Главная / Гуногун / Нури барои растани

Нури барои растани

Дар киштзорхои хокашон аз моддахои гизои камбагал хосилнокии зироатхои кишоварзи нихоят кам аст. Барои баланд бардоштани хосилнокии чунин заминхо ба хок нурихои гуногунеро, ки норасоиашон назаррас аст, меандозанд. Нурихо ду хел мешаванд: нурихои органики ва маъдани.

fertilizer-bigНурихои органики (аз калимаи организм) моддахое мебошанд, ки дар натичаи фаъолияти хаётии растанихо ва хайвонот, инчунин дар натичаи пусиши бокимондахои нобудшудаи онхо ба вучуд меоянд. Чунончи, торф, порухок, пору, саргини паррандагон ва гайрахо, дар таркибашон тамоми моддахои гизоии ба растани зарурро доранд. Ин моддахои органики танхо пас аз он ки бо таъсири микроорганизмхо пусида ба моддахои маъдани табдил меёбанд, барои растани хамчун гизо хизмат мекунанд.

Ин нурихо фаъолияти хаётии микрооргаиизмхои дар хок зиндагикунандаро тезонда, таркибу сохтори хокро бех мегардонанд. Яке аз нурихои маъмултарини органики пору мебошад. Дар пору моддахое мавчуданд, ки дар таркибашон нитроген, фосфор ва калий барин элементхои барои хаёти растанихо зарурбударо доранд. Вале растанихо ин моддахои даркориро факат пас аз пусидани пору гирифта метавонанд. Бинобар он дехконон поруро тирамох ба замин меандозанд, то ки то фасли бахор вай ба порухок табдил ёбад.

Нурихои маъданиро асосан дар заводхои химияви истехсол мекунанд. Вобаста ба он, ки дар таркиби нурии маъдани кадом элемент асоси аст, онхоро ба нурихои нитрогендор, фосфордор ва калийдор чудо мекунанд.

Аз нурихои нитрогендор карбамид (дурдаи пешоб), сулфати аммоний ва селитра, аз нурии фосфордор – суперфосфат ва аз калийдор — хлориди калий, нитрати калий бештар маъмуланд.

Нурихои нитрогендор вакалийдор назар ба дигар нурихо дар об бехтар хал мешаванд. Бинобар он онхоро дар фасли бахор пеш аз кишти зироатхо ба замин меандозанд. Нитроген сабзиши появу баргхоро метезонад, калий бошад ба сабзишу инкишофи реша, лундахо ва пиёзак мусоидат мекунад.

Нурихои фосфордор суст хал мешаванд. Бинобар он онхоро дар фасли тирамох бо пору якчоя ба замин меандозанд. Нурихои фос- фордор пухтарасии мевахоро метезонанд. Инчунин, нурихои фосфордору калийдор тобоварии растанихоро ба хунуки зиёд мекунанд.

Нурихои маъдани дар шакли хока ё донача-донача (гуруша) истифода бурда мешаванд. Самаранокии нурихои гуруша зиёд аст, зеро онхо дар хок давомнок нигох дошта мешаванд.

Дар шакли моеъ андохтани нурихо дар давраи нашъунамои растанихо гизодихии иловаги номида мешавад. Дар вакти гизодихии моеъ ба нури об хамрох мекунанд. Масалан, поруоб, саргиноб ва гайрахо. Ба растани додани гизои иловаги баъди боридани борон ё вакти сернам будани замин ба максад мувофик аст.

Инчунин нуриро аз руи меъёри мукарраршуда андохтан шарт аст. Нурии барзиёд метавонад ба нашъунамои растанихо зарар расонад. Агар нуриро сари вакт ва аз руи коидаи мукарраршуда андозем, хосили зироатхои кишоварзй фаровон хохад шуд.

  1. Нурихо чанд хел мешаванд?
  2. Кадом нурихои органикиро медонед?
  3. Кадом нурихои маъданиро медонед?
  4. Нурихои нитрогендор, фосфордор ва калийдор дар хаёти растанихо чи ахамият доранд?
  5. Гизодихии иловаги чист?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …