Главная / Биология / Обсабзхои сабзи бисёрхучайраи риштамонанд (улотрикс, спирогира)

Обсабзхои сабзи бисёрхучайраи риштамонанд (улотрикс, спирогира)

Дар обхои ширини сустчараёни чуйхо, дарёхо, хавзхо мо бештар ба анбухи риштахои абрешиммонанди сабзи равшан дучор мешавем, ки онхо аз тарафи асосашон ба ягон чисмхои сахти зериоби (санг, кундахои дарахтон ва гайрахо) часпида, тарафи нугиашон дар об озод чавлон мезананд. Ин обсабзи бисёрхучайраги улотрикс ном дошта, аз силсилаи хучайрахои кутохи паси хамдигар чойгирбуда иборат аст. Дар махалхо онро “чомаи” курбокка низ меноманд.

bisyorhujayraДар ситоплазмаи хучайрахои кутохи улотриксро ташкилдиханда ядро ва хромотофори шаклаш ба халкаи кушод монанд мавчуд аст. Хучайрае, ки улотрикси риштамонанд бо он ба ашёи зериоби мечаспад, беранг буда, шаклаш фонамонанд аст. Сабзиши риштаи улотрикс, одатан, дар натичаи таксимшавии хучайраи нугии озоди ришта ба амал меояд.

Гизогирии улотрикс ба хламидомонада монанд буда, афзоишаш бо рохи гайричинси ва чинси мегузарад. Дар шароити мусоид хар кадом хучайраи ин обсабз (ба чуз хучайраи беранги фонамонанд) 3-4 зооспораи чоркамчинакдори серхаракатро ба вучуд меоварад. Зооспорахои аз хучайраи модари озодшуда дар об шино карда, камчинакашонро мепартоянд ва ба ягон чисми зериоби часпида ба таксимшави шуруъ мекунанд. Пас аз чанд муддат обсабзи нави риштамонанд фаъолияти хаётиашро идома медихад.

Дар шароити гайримусоиди зиндаги улотрикс ба туфайли афзоиши чинси инкишоф меёбад. Дар баъзе хучайрахои обсабз гаметахои (хучайрахои чинси) нихоят хурду камчинакдори серхаракат ба вучуд омада, сипас аз хучайраи модари чудо мешаванд. Хар кадоми онхо бо хамдигар чуфт-чуфт омезиш ёфта, хучайраи бордор аст.

Зигота бо чилди гафс пушида буда, метавонад то фарохам омадани шароити мусоид муддати дароз дар чунин холати ороми карор дошта бошад. Дар шароити мусоид зигота ба чор хучайра-спора таксим мешавад. Хар яке аз он спорахо ба ашёи каъри об часпида, инкишоф меёбанд ва ба обсабзи риштамонанди нав — улотрикс табдил меёбанд.

Спирогира – обсабзи бисёрхучайраи риштамонанд аст. Хучайрахои он дар ришта силсилавор пайваст шуда, як каторро ташкил медиханд. Спирогираро аз руи махсусияти шакли хромотофораш бо осони шинохтан мумкин аст. Хромотофори он аз як ё якчанд тасмае, ки ба таври спирали дар наздикии девори ситоплазма чойгир буда, бо ин минвол гуё хучайраро миёнбанди мекунад, иборат аст. Дар хучайраи спирогира ядрои калон бо ядрочааш кисми зиёди Хучайраро ишгол мекунад Чилди хучайра аз берун луоби буда, лаг- жонак аст.

Афзоиши спирогира асосан бо рохи нашви (чудошавии як кисми таллом) ва чинси сурат мегирад.

Хангоми афзоиши чинси ду риштаи спирогира ба таври мутавози пахлуи хамдигар чой мегиранд. Дар байни хучайрахои ру ба руи якдигар истодаи хар ду ришта ба чониби якдигар баромадхои махсус инкишоф меёбанд. Нугхои ба хам васлгардидаи ин баромадхо луоби шуда, байни ду ришта купрукча пайдо мешавад, ки он шакли нордбончаро мегирад. Ба туфайли найчаи хосилшуда дохилоти (махсулоти) зиндаи як хучайра ба хучайраи хамшафаташ накл карда мешавад. Дар натича зигота (хучайраи бордоршуда) хосил мешавад. Баъд аз бартараф гардидани шароити номусоид дар зигота чор хучайраи нав пайдо мешавад. Аз ин хучайрахо сетоаш иобуд шуда, танхо яктоаш сабзида, боиси нашъунамои спирогираи чавон мегардад.

  1. Улотрикс ва спирогира дар кучо месабзанд?
  2. Сохти улотрикс чи гуна аст?
  3. Спирогира аз улотрикс бо чи фарк мекунад?
  4. Улотрикс ва спирогира чи тавр гизо мегиранд?
  5. Улотрикс чи хел сабзиш мекунад?
  6. Улотрикс ва спирогира бо кадом рох афзоиш мекунанд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …