Главная / Биология / Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзҳо гурӯҳи калони растаниҳои дараҷаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онҳо реша, поя ва барги ҳақиқӣ надоранд. Онҳоро растаниҳои талломӣ меноманд. Обсабзҳо организмҳои якҳуҷайрагӣ, бисёрҳуҷайрагӣ ва тӯдазиндагикунандаро дарбар мегиранд. Аксарияти онҳо дар муҳити об сукунат дошта, бештар дар обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо, обҳои ширини дарёҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва ҳатто дар хокҳои сернам ва пӯстлохи дарахтон вомехӯранд. Обсабзҳо тақрибан 30 ҳазор намуд дошта, намояндагони қадимтарини олами наботот ба ҳисоб мераванд. Синну соли онҳо ба миллиард сол мерасад.

botanika_6

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра яке аз гурӯҳҳои гуногуншакли обсабзҳо ба ҳисоб рафта, зиёда аз панҷ ҳазор намудро дарбар мегиранд. Онҳо бо сабаби дар ҳуҷайраашон мавҷуд будани пигменти хлорофилл дорои ранги сабзи баланд мебошанд.

Сараввал, шиносоиро аз обсабзҳои сабзи якҳуҷайра оғоз мекунем. Андозаи обсабзҳои сабзи якҳуҷайра хеле хурд буда, онҳоро фақат ба туфайли асбобҳои калонкунанда (микроскоп) дидан имконпазир мегардад. Онҳо бештар дар обҳои кӯл, дарё, хокҳои сернам ва пӯстлохи дарахтон вомехӯранд. Дар фасли баҳор ё тобистон сатҳи болоии оби ороми кӯл ё ҳавзро қабати зумуррадранг фаро мегирад. Гӯё об “шукуфта” бошад.

Дар асл бошад, ин ҳолат ба инкишофи боавҷи обсабзҳои сершумори якҳуҷайра вобаста мебошад. Агар қатрае аз ин об гирифта, дар зери микроскоп нигоҳ кунем, дар байни дигар обсабзҳои якҳуҷайра обсабзи хеле серҳаракат — хламидомонадаро мебинем. Тарҷумаи “хламидомонада” аз забони юнонӣ чунин аст: мавҷудоти соддатарине, ки онро “либос — лифофа” пӯшидааст. Аз рӯи сохти беруниаш хламидомонада шакли гирд, тухмшакл ё нокмонандро дорад. Дар нӯги борики пеши ҳуҷайра ду қамчинаки баробарандоза ҷой гирифтааст, ки тавассути он хламидомонада дар об ҳаракат мекунад.

Аз берун хламидомонадаро ҷилди шаффоф, ки дар дохили он сиоплазма, ядро ва хромотофори калони косамонанд ҷойгиранд, пӯшондааст. Хромотофор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш рангрез ё рангдиҳанда мебошад. Ранги хромотофор сабз аст, чунки хлорофилл дорад. Ранги сабзи ҳуҷайра ба он вобаста аст.

Дар қисми пеши ҳуҷайра “чашмакчаи” сурхи равшаниҳассос ва ду вакуолаи хурди кашишхӯранда ҷойгир мебошад. Ба туфайли “чашмакчаи” равшаниҳассос хламидомонада равшаниро қабул карда, бо ёрии қамчинакҳояш ба ҷониби равшанӣ ҳаракат мекунад. Вакуолаҳои кашишхӯранда бошанд, барои аз хуҷайра берун кардани оби барзиёд хизмат мекунанд.

Хламидомонада моддаҳои маъданӣ ва гази карбонатро аз муҳити обӣ тавассути ҷилдаш меҷаббад. Дар раванди фотосинтез бо иштироки равшании офтоб дар хромотофори он моддаи органикӣ  қанд (ва аз он оҳар) ҳосил шуда, оксиген хориҷ мешавад.

Хламидомонада ба ҷуз моддаҳои органикие, ки ҳангоми фотосинтез ҳосил мешаванд, инчунин метавонад моддаҳои органикии дар об ҳалшударо аз муҳити зисташ мавриди истифода қарор диҳад. Ин хусусияти хламидомонадаро ба назар гирифта, онро дар қатори дигар обсабзҳои сабзи якҳуҷайрагӣ дар иншоотҳои обсоф кунанда истифода мебаранд. Хусусан, чунин қобилияти хламидомонада барои обро аз заҳрҳои органикй тоза кардан дорои аҳами- яти калон аст.

Афзоиши хламидомонада бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ дар фасли тобистон, ҳангоми мусоид будани шароити зист, ба амал меояд. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ, ки дар шароити мусоиди тобистон ба вуқӯъ меояд, хламидомонада аз ҳаракат бозмонда, қамчинакашро гум мекунад. Сипас, дохилоти он (ядро, ситоплазма) ба чор қисм тақсим шуда, ҳар як ҷузъи ҳосилшуда қамчинак ҳосил мекунад ва бо лифофаи махсус пӯшида мегардад. Ҳамин тавр, дар дохили ҳуҷайраи модарӣ  ҳуҷайра — спораи қамчинакдоре, ки онро зооспора меноманд, ҳосил мешавад. Пас аз даридани ҷилди ҳуҷайраи модарӣ зооспораҳо ба берун баромада, шино карда, мустақилона калон шуда, андозаи ҳуҷайраи модариро мегиранд.

Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ, ки одатан дар шароити номусоиди зист (хунукшавӣ, хушк шудани обанбор) рӯй медиҳад, дар ҳуҷайраи модарии хламидомонада гаметаҳои дуқамчинакдор (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) ҳосил мешаванд. Миадори гаметаҳои пайдошуда нисбати зооспораҳо хеле зиёд (аз 16 то 64 адад) буда, андозаашон хеле хурд мебошад. Онҳо аз лифофаи ҳуҷайраи модарӣ берун баромада, бо гаметаҳои дигари хламидомонада ҷуфт-ҷуфт гардида, дар натиҷа зиготаро (гаметаҳои бордоршударо) ба вуҷуд меоваранд. Зигота бо ҷилди ғафс иҳота гардидааст. Сипас вақте, ки шароити басо мусоид фаро расад, зигота тақсим шуда, чорто хламидомонадаро ба вуҷуд меоварад.

Хлорелла — обсабзи сабзи якҳуҷайрагии андозааш микроскопӣ буда, на танҳо дар об, инчунин дар хокҳои сернам, танаи дарахтон вомехӯрад.

Ҳуҷайраи курашакли хлорелла аз берун бо ҷилд пӯшида буда, дар дохилаш ситоплазма, ядро ва хромотофори калон, ки ба он ранги сабз медиҳад, дорад. Хлорелла фақат бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунад. Раванди фотосинтез дар ин обсабз бағоят босуръат гузашта, дар натиҷа бо мивдори зиёд моддаи органикӣ ҳосил шуда, гази оксиген ба берун хориҷ карда мешавад. Аз ин рӯ, хлорелларо дар киштиҳои кай- ҳонӣ ва зериобӣ барои серок- сиген гардонидани ҳаво ва дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба- рои ба даст овардани хӯроки босифати чорво истифода мебаранд.

  1. Хламидомонада чӣ гуна сохт дорад?
  2. Хламидомонада дар куҷо вомехӯрад ва чӣ тавр ғизо мегирад?
  3. Афзоиши ғайриҷинсии хламидомонада чи тавр рӯй медиҳад?
  4. Дар кадом шароит хламидомонада ба таври ҷинсӣ афзоиш мекунад?
  5. Хламидомонада аз хлорелла бо кадом аломатҳояш фарқ мекунад?
  6. Хлорелларо дар куҷо ва бо кадом мақсад истифода мебаранд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …