Главная / Гуногун / Мухаммаси Равнак

Мухаммаси Равнак

Ассалом, эй, ки рухат киблаи арбоби начот,
Пешвоёни чахонро зи ту бошад дарачот,
Ту барори хамаи сухтагонро хочот,
Нести як нафас осуда зи хайру тоот,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Бар шикам санг худ аз руйи каноат басти,
Шом то субх камар бахри ибодат басти,
Чашм бар хоб кай аз бими киёмат басти,
Даст доим ба дуо аз гами уммат басти,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Хеч нохонда ба илм аз хама доно шудаи,
Бар хама инсу малак масъалафармо шудаи,
Монда Чибрилу ту болотару боло шудаи,
Шаби меъроч, ту бас шамъи Сурайё шудаи,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Хамаро киблаи хочот туи дар кавнайн,
Хамаро аз ту умед аст, Расули сакалайн,
Бас туи хамрахи Чибрил, имому-л-харамайн
Аз гамат реш бувад синаи ман дар малавайн[1]
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

«Уммати»-гуфта чу аз гулшани Батхо хези,
Тавсани[2] чилва ба сахрои чазо ангези,
Хамаро хаст яке тухфаву дастовезе,
Нест дар номаи ман гайри сиёхи чизе,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Сари ман хоки рахи  хазрати Сиддику Умар,
Бандаи Хазрати Усмону Алии Сафдар,
Чигари сухтаро об диханд аз Кавсар,
Олу асхоби ту мушфик ба умам[3] дар махшар,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

Гар набуди, ту, намебуди зи олам асаре,
Шуд туфайли ту вучуди малаку деву пари,
Чи шавад чониби он гамзада Равнак нигари,
Андак аз васфи ту ин аст, ки хайру-л-башари,
Мархабо, Сайиди кавнайн, алайка-с-салавот.

[1] Малавайн – шабу руз.

[2] Тавсан – курраи асп, ки тунду шуху саркаш бошад.

[3] Умам – умматхо.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …