Главная / Илм / МАМЛАКАТҲОИ ИМПЕРИАЛИСТӢ ДАР РОҲИ АЗ НАВ ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАҲОН

МАМЛАКАТҲОИ ИМПЕРИАЛИСТӢ ДАР РОҲИ АЗ НАВ ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАҲОН

МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX
БОБИ VII

Шиддат ёфтани зиддиятҳо дар байни мамлакатҳои империалистӣ. Империализм зиддиятҳоеро, ки пештар дар байни мамлакатҳои пурқуввати ҷаҳон мавҷуд буданд, бартараф накард. Барьакс, дар ин давра онҳо боз ҳам тезу тундтар шуданд. Ба сиёсати хориҷии мамлакатҳои сармоядорӣ ширкатҳои инҳисории пуриқтидор таъсири калон мерасониданд. Давлатҳои империалисти супориши онҳоро иҷро мекарданд. Ҳар яке аз ин мамлакатҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки мамлакатҳои бештарро ба мустамлика табдил дода, бо ҳамин таъсири худро дар ҷаҳон мустаҳкамтар кунад.

Барои он ки чунин сиёсат аз тарафи халқ дастгирӣ шавад, доираҳои ҳукмрон мақсадхои сармоядоронро умумимиллӣ эълон мекарданд. Дар зери шиори пойдор гардонидани истиқлолияти миллӣ миллатчигиро авҷ мегирониданд. Дар қалби мардум нисбат ба халқҳои дигар кинаю адоват мепарвариданд. Миллати худро нажоди баландтар ҳисобида, мегуфтанд, ки он ҳуқуқи маънавй дорад мамлакатҳои ақибмондаро ба мустамликаҳои худ табдил дода, аз болои онҳо ҳукм ронанд.

jangi-rusiyaСармоядорон аз ҳисоби ғорат кардани мустамликаҳо даромади калони бе дарди миён ба даст медароварданд. Барои ба тарафи худ кашидани мардум баъзан қисми он даромадро ба ӯ ҳам медоданд. Ин системаи гумроҳкунии омма ба сармоядорон имконият медод, ки халқро ҳамчун олоти сиёсати ғоратгаронаи хориҷии худ истифода баранд.

Давлатҳои империалистии Германия, ИМА, Англия, Фаронса, Русия ва Ҷопон ба тобеъ кунонидани мамлакатҳои сусттараққикарда қонеъ нашуда, ба тақсимоти мустамликаҳои мамлакатҳои дигар муваффақ шудан мехостанд. Империяҳои мустамликавии дерина бошанд, хеч гоҳ розй туда наметавонистанд, ки мустамликаҳои як вақтҳо ба даст даровардаашонро акиун мамлакатҳои пурзӯри замон кашида гиранд.

Мамлакатҳои империалистӣ ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки сармояи бо роҳи ғорат кардани дигар мамлакатҳо ба даст даровардаашонро боз ҳам афзунтар гардонанд. Бо Ҳамин сабабҳо онҳо ба тақсами нави ҷаҳон cap карданд. Ин иқдом ба муборизаи шадиди байниҳамдигарии мамлакатҳои империалистӣ оварда расонд.

Шиддат ёфтани муносибатҳо дар байни Англия ва Германия. Империализми Англия дар нимаи дуюми асри XIX ҳис кард, ки аз мамлакатҳои дигари сармоядорӣ ақиб мондаасг. Ба ҳар ҳол тамоми қувваю воситаҳоро ба кор мебурд, то ки дар ҷаҳон мавқеи пештараашро аз даст надиҳад. Вале ин кор барои Англия сол то сол мушкилтар мегардид.

Сармоядорони Англия, ки дар истеҳсолоти саноатй дар ҷаҳон ҳукмронии худро аллакай аз даст дода буданд, мехостанд, ки қусури ин бохтро аз ҳисоби мустамликаҳо бароранд. Вале ин кори осон набуд. Ба империалнзми Англия мамлакатҳои дигари пешқадами сармоядорӣ. пеш аз ҳама, Германия сахт рақобат мекарданд.

Дар миёнаи солҳои 90-ум зиддиятҳои байни Англия ва Германия бо тезй шиддат меафтанд. Дар ҳама ҷо ва бо ҳар роҳу восига Германия ба сиёсати мустамликазабткунии Англия халал мерасонд. Яке аз минтақаҳои зиддияти Англия ва Германия Африка» Ҷанубй гардид. Дар ин ҷо Германия ба он муваффақ шудан мехост, ки Англия мамлакати Бурхоро ба зери дасти худ дароварда натавонад, лекин ин кор ба ӯ муяссар нашуд.

Шарқи Назлик ва Шарқи Миёна ҳам дар доираи зиддиятҳои ин ду давлати империалистй буданд. Соли 1898 шоҳи Германия Вилгелми II ба Константинопол ташриф овард. Султони Туркия ба меҳмони худ ваъда дод, ки бо сармоядорони Германия барои сохтани роҳи оҳани Бағдод консессия медиҳад. Воридшавии Германияро ба Туркия Англия ҳамчун хавф ба манфиатҳои хеш дар мамлакатҳои Шарқ ҳисобанд. Бо ҳамин сабаб худи ҳамон сол Германия барои ташкил кардани флоти пурзўри ҳарбии баҳрии худ шурӯъ кард. Дере нагузашга дар ин бобат Германия аз Англия пеш гузашт.

Баъди ин зиддиятҳои байни Англияю Германия боз ҳам оштинопазиртар гардиданд. Вале дар чунин шароити номусоид Англия наметавонист, ки бо Германия ҷанг cap кунад. Мубориза бар зидди Русия дар Шарқи Дур ва бо Фаронса дар Африка вайро аз ин рох бозмедошт. Бо Германия то вақти муайяне муросо кардан лозим меомад, зеро ин вақт муқобили Бурхо қувваи зиёди харбии Англия андармон шуда буд. Барой ҳамин, вақте ки Русия Порт-Артурро аз Чин иҷора гирифт, вазири мустамликаҳои Англия Ҷозеф Чемберлен ҳатто ба дипломатхои Германия сохтакорона ҳам бошад, дар бораи иттифоқи англогермании зидди Русия гуфтушунид карда буд.

Ҳукуматдорони Германия соли 1905 бо сардории садри Ситоди купли Нерӯҳои мусаллаҳи мамлакат А. Шлиффен нақшаи ҷангро кашиданд. Ин ҷанг бояд дар ду ҷабҳа сурат мегирифт – дар Гарб бар зидди Фаронса ва дар Шарқ бар зидди Русия.

Забткорихои империализми Фаронса. Империализми Фаронса мехост, ки ҳам аз Германия қасди дар ҷанги солҳои 1870- 1871 шикастхўрдаашро бигирад ва ҳам ин рақиби асосии худро заиф гардонад.

Ба Фаронса муяссар гардид, ки тавассути силоҳ Тунис, қисми Африкаи Шимолу Ғарбӣ, Мадагаскар, қисми Сомали ва Ҳиндучинро забт кунад. Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри XIX ва ибтидои асри XX Фаронса дар забткориҳои африкавии худ ба муқобилияги сахти Англия дучор гардид. Камқувватии худро хис намуда, империализми Фаронса ҳаракат мекард, ки муносибатҳояшро бо ин мамлакат тезу тунд накунад. Фаронса Германияро душмани рақами яки худ меҳисобид. Агар муносибатхояшро бо Англия вайрон мекард, пас бар зидди Германия мубориза бурда наметавонист. Ин аст, ки Фаронса дар мустамликазабткунй муносибатхои худро бо Англия ба чавкотн муросо даровард. Аз ҳамин сабаб Фаронса дар Африка ба он борхо гузашт карда буд. Ба Фаронса муяссар гардид, ки бо ҳамин рох Марокашро забт кунад. Ин восита ба Фаронса барои ба даст даровардани Камбоча, Лаос, Ветнам (Тонкин ва Аннам) ва чазирахои зиёди Укёнуси Ором ҳам хизмат кард.

Ду ҷанги Русия бар зидди Туркия. Ҷанги солҳои 1853 – 1856 дар байни Русия ва Туркия “Ҷанги Қрим” ном гирифтааст. Русия дар зарфи садҳо сол мақсад дошт, ки нимҷазираи Қрим ва Баҳри Сиёҳро ба даст дарорад. Вале дар ин ҷанг Туркия бо ёрии Англия ва Фаронса бар Русия ғалаба кард ва моҳҳои феврал-марти соли 1856 барои бастани Созишномаи сулҳ дар байни ин ду давлат дар шаҳри Париж конгресси дипломатй баргузор гардид. Мувофиқи шартҳои Ахдномаи сулҳи Париж Русия аз баҳри даъвохои худ гузашт. Туркия бошад, мавқеи худро дар соҳилҳои шимолй ва шарқии Баҳри Сиёҳ боз ҳам мустаҳкамтар кард.

Моҳи апрели соли 1877 ҷанги нави Русияю Туркия оғоз ёфт. Амалиётҳои ҳарбй дар ду ҷабҳа-дар Балкан ва Қафқоз ҳам дар хушкй ва ҳам дар Баҳри Сиёҳ сурат гирифтанд. Русия бо баҳонаи ёрй ба муборизаи озодихоҳонаи славянҳои нимҷазираи Балкан хост, ки мавқеи худро дар ин ҷо мустахкам карда, ба рақиби деринаи худ – Туркия шикаст диҳад.

Дар ин ҷанг русхо дастболо шуданд ва 3 марти соли 1878 дар маҳаллаи Сан-Стефанои наздикии Константинопол дар байни Туркия ва Русия шартномаи сулҳ ба имзо расид. Мувофики он Сербия ва Руминия истиқлолият ба даст дароварданд. Қисми Бесарабия, ки дар натичаи Ҷанги Қрим аз Русия кашида шрифта шуда буд, ба Русия баргардонида шуд. Ба ивази он Руминия аз Туркия обручаи Шимолиро гирифт. Булғория ҳамчун давлати тобеи Туркия ташкил ёфт. Вале кош ресси Берлин, ки Моҳи июни соли 1878 бо ташаббуси Германия, Англия ва Фаронса барои аз нав днда баромадани Созишномаи сулҳи Сан-Стефано Gapiyaop гардид, аксарияти музаффариятҳои Русияро барбод дод.

Балкан-минтақаи муқовимати давлатҳои империалиста Қисми зиёди нимҷазираи Балкан дар дасти Туркияи феодалй буд. Австро-Венгрия ҳам ният дошт, ки ба ин нимҷазира cap дарорад. Халқҳои Балкан барои истиқолияти худ мубориза мебурданд. Лекин ба онҳо на танҳо Туркия. балки Германия ва Австро- Венгрия ҳам монеъ мешуданд,

Сармоядорони Германия аз сулолаи Габбсбургҳо, ки ҳукмронӣ Австро-Венгрия буданд, талаб мекарданд, ки дар Балкан сиёсати забткорӣ пеш бурда шавад. Соли 1908 Австро- Венгрия Салоникаро забт карда, барои худ ба Баҳри Эгей роҳ кушод.

Қаблан шоҳ Сербия ҷонибдори Австро-Венгрия буд, вале баъди он, ки соли 1903 дар ин мамлакати славянии Балкан табаддулоти давлати ба амал омад, вазъият тағйир ёфт. Сербия ба дӯстӣ бо Русия майл кард. Халки серб барои аз зери ҳукмронии иқтисодии Австро-Венгрия озод шудани ватани худ муборнзаи озодихоҳонаро пеш гирнфт.

Баъди забти Салоника Австро-Венгрия мавқеи худро дар Балкан боз ҳам мустаҳкамтар карданй буд. Он рӯйрост ба забти мамлакатҳои Балкан cap кард. Австро-Венгрия соли 1909 аз Сербия Босния ва Херсоговинаро кашида гирифт. Германия бошад, ба Балкан cap даровардани иттифоқчии худро дастгирӣ

Намуд. Вай инро воситаи дар Балкан сустгардонии мавқеи Туркия ҳам меҳисобид. Русия бошад, муборизаи озодихоҳонаи славянҳои ҷанубиро дастгирӣ кард. Вай муқобили дар Балкан мустаҳкам гардидани мавқеи Австро-Венгрия ва Германия буд. Италия ҳам дар ин ҷо манфиатҳои худро дошт. Соли 1900 ин давдат ҳатто бо роҳи харбй Триподитанияро аз Туркия кашида гирифт. Соли 1912 Туркия хост, ки бо роҳи зӯрй онро аз Италия баргардонида гирад, вале шикаст хӯрда, маҷбур шуд, ки Триподитанияро ба Италия во гузорад.

Сербия. Булғория ва Черногория “Иттифоқи Балкан”-ро ташкил карда, соли 1912 бар зидди Туркия ҷанг cap карданд. Русия нисбат ба ин иттифоқ хайрхоҳ буд. Моҳи октябри ҳамон сол онҳо Туркияро торумор карданд. Дар таьрих ин ҷанг “Ҷанги якуми Балкан’ ном гирифтааст. Ин ҷанг ва ҷанги дуюми Балкан, ки он соли 1913 ба амал омада буд, ҳамаи масьалаҳои давлатҳои ин нимҷазираро ҳал карда натавонистакд. Балкан минтақае гардид, ки мамлакатҳои империалистии Европа онро дар байни худ аз нав тақсим карданӣ буданд, лекин на ба таври мусоламатомез.

Мустамликазабткунии империализми ИМА. ИМА баъди аз Русия харидани Аляска ба масьалаҳои дохилии худ бештар машғул шуда, ба забткунии мустамликаҳо дертар шурӯъ кард. Он ба ин кор асосан дар солҳои 90-уми асри XIX оғоз намуд. Империализм»! ИМА диққати асосии худро ба ҳавзаҳои Баҳри Кариб ва укёнуси Ором нигаронид. Аввалин мустамликаи забткардаи ИМА ҷазираҳои Гавай буданд. Вай ин галлачазираҳоро аз соли 1893 то соли 1898 пурра аз худ кард. Баъди ин империализми Америка ба мустамликаҳои Испания рӯ овард. Соли 1898 ИМА бар зидди ин давдат ҷанг зълон кард. Испанияи феодал»! баъди Моҳи муқовимат шикаст хӯрд. Дар натиҷаи ин ҷазираи Пуэрто-Рикои испанй ба ИМА гузашт. Вай Кубаро ҳам бо роҳи зӯрй ба худ тобеъ кунонид,

Баъди ғалаба бар Испания ИМА забткориҳои худро ба дигар нуқтаҳои кураи замин паҳн кардан гирифт. Дар уқёнуси Ором ҷазираи Гуам ва галлачазираҳои Филиппинро забт кард. ИМА онҳоро барои ба давлатҳои Шарқи Дур cap даровардан ҳамчун такягоҳ истифода бурд. Ба вай муяссар шуд,  ки соли 1899 барон ҳамаи давлатҳои ҷаҳон нисбати Чин сиёсати “дарҳои кушод’*-ро эълон кунад. ИМА боварӣ дошт, ки тавассути афзалияти иқтисодии худ аз ин давдат давлатҳои дигарро фишор дода мебарорад. Барой ҳамин фаъолияти трестҳоро дар Чин ҳарҷониба

дастгирӣ ва ҳавасманд мекард. Дар таърих ин дилломатияро “дипломатиям доллар”-и ИМ А номидаанд. ИМА чунин сиёсатро дар тамоми кураи замин ба кор мебурд, вале агар дар он чое, ки “дипломатиям доллар” ба кор намерафт, сиёсати “дарраи калон”- ро истифода мебурд. Бо ҳамин он дар ибтидои асри XX давлатҳои Америкаи Лотиниро ба маҷрои сиёсати хориҷии худ дохил кард. Чунин сиёсатро ба рои аз худ кардани Канали Панама бар зидди Колумбия истифода бурда буд. Ин канал соли 1914 ба истифода дода шуд. Вақте ки давлати Панама ташкил ёфт, ИМА онро маҷбур кард, ки Канали Панамаро ба вай ба мӯҳлати 100 сол ба иҷора бидиҳад. Ҳамин тариқ, ин канали навбунёд дар амал аз ИМА шуд.

Сармояи ИМА ботезй ба иқтисодиёти мамлакатҳои Америкаи Лотинй ворид гашта, аз он ҷо сармояи мамлакатҳои Европаро фишор дода мебаровард. Ҳамин тариқ, ИМА дар нимкураи Ғарбй ҳукмронӣ ягона гардид. Бо вуҷуди ин ИМА бо мамлакатҳои дигаре, ки таксимоти ҷаҳонро дар байни худ давом дода ни буданд, рақобат мекард.

Забткориҳои Ҷопон. Мустамликаҳои аввалини Ҷопон ҷазираҳои Рюкю ва Тайван буданд. Онҳоро соли 1872 ишғол карда буд. Ҷопон сипас Кореяро ба зери таъсири худ дароварда, дар он ҷо ба корҳои саноатию тичоратй машғул шуд.

Ҳолати ниммустамликавии Корея ба империализми Ҷопон маъқул нашуд. Барой ҳамин соли 1894 бо кувван калони харбй ба Сеул хамла карда, касри шохи Кореяро ишғол намуд. Ҳамин тариқ, ин ҷанг оғоз ёфт. Сипас лашкари Ҷопон ба қисмҳои Ҳарбии ҷиноии дар Корея буда ҳуҷум кард. Бо ин ҷанги Ҷопону Чин cap мешавад. Нисбат ба Чин лашкару флоти Ҷопон пурзӯртар буданд. Ба ҳамин сабаб дар ин ҷанг Чин шикаст хӯрда, аз Ҷопон сулҳ талабид. Мувофиқи ин Созишномаи сулҳ Ҷопон аз Чин товони калони ҷанг гирифт ва инчунин ҳуқуқ пайдо кард, ки дар қаламрави Чин корхонаҳои саноатии худро бисозад.

Оиди масъалаи Корея ва Манҷурия Ҷопон бо Русия рақобат дошт. Ҷопонро ИМА ва Англия бар зидди Русия ҷанг андохтанд. Барой ин кор вайро бо маблағи зарурй ҳам таъмин менамуданд. Ин давлатҳо намехостанд, ки мавқеи русҳо дар Шарқи Дур ва ҳавзаи Уқёнуси Ором мустаҳкам шавад. Солҳои 1904 – 1905 дар байни Ҷопон ва Русия ҷанг ба амал омад, ки дар он Русия шармандавор шикаст хӯрд. Ба Ҷопон муяссар шуд, ки Русияро ҳам аз Порт-Артур маҳрум кунад ва ҳам қисми ҷанубии чазираи

Сахалинро аз ӯ кашида гирад. Баъди ин ғалаба мавқеи Ҷопон дар Шарқи Дур ва ҳавзаи Укёнуси Ором ниҳоят пурзӯр шуд. Дар чуннн шароит Корея дигар худро аз Ҷопон мухофизат карда наметавонист. Ба ҳамин сабаб соли 1910 императора Корея “бо ихтиёри худ” ҳокимияи давлатиро “абадӣ” ба Ҷопон супорид. Ҷопон Кореяро ба генерал-губернатории худ табдил дод.

Империадизми Ҷопон ба воқеаҳои Европа ва ҷойҳои дигари ҷаҳон бо чашмони ҳарисонаи империалистии худ нигоҳ мекард ва тайёр буд, ки дар тақсимоти минбаъдаи ҷаҳон фаъолона иштирок кунад.

Ташкилёбии паймонҳои ҳарбӣ. Тунисро ишғол кардани Фаронса Италияро водор намуд, ки сарфи назар аз мухолифатҳои дар байни Италия ва мутлакияти Габбсбургҳо ҷойдошта ба Германия наздик шавад. 20 майи соли 1882 Италия, Германия ва Австро-Венгрия дар байни худ Созишномаи ҳарбй бастанд, ки он дар таърих “Иттифоқи Сегона” ном гирифтааст. Мувофиқи шартномаи ин паймони ҳарбӣ дар сурати ба Италия ҳамла кардани Фаронса ду иштирокчии дигари паймон, яъне Германия ва Австро-Венгрия ба вай ёрии ҳарбӣ мерасониданд. Чунин ӯхдадориро Италия низ ба души худ гирифта буд, яъне дар сурати ба Германия ҳамла кардани Фаронса Италия ба вай дасти ёрй дароз мекард. Лекин Австро-Венгрия дар назди Германия чунин ӯҳдадорй надошт. Сарфи назар аз ин, ҳар се ширкаткунандагони паймон бо хамдигар ёрии харбй ваъда карда буданд. Онҳо ӯхдадор шуданд, ки дар сурати оғози ҷанги яке аз онҳо бар зидди ягон давлат ду давлати дигари аъзои паймон мавқеи бетарафиро ихтиёр мекунанд. Танҳо ҷанги яке аз давлатҳои Иттифоқи Сегона бар зидди Фаронса истисно буд, Дар ин сурат ду-давлати дигари паймон ба давлати зидди Фаронса ҷангсаркарда ёрй мерасониданд. Ҳамин тариқ “Иттифоқи Сегона” ташкил ёфт.

Ба империадизми англис империадизми ҷавони Германия, ки акнун аз Англия пеш гузашта буд, сахт рақобат мекард. Молҳои дар Германия истеҳсол кардашуда дар бозорҳои чаҳонӣ бо молҳои англисй бомуваффақият рақобат мекарданд. Дар ин бобат Германия Англияро аз баъзе мамлакатҳо фишор дода баровард.

Як вақтҳо Англия шоҳи баҳру уқёнусҳои ҷаҳон буд. Акиун Дар он ҷо ҳам мавқеи Германия торафт пурзӯртар шудан гирифт. Вай флоти ҳарбй ва тиҷоратии пуриқтидор ташкил кард. Аслиҳа ва сипоҳаш аз Англия беҳтар буд. Империадизми Германия мақсад дошт, ки ҷаҳони тақсимшударо ба фондам худ аз нав тақсим куна, ва ҳатго ҳукмронӣ ҷаҳон шавад. Германия, пеш аз ҳама, ба Англис) қасд дошт. Империализми Англия ҳам мақсади Германияро фаҳмида, ба ҷанг тайёрй медид. Лекин аз қувваи Германия метарсид. Аз ҳамин сабаб яккаву танҳо бар зидди он ҷанг карданй набуд. Ба Англия иггифокчй лозим буд. Империалистони Фаронса ва Русия низ мехостанд, ки мавқеи ба даст даровардаи худро аз даст надода, аз тақсимоти нави ҷаҳон ҳиссаи худро бигиранд ва нагузоранд, ки Германия ҳукмронӣ ҷаҳон шавад. Чунин мақсадхо ин се давлатро бо ҳам наздик карданд.

Соли 1904 аввал Англия бо ҳамроҳии Фаронса бо номи “Антанта” (“ваҳдат”, “ризоият”) паймонн ҳарбй баст. Тавассути ин созиш онҳо ҷанҷолҳои байниҳамдигариашонро ҳам ҳал карданд. Фаронса ҳукмронии Англияро дар Миср эътироф кард. Англия бошад, ба Фаронса имконият дод, ки Марокашро забт кунад.

Соли 1907 Англияю Русия ҳам бо хамдигар созишнома бастанд. Ин давлатҳо ҳам аз созишнома истифода бурда, ҷанҷолҳои байнихамдигарии худро оиди Тибет ва Эрон маслиҳатомезона ҳал карданд. Онҳо Эронро ба “минтақаҳои манфиати” худ тақсим карданд: чануби Эрон минтакаи манфиати Англия ва шимоли он минтакаи манфиати Русия шуд. Ҳамон сол дар байни Англия, Фаронса ва Русия паймони ҳарбӣ баста шуд, яъне Русия ба “Антанта” дохил шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …