Главная / Илм / Обсабзхои сабзи якхучайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзхои сабзи якхучайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзхо гурухи калони растанихои дарачаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онхо реша, поя ва барги хакики надоранд. Онхоро растанихои талломи меноманд. Обсабзхо организмхои якхучайраги, бисёрхучайраги ва тудазиндагикунандаро дарбар мегиранд. Аксарияти онхо дар мухити об сукунат дошта, бештар дар обхои шури бахру укёнусхо, обхои ширини дарёхо, обанборхо, хавзхо ва хатто дар хокхои сернам ва пустлохи дарахтон вомехуранд. Обсабзхо такрибан 30 хазор намуд дошта, намояндагони кадимтарини олами наботот ба хисоб мераванд. Синну соли онхо ба миллиард сол мерасад.

botanika_6

Обсабзхои сабзи якхучайра яке аз гуруххои гуногуншакли обсабзхо ба хисоб рафта, зиёда аз панч хазор намудро дарбар мегиранд. Онхо бо сабаби дар хучайраашон мавчуд будани пигменти хлорофилл дорои ранги сабзи баланд мебошанд.

Сараввал, шиносоиро аз обсабзхои сабзи якхучайра огоз мекунем. Андозаи обсабзхои сабзи якхучайра хеле хурд буда, онхоро факат ба туфайли асбобхои калонкунанда (микроскоп) дидан имконпазир мегардад. Онхо бештар дар обхои кул, дарё, хокхои сернам ва пустлохи дарахтон вомехуранд. Дар фасли бахор ё тобистон сатхи болоии оби ороми кул ё хавзро кабати зумуррадранг фаро мегирад. Гуё об “шукуфта” бошад.

Дар асл бошад, ин холат ба инкишофи боавчи обсабзхои сершумори якхучайра вобаста мебошад. Агар катрае аз ин об гирифта, дар зери микроскоп нигох кунем, дар байни дигар обсабзхои якхучайра обсабзи хеле серхаракат — хламидомонадаро мебинем. Тарчумаи “хламидомонада” аз забони юнони чунин аст: мавчудоти соддатарине, ки онро “либос — лифофа” пушидааст. Аз руи сохти беруниаш хламидомонада шакли гирд, тухмшакл ё нокмонандро дорад. Дар нуги борики пеши хучайра ду камчинаки баробарандоза чой гирифтааст, ки тавассути он хламидомонада дар об харакат мекунад.

Аз берун хламидомонадаро чилди шаффоф, ки дар дохили он сиоплазма, ядро ва хромотофори калони косамонанд чойгиранд, пушондааст. Хромотофор аз калимаи юнони гирифта шуда, маънояш рангрез ё рангдиханда мебошад. Ранги хромотофор сабз аст, чунки хлорофилл дорад. Ранги сабзи хучайра ба он вобаста аст.

Дар кисми пеши хучайра “чашмакчаи” сурхи равшанихассос ва ду вакуолаи хурди кашишхуранда чойгир мебошад. Ба туфайли “чашмакчаи” равшанихассос хламидомонада равшаниро кабул карда, бо ёрии камчинакхояш ба чониби равшани харакат мекунад. Вакуолахои кашишхуранда бошанд, барои аз хучайра берун кардани оби барзиёд хизмат мекунанд.

Хламидомонада моддахои маъдани ва гази карбонатро аз мухити оби тавассути чилдаш мечаббад. Дар раванди фотосинтез бо иштироки равшании офтоб дар хромотофори он моддаи органики  канд (ва аз он охар) хосил шуда, оксиген хорич мешавад.

Хламидомонада ба чуз моддахои органикие, ки хангоми фотосинтез хосил мешаванд, инчунин метавонад моддахои органикии дар об халшударо аз мухити зисташ мавриди истифода карор дихад. Ин хусусияти хламидомонадаро ба назар гирифта, онро дар катори дигар обсабзхои сабзи якхучайраги дар иншоотхои обсоф кунанда истифода мебаранд. Хусусан, чунин кобилияти хламидомонада барои обро аз захрхои органикй тоза кардан дорои ахами- яти калон аст.

Афзоиши хламидомонада бо рохи чинси ва гайричинси дар фасли тобистон, хангоми мусоид будани шароити зист, ба амал меояд. Дар вакти афзоиши гайричинси, ки дар шароити мусоиди тобистон ба вукуъ меояд, хламидомонада аз харакат бозмонда, камчинакашро гум мекунад. Сипас, дохилоти он (ядро, ситоплазма) ба чор кисм таксим шуда, хар як чузъи хосилшуда камчинак хосил мекунад ва бо лифофаи махсус пушида мегардад. Хамин тавр, дар дохили хучайраи модари  хучайра — спораи камчинакдоре, ки онро зооспора меноманд, хосил мешавад. Пас аз даридани чилди хучайраи модари зооспорахо ба берун баромада, шино карда, мустакилона калон шуда, андозаи хучайраи модариро мегиранд.

Хангоми афзоиши чинси, ки одатан дар шароити номусоиди зист (хунукшави, хушк шудани обанбор) руй медихад, дар хучайраи модарии хламидомонада гаметахои дукамчинакдор (хучайрахои чинси) хосил мешаванд. Миадори гаметахои пайдошуда нисбати зооспорахо хеле зиёд (аз 16 то 64 адад) буда, андозаашон хеле хурд мебошад. Онхо аз лифофаи хучайраи модари берун баромада, бо гаметахои дигари хламидомонада чуфт-чуфт гардида, дар натича зиготаро (гаметахои бордоршударо) ба вучуд меоваранд. Зигота бо чилди гафс ихота гардидааст. Сипас вакте, ки шароити басо мусоид фаро расад, зигота таксим шуда, чорто хламидомонадаро ба вучуд меоварад.

Хлорелла — обсабзи сабзи якхучайрагии андозааш микроскопи буда, на танхо дар об, инчунин дар хокхои сернам, танаи дарахтон вомехурад.

Хучайраи курашакли хлорелла аз берун бо чилд пушида буда, дар дохилаш ситоплазма, ядро ва хромотофори калон, ки ба он ранги сабз медихад, дорад. Хлорелла факат бо рохи гайричинси афзоиш мекунад. Раванди фотосинтез дар ин обсабз багоят босуръат гузашта, дар натича бо мивдори зиёд моддаи органики хосил шуда, гази оксиген ба берун хорич карда мешавад. Аз ин ру, хлорелларо дар киштихои кай- хони ва зериоби барои серок- сиген гардонидани хаво ва дар сохаи кишоварзи бошад, ба- рои ба даст овардани хуроки босифати чорво истифода мебаранд.

  1. Хламидомонада чи гуна сохт дорад?
  2. Хламидомонада дар кучо вомехурад ва чи тавр гизо мегирад?
  3. Афзоиши гайричинсии хламидомонада чи тавр руй медихад?
  4. Дар кадом шароит хламидомонада ба таври чинси афзоиш мекунад?
  5. Хламидомонада аз хлорелла бо кадом аломатхояш фарк мекунад?
  6. Хлорелларо дар кучо ва бо кадом максад истифода мебаранд?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …