад, ки «Ва алайкум ас-салом ва рахматуллохи ва баракотух». Агар саломкунанда вахид бувад ва акалли чавоб он аст, ки: «Ва алайкассалом» гуяд…

Адаби чорум, тарки тахсиси баъзе мардум аст ба салом. Уламо гуфтаанд, ки чун касе бар чамъе дарояд ва хохад баъзеро бидуни баъзе махсус гардонад ба салом ин макрух аст ва ин феъл нафрат ва кудурати дигарон мешавад. Валекин дар шореи ом ё бозор, ки мардуми бисёр чамъ бошанд, баъзеро ба салом тахсис кунад чоиз аст.

Адаби панчум, бояд ки саломкунанда аз барои эхтироми бародари муъмин пушт хам накунад, ки макрух ва мамнуъ аст. Салом бо ишорати сар, китф, даст ва амсоли он бе талаффуз мамнуъ аст ва макрух.

Адаби шашум, рафъи савт аст дар салом кардан. Чун касе бар чамъе дарояд ва хохад, ки салом кунад, бояд, ки баробар аз рост ва ё чап дарояд ва салом дихад бар вачхе, ки эшонро бишнавонад, бо кадом суннат салом накарда бошад. Бояд, ки мучиб низ овози худ баланд кунад, ки мубтадирро бишнавонад. Ва агар касе бар каре салом кунад, аввало он аст, ки хам бо лафз салом кунад ва хам ба даст ишорате кунад, бар вачхе, ки он кар дарёбад, то мустахакки чавоб шавад. Ва агар мубтади миёни салом ва ишорат чамъ накунад, бар ин чавоб вочиб нашавад. Агар каре бар вай салом кунад, бояд, ки дар чавоби вай чамъ кунад миёни талаффуз ва ишорат бар вачхе, ки он кар дарёбад, то фарзияти салом аз гардани вай сокит шавад. Ва агар бар гунге салом кунад ва вай ба даст ишорат кунад, чавоб шавад, фарзият аз гардани вай сокит шавад, зеро ки ишорати вай коим макоми иборат аст ва агар гунге бо ишорат бар вай салом кунад, дар чавоби вай бояд, ки чамъ кунад миёни лафз ва ишорат, то фарзияти ради салом аз вай сокит шавад.

Адаби хафтум, салом кардани савора аст бар пиёда ва раванда бар нишаста ва андак бар бисёр, сагир бар кабир ва тарики суннат ин аст. Лекин агар касе мухолифат кунад, масалан, пиёда бар савора салом кунад ё кабир бар калил макрух нест. Аммо чамъе нишаста бошад, ки гурухе раванда ба хар хол нишаста салом бояд кард ва агарчи он чамъи нишаста калил ё сагир бошанд ва раванда касиру кабир.

Агар чамъе занони чамила чое нишаста бошанд, як марди бегонаро равост, ки бар эшон салом кунад ва чавоби салом бар эшон вочиб шавад. Ва агар чамъе занони чамила бар як мард салом кунанд хам, равост ва чавоб бар мард вочиб шавад. Ва агар чамъе мардони бегона салом кунанд, равост ва чавоб бар он занон вочиб шавад, ба шарте ки донад фитна мехохад. Ва агар як зани чамила ба чамъи мардони бегона салом кунад, ба хамон шарт равост, чавоб бар он мардон вочиб шавад.

Адаби хаштум тарки салом аст бар зани чамила ва тарки чавоби саломи вай. Уламо бар онанд, ки саломи зан бар зан мисли саломи мард аст бар мард, аммо дар саломи мард бар зан ихтилоф аст.

Баъзе гуянд, ки зан бояд, ки бар шавхар ва ба хар ки махрами шаръии вай бошад, салом кунад ва каниз бар молики худ мустахаб аст, ки хар як аз мард ё зан ибтидо салом кунад ва бар муслим алайхи чавоб вочиб шавад ва раво набувад, ки зани чамилаи бегона бо ин салом кунад, занро чавоб додан макрух аст. Лекин агар гайри зани чамила бошад, саломи мард бар вай равост ва чавоби занро барои салом вочиб аст ва баръакс низ хамчунин.

Адаби нухум, тарки салом дар мавозеи макруха ва он чи дар кутуб ба назар даромад, ёздах махал аст, ки дар он махалхо макрух аст ва агар салом кунад, чавоб вочиб намешавад.

Аввал, махалли казои хочат аст. Чун касе ба казои хочат нишаста бошад, салом кардан ба вай макрух аст ва агар касе салом кунад, чавоб вочиб намешавад.

Дуюм, махалли мубошират аст, ки салом дар он махал макрух аст ва чавоб нашавад.

Сеюм, махалли хоб ва пинаки аст, ки салом дар он махал карохият дорад ва мустахакки чавоб нашавад.

Чахорум, хаммом аст, ки салом кардан дар хаммом раво нест, аз чихати он ки метавонад, ки мусалламун алайхи ба гусл кардан мухточ бувад. Дар хинни чанобат вайро чавоби салом набояд дод. Пас агар мутахаккик шавад, ки мусалмон алайхи ба об эхтиёч надорад, салом кардан дар вай бар хаммом раво бувад ва чавоб вочиб бувад. Панчум, вакти таом хурдан аст ва он махал аст, ки шахсе лукмаи таом дар дахан дорад ва лекин дар миёни таом хурдан аст. Аммо (донад, ки) лукма дар дахон надорад, салом равост ва чавоб вочиб шавад… Дахум, тарки салом аст бар фосик, мачобир ва золим.

Ёздахум, саломи видоъ аст дар хинни муфорикат аз асхоб. Чун бо чамъе ёрон нишаста бошад ва хохад, ки аз эшон чудо шавад, суннат он аст, ки бар эшон салом кунад»3. Дар таърихи адабиёти форс-точик кариб адибе нест, ки ба чузъиёти тарбияи инсон дахл накарда бошад. Шоирону нависандагони форс-точик чи дар ашъори хурди лирики ва чи дар осори эпикии хеш ба масоили тарбия ва таълими инсон диккати махсус додаанд. Хатто асархои комилан ахлоки-тарбияви ва таълими таълиф намудаанд. Аз чумла: «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Саодатнома», «Рушноинома», «Кашфул-махчуб», «Кимиёи саодат», «Хадикат-ул-хакикат», «Мантикут-тайр», «Маснавии маънави», «Махзан-ул-асрор», «Матлаъ-ул-анвар», «Бустон»-у «Гулистон» ва гайра. Танхо дар асрхои Х ва нимаи аввали асри Х1 тибки тасдики мухаккикон 166 асари ахлоки таълиф гардида будааст. Дар хамаи ин осор ба чузъиёти тарбияи инсон, шогирд, мурид таваччухи махсус зохир карда мешавад. Ё ин ки дар китоби фикхии «Дурратулвоизин» (боби 27, дар баёни фазилати салом додан) омадааст:

3 Фахриддин Алии Сафи. Одоб-ул-асхоб. Дурдонахои наср, ч.3., Душанбе, Адиб, 1991, с.277-279

«Абдуллох ибни Масъуд аз Расул фармудаанд, ки Ассалом номест аз номхои Худои таъоло. Пас ифшо кунед салом доданро дар байни худ. Хар мусулмоне ба якдигар салом дихад ва чавоби салом гуяд, фариштагон бар он бандаи муъмин хафтод маротиба салавот фиристанд ва агар хар мусулмоне хамдигарро дида, салом надиханд ва чавоби салом нагуянд, фариштагон бар он хафтод маротиба лаънат фиристанд».4 Дар адабиёти тасаввуф бисёре аз шоирон, аз чумла, Мавлоно Чалолиддини Балхи низ дар газалиёти хеш аз мафхуми салом истифода карда, ба мухимоти салом эхтиром гузоштааст. Чунончи у мегуяд: Рав он рубобиро бигу мастон саломат мекунанд, В-он мурги обиро бигу мастон саломат мекунанд. В-он мири сокиро бигу мастон саломат мекунанд, В-он умри бокиро бигу мастон саломат мекунанд. В-он мири гавгоро бигу мастон саломат мекунанд, В-он шуру савдоро бигу мастон саломат мекунанд. Эй «мах» зи рухсорат хичил, мастон саломат мекунанд, В-эй рохату ороми дил, мастон саломат мекунанд, Эй чони чон, эй чони чон, мастон саломат мекунанд, Эй ту чунину сад чунон, мастон саломат мекунанд. Ин чо яке ба хеш нест, мастон саломат мекунанд, Як маст ин чо беш нест, мастон саломат мекунанд. Эй орзуи орзу, мастон саломат мекунанд, Он пардаро бардор з-у, мастон саломат мекунанд.

4 Дурратулвоизин. Тахия ва пешгуфтори Хочи Муслихиддин Мукаррамзода, Китоби I, нашри II. Хучанд, 2003, сах. 98

Дар газали шоири ориф ва суфи сухан аз ишки илохи аст. Барои эхтиром салому сучуди хешро ба Худо иброз медорад. Баёни андешахои гиноии шоир, ки нихоят пурэхсос мебошанд, тавассути ифодаи ошикона мачозан ба Худо равона шудааст ва дар он муносибати дилу рух ба хам омезиш ёфтааст. Шояд хонандагони хассос ба мафхуми «мастон» ба истихола назар андозанд. Дар ин чо шоир мачозан сухан мегуяд. Ин мафхум аз маънои мастие, ки аз шароб маст мешаванд, ба кулли фарк мекунад ва дар тааммуки шоир мафхуми «маст» ба маънои ошик будан ба чамоли Худо мебошад. Дар ин маъни шоир тамоми вучуд ва хастии хешро, ки амали ориф ва суфии пок аст, сарфи рохи Хак карда, бо расонидани саломи хеш ба Худо худро тасаллият медихад. Салом хамчун радиф омада, пайи хам такрор мешавад ва бори дигар мухаббат ва самимияти шахси суфиро дар рохи расидан ба Хак иброз медорад. Умуман, газали мазкур бори дигар аз мухим будани салом ва калиди рохи хакикат будани он дарак медихад.

Истифодаи радифи «мастон саломат мекунанд» дар газали дигари Чалолиддини Балхи бисёр чолиб ва нодир аст.

У пас аз калимаи аввали газал «саломат мекунанд»-ро истифода мебарад ва баъд ба иловаи «мастон» дар охири мисраъхои чуфт меорад:

Риндон саломат мекунанд, чонро гуломат мекунанд,

Масти зи чомат мекунанд, мастон саломат мекунанд.

Дар ишк гаштам фонтар, в-аз хамгинон каллоштар,

В-аз дилбарон хушбоштар, мастон саломат мекунанд.

Гавгои рухони нигар, селоби туфони нигар,

Хуршеди раббони нигар, мастон саломат мекунанд…

Дар огози як газали дигараш ин орифи бузург вожаи «салом»-ро бисёр ба маврид, ки бозгуи холати ошики асил аст, истифода мекунад:

Ба хакки он ки бихонди маро зи гушаи бом,

Ишорате, ки бикарди ба сар ба чойи салом.

Яъне, дар ин чо ба он ишора шудааст, ки чун маъшук дур ва аз баланди аст, намехохад гуфтани саломро дигарон хам фахм кунанд. Бинобар ин, ба чойи салом бо сар ишора мекунад.

Мавлоно Чалолиддини Балхи дар «Маснавии маънави» меорад:

Як саломе нашнави аз ахли дин,

Ки нагирад охири он остин.

Максади ин орифи бузург ривочи саломи бетамаъ аст. Яъне салом бояд холисона бошад.

Хокони дар як байти худ аз мафхуми салом шоирона истифода карда, онро чунин корбари кардааст:

Ба саломи чарб, эй чон, бинавоз чони моро,

Ба саломи хушк хуш кун дили нотавони моро.

Анвари низ ба мафхуми салом таъбир карда, максади худро бо ифодаи салом баён намудааст:

Шуд фаромуш маро рохи саломат зи гамат,

Чи шавад, гар ба саломат дили ман шод куни?

Носири Бухорои низ аз таъбири салом истифода карда, бо як назокат ва зебои максадашро чунин иброз менамояд:

Эй хоча, салом аллайк, ман азми сафар дорам,

В-аз боми фалак пинхон ман рохи гузар дорам.

Шоир дар байти мазкур мурочиати хешро бо «салому алайк» шуруъ карда, муроди дилашро хунармандона ифода гардонидааст.

Абдурахмони Чоми, ки дар адаб гуфтан устод аст ва дар бисёре аз ашъораш ахлоки хамидаро ситоиш мекунад, дар баёни салом ва риояи он низ назари хоса баён карда, дар байте доир ба салом ва одоби чавоби он андеша меронад ва ба шикоят ба кахрамони лирикие, ки ба салом чавоби сард мегуяд, ситеза карда, андешаашро чунин чамъбаст мекунад:

Сад салом ар шунави аз пасу пеш,

Бе алайка накушои лаби хеш.

Ин чи чох асту чахолат, ки турост

В-ин чи тугёну залолат, ки турост?!

Шоир ба касе, ки саломро алейк намегирад, як катор алфози кабехро раво медонад ва бори дигар аз кадру кимати салом дастгири намуда, дигаронро низ хушдор медихад, ки хангоми салом бо тавозуъ ва дар чавоби он хамеша омода бошанд. Дар сурати дигар чунин алфози кабех насибашон хохад гашт.

Тошхочаи Асири низ аз шоирони фозил ва мактабдидае ба шумор мерафт, ки дар боби салом ва чойгохи он дар калом махсус таъкид ба амал оварда, кимати саломро дар муносибати одами як рукни мухим пиндошта, мегуяд:

Дигар, хусни анчоми зеби калом,

Саломун алайкум, алайкум салом !

Шоирони садаи ХХ ва муосир ба мисли устод Садриддин Айни, Абулкосим Лохути, Абдусалом Дехоти, Мирзо Турсунзода, Муъмин Каноат, Лоик Шерали ва дигарон низ ичмолан дар ашъори худ аз таъбири салом истикбол карда, доир ба одоб ва фарз будани риояи он изхори акида кардаанд.

Умуман, дар адабиёти форс-точик ба салом ва эхтиром гузоштан ба он аз чониби адибон таваччухи хоса зохир шуда, мухимоти саломгузори бо шаклу шеваи мухталиф бозтоб гардидааст. Бинобар ин, мухим будани салом дар муносибат бори дигар тасдик шуда, ичрои он аз тарафи хурду бузург ба хукми анъана даромадааст. Мо низ бояд кушиш намоем, ин суннати милли ва мазхабии хешро гироми дорем ва риояи онро дар чомеа таъмин намоем. Акнун ба матлаб наздик шуда, фазилат ва одоби саломро дар мактаб шарх хохем дод.

Фазилати салом дар муассисаи таълими

Дар муассисаи таълими низ наврасон ва чавонон баробари ба даст овардани маълумот ва дониш бояд одоби баланд дошта бошанд. Он ба сирати вай бузургию фарах хамрох менамояд. Мактаббача бояд фазилатхое дошта бошад, ки он ба рафтору кирдори у хусн зам намояд. Яке аз ин фазилатхо одоби саломи у мебошад, ки он дар хакикат ба вай хусни маънави меафзояд.

Барои кудакони богча ва хонандагони муассисахои тахсилоти умуми донистани фазилатхои салом ва риояи он хамчун калиди одоб шарт мебошад. Онхо агар дар рох ба калонсолон даст пеши бар карда, салом гуянд, одоб аст. Агар як нафар калонсол бошад, метавонанд бо овоз салом гуянд, агар як чанд нафар бошанд, метавонад танхо даст пеши бар гирифта салом намоянд. Дар ин холат дасти чап ба дасти хамрохаш карор гирифта, дасти рост ба пеши сина гузошта, мафхуми «салом»-ро истифода менамояд.

Ин тарзи салом гуфтанро ба кудакон мураббияхо ва омузгорон то замони хуб ёд гирифтанашон таълим медиханд. Хангоми ба анчом расидани дарс, машгулият ва берун шудан аз богча ба омузгорон, мураббиён хатман «хайр» гуфтан аз адаб аст.

Дар сурати риояи чунин фазилати салом маълум мегардад, ки кудак одоби саломро ёд гирифта, ба катори фарзандони солех хамрох шудааст. Барои ба ин дарачаи камолот расонидани кудакон бояд падару модарон, хохару бародарон, хамсояхо, омузгорону мураббиён кушиш намоянд.

Хонандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умуми (ибтидои ва асоси) бояд донанд, ки онхо давра ба давра боадабтар мешаванд ва одоби салом хусни амали онхоро афзун мегардонад. Вобаста ба ин бояд талош намоянд, ки дар хама чо ва дар хама холат одоби саломро риоя намоянд ва барои дуруст ба анчом расонидани фазилатхои салом кушиш ба харч диханд. Хуб мешавад, ки дар хамаи муассисахои таълими ба гайр аз зинаи ибтидои, ки дар он чо «салом» гуфтан роич мебошад, мафхуми «Ассалом» хам барои шогирд ва хам барои устод кабул карда шавад. Ин тарзи баён аввалан ба синну соли кудакон ва ноболигон мувофик аст, сониян, барои талаффузи хонанда мушкили намеорад ва холисан маънои осудахоли ва сулху осоишро ифода менамояд. Дар чойхои зерин бо истифодаи ин таъбир салом гуфтан тавсия дода мешавад:

Дар рох аз хона то мактаб, кучаву хиёбон, назди мактаб ва дар хавлии мактаб. Чун одат хурдон ба бузургон «Ассалом» мегуянд ва агар бузургсолон ба хурдсолон салом диханд, боке нест ва он аз тарбиятдида будани калонсол шаходат медихад. Шарти салом дар ин маврид аз хурдсол ба калонсол мебошад.

Дар рохрави мактаб аввал шогирд салом мегуяд. Дар синфхона бошад, аввал устод салом мегуяд ва шогирдон чавоб медиханд.

Паси хам сар бароварда, бо якчанд овоз салом додан ва хангоми салом додан шухи ё баланд хандидан аз руи одоб нест. Низоми риояи саломро бояд ба шогирдон устод, падару модарон, бародарон ва хохарон омузонанд ва риояи саломро назорат баранд.

Хонандагони ин зинаи тахсилот дар хона ба падару модар, хохару бародар, хешу табор ва касоне, ки мехмони хонадони онхо мешаванд, метавонанд бо риояи одоб ва бо чехраи кушода ва овози нарм «Ассалом» гуянд. Писарон даст пеши бар намоянд ва духтарон каме бо сар таъзим намоянд, ин хусни одоб ва зеби саломи онхо мебошад.

Дар дохили наклиёт, дар чойхои чамъияти бояд аввал хурдсолон ба бузургсолон даст пеши бар карда салом диханд. Агар калонсол бо фикре банд бошад ва ба салом чавоб гуфта натавонад, бояд хурдсол наранчад ва аз саломи додааш каноатманд бошад.

Дар кучахо, назди хавли ва дар гузаргоххо бояд хонандагон намуна бошанд ва ба хурду бузурги шинос ва ношинос бо чунин таъбир салом гуянд: «Ассалом». Фаромуш накунанд, ки бехтарин амали солехи хонандаи боодоб саломи у мебошад ва барои сохиби чунин амал шудан падару модар ва устод масъул мебошанд. Кушиш намоед, ки фарзандон – хонандагон саломро хусни маърифати хеш карор диханд.

Дар зинаи тахсилоти ибтидоии касби, ки аксаран хонанда мебошад, тарзи салом гуфтан ба мисли муассисахои тахсилоти умуми идома меёбад. Муаллим бо мафхуми «Ассалом» ба хонанда мурочиат менамояд ва хонанда низ бо чехраи кушода ва бо даст пеши бар намудан «Ассалом» мегуяд.

Дар зинаи тахсилоти миёна ва олии касби услуби салом гуфтан ва тарзи баёни он мураккабтар мегардад. Зеро ин табака дар чомеа макому манзалати хос дорад ва чашми ахли чомеа ба амали онхо бештар меафтад. Аз ин ру, тарзи салом гуфтан ва чавоб гирифтани онхо ва риояи фазилатхои салом барои ин кишри чомеа нихоят арзишманд мебошад.

Дар ин зинахои тахсилот барои донишчуён ифодаи мафхуми«Ассалому алайкум» пешниход мегардад. Устодон дар чавоби саломи шогирд мегуянд: «Ваалайкуму – с -салом».

Донишчу дар рохрав ва ё хавлии муассисаи таълими даст пеши бар карда, ба устод аввал «Ассалому алайкум» мегуяд, ки ин аз руи одоб аст Хеста даст пеши бар карда, салом гуфта, хусни салом аст. Бо хамдигар салом гуфтан камоли одоби инсони мебошад, ба донишчуёни аз худ зинаи паст ва ё баланд салом додан нишонаи камолоти маънави мебошад, дастаки бо хамкурсон ва дустон салом кардан бехтар мебошад. Пеш аз устод даст дароз кардан ва бе ишора даст дароз кардан аз руи одоб нест. Дар наклиёт, дар кучаю гузаргоххо ба калонсолон ва хурдсолон салом додан аз тарбия дида будан шаходат медихад. Дар хама чо дар сурати нишаста будан хеста даст пеши бар карда салом додан аз фазилати нек шаходат медихад Дар вакти салом додан баланд хандидан, шухи кардан хусни амалро мекохонад Бо чехраи кушода, лафзи ширин, табассуми нарм ва дили гарм салом гуфтан аз доштани фаросати баланди саломдех гувохи медихад. Дар чойхои чамъияти, маъракахо ва чорабинихо танхо бо ишора салом додан ва даст пеши бар карда бо садои паст салом гуфтан аз тарбиядида будан далолат мекунад.

Донишчуён агар аз таътил баргашта пазмон шуда бошанд, хамдигарро дар огуш гирифта, салом намудан аз руи одоб аст. Писарон танхо ру ба руи хамдигар се бор мегузоранд ва дастхои рости якдигарро мефишоранд, аммо хамдигарро буса намекунанд. Духтарон хамдигарро огуш гирифта, аз рухсора ва ё пешонии хамдигар буса менамоянд. Аз лабон буса намудан аз руи одоб нест.

Хамаи ин фазилатхои саломро падару модар, бародару хохар, устодону олимон ва масъулини муассисахо ба шогирдон мефахмонанд ва риояи онро назорат мекунанд.

Чавоби салом

Вобаста ба таъкидхои фавкуззикр чавоби салом арзиши худро дорад. Чавоби салом аз хисоби хурдсолон бошад, чунин сурат мегирад: онхо даст пеши бар намуда, ба калонсолон чавоб мегуянд.

Бузургсолон низ саломро бо одоби баланд ба анчом мерасонанд. Онхо низ метавонанд даст пеши бар гирифта, чавоб гуянд ва метавонанд коматашонро рост намуда, дастхояшонро ба коматашон рост карда, чавоб гардонанд. Аз хар ду чониб чехрахо бояд кушода, овоз нарму ширин ва садо гулгуладор бошад.

Бузургони асримиёнаги чавоби саломро дорои хафт шарт пазируфтаанд, ки голибан хадафи таргиби ахлоки хамида мебошад.

Дар мантики оддии ифода чавоби салом бояд чунин сурат бигирад:

бо чехраи кушода чавоб гуфтан;

чавоби муфассал додан;

агар ношиносе шуморо ба касе монанд кунаду салом дихад, чавоб гуфтан;

дилу нияти пок доштан хангоми чавоб гуфтан;

агар гурухе дар куча истода бошанд, касе салом (берун аз гурух) гуяд, як нафар баланд чавоб дихад (дигархо замири, беовоз) кифоя аст;

чавоб бояд бо лафз ва шунаво гуфта шавад, то саломкунанда шунавад ва бо имову ишора сурат нагирад;

чавоб бояд фавран гуфта шавад ва бидуни таъхир, яъне шунаванда агар очиле дошта бошад, бояд чавоби саломи худро шунавад.

Мухим он аст, ки вакте хонандагону донишчуён салому алайк мекунанд, мехру мухаббат, сидку сафо, дустиву рафокати онхо самимитар гардида, онхоро ба хам наздиктар менамояд.

ХУЛОСА

Адаб точест аз нури Илохи,

Бинех бар сар, бирав хар чо, ки хохи.

Чалолиддини Балхи

Халки точик маколе дорад, ки «Фарзанд азиз аст, вале одобаш аз он азизтар». Ба назари Хоча Хофиз бошад: «Хар киро нест адаб, лоики сухбат набувад». Ё худ Чалолиддини Балхи таъкид мекунад, ки:

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,

Аз адаб маъсуму пок омад малак,

Беадаб танхо на худро дошт бад,

Балки оташ дар хама офок зад.

Як рукни одоби инсон салом додан ва чавоб гирифтан мебошад. Салом ин муайянкунандаи шахсияти калонсолон ва ифодагари унсурхои тарбияви дар камолоти маънавии наврасону чавонон мебошад. Аз ин ру, дар таълими одоби салом хамчун унсури мукаддаси сарнавиштсоз набояд лахзае таъхир намуд.

Омузиши осори адабии асримиёнагии форс-точик нишон медихад, ки дар маркази тасвири адибон танхо инсон ва тарбияи маънавии он меистад. Хатто мутафаккирон ба зохири инсон чандон таваччух зохир накардаанд, дар мантики оддии ифода зохирпарастиро онхо напазируфтаанд. Чунончи:

Сурататро чи кунам? Гар ту надори сират,

Ман ба як пул нахарам сурати бесиратро.

Салом додан гарчанде зохиран ба амалхои инсон ичро шавад хам, аммо тарзи ичро ва баёни он маърифати уро миёни чомеа ошкор менамояд ва рукни мухимтарини одоб ба хисоб меравад.

Агар дар чойхои чамъияти, махаллахо, кучахо, дехахо тарзи салому алайк расм шавад, кудакон, наврасон, навчавонон ва чавонони мо одоби саломро риоя намоянд, мухити чомеаамон боз хам бештар фарханги мешавад ва маданиятамон рушду такомул меёбад.

Умед дорем, ки ин дастур ба сифати рахнамо ба шогирдони азиз хидмат намуда, онхоро дар рухияи эхтироми арзишхои милли тарбия менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …