Главная / Теги: Рўдакӣ

Теги: Рўдакӣ

Китоби Рўдакӣ

caption

Мақоми волои шеър, ҳунари офарандагӣ ва хизматҳои бузурги адабии Устод Рўдакиро бисёр шоъирони қарнҳои ҷаҳорум то даҳуми ҳиҷрӣ (асрҳои X-—XVI мелодӣ)-и форсигўй (Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Маъруфии Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Рашидии Самарқандӣ, Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Адиб Собири Тирмизӣ Муиззӣ, Масъуди Саъди Салмон, Ибни Ямин, Ҷомӣ ва дигарон), тазкиранависон ва таърихнигорони …

Муфассал »

ЗАБОНИ ОСОРИ РЎДАКӢ

khondani-kitob

Осори боқимондаи Устод Рўдакӣ бо забони нағзу сараву пухтаву пурсарвати худ садсолаҳо боз диққати аҳли таҳқиқро ҷониби худ мекашад. Устод Садриддин Айнӣ ҳаяҷонбахшу пуртаъсир ва, дар айни замон, содагӣ, равонӣ ва пухтагии онро ба назар гирифта, навишта буд: «Забони шеъри Рўдакӣ бисёр содаву ҳамафаҳм аст. Ў калимаҳои арабиро бисёр кам …

Муфассал »

МАСНАВИҲОИ РЎДАКӢ

kitob

Дар таърихи адабиёти навини фору тоҷик Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз аввалин бузургмардонест, ки маснавиҳои нағзе навишта, ин навъи адабиётро ба пояҳои баланд расондааст. Аз ин ҷиҳат, муҳаққиқони варзидаи Рўдакишинос Паул Ҳорн, С. Айнӣ, С. Нафисӣ, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев, Рубен Леви, И. С Брагинский, А. Тоҳирҷонов дар асоси пажўҳиши …

Муфассал »

РУБОЪИҲОИ АЗ РЎДАКӢ

muso

Ҳоло дар ҳудуди 40—42 рубоъӣ ба қалами Устод Рўдакӣ мансуб дониста  мешавад. Xолиқ  Мирзозода бо номи  «Рўдакӣ ва такомулоти шакли назми рубоъӣ» мақолаи хосе нигошта,153 дар рисолааш «Абўабдуллоҳи    Рўдакӣ — асосгузори адабиёти классикии тоҷик» фикри худро дар ин мавзўъ хеле тавсиъа додааст.154 Аммо Саъид Нафисӣ роҷеъ  ба   рубоъиҳои  Устод  Рўдакӣ   …

Муфассал »

ОСОРИ  ДАСТРАСИ УСТОД РЎДАКӢ

shoir-kitob-islom

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ба шаҳодати аҳли адаб ва таърихнигорон, суханварест, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик беш аз ҳама шеъри дарӣ гуфтааст. Бисёре аз аҳли китоб гувоҳӣ медиҳанд, ки Рўдакӣ шеъри арабиро низ хуб иншо мекардааст. Бинобар ҳамин, қарнҳост, ки аҳли таҳқиқу тадқиқ, пажўҳишгарон, доноён ва адибони ҷаҳон роҷеъ ба эҷодиёти …

Муфассал »

БАҲСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙӢ

abuabdulloi_rudaki

Масъалаи кўри модарзод будан ва ё баъдтар, дар охирҳои умраш, кўр карда шудани Устод Рўдакӣ аз масоили басе торики зиндагии ўст. Баъзеҳо ўро тирачашму  иддае кўри модарзод мехонанд. Баъзе аслан ба ин масъала диққате намегуморанд. Аз ин гузашта, масъалаи кўрӣ, кўрии модарзодӣ ё тирачашмии Рўдакӣ ҳанўз пурра ҳал нашудааст. Садриддин …

Муфассал »

ТАҲСИЛИ ИЛМҲОИ ЗАМОНАИ РӮДАКӢ

taqrizaho

Аз ашъори боқимондаи Рўдакӣ, навиштаҳои аҳли китоб ва шаҳодати маъхазҳои гуногун ошкор мегардад, ки ў яке аз шахсиятҳои аз улуми расмӣ ва ғайрирасмии замони худ хеле огоҳ буда, дар бисёр риштаҳои онҳо дасти тавоное доштааст. Қабл аз ҳама, дар ашъори дастраси Рўдакӣ ва маълумоти маъхазҳои адабиву таърихӣ гуфта мешавад, ки …

Муфассал »

Рўдакӣ – ОВОНИ ҶАВОНӢ

kudakon

Бинобар маълумоти Муҳаммади Авфӣ, Рўдакӣ дар 8-солагӣ Қуръонро ҳифз намуда, қироат омўхта буд ва аз ҳамон син ба гуфтани шеър пардохта, «маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар он иқбол намуду рағбати ў зиёд шуду ўро Офаридгори таъоло овозе хушу савте  дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутрибӣ афтода …

Муфассал »

НОМ, ШАҶАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рўдакӣ”

abuabdulloi_rudaki

Қадимтарии манбаъи хаттӣ, ки роҷеъ ба ном, шаҷара ва тахаллуси шоъирии Устод Рўдакӣ хабар медиҳад, ҳамон «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ мебошад, ки номи пурраи ўро ба гунаи «Абўабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад бинни Ҳаким бинни Абдурраҳмон ибни Одам Рўдакии шоъири Самарқандӣ»81 менигорад. Самъонӣ  навиштаи худро аз гуфтаи Идрисӣ (ваф. 405 /1015 ) ва …

Муфассал »

ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ

рудаки

Бо таваҷҷўҳ бар он ки перомуни зиндагии Устод Рўдакӣ қариб 200 сол дар Урупо, Русия, Омрико, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ пажўҳишгарони зиёде таҳкиқоти илмӣ мебаранд, ҳанўз ҳам дар зистномаи Устод Рўдакӣ нуқтаҳои торик ва масоъили ҳалношуда бисёранд. Аз анбўҳи фаровони пажўҳиши муҳаққиқон навиштаҳои донишмандони номӣ Ҳерман Этте72, Эдуард …

Муфассал »