Главная / Маданият ва санъат / Интихоби Мошинаи дарздўзӣ

Интихоби Мошинаи дарздўзӣ

Дар замонҳои қадим либосро дасти медӯхтанд. Ин кор вақти зиёдро мегирифт. ҳамчунин дарз на ҳамеша баробар мустаҳкам ва шинам мегардид.

Баҳри осонии дарздӯзӣ ва тезонидани мӯҳлати тайёр кардани либос фикри сохтани мошини дарздӯзӣ пайдо шуд. Аввалин мошинаи дарздӯзӣ соли 1765 дар Англия ба истифода пешниҳод шуд. Дар мамлакатҳои дигар устохонаҳое буданд, ки аз Англия асбобҳои мошинаи дарздӯзиро оварда месохтанд.

Мошинаи дарздўзӣ

mashinkaЛоиҳаи якуми мошинаи дарздўзигиро дар охири асри ҶV Леонардо Давинчи тартиб додаст, Дар соли 1834 америкои Уолтер Хайт сўзани гўшакдор (сўрохидор) ва нўгаш тезро ва сохти механизмимокуро ихтироъ кард. Ин якумин мошинаи дарздўзӣ аз ресмонҳои болоӣ ва поёниро истифода бурда мешуд. Мошинаи дарздўзӣ ба музей ва намоишгоҳҳои экспорти иштирок мекард.

Дар соли 1850 бо ҳаракати Алена Вилсон ва махсус Исаак Зингер мошинаҳои дарздўзиро ба ҳолати ҳозираи замона овардаанд. Ба ғайр аз ҳаракатдиҳандаи дасти бо ҳаракатгузаронидаи пояки (педали), машина кор мекард, ки дар ин ҳолат дасти дўзанда озод мешавад. Аз соли 1870 с. Фирмаи «Зингер» на фақат дар ИМА дар бисёр давлатҳо аз он ҷумла дар Россия филиали худро ташкил кард. Дар назди Москва шаҳри Подолски соли 1900 с. Фирмаи «Зингер» завод сохт ҷо ба ҷо кунии ҷузъҳои машинаи дарздўзӣ, ки аз хориҷа оварда мешуд, иҷро мекард. Дар ин завод дар як сол 600 ҳазор мошин мебароварад.

Инро дар хотир доред.

Мошинаи дарздӯзии ватанӣ баъди Инқилоби Октябр дар собиқ Идтиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст.

Аввалин заводи мошини дарздӯзӣ дар соли 1923 дар шаҳри Подолски вилояти Москва сохта шудааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Белоруссия ҳам заводи мошини дарздӯзӣ ба кор даромад.

Мошини дарздӯзӣ ҳам барои саноат ва ҳам барои рӯзгор истеҳсол карда мешавад. Мошини дарздӯзии саноатӣ барои фабрикаву устохонаҳои дӯзандагӣ истеҳсол карда мешавад. Мошини дарздӯзӣ ба якчанд гурӯҳҳо ҷудо мешавад:

1.Мошинаи дарздӯзии дастӣ.

2.Мошинаи дарздӯзии бо пой ҳаракаткунанда.

3.Мошинаи дарздӯзии барқӣ.

4.Мошинаи дарздӯзии универсалӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …