Главная / Илм / МУШ – ЭЛЕМЕНТИ ИДОРАКУНИИ WINDOWS

МУШ – ЭЛЕМЕНТИ ИДОРАКУНИИ WINDOWS

Хангоми ба лоихагирии Windows пешбини карда шуда буд, ки истифодабарандагони он хамаи амалиётро асосан ба ёрии муш анчом медиханд. Гарчанде кисми зиёди амалиётро ба воситаи клавиатура низ ичро кардан мумкин бошад хам, вале онхо ба воситаи муш зудтар, осонтар ва кулайтар ичро карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки муш манипулятори графики буда, дар руи миз ё колинчаи махсус бо ёрии даст ба харакат дароварда мешавад. Хангоми харакати муш дар экран низ нишонаи махсусе ба харакат медарояд, ки онро нишондихандаи муш мегуянд. Нишондихандаи муш вобаста аз программаи амалии чори ва мавкеи чойгиршавии он дар кисмхои гуногуни экран, метавонад шаклхои гуногун дошта бошад. Нишондихандаи муш харакати мушро дар экран такрор менамояд. Агар барои интихоби ягон элементи экран харакати мушро дар болои колинча давом додан лозим бошаду вале он аллакай ба канори колинча расида бошад, он гох кифоя аст, ки мушро бардошта ба чои нав гузорем ва харакаташро давом дихем.

mush

Чойивазкунии нишондихандаи муш дар экран ба информатсияе, ки шумо дар айни хол онро мебинед, ягон таъсире намерасонад. Нишондихандаи муш дар экран танхо мавкеъро нишон медихад. Ба воситаи муш амалиёти зиёдеро ичро кардан мумкин аст. Ба ин амалиёт – интихобкунии объектхои экран, бекоркунии амали интихобкуни, кушодани файлхои хуччатхо, ба кор даровардани программахо, аз як мавкеъ ба дигар мавкеъ кучонидани объектхои равзана, нусхабардори намудани онхо, нест намудани онхо ва гайра дохил мешаванд.

Мушхо бо ду ё се тугма (баъзан зиёдтар) мучаххаз гардонида мешаванд. Хар кадоми онхо вазифахои муайяни худро доранд. Дар Windows-программахо тугмаи мобайнии муш кариб истифода бурда намешавад. Тугмаи чапи муш тугмаи асоси ва тугмаи рости он тугмаи ёрирасон хисоб карда мешаванд.

Барои интихоб ё чудо намудани ягон объекти равзана кифоя аст, ки нишондихандаи мушро ба болои нишонаи он бурда, тугмаи чапашро як маротиба пахш карда сар дихем.

Агар ин амалиётро бо ягон командаи меню гузаронем, он гох он ба ичрошави шуруъ менамояд. Барои кушодани файли ягон хуччат ё нишонаи ягон программа, нишондихандаи мушро ба болои нишонаи он гузошта, тугмаи чапи мушро зуд-зуд ду маротиба пахш карда, сар додан лозим аст.

Барои аз як мавкеъи равзана ба мавкеъи дигари он кучонидани нишона бошад, нишондихандаи мушро ба болои нишона гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаро ба чои нав кучонида, баъд тугмаро сар додан лозим аст.

Хангоми гузоштани нишондихандаи муш ба ягон мавкеъи равзана ё болои ягон нишонаи он ва пахш намудани тугмаи рости муш, дар экран равзанаи робитавии махсусе пайдо мешавад, ки он аз менюи командахои зарури иборат аст. Истифодабаранда метавонад мувофики талаботи масъала ин ё он командаро интихоб ва тугмаи чапи мушро пахшнамояд.

Саволхо:

  1. Муш чи гуна тачхизот аст ва барои ичрои кадом вазифахо пешбини карда шудааст?
  2. Нишондихандаи муш кадом функсияхоро ичро мекунад?
  3. Тугмахои муш кадом вазифахоро ичро менамоянд?
  4. Оё функсияхои тугмахои чап ва рости мушро иваз кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Функсияхои тугмахои рост ва чапи мушро номбар кунед.
  3. Мушро дар болои колинча ба хар тараф ба харакат дароварда, ахамият дихед, ки дар экран нишондихандаи муш кадом шаклхоро кабул менамояд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

komputer-3

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

  Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо …