Главная / Маданият ва санъат / Намудхои гиреххои дасти

Намудхои гиреххои дасти

Гирехи одди, нусхагири, дарзхои печон, мошини, паси сузан, кат кардан. Кукхои юрма, чамак, хомдузи ва гайрахо. Ёд гирифтани тартиби ичрои гиреххои номбурда ба хар яки мо шарт аст.

  1. Гиреххои одди – барои муваккатан пайваст кардани порахои матоъ, дар порахои матоъ ишорат кардани хатти мобаёни сохтани чин истифода мешавад. Дарозии ин кук бояд дар матои тунук 0,5-1 см дар матои гафс 0,8-1 см бошад.
  2. Гиреххои нусхагири – низ муваккати буда, барои ба кисмхои чуфт ва ё тарафи роста ишора кардани хатхои буркашидаи чузъи либос истифода бурда мешавад. ин амал бо ресмони дукабатаи нисбатан бориктар ичро мешавад, тартиби ичрои гирехи нусхагири низ чун гирехи одди аст ва танхо дар ин холат кукро то охир накашида, халкачахои 1,5-2 см ресмон боки гузошта мешавад. Пас аз чои зарури гирех кардан, порахои матоъро чудо карда, гирех бурида мешавад. Дар натича чои дарзхо бо риштачахо пахмок ишора мегарданд. Аз руи хамин хатхо порчахо бо гирехи одди пайваст мешаванд. ресмончахои пахмокро пеш аз мошинадузи кашида гирифтан лозим аст. Барои ичрои гирехи нусхугири бехтараш ресмони сафедро истифода бурдан лозим аст.
  3. Гиреххои печон – кукхои начандон калон буда, барои сахт часпонидан ва дарзбанд кардани канори порчаи матоъи бурида истифода мешавад. Дарзи печон барои аз резиш нигох доштани канори порчаи матоъи бурида низ истифода мешавад.
  4. Гиреххои кат кардан – барои кат кардани лаби домани курта, доман, шим, нимтана ва гайра истифода бурда мешавад. Ин дарз хамеша бояд бо ресмони борики хамранги либос духта шавад. лаби домон ва ё остинро аввал 0,5, баъд 5-7 см кат карда, нахусти бокукхои калон сипас бо кукхои ноаён медузанд. Бо сузан аз тарафи рост ба чап аввал аз матоъи поён, баъд аз канори кисми каткарда каме гирифта медузанд. Хангоми ичрои ин амал кук набояд аз тарафи рости либос намоён шавад.
  5. Гиреххои чамак (зарби) – салибшакл буда, барои ороиши либос духтани доман нуги остин гиребон истифода мешавад. Ин кук аз тарафи рост ба чап духта мешавад.
  6. Гиреххои бурма – барои бурмаи якчанд намудхои куртаи занона болои остин, миёнаи доман, шим ва духтани кисми болои ва ё миёнаи пешгир истифода мешавад. Барои ташкил шудани бурма ду хати мувози мекашанд ва медузанд бо кукхои калони рости дарозии чок 3-7 мм чоки аввала аз буриши маснуот дар масофаи 5-10 мм чойгир мекунанд. Ба масофаи байни чокхо 2-5 мм. Дар вакти кашидани риштахо бурма ташкил меёбад дар дарозии хамаи маснуот мо метавонем ба намуди гирехи одди ё ба намуди гирехи дарзи мошинаги онро ичро намоем.
  7. Гиреххои паси сузан – аз руи тартиби ичро чун дарзи мошини буда шаклан ва хачман фарк мекунад. Яъне гиреххои паси сузан ба якдигар зич нею бо фосила духта мешавад.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …