Главная / Гуногун / НАМУДХОИ МУШОХИДАХО БА ПАДИДАХО ВА ЧАРАЁНХОИ ГЕОГРАФИ

НАМУДХОИ МУШОХИДАХО БА ПАДИДАХО ВА ЧАРАЁНХОИ ГЕОГРАФИ

  1. Усули илмии омузиши табиат
  2. Мушохидахои илмй.

Инсон чузъе аз табиат ба шумор меравад ва хамеша ба ходисахо ва равандхои дар он руйдода шавку рагбат зохир мекунад. Мо оби табииро истеъмол мекунем, аз хавои он нафас мекашем, растанихои доруй ва канданихои фоиданокро (ангишт, нафт, газ) ба сифати энергия истифода мекунем.

Усул аз забони юнонй «методос» гирифта шуда, маънояш
«усул, рох, тафакур» мебошад.

Мо мафтуни табиат мешавем ва ходисахо ва равандхои он хамеша моро ба худ чалб мекунанд. Барой дарки асрори табиат, мо пеш аз хама бо чашм мебинем, мешунавем, таъм ва буйро дарк мекунем. Аммо дар табиат ходисахое вучуд доранд, ки ба хиссиёти даркии инсонхо дастнорасанд. Ба онхо барои мисол тагйири куллахои кух, тархи сохили укёнусхо дар тули хазорсолахо дохил мешаванд. Ингуна тагйиротро дар мухити табии ба воситаи усулхои илмии махсус омухта мешаванд. Ба воситаи онхо олимон равандхои гуногуни табииро тахкик мекунанд. Дар байни онхо, аз хама бештар усули мушохида аз болои ходисахои табии барои шумо ошно мебошад.

Тартиби гузаронидани мушохида:

  1. Максад мушохида (Барои чй мушохида мекунем?)
  2. Шартхои мушохида (Чй гуна ичро мекунем?)
  3. Натичахои мушохидахо (Чй дидед?)
  4. Хулоса (Описание увиденного)

Усули илмии мушохида аз болои ходисахо ва равандхои табии, миёни усулхои дигари илмй яке аз асоситарин ба шумор меравад. Мушохидахо аз болои ходисахои табии, объектхои географй, метавонанд якмаротибаги, бисёрмаротибагй ва силсилавй бошанд.

Бинобар ин, дар тахкикотхои илмй мушохида кадами аввалин ба шумор ме­равад. Дар натичаи чамъбаст кардани натичаи ба даст омада, тахкикотчй фарзи- яро матрах мекунад.

«Фарзия» (гипотеза) дар тарчума аз юнонй маънои тахмин ва фарзро дорад.

Баъди фарзия гузаронидани озмоиш зарурй мебошад.

«Озмоиш» (эксперемент) дар тарчума аз лотинй маъ­нои «тачриба, озмоиш» ро дорад.

Баъди касби маълумоти озмоишй, конунияти равандхои ба вукуъ пайваста муаян мегарданд ва натичагирй мешаванд. Тахкики илмии равандхои табииро мешавад дар занчираи зерин пешниход намуд: мушохида —> фарзия —► озмоиш —> муаян кардани цонуният.

Хангоми тахкикоти географии равандхои гуногуни табии, намудхои зерини мушохида мавриди истифода карор мегиранд: геологи, геомофологи, хурдаклими, гидролога, зоогеографи, маршрути, инчунин ин мушохидахо хангоми тахкикоти кабаги хокй ва растании замин истифода мегарданд.

Мушохидахои геологи хангоми омухтани чинсхои кухй, таъсири онхо ба релефи махал ва барои тасвир ва тахкики дикик мавриди истифода карор мегиранд.

Геология – мачмуи донишхо оиди сохти Замин, пайдо- иш ва рушди он, ки аз омузиши равандхои геологи, таркиби моддй, таркиби кишри замин ва литосфера асос ёфтааст.

Омузиши релефи сатхи замин, хамворихо ва нишебии куххо ба воситаи мушохидаи геоморфологй амалй мегардад ва ин мушохида баъдан кайд туда, коркард мегардад ва сипас шарх дода мешавад.

Геоморфология – илм дар бораи релефи сатхи замин.

Барои омузиши иклими манотики гуногун, маводхо оиди обу хаво чамъовари шуда, баъдан хулосабарори мегарданд ва дар асоси онхо хусусиёти иклим дода мешавад. Ин навъи мушохидахо хурдиклимй номида мешаванд.

Хурдиклим – иклим, фазой наонкадар калони Замин.

Дар вакги ин гуна мушохидахо хар руз, хар мох ва хар сол маълумотхо оиди харорати хаво, абрнокй, самт ва суръати бод, тулу ва гуруби офтоб чамъоварй мешаванд.

Дар мушохидахои гидрологй бошад маълумотхо оиди чукурй, пахноии дарёхо, кулхо ва обанборхо, обхезихо, суръати мачро, пастобй, ранг ва шаффофияти об, равандхои сохилй чамъоварй ва тасвир мегарданд.

Гидрология – илм дар бораи фазой оби ва харакати об дар табиат.

Мушохидаи зоочугрофй барои чамъоварй, тавзехоти маводхои дар бораи хайвонот мебошад.

Зоочугрофиё – кисми биочугрофиё буда, пахншавии хайвонот дар сайёраи Заминро меомузад.

Барои мушохидаи растанихо, пахншавии онхо дар сатхи замин ва барои му- айян кардани хусусиятхои хоси онхо мушохидахои геоботаники гузаронида ме­шавад.

Геоботаника – илм дар бораи растанихо ва пахншавии он дар курраи Замин мебошад.

Хангоми омузиши хосият, сохтор ва пахншавии хок дар сатхи замин усули мушохидаи мабут ба чугрофиёи хок истифода мешавад.

Чугрофиёи хок – илм дар бораи конуниятхои пахншавии хок дар руйи Замин мебошад. Натичаи мушохидахо чамъбаст карда шуда, дар асоси онхо харитахои чугрофи тахия карда мешаванд.

Савол ва супоришхо

  1. Кадом намудхои мушохида мавчуд аст ва хипотеза, эксперимент чист?
  2. Чаро равандхо ва падиахои табии мушохида карда мешаванд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ХАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕХТАРИНИ МО

Агар аз бачахои синф дар ин хусус пурсон шави, албатта, ба ин фикр рози мешаванд. …