Главная / Гуногун / Муаллими баъд

Муаллими баъд

Муаллими куттоберо дидам дар диёри Магриб турушруй, талхгуфтор, бадхуй, мардумозор, гадотабъ, нопархезгор, ки айши мусулмонон ба дидани у табах гашти ва хондани куръонаш дили мардум сиях карди. Чамъе писарони покизаву духтарони душиза ба дасти чафои у гирифтор на захраи хандаву на ёрои гуфтор, гах орази симини якеро тапонча зади ва гах соки булуруни дигареро шиканча карди. Алкисса, шунидам, ки тарфе аз хабосати нафси у маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби уро ба муслехе доданд порсое салим, некмарди халим, ки сухан чуз ба хукми зарурат нагуфтиву мучиби озори кас бар забонаш нарафти. Кудаконро хайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуввуминро ахлок малаки диданд ва як як дев шуданду ба эътимоди хилми у тарки илм доданд. Аглаби авкот ба бозича фарохам нишастанди ва лавх дуруст нокарда, дар сари хам шикастанди.

Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кудакон дар бозор.

Баъд аз ду хафта бар масчид гузар кардам, муаллими аввалинро дидам, ки дил хуш карда буданд ва ба чои хеш оварда, инсоф биранчидам ва «лохавл» гуфтам, ки иблисро муаллими малоика дигар чаро карданд? Пирамарде зарифи чахондида гуфт:

Подшохе писар ба мактаб дод,
Лавхи симин-ш канор ниход
Бар сари лавхи у набишта ба зар:
«чаври устод бех, ки мехри падар».

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Акл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди очиз зан ногузир.

Рои бекувват макру фусун аст ва куввати берой чахлу чунун! Тамиз бояду тадбиру акл в-он …