Главная / Гуногун / Мухаммаси Равнақ

Мухаммаси Равнақ

Ассалом, эй, ки рухат қиблаи арбоби наҷот,
Пешвоёни ҷаҳонро зи ту бошад дараҷот,
Ту барорӣ ҳамаи сӯхтагонро ҳоҷот,
Нестӣ як нафас осуда зи хайру тоот,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Бар шикам санг худ аз рӯйи қаноат бастӣ,
Шом то субҳ камар баҳри ибодат бастӣ,
Чашм бар хоб кай аз бими қиёмат бастӣ,
Даст доим ба дуо аз ғами уммат бастӣ,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Ҳеҷ нохонда ба илм аз ҳама доно шудаӣ,
Бар ҳама инсу малак масъалафармо шудаӣ,
Монда Ҷибрилу ту болотару боло шудаӣ,
Шаби меъроҷ, ту бас шамъи Сурайё шудаӣ,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Ҳамаро қиблаи ҳоҷот туӣ дар кавнайн,
Ҳамаро аз ту умед аст, Расули сақалайн,
Бас туӣ ҳамраҳи Ҷибрил, имому-л-ҳарамайн
Аз ғамат реш бувад синаи ман дар малавайн[1]
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

«Умматӣ»-гуфта чу аз гулшани Батҳо хезӣ,
Тавсани[2] ҷилва ба саҳрои ҷазо ангезӣ,
Ҳамаро ҳаст яке туҳфаву дастовезе,
Нест дар номаи ман ғайри сиёҳӣ чизе,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Сари ман хоки раҳи  ҳазрати Сиддиқу Умар,
Бандаи Ҳазрати Усмону Алии Сафдар,
Ҷигари сӯхтаро об диҳанд аз Кавсар,
Олу асҳоби ту мушфиқ ба умам[3] дар маҳшар,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Гар набудӣ, ту, намебудӣ зи олам асаре,
Шуд туфайли ту вуҷуди малаку деву парӣ,
Чӣ шавад ҷониби он ғамзада Равнақ нигарӣ,
Андак аз васфи ту ин аст, ки хайру-л-башарӣ,
Марҳабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

[1] Малавайн – шабу рӯз.

[2] Тавсан – курраи асп, ки тунду шӯху саркаш бошад.

[3] Умам – умматҳо.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …