Главная / Гуногун / НАМУДҲОИ МУШОҲИДАҲО БА ПАДИДАҲО ВА ҶАРАЁНҲОИ ГЕОГРАФӢ

НАМУДҲОИ МУШОҲИДАҲО БА ПАДИДАҲО ВА ҶАРАЁНҲОИ ГЕОГРАФӢ

  1. Усули илмии омӯзиши табиат
  2. Мушоҳидаҳои илмй.

Инсон чузъе аз табиат ба шумор меравад ва ҳамеша ба ҳодисаҳо ва равандҳои дар он рӯйдода шавқу рағбат зоҳир мекунад. Мо оби табииро истеъмол мекунем, аз ҳавои он нафас мекашем, растаниҳои доруй ва канданиҳои фоиданокро (ангишт, нафт, газ) ба сифати энергия истифода мекунем.

Усул аз забони юнонй «методос» гирифта шуда, маънояш
«усул, роҳ, тафакур» мебошад.

Мо мафтуни табиат мешавем ва ҳодисаҳо ва равандҳои он ҳамеша моро ба худ ҷалб мекунанд. Барой дарки асрори табиат, мо пеш аз ҳама бо чашм мебинем, мешунавем, таъм ва бӯйро дарк мекунем. Аммо дар табиат ҳодисаҳое вучуд доранд, ки ба ҳиссиёти даркии инсонҳо дастнорасанд. Ба онҳо барои мисол тағйири куллаҳои кӯҳ, тарҳи соҳили уқёнусҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо дохил мешаванд. Ингуна тағйиротро дар муҳити табии ба воситаи усулҳои илмии махсус омӯхта мешаванд. Ба воситаи онҳо олимон равандҳои гуногуни табииро таҳқиқ мекунанд. Дар байни онҳо, аз ҳама бештар усули мушоҳида аз болои ҳодисаҳои табии барои шумо ошно мебошад.

Тартиби гузаронидани мушоҳида:

  1. Мақсад мушоҳида (Барои чй мушоҳида мекунем?)
  2. Шартҳои мушоҳида (Чй гуна иҷро мекунем?)
  3. Натиҷаҳои мушоҳидаҳо (Чй дидед?)
  4. Хулоса (Описание увиденного)

Усули илмии мушоҳида аз болои ҳодисаҳо ва равандҳои табии, миёни усулҳои дигари илмй яке аз асоситарин ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо аз болои ҳодисаҳои табии, объектҳои географй, метавонанд якмаротибагӣ, бисёрмаротибагй ва силсилавй бошанд.

Бинобар ин, дар таҳқиқотҳои илмй мушоҳида қадами аввалин ба шумор ме­равад. Дар натиҷаи ҷамъбаст кардани натиҷаи ба даст омада, таҳқиқотчй фарзи- яро матраҳ мекунад.

«Фарзия» (гипотеза) дар тарҷума аз юнонй маънои тахмин ва фарзро дорад.

Баъди фарзия гузаронидани озмоиш зарурй мебошад.

«Озмоиш» (эксперемент) дар тарҷума аз лотинй маъ­нои «таҷриба, озмоиш» ро дорад.

Баъди касби маълумоти озмоишй, қонунияти равандҳои ба вуқӯъ пайваста муаян мегарданд ва натиҷагирй мешаванд. Таҳқиқи илмии равандҳои табииро мешавад дар занҷираи зерин пешниҳод намуд: мушохида —> фарзия —► озмоиш —> муаян кардани цонуният.

Ҳангоми таҳқиқоти географии равандҳои гуногуни табии, намудҳои зерини мушоҳида мавриди истифода қарор мегиранд: геологӣ, геомофологӣ, хурдақлимӣ, гидролога, зоогеографӣ, маршрутӣ, инчунин ин мушоҳидаҳо ҳангоми таҳқиқоти қабаги хокй ва растании замин истифода мегарданд.

Мушоҳидаҳои геологи ҳангоми омӯхтани ҷинсҳои кӯҳй, таъсири онҳо ба релефи маҳал ва барои тасвир ва таҳқиқи диқиқ мавриди истифода қарор мегиранд.

Геология – маҷмӯи донишҳо оиди сохти Замин, пайдо- иш ва рушди он, ки аз омӯзиши равандҳои геологи, таркиби моддй, таркиби қишри замин ва литосфера асос ёфтааст.

Омӯзиши релефи сатҳи замин, ҳамвориҳо ва нишебии кӯҳҳо ба воситаи мушоҳидаи геоморфологй амалй мегардад ва ин мушоҳида баъдан қайд туда, коркард мегардад ва сипас шарҳ дода мешавад.

Геоморфология – илм дар бораи релефи сатҳи замин.

Барои омӯзиши иқлими манотиқи гуногун, маводҳо оиди обу ҳаво ҷамъоварӣ шуда, баъдан хулосабарорӣ мегарданд ва дар асоси онҳо хусусиёти иқлим дода мешавад. Ин навъи мушоҳидаҳо хурдиқлимй номида мешаванд.

Хурдиқлим – иқлим, фазой наонқадар калони Замин.

Дар вақги ин гуна мушоҳидаҳо ҳар рӯз, ҳар моҳ ва ҳар сол маълумотҳо оиди ҳарорати ҳаво, абрнокй, самт ва суръати бод, тулӯ ва гуруби офтоб ҷамъоварй мешаванд.

Дар мушоҳидаҳои гидрологй бошад маълумотҳо оиди чуқурй, паҳноии дарёҳо, қӯлҳо ва обанборҳо, обхезиҳо, суръати маҷро, пастобй, ранг ва шаффофияти об, равандҳои соҳилй ҷамъоварй ва тасвир мегарданд.

Гидрология – илм дар бораи фазой обӣ ва ҳаракати об дар табиат.

Мушоҳидаи зооҷуғрофй барои ҷамъоварй, тавзеҳоти маводҳои дар бораи ҳайвонот мебошад.

Зооҷуғрофиё – қисми биоҷуғрофиё буда, паҳншавии ҳайвонот дар сайёраи Заминро меомӯзад.

Барои мушоҳидаи растаниҳо, паҳншавии онҳо дар сатҳи замин ва барои му- айян кардани хусусиятҳои хоси онҳо мушоҳидаҳои геоботаникӣ гузаронида ме­шавад.

Геоботаника – илм дар бораи растаниҳо ва паҳншавии он дар курраи Замин мебошад.

Ҳангоми омӯзиши хосият, сохтор ва паҳншавии хок дар сатҳи замин усули мушоҳидаи мабут ба ҷуғрофиёи хок истифода мешавад.

Ҷуғрофиёи хок – илм дар бораи қонуниятҳои паҳншавии хок дар рӯйи Замин мебошад. Натиҷаи мушоҳидаҳо ҷамъбаст карда шуда, дар асоси онҳо харитаҳои ҷуғрофӣ таҳия карда мешаванд.

Савол ва супоришҳо

  1. Кадом намудҳои мушоҳида мавҷуд аст ва ҳипотеза, эксперимент чист?
  2. Чаро равандҳо ва падиаҳои табиӣ мушоҳида карда мешаванд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …