Главная / Маданият ва санъат / Намудҳои гиреҳҳои дастӣ

Намудҳои гиреҳҳои дастӣ

Гиреҳи оддӣ, нусхагирӣ, дарзҳои печон, мошинӣ, паси сӯзан, қат кардан. Кӯкҳои юрма, чамак, хомдӯзи ва ғайраҳо. Ёд гирифтани тартиби иҷрои гиреҳҳои номбурда ба ҳар яки мо шарт аст.

  1. Гиреҳҳои оддӣ – барои муваққатан пайваст кардани пораҳои матоъ, дар пораҳои матоъ ишорат кардани хаттӣ мобаёнӣ сохтанӣ чин истифода мешавад. Дарозии ин кӯк бояд дар матои тунук 0,5-1 см дар матои ғафс 0,8-1 см бошад.
  2. Гиреҳҳои нусхагирӣ – низ муваққатӣ буда, барои ба қисмҳои ҷуфт ва ё тарафи роста ишора кардани хатҳои бӯркашидаи ҷузъи либос истифода бурда мешавад. ин амал бо ресмони дуқабатаи нисбатан бориктар иҷро мешавад, тартиби иҷрои гиреҳи нусхагирӣ низ чун гиреҳи оддӣ аст ва танҳо дар ин ҳолат кӯкро то охир накашида, ҳалқачаҳои 1,5-2 см ресмон боқӣ гузошта мешавад. Пас аз ҷои зарурӣ гиреҳ кардан, пораҳои матоъро ҷудо карда, гиреҳ бурида мешавад. Дар натиҷа ҷои дарзҳо бо риштачаҳо пахмоқ ишора мегарданд. Аз рӯи ҳамин хатҳо порчаҳо бо гиреҳи оддӣ пайваст мешаванд. ресмончаҳои пахмоқро пеш аз мошинадӯзӣ кашида гирифтан лозим аст. Барои иҷрои гиреҳи нусхугирӣ беҳтараш ресмони сафедро истифода бурдан лозим аст.
  3. Гиреҳҳои печон – кӯкҳои начандон калон буда, барои сахт часпонидан ва дарзбанд кардани канори порчаи матоъи бурида истифода мешавад. Дарзи печон барои аз резиш нигоҳ доштани канори порчаи матоъи бурида низ истифода мешавад.
  4. Гиреҳҳои қат кардан – барои қат кардани лаби домани курта, доман, шим, нимтана ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин дарз ҳамеша бояд бо ресмони борики ҳамранги либос дӯхта шавад. лаби домон ва ё остинро аввал 0,5, баъд 5-7 см қат карда, нахусти бокӯкҳои калон сипас бо кӯкҳои ноаён медӯзанд. Бо сӯзан аз тарафи рост ба чап аввал аз матоъи поён, баъд аз канори қисми қаткарда каме гирифта медӯзанд. Ҳангоми иҷрои ин амал кӯк набояд аз тарафи рости либос намоён шавад.
  5. Гиреҳҳои чамак (зарбӣ) – салибшакл буда, барои ороиши либос дӯхтани доман нӯги остин гиребон истифода мешавад. Ин кӯк аз тарафи рост ба чап дӯхта мешавад.
  6. Гиреҳҳои бурма – барои бурмаи якчанд намудҳои куртаи занона болои остин, миёнаи доман, шим ва дӯхтани қисми болоӣ ва ё миёнаи пешгир истифода мешавад. Барои ташкил шудани бурма ду хати мувозӣ мекашанд ва медӯзанд бо кӯкҳои калони рости дарозии чок 3-7 мм чоки аввала аз буриши маснуот дар масофаи 5-10 мм ҷойгир мекунанд. Ба масофаи байни чокҳо 2-5 мм. Дар вақти кашидани риштаҳо бурма ташкил меёбад дар дарозии ҳамаи маснуот мо метавонем ба намуди гиреҳи оддӣ ё ба намуди гиреҳи дарзӣ мошинагӣ онро иҷро намоем.
  7. Гиреҳҳои паси сўзан – аз рўи тартиби иҷро чун дарзи мошинӣ буда шаклан ва ҳаҷман фарқ мекунад. Яъне гиреҳҳои паси сўзан ба якдигар зич нею бо фосила дўхта мешавад.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kulob-shar

ШАҲРИ КӮЛОБ (Ноҳияи Кӯлоб)

Кӯлоб як ноҳияи калон ва дар он замон шаҳр бо аҳолии зиёда аз 200 ҳазор …