Главная / Илм / МУШ – ЭЛЕМЕНТИ ИДОРАКУНИИ WINDOWS

МУШ – ЭЛЕМЕНТИ ИДОРАКУНИИ WINDOWS

Ҳангоми ба лоиҳагирии Windows пешбинӣ карда шуда буд, ки истифодабарандагони он ҳамаи амалиётро асосан ба ёрии муш анҷом медиҳанд. Гарчанде қисми зиёди амалиётро ба воситаи клавиатура низ иҷро кардан мумкин бошад ҳам, вале онҳо ба воситаи муш зудтар, осонтар ва қулайтар иҷро карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки муш манипулятори графикӣ буда, дар рўи миз ё қолинчаи махсус бо ёрии даст ба ҳаракат дароварда мешавад. Ҳангоми ҳаракати муш дар экран низ нишонаи махсусе ба ҳаракат медарояд, ки онро нишондиҳандаи муш мегўянд. Нишондиҳандаи муш вобаста аз программаи амалии ҷорӣ ва мавқеи ҷойгиршавии он дар қисмҳои гуногуни экран, метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Нишондиҳандаи муш ҳаракати мушро дар экран такрор менамояд. Агар барои интихоби ягон элементи экран ҳаракати мушро дар болои қолинча давом додан лозим бошаду вале он аллакай ба канори қолинча расида бошад, он гоҳ кифоя аст, ки мушро бардошта ба ҷои нав гузорем ва ҳаракаташро давом диҳем.

mush

Ҷойивазкунии нишондиҳандаи муш дар экран ба информатсияе, ки шумо дар айни ҳол онро мебинед, ягон таъсире намерасонад. Нишондиҳандаи муш дар экран танҳо мавқеъро нишон медиҳад. Ба воситаи муш амалиёти зиёдеро иҷро кардан мумкин аст. Ба ин амалиёт – интихобкунии объектҳои экран, бекоркунии амали интихобкунӣ, кушодани файлҳои ҳуҷҷатҳо, ба кор даровардани программаҳо, аз як мавқеъ ба дигар мавқеъ кўчонидани объектҳои равзана, нусхабардорӣ намудани онҳо, нест намудани онҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Мушҳо бо ду ё се тугма (баъзан зиёдтар) муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Ҳар кадоми онҳо вазифаҳои муайяни худро доранд. Дар Windows-программаҳо тугмаи мобайнии муш қариб истифода бурда намешавад. Тугмаи чапи муш тугмаи асосӣ ва тугмаи рости он тугмаи ёрирасон ҳисоб карда мешаванд.

Барои интихоб ё ҷудо намудани ягон объекти равзана кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба болои нишонаи он бурда, тугмаи чапашро як маротиба пахш карда сар диҳем.

Агар ин амалиётро бо ягон командаи меню гузаронем, он гоҳ он ба иҷрошавӣ шурўъ менамояд. Барои кушодани файли ягон ҳуҷҷат ё нишонаи ягон программа, нишондиҳандаи мушро ба болои нишонаи он гузошта, тугмаи чапи мушро зуд-зуд ду маротиба пахш карда, сар додан лозим аст.

Барои аз як мавқеъи равзана ба мавқеъи дигари он кўчонидани нишона бошад, нишондиҳандаи мушро ба болои нишона гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаро ба ҷои нав кўчонида, баъд тугмаро сар додан лозим аст.

Ҳангоми гузоштани нишондиҳандаи муш ба ягон мавқеъи равзана ё болои ягон нишонаи он ва пахш намудани тугмаи рости муш, дар экран равзанаи робитавии махсусе пайдо мешавад, ки он аз менюи командаҳои зарурӣ иборат аст. Истифодабаранда метавонад мувофиқи талаботи масъала ин ё он командаро интихоб ва тугмаи чапи мушро пахшнамояд.

Саволҳо:

  1. Муш чӣ гуна таҷҳизот аст ва барои иҷрои кадом вазифаҳо пешбинӣ карда шудааст?
  2. Нишондиҳандаи муш кадом функсияҳоро иҷро мекунад?
  3. Тугмаҳои муш кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
  4. Оё функсияҳои тугмаҳои чап ва рости мушро иваз кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Функсияҳои тугмаҳои рост ва чапи мушро номбар кунед.
  3. Мушро дар болои қолинча ба ҳар тараф ба ҳаракат дароварда, аҳамият диҳед, ки дар экран нишондиҳандаи муш кадом шаклҳоро қабул менамояд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …