Главная / Илм / МАМЛАКАТХОИ ИМПЕРИАЛИСТИ ДАР РОХИ АЗ НАВ ТАКСИМ КАРДАНИ ЧАХОН

МАМЛАКАТХОИ ИМПЕРИАЛИСТИ ДАР РОХИ АЗ НАВ ТАКСИМ КАРДАНИ ЧАХОН

МАМЛАКАТХОИ ЧАХОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX
БОБИ VII

Шиддат ёфтани зиддиятхо дар байни мамлакатхои империалисти. Империализм зиддиятхоеро, ки пештар дар байни мамлакатхои пуркуввати чахон мавчуд буданд, бартараф накард. Барьакс, дар ин давра онхо боз хам тезу тундтар шуданд. Ба сиёсати хоричии мамлакатхои сармоядори ширкатхои инхисории пуриктидор таъсири калон мерасониданд. Давлатхои империалисти супориши онхоро ичро мекарданд. Хар яке аз ин мамлакатхо кушиш ба харч медод, ки мамлакатхои бештарро ба мустамлика табдил дода, бо хамин таъсири худро дар чахон мустахкамтар кунад.

Барои он ки чунин сиёсат аз тарафи халк дастгири шавад, доирахои хукмрон максадхои сармоядоронро умумимилли эълон мекарданд. Дар зери шиори пойдор гардонидани истиклолияти милли миллатчигиро авч мегирониданд. Дар калби мардум нисбат ба халкхои дигар кинаю адоват мепарвариданд. Миллати худро нажоди баландтар хисобида, мегуфтанд, ки он хукуки маънавй дорад мамлакатхои акибмондаро ба мустамликахои худ табдил дода, аз болои онхо хукм ронанд.

jangi-rusiyaСармоядорон аз хисоби горат кардани мустамликахо даромади калони бе дарди миён ба даст медароварданд. Барои ба тарафи худ кашидани мардум баъзан кисми он даромадро ба у хам медоданд. Ин системаи гумрохкунии омма ба сармоядорон имконият медод, ки халкро хамчун олоти сиёсати горатгаронаи хоричии худ истифода баранд.

Давлатхои империалистии Германия, ИМА, Англия, Фаронса, Русия ва Чопон ба тобеъ кунонидани мамлакатхои сусттараккикарда конеъ нашуда, ба таксимоти мустамликахои мамлакатхои дигар муваффак шудан мехостанд. Империяхои мустамликавии дерина бошанд, хеч гох розй туда наметавонистанд, ки мустамликахои як вактхо ба даст даровардаашонро акиун мамлакатхои пурзури замон кашида гиранд.

Мамлакатхои империалисти чидду чахд мекарданд, ки сармояи бо рохи горат кардани дигар мамлакатхо ба даст даровардаашонро боз хам афзунтар гардонанд. Бо Хамин сабабхо онхо ба таксами нави чахон cap карданд. Ин икдом ба муборизаи шадиди байнихамдигарии мамлакатхои империалисти оварда расонд.

Шиддат ёфтани муносибатхо дар байни Англия ва Германия. Империализми Англия дар нимаи дуюми асри XIX хис кард, ки аз мамлакатхои дигари сармоядори акиб мондаасг. Ба хар хол тамоми кувваю воситахоро ба кор мебурд, то ки дар чахон мавкеи пештараашро аз даст надихад. Вале ин кор барои Англия сол то сол мушкилтар мегардид.

Сармоядорони Англия, ки дар истехсолоти саноатй дар чахон хукмронии худро аллакай аз даст дода буданд, мехостанд, ки кусури ин бохтро аз хисоби мустамликахо бароранд. Вале ин кори осон набуд. Ба империалнзми Англия мамлакатхои дигари пешкадами сармоядори. пеш аз хама, Германия сахт ракобат мекарданд.

Дар миёнаи солхои 90-ум зиддиятхои байни Англия ва Германия бо тезй шиддат меафтанд. Дар хама чо ва бо хар роху восига Германия ба сиёсати мустамликазабткунии Англия халал мерасонд. Яке аз минтакахои зиддияти Англия ва Германия Африка» Чанубй гардид. Дар ин чо Германия ба он муваффак шудан мехост, ки Англия мамлакати Бурхоро ба зери дасти худ дароварда натавонад, лекин ин кор ба у муяссар нашуд.

Шарки Назлик ва Шарки Миёна хам дар доираи зиддиятхои ин ду давлати империалистй буданд. Соли 1898 шохи Германия Вилгелми II ба Константинопол ташриф овард. Султони Туркия ба мехмони худ ваъда дод, ки бо сармоядорони Германия барои сохтани рохи охани Багдод консессия медихад. Воридшавии Германияро ба Туркия Англия хамчун хавф ба манфиатхои хеш дар мамлакатхои Шарк хисобанд. Бо хамин сабаб худи хамон сол Германия барои ташкил кардани флоти пурзури харбии бахрии худ шуруъ кард. Дере нагузашга дар ин бобат Германия аз Англия пеш гузашт.

Баъди ин зиддиятхои байни Англияю Германия боз хам оштинопазиртар гардиданд. Вале дар чунин шароити номусоид Англия наметавонист, ки бо Германия чанг cap кунад. Мубориза бар зидди Русия дар Шарки Дур ва бо Фаронса дар Африка вайро аз ин рох бозмедошт. Бо Германия то вакти муайяне муросо кардан лозим меомад, зеро ин вакт мукобили Бурхо кувваи зиёди харбии Англия андармон шуда буд. Барой хамин, вакте ки Русия Порт-Артурро аз Чин ичора гирифт, вазири мустамликахои Англия Чозеф Чемберлен хатто ба дипломатхои Германия сохтакорона хам бошад, дар бораи иттифоки англогермании зидди Русия гуфтушунид карда буд.

Хукуматдорони Германия соли 1905 бо сардории садри Ситоди купли Нерухои мусаллахи мамлакат А. Шлиффен накшаи чангро кашиданд. Ин чанг бояд дар ду чабха сурат мегирифт – дар Гарб бар зидди Фаронса ва дар Шарк бар зидди Русия.

Забткорихои империализми Фаронса. Империализми Фаронса мехост, ки хам аз Германия касди дар чанги солхои 1870- 1871 шикастхурдаашро бигирад ва хам ин ракиби асосии худро заиф гардонад.

Ба Фаронса муяссар гардид, ки тавассути силох Тунис, кисми Африкаи Шимолу Гарби, Мадагаскар, кисми Сомали ва Хиндучинро забт кунад. Дар нимаи дуюми солхои 90-уми асри XIX ва ибтидои асри XX Фаронса дар забткорихои африкавии худ ба мукобилияги сахти Англия дучор гардид. Камкувватии худро хис намуда, империализми Фаронса харакат мекард, ки муносибатхояшро бо ин мамлакат тезу тунд накунад. Фаронса Германияро душмани раками яки худ мехисобид. Агар муносибатхояшро бо Англия вайрон мекард, пас бар зидди Германия мубориза бурда наметавонист. Ин аст, ки Фаронса дар мустамликазабткунй муносибатхои худро бо Англия ба чавкотн муросо даровард. Аз хамин сабаб Фаронса дар Африка ба он борхо гузашт карда буд. Ба Фаронса муяссар гардид, ки бо хамин рох Марокашро забт кунад. Ин восита ба Фаронса барои ба даст даровардани Камбоча, Лаос, Ветнам (Тонкин ва Аннам) ва чазирахои зиёди Укёнуси Ором хам хизмат кард.

Ду чанги Русия бар зидди Туркия. Чанги солхои 1853 – 1856 дар байни Русия ва Туркия “Чанги Крим” ном гирифтааст. Русия дар зарфи садхо сол максад дошт, ки нимчазираи Крим ва Бахри Сиёхро ба даст дарорад. Вале дар ин чанг Туркия бо ёрии Англия ва Фаронса бар Русия галаба кард ва моххои феврал-марти соли 1856 барои бастани Созишномаи сулх дар байни ин ду давлат дар шахри Париж конгресси дипломатй баргузор гардид. Мувофики шартхои Ахдномаи сулхи Париж Русия аз бахри даъвохои худ гузашт. Туркия бошад, мавкеи худро дар сохилхои шимолй ва шаркии Бахри Сиёх боз хам мустахкамтар кард.

Мохи апрели соли 1877 чанги нави Русияю Туркия огоз ёфт. Амалиётхои харбй дар ду чабха-дар Балкан ва Кафкоз хам дар хушкй ва хам дар Бахри Сиёх сурат гирифтанд. Русия бо бахонаи ёрй ба муборизаи озодихохонаи славянхои нимчазираи Балкан хост, ки мавкеи худро дар ин чо мустахкам карда, ба ракиби деринаи худ – Туркия шикаст дихад.

Дар ин чанг русхо дастболо шуданд ва 3 марти соли 1878 дар махаллаи Сан-Стефанои наздикии Константинопол дар байни Туркия ва Русия шартномаи сулх ба имзо расид. Мувофики он Сербия ва Руминия истиклолият ба даст дароварданд. Кисми Бесарабия, ки дар натичаи Чанги Крим аз Русия кашида шрифта шуда буд, ба Русия баргардонида шуд. Ба ивази он Руминия аз Туркия обручаи Шимолиро гирифт. Булгория хамчун давлати тобеи Туркия ташкил ёфт. Вале кош ресси Берлин, ки Мохи июни соли 1878 бо ташаббуси Германия, Англия ва Фаронса барои аз нав днда баромадани Созишномаи сулхи Сан-Стефано Gapiyaop гардид, аксарияти музаффариятхои Русияро барбод дод.

Балкан-минтакаи муковимати давлатхои империалиста Кисми зиёди нимчазираи Балкан дар дасти Туркияи феодалй буд. Австро-Венгрия хам ният дошт, ки ба ин нимчазира cap дарорад. Халкхои Балкан барои истиколияти худ мубориза мебурданд. Лекин ба онхо на танхо Туркия. балки Германия ва Австро- Венгрия хам монеъ мешуданд,

Сармоядорони Германия аз сулолаи Габбсбургхо, ки хукмрони Австро-Венгрия буданд, талаб мекарданд, ки дар Балкан сиёсати забткори пеш бурда шавад. Соли 1908 Австро- Венгрия Салоникаро забт карда, барои худ ба Бахри Эгей рох кушод.

Каблан шох Сербия чонибдори Австро-Венгрия буд, вале баъди он, ки соли 1903 дар ин мамлакати славянии Балкан табаддулоти давлати ба амал омад, вазъият тагйир ёфт. Сербия ба дусти бо Русия майл кард. Халки серб барои аз зери хукмронии иктисодии Австро-Венгрия озод шудани ватани худ муборнзаи озодихохонаро пеш гирнфт.

Баъди забти Салоника Австро-Венгрия мавкеи худро дар Балкан боз хам мустахкамтар карданй буд. Он руйрост ба забти мамлакатхои Балкан cap кард. Австро-Венгрия соли 1909 аз Сербия Босния ва Херсоговинаро кашида гирифт. Германия бошад, ба Балкан cap даровардани иттифокчии худро дастгири

Намуд. Вай инро воситаи дар Балкан сустгардонии мавкеи Туркия хам мехисобид. Русия бошад, муборизаи озодихохонаи славянхои чанубиро дастгири кард. Вай мукобили дар Балкан мустахкам гардидани мавкеи Австро-Венгрия ва Германия буд. Италия хам дар ин чо манфиатхои худро дошт. Соли 1900 ин давдат хатто бо рохи харбй Триподитанияро аз Туркия кашида гирифт. Соли 1912 Туркия хост, ки бо рохи зурй онро аз Италия баргардонида гирад, вале шикаст хурда, мачбур шуд, ки Триподитанияро ба Италия во гузорад.

Сербия. Булгория ва Черногория “Иттифоки Балкан”-ро ташкил карда, соли 1912 бар зидди Туркия чанг cap карданд. Русия нисбат ба ин иттифок хайрхох буд. Мохи октябри хамон сол онхо Туркияро торумор карданд. Дар таьрих ин чанг “Чанги якуми Балкан’ ном гирифтааст. Ин чанг ва чанги дуюми Балкан, ки он соли 1913 ба амал омада буд, хамаи масьалахои давлатхои ин нимчазираро хал карда натавонистакд. Балкан минтакае гардид, ки мамлакатхои империалистии Европа онро дар байни худ аз нав таксим кардани буданд, лекин на ба таври мусоламатомез.

Мустамликазабткунии империализми ИМА. ИМА баъди аз Русия харидани Аляска ба масьалахои дохилии худ бештар машгул шуда, ба забткунии мустамликахо дертар шуруъ кард. Он ба ин кор асосан дар солхои 90-уми асри XIX огоз намуд. Империализм»! ИМА диккати асосии худро ба хавзахои Бахри Кариб ва укёнуси Ором нигаронид. Аввалин мустамликаи забткардаи ИМА чазирахои Гавай буданд. Вай ин галлачазирахоро аз соли 1893 то соли 1898 пурра аз худ кард. Баъди ин империализми Америка ба мустамликахои Испания ру овард. Соли 1898 ИМА бар зидди ин давдат чанг зълон кард. Испанияи феодал»! баъди Мохи муковимат шикаст хурд. Дар натичаи ин чазираи Пуэрто-Рикои испанй ба ИМА гузашт. Вай Кубаро хам бо рохи зурй ба худ тобеъ кунонид,

Баъди галаба бар Испания ИМА забткорихои худро ба дигар нуктахои кураи замин пахн кардан гирифт. Дар укёнуси Ором чазираи Гуам ва галлачазирахои Филиппинро забт кард. ИМА онхоро барои ба давлатхои Шарки Дур cap даровардан хамчун такягох истифода бурд. Ба вай муяссар шуд,  ки соли 1899 барон хамаи давлатхои чахон нисбати Чин сиёсати “дархои кушод’*-ро эълон кунад. ИМА бовари дошт, ки тавассути афзалияти иктисодии худ аз ин давдат давлатхои дигарро фишор дода мебарорад. Барой хамин фаъолияти трестхоро дар Чин харчониба

дастгири ва хавасманд мекард. Дар таърих ин дилломатияро “дипломатиям доллар”-и ИМ А номидаанд. ИМА чунин сиёсатро дар тамоми кураи замин ба кор мебурд, вале агар дар он чое, ки “дипломатиям доллар” ба кор намерафт, сиёсати “дарраи калон”- ро истифода мебурд. Бо хамин он дар ибтидои асри XX давлатхои Америкаи Лотиниро ба мачрои сиёсати хоричии худ дохил кард. Чунин сиёсатро ба рои аз худ кардани Канали Панама бар зидди Колумбия истифода бурда буд. Ин канал соли 1914 ба истифода дода шуд. Вакте ки давлати Панама ташкил ёфт, ИМА онро мачбур кард, ки Канали Панамаро ба вай ба мухлати 100 сол ба ичора бидихад. Хамин тарик, ин канали навбунёд дар амал аз ИМА шуд.

Сармояи ИМА ботезй ба иктисодиёти мамлакатхои Америкаи Лотинй ворид гашта, аз он чо сармояи мамлакатхои Европаро фишор дода мебаровард. Хамин тарик, ИМА дар нимкураи Гарбй хукмрони ягона гардид. Бо вучуди ин ИМА бо мамлакатхои дигаре, ки таксимоти чахонро дар байни худ давом дода ни буданд, ракобат мекард.

Забткорихои Чопон. Мустамликахои аввалини Чопон чазирахои Рюкю ва Тайван буданд. Онхоро соли 1872 ишгол карда буд. Чопон сипас Кореяро ба зери таъсири худ дароварда, дар он чо ба корхои саноатию тичоратй машгул шуд.

Холати ниммустамликавии Корея ба империализми Чопон маъкул нашуд. Барой хамин соли 1894 бо кувван калони харбй ба Сеул хамла карда, касри шохи Кореяро ишгол намуд. Хамин тарик, ин чанг огоз ёфт. Сипас лашкари Чопон ба кисмхои Харбии чиноии дар Корея буда хучум кард. Бо ин чанги Чопону Чин cap мешавад. Нисбат ба Чин лашкару флоти Чопон пурзуртар буданд. Ба хамин сабаб дар ин чанг Чин шикаст хурда, аз Чопон сулх талабид. Мувофики ин Созишномаи сулх Чопон аз Чин товони калони чанг гирифт ва инчунин хукук пайдо кард, ки дар каламрави Чин корхонахои саноатии худро бисозад.

Оиди масъалаи Корея ва Манчурия Чопон бо Русия ракобат дошт. Чопонро ИМА ва Англия бар зидди Русия чанг андохтанд. Барой ин кор вайро бо маблаги зарурй хам таъмин менамуданд. Ин давлатхо намехостанд, ки мавкеи русхо дар Шарки Дур ва хавзаи Укёнуси Ором мустахкам шавад. Солхои 1904 – 1905 дар байни Чопон ва Русия чанг ба амал омад, ки дар он Русия шармандавор шикаст хурд. Ба Чопон муяссар шуд, ки Русияро хам аз Порт-Артур махрум кунад ва хам кисми чанубии чазираи

Сахалинро аз у кашида гирад. Баъди ин галаба мавкеи Чопон дар Шарки Дур ва хавзаи Укёнуси Ором нихоят пурзур шуд. Дар чуннн шароит Корея дигар худро аз Чопон мухофизат карда наметавонист. Ба хамин сабаб соли 1910 императора Корея “бо ихтиёри худ” хокимияи давлатиро “абади” ба Чопон супорид. Чопон Кореяро ба генерал-губернатории худ табдил дод.

Империадизми Чопон ба вокеахои Европа ва чойхои дигари чахон бо чашмони харисонаи империалистии худ нигох мекард ва тайёр буд, ки дар таксимоти минбаъдаи чахон фаъолона иштирок кунад.

Ташкилёбии паймонхои харби. Тунисро ишгол кардани Фаронса Италияро водор намуд, ки сарфи назар аз мухолифатхои дар байни Италия ва мутлакияти Габбсбургхо чойдошта ба Германия наздик шавад. 20 майи соли 1882 Италия, Германия ва Австро-Венгрия дар байни худ Созишномаи харбй бастанд, ки он дар таърих “Иттифоки Сегона” ном гирифтааст. Мувофики шартномаи ин паймони харби дар сурати ба Италия хамла кардани Фаронса ду иштирокчии дигари паймон, яъне Германия ва Австро-Венгрия ба вай ёрии харби мерасониданд. Чунин ухдадориро Италия низ ба души худ гирифта буд, яъне дар сурати ба Германия хамла кардани Фаронса Италия ба вай дасти ёрй дароз мекард. Лекин Австро-Венгрия дар назди Германия чунин ухдадорй надошт. Сарфи назар аз ин, хар се ширкаткунандагони паймон бо хамдигар ёрии харбй ваъда карда буданд. Онхо ухдадор шуданд, ки дар сурати огози чанги яке аз онхо бар зидди ягон давлат ду давлати дигари аъзои паймон мавкеи бетарафиро ихтиёр мекунанд. Танхо чанги яке аз давлатхои Иттифоки Сегона бар зидди Фаронса истисно буд, Дар ин сурат ду-давлати дигари паймон ба давлати зидди Фаронса чангсаркарда ёрй мерасониданд. Хамин тарик “Иттифоки Сегона” ташкил ёфт.

Ба империадизми англис империадизми чавони Германия, ки акнун аз Англия пеш гузашта буд, сахт ракобат мекард. Молхои дар Германия истехсол кардашуда дар бозорхои чахони бо молхои англисй бомуваффакият ракобат мекарданд. Дар ин бобат Германия Англияро аз баъзе мамлакатхо фишор дода баровард.

Як вактхо Англия шохи бахру укёнусхои чахон буд. Акиун Дар он чо хам мавкеи Германия торафт пурзуртар шудан гирифт. Вай флоти харбй ва тичоратии пуриктидор ташкил кард. Аслиха ва сипохаш аз Англия бехтар буд. Империадизми Германия максад дошт, ки чахони таксимшударо ба фондам худ аз нав таксим куна, ва хатго хукмрони чахон шавад. Германия, пеш аз хама, ба Англис) касд дошт. Империализми Англия хам максади Германияро фахмида, ба чанг тайёрй медид. Лекин аз кувваи Германия метарсид. Аз хамин сабаб яккаву танхо бар зидди он чанг карданй набуд. Ба Англия иггифокчй лозим буд. Империалистони Фаронса ва Русия низ мехостанд, ки мавкеи ба даст даровардаи худро аз даст надода, аз таксимоти нави чахон хиссаи худро бигиранд ва нагузоранд, ки Германия хукмрони чахон шавад. Чунин максадхо ин се давлатро бо хам наздик карданд.

Соли 1904 аввал Англия бо хамрохии Фаронса бо номи “Антанта” (“вахдат”, “ризоият”) паймонн харбй баст. Тавассути ин созиш онхо чанчолхои байнихамдигариашонро хам хал карданд. Фаронса хукмронии Англияро дар Миср эътироф кард. Англия бошад, ба Фаронса имконият дод, ки Марокашро забт кунад.

Соли 1907 Англияю Русия хам бо хамдигар созишнома бастанд. Ин давлатхо хам аз созишнома истифода бурда, чанчолхои байнихамдигарии худро оиди Тибет ва Эрон маслихатомезона хал карданд. Онхо Эронро ба “минтакахои манфиати” худ таксим карданд: чануби Эрон минтакаи манфиати Англия ва шимоли он минтакаи манфиати Русия шуд. Хамон сол дар байни Англия, Фаронса ва Русия паймони харби баста шуд, яъне Русия ба “Антанта” дохил шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …