Главная / Биология / Обсабзҳои сабзи бисёрҳуҷайраи риштамонанд (улотрикс, спирогира)

Обсабзҳои сабзи бисёрҳуҷайраи риштамонанд (улотрикс, спирогира)

Дар обҳои ширини сустҷараёни ҷӯйҳо, дарёҳо, ҳавзҳо мо бештар ба анбӯҳи риштаҳои абрешиммонанди сабзи равшан дучор мешавем, ки онҳо аз тарафи асосашон ба ягон ҷисмҳои сахти зериобӣ (санг, кундаҳои дарахтон ва ғайраҳо) часпида, тарафи нӯгиашон дар об озод ҷавлон мезананд. Ин обсабзи бисёрҳуҷайрагӣ улотрикс ном дошта, аз силсилаи ҳуҷайраҳои кӯтоҳи паси ҳамдигар ҷойгирбуда иборат аст. Дар маҳалҳо онро “ҷомаи” қурбоққа низ меноманд.

bisyorhujayraДар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои кӯтоҳи улотриксро ташкилдиҳанда ядро ва хромотофори шаклаш ба ҳалқаи кушод монанд мавҷуд аст. Ҳуҷайрае, ки улотрикси риштамонанд бо он ба ашёи зериобӣ мечаспад, беранг буда, шаклаш фонамонанд аст. Сабзиши риштаи улотрикс, одатан, дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраи нӯгии озоди ришта ба амал меояд.

Ғизогирии улотрикс ба хламидомонада монанд буда, афзоишаш бо роҳи ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ мегузарад. Дар шароити мусоид ҳар кадом ҳуҷайраи ин обсабз (ба ҷуз хуҷайраи беранги фонамонанд) 3-4 зооспораи чорқамчинакдори серҳаракатро ба вуҷуд меоварад. Зооспораҳои аз ҳуҷайраи модарӣ озодшуда дар об шино карда, камчинакашонро мепартоянд ва ба ягон ҷисми зериобӣ часпида ба тақсимшавӣ шурӯъ мекунанд. Пас аз чанд муддат обсабзи нави риштамонанд фаъолияти ҳаётиашро идома медиҳад.

Дар шароити ғайримусоиди зиндагӣ улотрикс ба туфайли афзоиши ҷинсӣ инкишоф меёбад. Дар баъзе ҳуҷайраҳои обсабз гаметаҳои (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) ниҳоят хурду қамчинакдори серҳаракат ба вуҷуд омада, сипас аз хуҷайраи модарӣ ҷудо мешаванд. Ҳар кадоми онҳо бо ҳамдигар ҷуфт-ҷуфт омезиш ёфта, ҳуҷайраи бордор аст.

Зигота бо ҷилди ғафс пӯшида буда, метавонад то фароҳам омадани шароити мусоид муддати дароз дар чунин ҳолати оромӣ қарор дошта бошад. Дар шароити мусоид зигота ба чор ҳуҷайра-спора тақсим мешавад. Ҳар яке аз он спораҳо ба ашёи қаъри об часпида, инкишоф меёбанд ва ба обсабзи риштамонанди нав — улотрикс табдил меёбанд.

Спирогира – обсабзи бисёрҳуҷайраи риштамонанд аст. Ҳуҷайраҳои он дар ришта силсилавор пайваст шуда, як қаторро ташкил медиҳанд. Спирогираро аз рӯи махсусияти шакли хромотофораш бо осонӣ шинохтан мумкин аст. Хромотофори он аз як ё якчанд тасмае, ки ба таври спиралӣ дар наздикии девори ситоплазма ҷойгир буда, бо ин минвол гӯё ҳуҷайраро миёнбандӣ мекунад, иборат аст. Дар ҳуҷайраи спирогира ядрои калон бо ядрочааш қисми зиёди Ҳуҷайраро ишғол мекунад Ҷилди ҳуҷайра аз берун луобӣ буда, лағ- жонак аст.

Афзоиши спирогира асосан бо роҳи нашвӣ (ҷудошавии як қисми таллом) ва ҷинсӣ сурат мегирад.

Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ ду риштаи спирогира ба таври мутавозӣ паҳлӯи ҳамдигар ҷой мегиранд. Дар байни ҳуҷайраҳои рӯ ба рӯи якдигар истодаи ҳар ду ришта ба ҷониби якдигар баромадҳои махсус инкишоф меёбанд. Нӯгҳои ба ҳам васлгардидаи ин баромадҳо луобӣ шуда, байни ду ришта купрӯкча пайдо мешавад, ки он шакли нордбончаро мегирад. Ба туфайли найчаи ҳосилшуда дохилоти (маҳсулоти) зиндаи як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи ҳамшафаташ нақл карда мешавад. Дар натиҷа зигота (ҳуҷайраи бордоршуда) хосил мешавад. Баъд аз бартараф гардидани шароити номусоид дар зигота чор ҳуҷайраи нав пайдо мешавад. Аз ин ҳуҷайраҳо сетоаш иобуд шуда, танҳо яктоаш сабзида, боиси нашъунамои спирогираи ҷавон мегардад.

  1. Улотрикс ва спирогира дар куҷо месабзанд?
  2. Сохти улотрикс чӣ гуна аст?
  3. Спирогира аз улотрикс бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Улотрикс ва спирогира чӣ тавр ғизо мегиранд?
  5. Улотрикс чӣ хел сабзиш мекунад?
  6. Улотрикс ва спирогира бо кадом роҳ афзоиш мекунанд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …