Главная / Гуногун / МУТТАҲИДШАВИИ ИТАЛИЯ

МУТТАҲИДШАВИИ ИТАЛИЯ

Италия баьд аз инқилоби буржуазӣ. Баъди шикаст хӯрдани инқилоби буржуазй Италия мисли пештара пароканда мондан гирифт. Ҳокимияти Габбсбургҳо дар вилояти Ломбардияю Венетсия аз нав барқарор карда шуд. Таъсири Австрия ба Модену Парма ва Тоскана аз нав пурзӯр гардид. Бо ёрии Австрия мутлакиятхои сарнагуншудаи сулолаи Габбсбургхо боз ба ин ҷойҳо баргаштанд. Барой таъмини амнияташон ба пойтахтҳои онҳо сипоҳи Австрия дароварда шуд.

Дар Рим бошад, аз соли 1849 cap карда гарнизони Фаронса мустакар буд. Дар шоҳигарии ҳар ду Ситсилия “шоҳ-бомба” – Фердинанди II бар халқи худ бедодгариро давом медод. Ҳарчанд ӯ расман конститутсияро бекор накарда бошад ҳам, дар амал режими мутлақи террористиро аз нав барқарор кард. Баъди соли 1849 танҳо дар Пемонт сохти конститутсионй боқӣ монд. Мардуми ин ҷо аз баъзе озодиҳои демократй истифода мебурданд. Шоҳ Виктор – Эммануил и II шахси озодандешу демократмиҷоз буд. Ӯ ҳатто ба ватандӯстони аз дасти шоҳҳои дигар гурехта паноҳгоҳи сиёсӣ медод.

Сарфи назар аз мавҷудияти иртичеи сиёсӣ дар Италия ҳаракати миллию озодихоҳӣ қать нагардид. Буржуазия ва аҳли меҳнат ба хӯҷаинии аҷнабиён дар Италияи Шимолй ва ҷойҳои дигари он оштинопазир буданд. Баъд аз инқилоб ва қатъ гардидани бӯҳрони иқтисодии солҳои 1847 – 1848 давраи болоравии нави иқтисодиёт оғоз ёфт. Он хусусан дар Пемонт ба назар мсрасид. Дар ин ҷо истеҳсолоти калони соҳибкорй ба вуҷуд меомад. Фабрикаю заводхои нав сохта мешуданд. Сохтмони роҳи оҳан идома меёфт. То соли 1859 дар Италия аллакай 1700 километр роҳҳои оҳан сохта шуд. Аз он чумла, дар Пьемонт – 850 километр. Дар баробари болоравии саноат тиҷорат ҳам пеш мерафт. Бандари Генуя дар Баҳри Миёназамнн мавқеи худро аз пав барқарор кард. Ин ҳама буржуазияро барон озодии миллим Италия ба мубориза тела медод.

Дар роҳи муттаҳидшавй. Яке аз шахсони маъруфи буржуазиям Италия, ҷонибдори сохти парламентам идоракунии давлат Камилло Кавур (1810-1861) буд. Баром аз зери метилом Австрия озод кардани Италия ӯ ҷидду ҷаҳди зиёде кардааст. Соли 1852 баъд аз ишғол кардани мансаби сарвазирии Сардиния Камилло Кавур бо Англия ва Фаронса созишномаҳои тиҷоратие баст, ки дар натиҷа дар Италия суръати табаддулоти саноатии оғозёфта боз ҳам босуръаттар шуд.

Сиёсати иқтисодии Камилло Кавур барои бо тезӣ паҳн гардидани тартиботи нави сармоядорй кӯмак расонид.

Дар сиёсати хориҷй Кавур дар назди худ аввал мақсадҳои на онқадар калонро гузошт. У ният дошт, ки вилоятҳои Ломбардияю Венстсия ва ҳорсогиҳои Италияи Маркознро, ки дар онҳо Австрия кӯчаинй мекард, ба Пьемонт ҳамроҳ кунад. Вале Кавур ин корро “аз боло”. бо роҳи ҳилаю найрангҳои дипломатӣ иҷро карданӣ буд.

Ватандӯстони дигари Италия ҳам мехостанд коре карда истилогаронро аз ватанашон пайдо карда, онро муттаҳид созанд. Вале Фаронса ба ин кор бо ҳар роҳ халал мерасонид. Ф. Орсини ном ватандӯсти италиявй соли 1858 бар зидди императори Фаронса Наполеони III сӯиқасд кард, вале дастгир шуда, дар Гилотин қатл гардид.

Камилло Кавур роҳи дипломатиро хеле самаранок истифода бурд. Ба ӯ муяссар шуд, ки тобистони соли 1858 дар Пломбер бо Наполеони III пинҳонӣ мулокот намояд. Кавур ба императори Фаронса ваъда дод, ки агар ӯ лар муборизаи Италия бар зидди Австрия ёрй расонад, пас тайёр аст Савойя ва Нитсаро ба Фаронса гузашт кунад.

Пеш аз саршавии ҷанг, Моҳи марти соли 1859, Наполеони III пинҳонӣ бо Русия шартномаи дӯстӣ баст. Шоҳи Русия Александри ба Наполеони III ваъда дод, ки дар ҷанги Фаронсаю Италия алайҳи Австрия мавқеи бетарафиро ишғол мекунад. Дар натиҷаи ин дар ҷанги оянда Австрия яккаю танҳо монд.

Оғози ҷанги Италия бар зидди Австрия. Ҷанги зидди Австрия Моҳи апрели соли 1859 оғоз ёфт. Тобистони ҳамон сол лашкари Фаронса ва Сардиния ба сипоҳи Австрия шикаст дода.

Ломбардияро ба даст даровард. Ин ғалаба авҷи ҳаракати халқи инқилобиро дар Италия аз нав ба вуҷуд овард. Дар як қатор давлатҳои хурду калони он инқилоб ба амал омад. Инқилоб қариб ҳамаи мулкҳои Папаро ҳам фаро гирифт. Мардум талаб мекард, ки давлатҳои Италия дар давлати ягонаи милли муттаҳид карда шаванд.

Бар зидди австриягиҳои бадкин на танҳо лашкари Пемонт мубориза мебурд, балки оммаи халқ ҳам бар зидди онҳо бархост.

Дар Флоренсия (пойтахти Тоскана) шурши ба амал омад. Он герсоги маҳаллиро маҷбур кард, ки ба Венетсия гурезад. Чунин воқеа дар Модена ва Парма ҳам ба амал омад.

Нокомиҳо дар роҳи муттаҳидкунй. Ба муборизан зидди истилогарони австрнягй Чузеппа Гарибалдй низ ҳамроҳ шуд. Ӯ бо дастаҳои худ ба лашкари Пемонт дохил туда, дар рутбаи генералй ба ихтиёриён фармондеҳй мекард. Ин иқдоми ватандустонаи Гарибалдй ба болоравии рӯҳиян инқилобии мардум сабабгор шуд. Ӯ бо ҳамроҳии баҳодурони худ ба Ломбардия зада даромад. Вайро аҳолии ин ҷо бо хурсандии бепоён нешвоз гирифт. Гарибалдй ба австриягиҳо шикаст дод.
Мардум боварии комил дошт, ки акнун ғалаба бар Австрия таъмин мегардад, вале Нанолеони III Камилло Кавурро фиреб дод. Ў 11 августа соли 1859 бо императори Австрия Фра нс-Иосиф дар шаҳри Виллефранк вохӯрда, гайричашмдоигта италиявиҳо бо ӯ оштӣ шуд ва баъд бо Австрия Созншномаи сулҳро имзо кард. Мувофиқи ин созишнома ба Пьемонт танҳо Ломбардия гузашт, зилояти Венетсия дар ихтиёри Австрия монд. Ҳокимияти оли дар нимҷазираи Апенин ба Виктор – Эммануили II нею ба дасти душмани муттаҳидшавии Италия – Папай Ним Пийи IX супурда шуд. Ба Моден, Парма ва Тоскана Габбсбургҳои аз он ҷойҳо пеш кардашуда баргаштанд.

Чаро Наполеони III ин корро кард? Ӯ намехост, ки дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин Италияи муттаҳид ҳукмрон гардад. Барой фаронса Италияи пароканда фоиданоктар буд.

Шартҳои Созишномаи сулҳи Виллефранк қаҳру ғазаби халқи Италияро ба вучуд оварданд. Созиши императори Фаронса – Наполеони III бо Австрия ва бор кардани иродаи худ бар шохҳои Италия боварии мардумро ба ҳукумати Виктор – Эммануили II хеле паст кард.

Дасисаҳои Наполеони III, оҷизии шоҳҳои Италия ва хиёнати Папай Рим Пийи IX муборизаи озодихоҳонаи халқро боз ҳам баландтар кард. Акнун мугтгаҳид кардани Италия “аз поён”, яъне бо роҳи инқилобӣ ба амал омада метавонист.

Моҳи апрели соли 1860 дар Палермо шўриш ба амал омад, вале лашкари шоҳ онро зуд пахш кард. Баъди ин демократа ҷумхурияхоҳи Шимол Мадзинн ва ҳамсафони ӯ қарор доданд, ки ба ҷанубиҳо ёрй расонанд.

Ҷузеппа Гарибалдй. Аз шаҳри Генуя, ки он дар шимоли Италия воқеъ аст, бо сардории Ҷузеппа Гарибалдй дар 2 киштии калон дастаи бузурги ихтаёриёне, ки дар таи либоси сурх доштанд ва онҳоро “куртасурҳҳо” меномиданд, ба ҷониби Ситсилия рахсипор шуданд.

Дастаи Гарибалдй ба соҳили ҷазираи Ситсилия бомуваффақият лангар партофта, ба амалиётҳои харбӣ шуруъ кард. Ба дастаи ӯ гурӯҳ-гурӯҳ дехқонони ҷазира дохил мешуданд. Дастаи “куртасурхҳо” дар муддати кӯтоҳтарин сершумору пурзур гардид. Ин имконият дод, ки дар наздикии Калатафимй ба лашкари бар зидди Гарибалдй равонкардаи шоҳ ғолиб барояд. Ҷангҳои вазнин ҳангоми бадастдарории пойтахти ҷазира шаҳри Палермо ба амал омаданд.

Хушбахтона ин дам шаҳриҳо шӯриш бардошта, ба тарафи Гарибалдй гузашта, ба ӯ барои тезтар ба даст даровардани шаҳр ёрй расонпданд.

Моҳи августи соли I860 “куртасурхҳо” 6а Калабрия ворид шуданд ва лашкаркашии афсонавии қаҳрамононаи худро ба Неапол оғоз карданд. 7 сентябр Гарибалдй бо сипоҳи худ богантаиа ба пойтахти шоҳигарии ҳар ду Ситсилия ворид гашт. Аз он ҷо шоҳ Франсиски II базўр гурехта тавонист. Ба ин нигоҳ накарда Нерӯҳои шоҳ хануз пурқувват буданд. Вале 1 октябри соли I860 лашкари халқӣ онро дар наздикии дарёи Волтурно торумор кард.

Ҷузеппа Гарибалдй дар рафти лашкаркашиаш имтиёзҳои зиёди дворянҳо руҳониён ва андозҳои вазнини кишоварзонро бекор кард. Барой ин халқи оддй дар ҳама ҷо “куртаеурххо”-ро чун ёру бародарони худ пешвоз мегирифт.

Анҷомёбии муттаҳидшавии Италия. Заминдорони калон аз обрӯи беандоза бузурги Гарибалдй дар ташвизи монда буданд. Аз ҳамин сабаб онҳо барон ёрй ба Виктор – Эмманунли II ва Камилло Кавур муроҷиат карданд. Гарибалдй чораҳоеро амалй мекард, ки ба фондаи аҳли заҳматкашон буданд. Барои ҳамин ҳам ба ӯ бар зиддн ҳокимони мутлақи Италия мубориза бурдан кори осон буд.

Баъд аз озод кардани Ҷануб Гарибалдй ният дошт, ки ба тарафи Рим ҳаракат кунад. Виктор Эммакуили II ғалабаҳои Гарибалдиро барон мустаҳкам кардани ҳокимияти худ истифода бурданй буд. Ӯ мехост, ки ба вилояти Папа аз Гарибалдй пештар омада расад ва ташаббусро ба дасти худ бигирад. Ин масъала ва масъалаҳои дигарро Камилло Кавур ба сафири ба Турин фиристодаи Наполеони III муҳокима кард. Нақшаи забт кардани вилояти Папа ҳам мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ин бармеояд, ки оғози муттаҳидшавии Италия “аз поён” император» Фаронсаро ҳам ба ташвиш овардаасг.

Виктор – Эмманунли II тамомн чораҳоро андешиданй буд, то ки мавҷи инқилоб ба Рим дохил нагардад.

1 октябри соли 1860 дастан 20-ҳазорнафараи лашкари Пемонт ба шоҳигарии Неапол даромад. Уро ашрофон бо хушнудй пешвоз гирифтанд, чунки аз Гарибалдй сахт тарсйда буданд.

Гарибалдй мақсадҳои наҷиб дошт. У ба ғояҳои истиқлолията миллӣ содиқ буд. Бинобар ин алайҳи лашкари Сардиния муқобилияте нишон надода, бе мубориза ҳокимияти ин чоро ба шоҳ Виктор – Эммануил» II супорид. Баъди ин либералҳо барон бо Шимол муттаҳид сохтани Ҷануб раъйпурсй гузаронида, ба мақсадашон расиданд.

Акнун муттаҳид кардани Италия “аз поён” ба охир расид. Идомаи он “аз боло” сурат гирифт.

Баъди ба Шимол муттаҳид кардани Ҷануб Конститутсияи нави Италия ҷорй карда шуд, ки он ба конститутсияе, ки соли 1848 дар Пемонт ҷорй карда шуда буд, монандй дошт. Дар Италия парламенти дупалатадор – сенат ва палатаи вакилои ташкил карда шуд. Вале интихобот ба парламент меъёри баланди молумулкй дошт. Барой ҳамин дар аввал танҳо 2,5 фоизи аҳолӣ ҳуқуқи интихоботй шрифту халос. Шоҳ монархи конститутсионй ва дини католикӣ лини давлатй эълон карда шуд.

Дар натиҷаи воқеаҳои солҳои 1859 – 1860 қариб аз нисф зиёди Италия дар як давлатй сохташ мутлақияти конститутснонй муттаҳид шуд.

Муттаҳидшавии Италия дар солҳои 1859 – 1860 ҳанӯз ба охир нарасида буд. Дар вилояти Венетсия мисли пештара австриягиҳо хӯҷаин буданд. Дар Рим бошад. Папа Пийи IX ҳукмрон буд. Ӯро аз соли 1849 боз аскарони гарнизони Фаронса посбонӣ мекарданд. Муттаҳидшавии, пурраи Италия “аз боло” дар зери роҳбарии Виктор – Эммануили II ба амал омад. Ӯ дар муддати дуру дароз – аз соли 1862 то тирамоҳи соли 1870 барон ин кор бар зидди душманони муттаҳндшавии Италия мубориза бурд ва ниҳоят баъд аз ишғол карда шудани “шаҳри абадй” – Рим муттаҳидкунии мамлакатро ба охир расонид. Италия бо ҳамин ба давлатй муттаҳиди ягона табдил ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …