Главная / Биология / МАМНӮЪГОҲИ «РОМИТ»

МАМНӮЪГОҲИ «РОМИТ»

Дар доманаҳои ҷанубии силсилаи кӯхи Ҳисор соли 1959 дуюмин мамнӯъгоҳи Тоҷикистон мамнӯъгоҳи «Ромит» ташкил шуда буд. Мамнӯъгоҳи мазкур бештар аз 16 ҳазор га майдонро ишғол карда, дар байни дарёҳҳои Сорбо ва Сардаи Мизна воқеъ гаштааст. Баландии масоҳати мамнӯъгоҳ аз сатҳи баҳр аз 1176 то 3200 м баланд аст. Дар ин ҷо ду минғақаро дидан мумкин аст. Яке бешазори кӯҳӣ, ки дар баландии 1100-2800 м воқеъ аст ва он ҷо дарахтони паҳнбарг ва арча месабзанд. Дигаре растаниҳои субалпӣ, ки дар баландии 2800-3200 м мерӯянд.

Мувофиқӣ тақсимоти маъмурӣ, ин мамнӯъгоҳ ба ноҳияи Кофарниҳон тобсъ аст. Масофаи байни мамнӯъгоҳ то ш. Душанбе 70 км. мебошад. Миқдори солонаи боришог 800-900 мм-ро ташкил карда, барфу борои асосан дар баҳору зимистон меборад. Ҳарорати миёнаи солона 9-100 тобистон +38 гарм зимистон ҳаво то 200 хунук мешавад. Дар ин чо 213 рӯзи сол давраи гармӣ мебошад. Барф дар даҳаи сеюми моҳи ноябр борида, то охири моҳи апрел об намешавад. Ғафсии барф то ба 58 см мерасад.

romit

Дар минтакаҳои поёнтари ҷангали кӯҳӣ дарахтҳои паҳнбарг ва аз он болотар арча мерӯяд. Ҷангали паҳнбарги ин чо аз буттаю дарахтҳои чормағз, себ, олуча, гут, дӯлона ва ғайра иборат ает. Дар соҳилҳои дарёҳо, ҷӯйҳо ва чашмаҳо бештар сафедор, бед ва баъзан дарахти тус вомехӯрад. Аз минтақаи дарахтони паҳнбарг болоғар дарахти  сӯзанбарг, яьне арчазир, ки дар зери сояи он бештар хукҳои ёбоӣ ва хирсро дидан мумкин аст. Минтақаи субарктикии мамнӯьгоҳро алафзори баланд фаро гирифтааст.

Дар дарёҳои мамнӯъгоҳи «Ромит» яке аз моҳиҳои гаронбаҳо — гулмоҳии ҷайҳунӣ зиндагӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти олимон, гулмоҳии ин ҷо калон буда, вазнаш ба 3 кг мерасад. Гулмоҳӣ танҳо дар оби сероксиген ва хунук зиндагӣ мекунад. Дар поёноби дарё гулмоҳӣ дучор намешавад.

Аз хазандагонн мамнӯъгоҳ ду намуди мори захрдор, гурза ва шитомордннк (мори калтадуми сиёҳранг)-ро хотиррасон кардан мумкин аст.

Дар  мамнӯъгоҳ инчунин морҳои обй ва хазандагони дигарро низ дидан мумкин аст. Дар фасли тобистон олами паррандагони ин ҷо гуногун ва ҷолиби диққатанд. Дар бешаи кӯҳии ин ҷо ба узорӣ миқдори зиёди паррандаҳои хушхон меоянд. Дар байни онҳо заргулдори ҳиндустонӣ диққати касро бештар ба худ ҷалб мекунад. Дар ин мамнӯъгоҳ кабк ва улор (мурғн кӯҳӣ) бештар дучор мешавад. Дар дараҳои дастнораси ин ҷо ҳазорҳо кабӯтарони ёбоӣ лона гузоштаанд. Олами ширхӯрони кӯҳӣ дар ин ҷо хеле гуногунанд. Масалан, хирси нохунсафед зиндагӣ мекунад. Аз сабаби вайрон кардани қоидаҳои шикор миқдори он кам шудааст. Дар дараҳои баланд, дар байни харсангҳо, ё ки дар марғзорҳои баландкӯҳи «Ромит» гурӯҳҳои на чандон сершумори бузҳои кӯҳӣ. охуро дидан мумкин аст. Дар поёнтари ин мамнӯъгоҳ ҷойи махсуси нигоҳубини гавазни бухорӣ — хонгул ташкил карда шудааст.

Дар кӯҳҳои «Ромит» рӯбоҳ, кашқалдоқ ва ҷайра низ дучор мешаванд. Вазни ҷайраи ин чо то 25 кг мебошад. Баъзан дар дараҳои ин мамнӯьгоҳ овози гуногуни шағодон ба гӯш мерасанд. Ғайр аз ин даррандагони гурбамонанд, аз ҷумла паланги барфӣ дучор мешавад, вале миқдораш кам аст.

Дар дарёи пурталотуми ин мамнӯъгоҳ видра низ зиндагӣ мекунад.

Ҳоло зарурати ташкил кардани мамнӯьгоҳ 4-ум дар Помир ба мнён омадааст, ки он ба нигоҳдоштани флора (растанӣ), фаунаи (ҳайвоноти) зебои сарзамини баландкӯҳ мусоидат мекунал. Дар давраи ҳозира бе васеъ кардани масоҳати мамнӯъгоҳ нигоҳ доштани намудҳои нодири ҳайвонот ва набототн он ҷо имконнопазир аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …