Главная / Гуногун / КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806; с. 2011, №12, мод. 839; с. 2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203; Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315)

havo

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ.. 1

Моддаи 1. Истиқлолияти фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиация. 1

Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1

Моддаи 5 бо ҚҶТ аз 26.12.11с., №775 хориҷ карда шуд. 1

Моддаи 6 бо ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1181 хориҷ карда шуд. 1

Моддаи 7. Муносибатҳое, ки қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад  1

Моддаи 8. Молу мулки авиатсия. 2

Моддаи 9. Сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ дар авиацияи гражданӣ. 2

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ. 2

Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат. 2

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ҲАВОӣ. 2

Моддаи 12. Истифодаи фазои ҳавоӣ. 2

Моддаи 13. Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ. 3

Моддаи 14. Афзалиятҳои давлатӣ дар истифодаи фазои ҳавоӣ. 3

Моддаи 15. Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ. 3

Моддаи 16. Сохтори фазои ҳавоӣ. 4

Моддаи 17. Иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ. 4

Моддаи 18. Манъ ё маҳдуд кардани истифодабарии фазои ҳавоӣ. 4

Моддаи 19. Назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАЦИЯ.. 4

Моддаи 20. Навъҳои авиация. 4

Моддаи 21. Авиацияи давлатӣ. 4

Моддаи 22. Авиацияи гражданӣ. 5

Моддаи 23. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи давлатӣ. 5

Моддаи 24. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ. 5

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАЦИЯИ ГРАЖДАНӢ.. 5

Моддаи 25. Мақоми махсуси ваколатдор, ки ба фаъолият дар соҳаи авиация граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ мебарад. 5

Моддаи 26. Мақомоти назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ. 5

Моддаи 27. Ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти бозрасҳои авиация. 5

Моддаи 28. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи бозрасҳои авиация ва хадамоти бозрасӣ. 5

БОБИ 5. КОРМАНДОНИ АВИАЦИЯ.. 5

Моддаи 29. Мафҳуми кормандони авиация. 6

Моддаи 30. Ба иҷрои фаъолият роҳ додани шахсоне, ки ба кормандони авиация мансубанд. 6

Моддаи 31. Дорои эътибор донистани сертификати (шаҳодатномаи) давлати хориҷӣ, ки ба корманди авиация дода шудааст. 6

БОБИ 6. ҲАЙАТИ ҲАВОПАЙМО.. 6

Моддаи 32. Ҳайати ҳавопаймо. 6

Моддаи 33. Сарнишини ҳавопаймо. 6

Моддаи 34. Ҳуқуқи командири ҳавопаймо. 7

Моддаи 35. Амали экипажи ҳавопаймо дар ҳолати фалокат. 7

Моддаи 36. Расонидани кўмак ба ҳавопаймо ва одамоне, ки дар хатар мебошанд. 7

БОБИ 7. ҲАВОПАЙМОҲО.. 7

Моддаи 37. Ҳавопаймоҳо. 7

Моддаи 38. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии ҳавопаймоҳо. 8

Моддаи 39. Талаботи қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири фаъолият дар соҳаи авиация. 8

Моддаи 40. Иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои давлатӣ ва гражданӣ. 8

Моддаи 41. Сертификацияи ҳавопаймоҳои гражданӣ. 9

Моддаи 42. Аломатҳое, ки ба ҳавопаймо гузошта мешавад. 9

БОБИ 8. АЭРОДРОМҲО, ФУРУДГОҲҲОИ ВА ИНШООТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ.. 10

Моддаи 43. Аэродром ва фурудгоҳҳои. 10

Моддаи 44. Бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва аэропортҳо. 10

Моддаи 45. Объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ. 10

Моддаи 46. Ҷудо кардани қитъаи замин ё сатҳи об. 11

Моддаи 47. Аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодабарии муштарак. 11

Моддаи 48. Сохтмон ва азнавсозии аэродромҳо, фурудгоҳҳои ва  объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ. 11

Моддаи 49. Сохтмон дар ҳудуди назди аэродром.. 11

Моддаи 50. Ҷойгиркунии объектҳои гуногун дар минтақаи аэродром.. 11

Моддаи 51. Сертификацияи аэродромҳо ва аэропортҳо, инчунин объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ. 12

Моддаи 52. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродромҳо ва аэропортҳо. 12

Моддаи 53. Аломатгузории биноҳо ва иншоот. 12

БОБИ 9. КОРХОНАҲОИ АВИАЦИОНӢ.. 12

Моддаи 54. Корхонаҳои авиационӣ ва истифодабаранда. 12

Моддаи 55. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиацияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13

Моддаи 56. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиацияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиацияи граждании хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ  13

Моддаи 57. Тарифҳо ва боҷҳо дар соҳаи авиацияи гражданӣ ва қоидаҳои фурўши санадҳои ҳамлу нақл  13

Моддаи 58. Назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродӣ. 14

БОБИ 10. ПАРВОЗ ҲАВОПАЙМОҲО.. 14

Моддаи 59. Ба парвози ҳавопаймо иҷозат додан. 14

Ба парвози ҳавопаймое иҷозат дода мешавад, ки аломатҳои давлатӣ ва бақайдгирӣ ё биҳисобгирию фарқкунанда дошта аз тайёрии зарурӣ гузаштааст ва дар борт санадҳои дахлдорро дорад. 14

Моддаи 60. Санадҳое, ки дар борти ҳавопаймо мавҷуданд. 14

Моддаи 61. Ба парвоз омода кардани ҳавопаймо ва ҳайати он. 14

Моддаи 62. Таъмини парвози ҳавопаймоҳо. 14

Моддаи 63. Нақшаи парвозиҳавопаймо. 15

Моддаи 64. Алоқаи радиоӣ бо ҳавопаймо. 15

Моддаи 65. Парвози ҳавопаймо аз болои маҳалҳои аҳолинишин. 15

Моддаи 66. Парвози намоишии ҳавопаймо. 15

Моддаи 67. Парвози ҳавопаймои суръати фавқуссадо дошта. 15

Моддаи 68. Аксбардорӣ, ба наворбаргирӣ ва дигар усулҳои таҳқиқи фосилавии замин аз борти ҳавопаймо. 15

Моддаи 69. Иҷораи каналҳои алоқа. 15

Моддаи 70. Истифодаи воситаҳои алоқаи таъиноти умумӣ. 16

Моддаи 71. Анҷом додани таъминоти радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи радиоӣ бо онҳо  16

БОБИ 11. ПАРВОЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАВОПАЙМОҲО.. 16

Моддаи 72. Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо. 16

Моддаи 73. Парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ. 16

Моддаи 74. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани санадҳои ҳавопаймо, ки дар борти ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷуданд. 17

Моддаи 75. Истифодаи қоидаҳои шиноснома, гумрук ва қоидаҳои дигар ҳангоми иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо. 17

БОБИ 12. БЕХАТАРИИ АВИАЦИЯ.. 17

Моддаи 76. Бехатарии авиация. 17

Моддаи 77. Таъмини бехатарии авиация. 17

Моддаи 78. Муоинаи пеш аз парвоз. 18

БОБИ 13. ҶУСТУҶЎ ВА НАҶОТДИҲӢ.. 18

Моддаи 79. Ҳавопаймое, ки ба фалокат дучор шуда истодааст ё ба фалокат гирифтор шудааст. 18

Моддаи 80. Бонги фалокат. 18

Моддаи 81. Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои онҳо. 19

Моддаи 82. Таъмини корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ. 19

Моддаи 83. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва минтақаи аэродром.. 19

Моддаи 84. Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои онҳо дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ. 20

Моддаи 85. Хабарҳо дар бораи ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда  20

Моддаи 86. Хабардоркунӣ дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда. 20

Моддаи 87. Қатъ намудани ҷустуҷўи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайати он  20

БОБИ 14. ТАҲҚИҚИ ҲОДИСА Ё ВОҚЕАИ АВИАЦИОНӢ.. 21

Моддаи 88. Мақсад ва тартиби таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ. 21

Моддаи 89. Ваколатҳои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ. 21

Моддаи 90. Нигаҳдории далелҳои моддӣ. 21

Моддаи 91. Таъмини корҳо дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ. 22

Моддаи 92. Маблағгузории корҳои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ. 22

БОБИ 15. ҲАМЛУ НАҚЛИ ҲАВОӢ.. 22

Моддаи 93. Ҳамлу нақлдиҳанда. 22

Моддаи 94. Ҳамлу нақли ҳавоӣ. 22

Моддаи 95. Иҷрои қоидаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ. 22

Моддаи 96. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот. 23

Моддаи 97. Шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ) 23

Моддаи 98. Санадҳои интиқол. 23

Моддаи 99. Хизматрасонӣ ва имтиёзоте, ки ба мусофирони ҳавопаймо пешниҳод карда мешаванд  23

Моддаи 100. Бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи интиқоли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор. 24

Моддаи 101. Бо ташаббуси мусофири ҳавопаймо қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир. 24

Моддаи 102. Мўҳлати расонидани бор. 25

Моддаи 103. Тағйир додани шартномаи интиқоли ҳавоии бор. 25

Моддаи 104. Гирифтани бор дар нуқтаи таъиншуда. 25

Моддаи 105. Нагирифтани бор. 25

Моддаи 106. Ҳамлу нақли ҳавоии борҳои хатарнок. 25

БОБИ 16. КОРҲОИ АВИАЦИОНӢ.. 25

Моддаи 107. Корҳои авиационӣ. 25

Моддаи 108. Шартнома дар бораи иҷрои корҳои авиационӣ. 26

БОБИ 17. МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛУ НАҚЛДИҲАНДА, ИСТИФОДАБАРАНДА ВА БОРФИРИСТАНДА   26

Моддаи 109. Асосҳои умумии масъулият. 26

Моддаи 110. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо. 26

Моддаи 111. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда”,  барои гамшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, ҳамчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд. 27

Моддаи 112. Андозаи масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд. 27

Моддаи 113. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои бо таъхир расонидани мусофир, бағоҷ ё бор. 27

Моддаи 114. Масъулияти борфиристанда. 28

Моддаи 115. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот. 28

Моддаи 116. Созишномаҳо дар бораи зиёд намудани ҳудуди масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда. 28

Моддаи 117. Тартиби пешниҳоди талабот дар ҳолати  вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот. 28

Моддаи 118. Шахсоне, ки дар сурати вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ҳуқуқи пешниҳоди талаботро доранд. 28

Моддаи 119. Мўҳлати пешниҳоди иддао ба ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ  29

Моддаи 120. Мўҳлати пешниҳоди эътироз ба ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми интиқоли ҳавоии байналмилалӣ. 29

Моддаи 121. Оғози мурури мўҳлати  даъво. 29

Моддаи 122. Масъулият барои зараре, ки ҳангоми бо ҳамдигар бархўрдани ҳавопаймоҳо расидааст  30

Моддаи 123. Андозаҳои масъулият барои зараре, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст  30

Моддаи 124. Суғуртаи ҳатмии масъулияти молики ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм.. 30

Моддаи 125. Суғуртаи ҳатмии ҳаёт ва саломатии аъзои ҳайати ҳавопаймо. 30

Моддаи 126. Суғуртаи ҳатмии масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо. 31

Моддаи 127. Суғуртаи ҳатмии масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда дар назди соҳиби бор ё борфиристанда  31

Моддаи 128. Суғуртаи ҳатмии масъулияти истифодабаранда ҳангоми корҳои авиационӣ. 31

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.. 31

Моддаи 129. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 31

Моддаи 130. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 31

 

 

Кодекси мазкур муносибатҳои вобаста ба истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти авиацияро ба тартиб дароварда, асосҳои амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар ин соҳа муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11г., № 775)

 

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Истиқлолияти фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истиснои давлат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти пурра ва истисноиро нисбати фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

 

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазифаҳои Кодекси мазкур танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиация

 

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиация маҷмўи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳарбӣ ва дигарро дар бар гирифта, чораҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

таъмини амният ва истифодаи оқилонаи фазои ҳавоӣ;

таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;

такмили фаъолият дар соҳаи авиация;

ҳамкории мутақобилаи судбахш бо давлатҳои хориҷӣ оиди истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиация.

 

Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 5 бо ҚҶТ аз 26.12.11с., №775 хориҷ карда шуд.

Моддаи 6 бо ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1181 хориҷ карда шуд.

 

Моддаи 7. Муносибатҳое, ки қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад

 

Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, муносибатҳое, ки бо фаъолият дар соҳаи авиация дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, инчунин муносибатҳоеро, ки аз парвози ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, агар қонунҳои кишваре, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ накрада бошанд ва муносибатҳоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 8. Молу мулки авиатсия

 

Молу мулки авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳое, ки барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо пешбинӣ шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта метавонад.

Молу мулки авиатсияи давлатӣ ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ танҳо дар шакли моликияти давлатӣ буда метавонанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти шахсиашон ҳавопаймоҳои гражданӣ дошта бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 9. Сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ дар авиацияи гражданӣ

 

Шахсони ҳуқуқӣ – корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони алоҳида, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиациониро иҷро ва таъмин мекунанд; шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиациониро анҷом медиҳанд; аэродромҳо, фурудгоҳҳо; муассисаҳои таълимӣ, ки мувофиқи феҳристи вазифаҳои кормандони авиация мутахассисонро дар сатҳи дахлдор тайёр мекунанд; ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳои авиационӣ, парраҳои ҳавоӣ, таҷҳизоти дохилӣ ва заминии ҳавопаймоҳо ва объектҳои дигар, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо мустақиман бо таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ё бехатарии авиационӣ вобаста мебошад, ба таври ҳатмӣ мавриди сертификация қарор дода мешаванд.

Кормандони авиация ба таври ҳатмӣ аз аттестация мегузаранд.

Сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдоре сурат мегирад, ки ташкил ва гузаронидани сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст. Талаботи гузаронидани сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ ва тартиби гузаронидани онҳо, ки бо Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, бояд аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҳатман риоя карда шаванд.

Гузаронидани сертификацияи ҳатмӣ пулакӣ мебошад.

 

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ

 

Фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат

 

Амали сертификат аз тарафи мақоме, ки сертификатро додааст, мумкин аст боздошта шавад, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба амали он маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Сертификат аз тарафи мақоме, ки ин ҳуҷҷатро додааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бекор карда шавад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ҲАВОӣ

 

Моддаи 12. Истифодаи фазои ҳавоӣ

 

Истифодаи фазои ҳавоӣ фаъолияте мебошад, ки дар ҷараёни он дар фазои ҳавоӣ ҳаракати объектҳои гуногуни моддӣ (тайёраҳо, ракетаҳо ва объектҳои дигар) сурат мегирад, инчунин фаъолиятҳои дигар (сохтмони иншооти баландошёна, фаъолияте, ки дар ҷараёни он шуодиҳии электромагнитӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд, ба ҳаво партофтани моддаҳое, ки диданро душвор мегардонанд, гузаронидани корҳои таркониш ва монанди инҳо) иҷро карда мешавад, ки ба бехатарии ҳаракати ҳавоӣ таҳдид карда метавонад.

Истифодабарандагони фазои ҳавоӣ-шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо ба тартиби муқарраршуда ҳуқуқи иҷрои фаъолият оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ дода шудааст.

 

Моддаи 13. Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ

 

Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ аз тарафи давлат муқаррар карда шудани қоидаҳои умумии чунин фаъолият, инчунин масъулият барои риояи онҳо мебошад.

Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти зерин сурат мегирад:

1) мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа – танзими пурраи давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ;

2) мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ – танзими давлатии фаъолият оид ба истифодаи он қисми фазои ҳавоӣ, ки ба тартиби муқарраршуда барои роҳҳои ҳавоӣ (дохилӣ ва байналмилалӣ), хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиационӣ, аэродрому фурудгоҳҳои гражданӣ муайян карда шудааст.

 

Моддаи 14. Афзалиятҳои давлатӣ дар истифодаи фазои ҳавоӣ

 

Ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳуқуқи баробари истифодаи онро доранд. Дар сурати ба вуҷуд омадани зарурати истифодаи ҳамзамони фазои ҳавоӣ аз тарафи истифодабарандагон мутобиқи афзалиятҳои давлатӣ бо тартиби зерин дода мешавад:

1) зада гардонидани ҳуҷуми ҳавоӣ, пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба вайронкунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамлаи мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) расонидани кўмак ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техникӣ;

3) ба замин шинондан, ҷустуҷў намудан ва ба ҷои дигар кўчонидани таҷҳизоти кайҳонӣ ва экипажҳо;

4) пешгирӣ намудан ва роҳ надодани вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо, аз ҷумла ба манфиати иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

6) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки мутобиқи шартномаҳои махсус анҷом дода мешавад;

7) иҷрои парвози ҳавопаймоҳои авиацияи давлатӣ ҳангоми санҷишҳои ногаҳонии омодагии ҷангӣ, ҳамчунин ҳангоми ба ҷои дигар кўчонидани қисмҳо ва воҳидҳои авиацияи давлатӣ;

8) иҷрои парвози ҳавопаймоҳои авиацияи давлатӣ;

9) иҷрои ҳамлу нақли мунтазами ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот;

10) иҷрои ҳамлу нақли ғайримунтазами ҳавоӣ, иҷрои корҳои авиационӣ;

11) гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, варзишӣ, намоишӣ ва чорабиниҳои дигар;

12) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки ба мақсади қонеъ кунонии талаботи шаҳрвандон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ

 

Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ таъмини ҳаракати бехатарӣ, сарфакорона, мунтазами ҳавоӣ ва фаъолияти дигарро доир ба истифодаи фазои ҳавоӣ пешбинӣ менамояд. Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ аз инҳо иборат аст:

  • муқаррар намудани сохтори фазои ҳавоӣ;

2) банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодабарии фазои ҳаво мутобиқи афзалиятҳои давлатие, ки бо моддаи 14 ҳамин Кодекс муқаррар карда шудаанд;

3) таъмини тартиби иҷозатдиҳанда истифодабарии фазои ҳавоӣ;

4) ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ки инҳоро дарбар мегирад: хизматрасонии (идоракунии) ҳаракати ҳавоӣ:

ташкили самтҳои ҳаракати ҳавоӣ;

ташкили фазои ҳавоӣ ба мақсади таъмини хизматрасонии (идоракунии) ҳаракати ҳавоӣ ва ташкили самтҳои ҳаракати ҳавоӣ;

5) назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин аз тарафи мақомоти истифодабарандаи фазои ҳавоӣ – мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) дар минтақаҳо ва ноҳияҳои барои онҳо муқарраршуда ба тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Сохтори фазои ҳавоӣ

 

Сохтори фазои ҳавоӣ минтақаҳо, ноҳияҳо ва хатҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (роҳҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва монанди инҳо), минтақаҳои аэродромҳо ва нуқтаҳои ҳавоӣ, минтақаҳои махсус ва хатҳои сайри парвози ҳавопаймоҳо, минтақаҳои мамнўъ, минтақаҳои хатарнок (минтақаҳои озмоишгоҳҳо, корҳои таркониш ва монанди инҳо), минтақаҳои маҳдуди парвози ҳавопаймоҳо ва дигар унсурҳои сохтори фазои ҳавоиро, ки барои анҷом додани фаъолият дар фазои ҳавоӣ муқаррар карда шудаанд, дарбар мегирад. Сохтори фазои ҳавоӣ ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 17. Иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ

 

Истифодабарии фазои ҳавоӣ дар асоси иҷозати мақоми системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бо огоҳонидани ҳатмии мақоми системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар ин бора сурат мегирад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 1-4 қисми дуюми моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 18. Манъ ё маҳдуд кардани истифодабарии фазои ҳавоӣ

 

Истифодабарии фазои ҳавоӣ ё минтақаҳои алоҳидаи он метавонад ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шавад.

 

Моддаи 19. Назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа оид ба ошкор намудани ҳавопаймоҳои вайронкор, ҳамчунин мақомоти истифодакунандаи фазои ҳавоӣ – мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) дар минтақаҳо ва ноҳияҳои барои онҳо муқарраршуда сурат мегирад.

Мақомоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда, инчунин истифодабарандагони фазои ҳавоӣ вазифадоранд, ки барои пешгирӣ ва (ё) роҳ надодан ба вайронкориҳои қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

 

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 20. Навъҳои авиация

 

Авиация ба ду навъ тақсим мешавад: давлатӣ ва гражданӣ.

 

Моддаи 21. Авиацияи давлатӣ

 

Авиацияе, ки барои анҷом додани хизмати ҳарбӣ, сарҳадӣ, милиция, гумрук ва дигар хизмати давлатӣ, инчунин барои иҷрои вазифаҳои сафарбарию мудофиавӣ истифода бурда мешавад, ба авиацияи давлатӣ мансуб аст.

Истифодаи авиацияи давлатӣ ба мақсадҳои тиҷоратӣ ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 22. Авиацияи гражданӣ

 

Авиацияе, ки ба мақсадҳои таъмини талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёт истифода бурда мешавад, ба авиацияи гражданӣ мансуб аст.

Авиацияи граждание, ки барои ҳамлу нақлӣ ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилот ва корҳои авиационии пулакӣ истифода бурда мешавад, ба авиацияи граждании тиҷоратӣ мансуб аст.

Авиацияи граждание, ки бепул истифода бурда мешавад, ба авиацияи таъиноти умумӣ мансуб аст.

 

Моддаи 23. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи давлатӣ

 

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи давлатӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ

 

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ дар ҳудуди муқаррарнамудаи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАЦИЯИ ГРАЖДАНӢ

 

Моддаи 25. Мақоми махсуси ваколатдор, ки ба фаъолият дар соҳаи авиация граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ мебарад

 

Назорати давлатиро ба фаъолият дар соҳаи авиацияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, амалӣ мегардонад.

Низомномаи мақоми махсуси ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд,

 

Моддаи 26. Мақомоти назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ

 

Барои назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиацияи гражданӣ Идораи авиацияи граждании (Департаменти авиацияи граждании) Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти бозрасӣ таъсис медиҳад.

Сохтор ва вазифаҳои хадамоти бозрасӣ бо пешниҳоди Идораи авиацияи граждании (Департаменти авиацияи граждании) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти бозрасҳои авиация

 

Ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти бозрасҳои авиацияро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи бозрасҳои авиация ва хадамоти бозрасӣ

 

Талаботи бозрасҳои авиация ва хадамоти бозрасӣ, ки дар асоси гузаронидани тафтишот ба миён гузошта шудаанд, аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бояд ҳатман иҷро карда шаванд.

 

БОБИ 5. КОРМАНДОНИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 29. Мафҳуми кормандони авиация

 

Шахсоне, ки дорои омодагии махсус ва сертификат (шаҳодатнома) буда, фаъолиятро оид ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ё бехатарии авиационӣ, ҳамчунин фаъолиятро оид ба ташкил, иҷро, таъмин ва хизматрасонии ҳамлу нақлӣ ҳавоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо, корҳои авиационӣ, ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ, ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ анҷом медиҳанд, ба кормандони авиация мансуб мебошанд.

Феҳристи мансабҳои кормандони авиация аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Кормандони авиация аз кормандони авиацияи давлатӣ ва авиацияи гражданӣ иборатанд.

 

Моддаи 30. Ба иҷрои фаъолият роҳ додани шахсоне, ки ба кормандони авиация мансубанд

 

Шахсоне, ки ба кормандони авиацияи давлатӣ мансубанд, ба иҷрои фаъолият дар сурати доштани шаҳодатнома роҳ дода мешаванд.

Шахсоне, ки ба ҷумлаи кормандони авиацияи гражданӣ мансубанд, ба иҷрои фаъолият дар сурати доштани сертификат (шаҳодатнома) роҳ дода мешаванд.

Талабот нисбати кормандони авиацияи гражданӣ бо Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Назорати давлатӣ ба фаъолияти кормандони авиация аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 31. Дорои эътибор донистани сертификати (шаҳодатномаи) давлати хориҷӣ, ки ба корманди авиация дода шудааст

 

Сертификати (шаҳодатномаи) давлати хориҷӣ, ки ба корманди авиация дода шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте дорои эътибор дониста мешавад, ки ин сертификат (шаҳодатнома) ба меъёрҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат дошта бошад.

 

БОБИ 6. ҲАЙАТИ ҲАВОПАЙМО

 

Моддаи 32. Ҳайати ҳавопаймо

 

Ҳайати ҳавопаймо аз ҳайати парвозкунанда (командири ҳавопаймо ва дигар шахсони ҳайати парвозкунанда) ва ҳайати кабина (операторони борт ва роҳбаладони борт) иборат аст. Агар ҳайати парвозкунанда аз ҳайати ҳадди ақали муқарраршуда камтар бошад, ба парвози ҳавопаймо иҷозат дода намешавад.

Ҳайати ҳавопаймои навъи муайян мутобиқи талаботи истифодабарии ҳавопаймои навъи мазкур дар парвоз муқаррар карда мешавад.

Ба ҳайати парвозкунандаи авиацияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда метавонанд, агар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 33. Сарнишини ҳавопаймо

 

Сарнишини ҳавопаймо шахсе мебошад, ки сертификати (шаҳодатномаи) амалкунандаи пилот (лётчик), инчунин тайёрӣ ва таҷрибаи зарурӣ барои идоракунии мустақилонаи навъи муайяни ҳавопаймо дорад.

Сарнишини ҳавопаймо ба кори ҳайати ҳавопаймо роҳбарӣ мекунад, барои тартибу интизом дар ҳавопаймо ҷавобгар аст, инчуин оид ба таъмини бехатарии одамони дар ҳавопаймобуда, муҳофизати ҳавопаймо ва молу мулки дар он буда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Моддаи 34. Ҳуқуқи командири ҳавопаймо

 

Сарнишини ҳавопаймо ҳуқуқ дорад:

1) дар бораи оғози парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймо, инчунин оид ба қатъи парвоз ва баргаштан ба аэродром ё доир ба фуруд омадани маҷбурӣ дар сурати таҳдиди ошкор ба беҳтарин парвози ҳавопаймо бо мақсади наҷоти ҳаёти одамон, пешгирии зарар ба муҳити зист қарори ниҳоӣ қабул кунад. Чунин қарорҳо бо дигар кардани нақшаи парвоз, дастурҳои мақоми дахлдори системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ва супориш барои парвоз бо огоҳонидани ҳатмии мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва аз рўи имкон мутобиқи қоидаҳои муқарраршудаи парвоз қабул карда шуда метавонанд;

2) бо мақсади таъмини бехатарии парвози ҳавопаймо ба ҳар шахси дар ҳавопаймобуда амр диҳад ва иҷрои онро талаб намояд. Сарнишини ҳавопаймо ҳуқуқ дорад нисбат ба шахсоне, ки бо кирдори худ барои бехатарии парвози ҳавопаймо таҳдиди бевосита ба вуҷуд меоранд ва аз иҷрои амрҳои комнадири ҳавопаймо саркашӣ мекунанд, ҳамаи тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои маҷбурсозиро андешад. Баъди расидани ҳавопаймо ба аэродроми наздиктарин, командири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки чунин шахсонро аз ҳавопаймо фарорад ва дар сурати содир намудани кирдоре, ки аломатҳои ҷиноят дорад, онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад;

3) дар бораи рехтани сўзишворӣ дар ҷараёни парвоз, партофтани бағоҷ, бор ва муросилот, агар ин амал барои таъмини бехатарии парвози ҳавопаймо ва фуруд омадани он зарур бошад, қарор қабул кунад. Дар сурати мавҷуд набудани хадамоти дахлдори бехатарии авиационӣ, командири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки пеш аз парвоз шахсон ва объектҳои дар моддаи 80 ҳамин Кодекс зикршударо тафтиш намояд;

4) оид ба таъмини анҷоми бехатари парвози ҳавопаймо тадбирҳои дигар андешад.

Дар сурати нишастани маҷбурии ҳавопаймо командириҳавопаймо ба амали шахсоне, ки дар ҳавопаймо қарор доранд, то ба намояндагони хадамоти ҷустуҷў ва наҷоти ҳавопаймо супоридани салоҳияти худ роҳбарӣ мекунад.

 

Моддаи 35. Амали экипажи ҳавопаймо дар ҳолати фалокат

 

Агар ҳавопаймо ба фалокат дучор шуда истода бошад ё гирифтори фалокат гардида бошад, командири ҳавопаймо ва дигар аъзоёни ҳайати ҳавопаймо ўҳдадоранд, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамони дар ҳавопаймобуда, инчунин дар бобати таъмини ҳифзи ҳавопаймо ва молу мулки дар он буда тамоми тадбирҳоро андешанд.

 

Моддаи 36. Расонидани кўмак ба ҳавопаймо ва одамоне, ки дар хатар мебошанд

 

Сарнишини ҳавопаймое, ки бонги фалокатро аз дигар ҳавопаймои ба фалокат дучоршудаистода ё ба фалокат гирифторшуда қабул кардааст, минтақаи офати экологӣ ё одамони дар хатар қарордоштаро ошкор намудааст, ўҳдадор аст, ки ба онҳо кўмак расонад, агар ин амал ба ҳавопаймо, мусофирон ва экипажи ба ў супоридашуда хатарнок набошад, дар нақша маҳалли (минтақаи) фалокатро қайд намояд ва дар ин бобат ба мақоми хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) хабар диҳад.

 

БОБИ 7. ҲАВОПАЙМОҲО

 

Моддаи 37. Ҳавопаймоҳо

 

Ҳавопаймо – дастгоҳи парвозкунанда мебошад, ки дар атмосфера аз ҳисоби амали дутарафаи ҳавое, ки он аз ҳавои сатҳи замин ва ҳавои сатҳи об фарқ мекунад, нигоҳ дошта мешавад.

Ҳавопаймои босарнишин – ҳавопаймое, ки ҳангоми парвоз аз ҷониби сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Ҳавопаймои бесарнишин – дастгоҳ, ҳавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда парвоз мекунад ва ба таври фосилавӣ идора карда мешавад  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Системаи авиатсионии бесарнишин – ҳавопаймо ва ҷузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

 

Моддаи 38. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии ҳавопаймоҳо

 

Ҳавопаймоҳое, ки барои иҷрои парвоз таъин шудаанд, бояд бо тартиби зерин аз қайди давлатӣ гузаранд:

ҳавопаймоҳои давлатӣ – бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа;

ҳавопаймоҳои гражданӣ – дар Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани шаҳодатномаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо ё дар Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании давлати хориҷӣ, бо шарти бастани созишнома доир ба нигаҳдории қобилияти парвози онҳо байни давлати истифодабаранда ва давлати бақайдгиранда, аз қайди давлатӣ гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи ҳавопаймоҳои гражданӣ дар сурати доштани сертификат дар бораи қобилияти парвоз (гувоҳномаҳо дар бораи қобили парвоз будан) ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

Тартиб додани Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Регистри давлатии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, вогузор аст.

Ҳавопаймое, ки ба тартиби муқарраршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ ва ҳисоби давлатӣ гирифта шудааст, дорои мансубияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Маълумот дар бораи ҳавопаймои гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд:

аз ҳисоб баровардани ҳавопаймои гражданӣ ё аз истифода хориҷ кардани он;

фурўши ҳавопаймои гражданӣ ё мувофиқи дигар асосҳои қонунӣ ба давлати хориҷӣ, инчунин ба шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи моликият ба он, ба шарти баровардани ҳавопаймои гражданӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вайрон карда шудани талаботи бақайдгирии ҳавопамои гражданӣ.

Ҳангоми аз Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани маълумот дар бораи ҳавопаймои гражданӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ин ҳавопаймо эътиборихудро гум мекунад ва бояд ба мақоме, ки шаҳодатномаи мазкурро додааст, баргардонида шавад.

Қоидаҳои бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии ҳавопаймоҳо аз тарафи мақоми дахлдори махсуси ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

Қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Хизматрасонӣ дар бобати бақайдгирии джавлатии ҳавопаймои гражданӣ пулакӣ мебошад. Андозаи боҷ ва тартиби ситонидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқи молумулкӣ ба ҳавопаймо, маҳдуд гардонидани ҳуқуқи мазкур, пайдо шудани онҳо, гузариш ва қатъ гардидани онҳо, ҳамчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатӣ ва асосҳо барои рад намудани бақайдгирии давлатии ҳавопаймо ва аҳдҳои бо он вобаста мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

Дар сурати ба гарав гузоштани ҳавопаймои гражданӣ маълумот дар бораи гарав бяод ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

 

Моддаи 39. Талаботи қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири фаъолият дар соҳаи авиация

 

Талаботи қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири фаъолият дар соҳаи авиация (минбаъд – талабот доир ба қобилияти парвоз ва ҳифзи муҳити зист) бо Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва иҷрои онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки дар қабул, истифодабарӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои гражданӣ иштирок мекунанд, ҳатмист.

 

Моддаи 40. Иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои давлатӣ ва гражданӣ

 

Иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа сурат мегирад.

Истифодабарии ҳавопаймоҳои гражданӣ дар сурати мавҷудияти сертификатҳо дар бораи қобилияти парвоз (гувоҳномаҳо дар бораи қобили парвоз будан), ки дар асоси сертифакати навъ (шаҳодатнома дар бораи қобили истифода будан) дода шудаанд ва мутобиқати ин ҳавопаймоҳоро бо талабот доир ба қобилияти парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад.

Тартиби додани иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои гражданӣ аз ҷумла ба шарти кироя, тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 41. Сертификацияи ҳавопаймоҳои гражданӣ

 

Сертификацияи ҳавопаймоҳои гражданӣ мутобиқи Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талабот ва қоидаҳои гузаштани сертификацияро муқаррар мекунад, анҷом дода мешавад. Агар дар ҷараёни гузаронидани сертификация муқаррар гардад, кеи ҳавопаймоҳои ба сертификация пешниҳодшуда бо талабот доир ба қобилияти парвоз ва ҳифзи муҳити зист мутобиқат доштан ва мувофиқати сохтмони онҳо ҳамчун сохтмони намунавӣ ба типашон эътироф шудааст, сертификация бо додани сертификат анҷом меёбад.

Сертификати навъ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре дода мешавад, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст.

Риояи қоидаҳои истифодабарии парвоз ва хизматрасонии техникии ҳавопаймои гражданӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии ҳавопаймои граждании навъи муайян пешбинӣ гардидаанд ва нигаҳдории қобилияти парвози ҳавопайморо таъмин мекунанд, ба зиммаи истифодабаранда вогузор аст.

Ҳангоми аз тарафи истифодабаранда вайрон карда шудани қоидаҳои дар қисми сеюми ҳамин моддаи зикршуда, инчунин дар сурати ошкор гардидани ҳолати хилофи меъёрҳои бехатарӣ будани ҳавопаймои гражданӣ, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ ҳуқуқ дорад, ки дар истифодаи ҳавопаймои додашуда маҳдудият ҷорӣ намояд ё истифодаи онро боздорад.

Назорати давлатӣ ба қобили парвоз будани ҳаопаймоҳои гражданӣ дар давраи истифодаи онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст, инчунин аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ сурат мегирад.

Истифодабарандагон вазифадоранд ба мақоми махсуси ваколатдор, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст, маълумот дар бораи ҳолати техникии техникаи авиация ва хусусиятҳои истифодабарии он пешниҳод намоянд. Таркиби маълумот ва тартиби пешниҳоди онҳо бо Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ҳавопаймоҳои граждание, ки дар давлати хориҷӣ истеҳсол шуда, барои истифодабарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд, мутобиқи Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификация гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 42. Аломатҳое, ки ба ҳавопаймо гузошта мешавад

 

Ҳангоми ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани маълумотҳо дар бораи ҳавопаймоҳои гражданӣ ба он ҳавопаймоҳо аломатҳои тафриқаи давлатӣ ва бақайдгирӣ дода шуда, онҳо ба ҳавопаймо нақш карда мешаванд.

Ба ҳавопаймоҳои давлатӣ аломатҳои тафриқаи рақамӣ гузошта мешаванд.

Ба ҳавопаймоҳои таъиноти хизмати тиббӣ-санитарӣ ғайр аз ин тасвири салиби сурх ё ҳилоли аҳмар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№775)

Ба ҳавопаймоҳои гражданӣ ғайр аз аломатҳои тафриқаи давлатӣ ва бақайдгирӣ бояд тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рамзҳои ба тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташуда нақш карда шаванд.

Тартиби ба ҳавопаймоҳои давлатӣ нақш кардани аломатҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар карда мешавад.

Аломатҳои давлатӣ ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои гражданӣ, инчунин тартиби нақш кардани онҳо ва рамзҳо аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 8. АЭРОДРОМҲО, ФУРУДГОҲҲОИ ВА ИНШООТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ

 

Моддаи 43. Аэродром ва фурудгоҳҳои

 

Аэродром – қитъаи замин ё сатҳи об бо биноҳо, иншоот ва таҷҳизотест, ки барои парвоз кардан, фуруд омадан, идора кардан ва таваққуфи ҳавопаймоҳо таъин шудааст.

Аэродром ду навъ мешавад: аэродроми авиаиция давлатӣ ва аэродроми авиацияи гражданӣ.

Аэропорт – маҷмўи иншоотест, ки аз аэродром, аэровокзал, дигар иншооте, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, хизматрасонии ҳамлу нақлӣ ҳавоӣ иборат аст ва барои ин мақсадҳо таҷҳизот, кормандони авиация ва дигар кормандони заруриро дорад.

Аэропорти байналмилалӣ – аэропортест, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, ки ҳамлу нақлӣ байналмилалии ҳавоиро анҷом медиҳад ва дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ ва дигар навъҳои назорат сурат мегиранд, кушода аст.

Қарор дар бораи кушодани аэродром барои иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо ё аэропорти байналмилалӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Тартиби кушодан ё бастани аэродром ё фурудгоҳҳо тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 44. Бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва аэропортҳо

 

Аэродромҳои авиацияи давлатӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта, маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи давлатии аэродромҳои авиацияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд. Тартибдиҳии феҳристи мазкур ба зиммаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа вогузор мегардад.

Аэродромҳо ва аэропортҳои гражданӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маълумот дар бораи онҳо фақат дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои (шаҳодатномаҳои) қобили истифода будани онҳо мутобиқан ба Феҳристи давлатии аэродромҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии аэропортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд. Тартибдиҳии феҳристҳои зикршуда ба зиммаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ вогузор мегардад.

Маълумот дар бориа аэродром ё аэропортҳои гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз феҳристҳои дахлдори давлатӣ хориҷ карда мешаванд:

вайрон карда шудани талаботи бақайдгирии давлатии аэродром ё аэропорти гражданӣ ва талаботи таъмини истифодабарии бехатарии онҳо;

дар асоси аризаи шахсе, ки аэродром ё аэропорти гражданиро ба қайд гирифтааст.

Дар сурати аз феҳристҳои дахлдори давлатӣ хориҷ карда шудани маълумот доир ба аэродром ё аэропорт истифодабарии аэродром ё аэропорт боздошта мешавад, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии аэродром ё аропорт эътибори худро гум мекунад ва бояд ба мақоме, ки бақайдгирии давлатии аэродром ё аэропортро анҷом медиҳад, баргардонида шавад.

Бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи гражданӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№775)

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқи молумулкӣ ба аэродром ё аэропорт, маҳдуд кардани ин ҳуқуқ, ба вуҷуд омадан, гузариш ва қатъи онҳо, ҳамчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба аэродром ё аэропорт ё асос барои рад кардани онҳо ва аҳдҳои ба онҳо вобаста мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 45. Объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

 

Комплекси биноҳо, иншоот, хатҳои алоқа, инчунин воситаҳо ва системаи заминии хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, навигация ба замин шинондан ва робита, ки барои ташкили ҳаракати ҳавоӣ таъин шудаанд, объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мебошанд.

Номгўи объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 46. Ҷудо кардани қитъаи замин ё сатҳи об

 

Ҷудо кардани қитъаи замин барои аэродром ё барои объекти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин сурат мегирад.

Ҷудо кардани сатҳи об барои аэродром мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об сурат мегирад.

Ҷудо кардани қитъаи замин ё сатҳи об барои аэродром, фурудгоҳҳо ё объекти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бо назардошти хусусиятҳои экологии маҳал сурат мегирад.

 

Моддаи 47. Аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодабарии муштарак

 

Аэродроми ҷойгиршавии муштарак – аэродромест, ки дар он ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ якҷоя ҷойгир мешаванд.

Феҳристи аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак аз тарафт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Аэродроми истифодабарии муштарак – аэродроми авиацияи давлатист, ки дар он оғози парвоз, фуруд омадан, идоракунӣ ва таваққуфи ҳавопаймоҳои граждание, ки парвозро аз рўи ҷадвал анҷом медиҳанд, сурат мегирад ва онҳо ҳуқуқ надоранд дар ин аэродром қароргоҳ дошта бошанд. Қарорҳо дар бораи истифодабарии муштараки аэродроми авиацияи давлатӣ мақоми махсуси ваколатдоре, ки аэродроми мазкур дар ихтиёри он мебошад, қабул мекунад.

Истифодабарии аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва истифодабарии муштарак дар асоси шартномаҳо сурат мегирад.

Аэродромҳои ҷойгиршавии муштараки ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ ва аэродромҳои истифодабарии муштарак бояд ба талаботе, ки нисбати аэродромҳои гражданӣ пешниҳод карда мешаванд, ҷавоб дода тавонанд.

 

Моддаи 48. Сохтмон ва азнавсозии аэродромҳо, фурудгоҳҳои ва  объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

 

Сохтмон ва азнавсозии аэродромҳо, фурудгоҳҳои ва объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бояд бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

Моддаи 49. Сохтмон дар ҳудуди назди аэродром

 

Лоиҳакашӣ, сохтмон ва васеъкунии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ва деҳот, ҳамчунин сохтмон ва азнавсозии иншооти саноатӣ, кишоварзӣ ва иншооти дигар дар ҳудуди назди аэродромҳо бояд бо риояи талаботи бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, бо дарназардошти оқибатҳои имконпазири манфии таҷҳизоти аэродром ва парвози ҳавопаймоҳо ба саломатии шаҳрвандон ва фаъоияти шахсони ҳуқуқӣ ва бо мувофиқаи соҳиби аэродром анҷом дода шавад.

 

Моддаи 50. Ҷойгиркунии объектҳои гуногун дар минтақаи аэродром

 

Дар минтақаи аэродром ҷойгир кардани биноҳо, иншоот, ахтҳои алоқа, ахтҳои интиқоли барқ, объектҳои радиотехникӣ ва объектҳои дигаре, ки метавонанд  ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таҳдид кунанд ё ба кори таҷҳизоти радиотехникие, ки дар аэродром гузошта мешаванд халал расонанд, бояд бо соҳиби аэродром мувофиқа карда шавад ва мутобиқи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.

Ҷойгиркунии хатҳои алоқа ва хатҳои интиқоли барқ, иншооти таъиноти гуногун дар минтақаи амали системаҳои фурудоӣ, дар наздикии объектҳои радиолокация ва радионавигацияи барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо таъиншуда ва ҷойгиркунии объектҳои шуодиҳанда бояд бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ, мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

 

Моддаи 51. Сертификацияи аэродромҳо ва аэропортҳо, инчунин объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

 

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳое, ки ба мақсадҳои авиацияи гражданӣ истифода мешаванд, бояд ҳатман сертификация карда шаванд. Тартиби сертификацияи аэродромҳо ва аэропортҳо, таҷҳизоти онҳо ва номгўи ин таҷҳизот тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Талабот нисбат ба аэродромҳо ва аэропортҳо тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар лоиҳакашӣ, сохтмон, қабулкунӣ, истифодабарӣ ва таъмири ин аэродромҳо ва аэропортҳо иштирок мекунанд, ҳатмист.

Таҷҳизоти радиотехникӣ, равшанидиҳӣ ва обу ҳавосанҷие, ки дар аэродромҳои гражданӣ, аэродромҳои муштараки ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ ва аэродромҳои истифодабарии муштарак, инчунин объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ гузошта шудаанд, бояд ба талаботи қобили истифода будан ҷавобгўй бошанд, ки он бо сертификати дахлдори қобили истифода будан тасдиқ карда мешавад.

Назорати давлатӣ ба мутобиқати аэродром ва аэропортҳо ба талаботи нисбат ба онҳо пешниҳодшаванда аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии аэродромҳо ва аэропортҳои гражданӣ ба тартиби муқарраршуда вогузор гардидааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 52. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродромҳо ва аэропортҳо

 

Хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродромҳо ва фурудгоҳҳо, бояд бо шароити якхела таъмин карда шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо метавонанд бинобар шароити техникӣ ё обу ҳаво, ки ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таҳдид мекунанд ё мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва гуселонидан баста бошанд.

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо дар замони ҷанг ва (ё) ҳангоми ҷорӣ намудани вазъияти ҳарбӣ, ҳолати фавқулодда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 53. Аломатгузории биноҳо ва иншоот

 

Соҳибони биноҳо ва иншоот, хатҳои алоқа, хатҳои интиқоли барқ, таҷҳизоти радиотехникӣ ва объектҳои дигар ба мақсади таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо вазифадоранд, ки мутобиқи Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар объектҳои мазкур аз ҳисоби худ аломатҳо ва олотҳои фарқкунанда шинонанд.

Дар минтақаи аэродромҳо шинондани аломатҳо ва олотҳо, ки ба аломатҳо ва олотҳои фарқкунандаи барои аэродромҳо қабулшуда монанд мебошанд, манъ аст.

 

БОБИ 9. КОРХОНАҲОИ АВИАЦИОНӢ

 

Моддаи 54. Корхонаҳои авиационӣ ва истифодабаранда

 

Дар Кодекси мазкур таҳти мафҳуми корхонаи авиационӣ шахси ҳуқуқие дар назар дошта мешавад, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти худ, мақсади асосии фаъолияташ ҳамлу нақле пулакии мусофирон, абғоҷ, борҳо, муросилот ва (ё) иҷрои корҳои авиационӣ мебошад.

Таъсиси корхонаи авиационӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати сармояи хориҷӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар ҳиссаи ширкати сармояи хориҷӣ аз чилу нўҳ фоизи сармояи оинномавии корхонаи авиационӣ зиёд набуда, роҳбари он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва миқдори шаҳрвандони хориҷӣ дар мақоми роҳбарикунандаи корхонаи ҳавонавардӣ аз сеяки ҳайати мақоми роҳбарикунанда зиёд набошад.

Истифодарабанда – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқие мебошад, ки ҳавопайморо бо ҳуқуқи моликият, бо шароити кироя ё бо дигар асоси қонунӣ дар ихтиёр дорад, ҳавопаймои мазкурро барои парвоз истифода мебарад ва сертификати (шаҳодатнома) истифодабаранда дорад.

Ба мақсадҳои авиацияи давлатӣ истифода шудани ҳавопаймо аз тарафи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ўҳдадор намесозад, ки шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ сертификати (шаҳодатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаҳодатнома) дошта бошад.

 

Моддаи 55. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиацияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани  иҷозатномаи мутобиқи моддаи 10 ҳамин Кодекс гирифташуда ҳуқуқ доранд дар соҳаи авиация фаъолияти тиҷоратиро иҷро намоянд. . (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№775)

 

 

Моддаи 56. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиацияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиацияи граждании хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ

 

Корхонаҳои авиационии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки дар соҳаи авиацияи гражданӣ ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст фаъолияти тиҷоратиро иҷро намоянд.

Ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани ҳамлу нақле байналмилалӣ ва (ё) иҷрои корҳои авиационӣ корхонаҳои авиационии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ бояд  иҷозатномаи  дахлдор гиранд.

Додани чунин  иҷозатномаи  мутобиқи моддаи 10 ҳамин Кодекс сурат мегирад.

Дар мавриди корхонаи авиационии хориҷӣ, сертификати (шаҳодатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаҳодатнома) дорои эътибор дониста мешавад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ дода шуда он бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст мутобиқ бошад.

Корхонаҳои авиационии хориҷӣ метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон намяондагиҳои худро таъсис диҳанд.

Корхонаҳои авиационии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ ҳуқуқ надоранд, ки:

дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилотро барои ҳамлу нақли ҳавоӣ ба қаламрави давлати хориҷӣ қабул намоянд ё онҳоро аз қаламрави давлати хориҷӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон биёранд, ба шарте, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё иҷозати якдафъаинае, ки аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

дар қааламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилотро барои ҳамлу нақл дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозатномаҳои мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, қабул намоянд.

 

Моддаи 57. Тарифҳо ва боҷҳо дар соҳаи авиацияи гражданӣ ва қоидаҳои фурўши санадҳои ҳамлу нақл

 

Қоидаҳои ташаккул ва истифодаи тарифҳо, ситонидани боҷҳо дар соҳаи авиацияи гражданӣ, ҳамчунин қоидаҳои фурўши чиптаҳо, додани барномаҳо ва дигар сандаҳои ҳамлу нақлӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.

Барои интиқолоти ҳавоие, ки мутобиқи шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ) анҷом дода мешавад, метавонанд нархҳои шартномавӣ муқаррар карда шаванд. Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ метавонад барои интиқолоте, ки аз рўи хатҳои муайяни авиационӣ анҷом дода мешавад, бо мақсади ҳифзи интиқолоти мунтазами ҳавоие, ки аз рўи ҳамин хатҳои авиационӣ анҷом дода мешавад, нархҳои ҳадди ақал муқаррар намояд.

Музди интиқолоти ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот аз тарафи интиқолотдиҳандагон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 58. Назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

 

Назорат ба фаъолияти корхонаҳои авиационӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла корхонаҳои авиационии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони хусусии хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ сурат мегирад.

 

БОБИ 10. ПАРВОЗ ҲАВОПАЙМОҲО

 

Моддаи 59. Ба парвози ҳавопаймо иҷозат додан

 

Ба парвози ҳавопаймое иҷозат дода мешавад, ки аломатҳои давлатӣ ва бақайдгирӣ ё биҳисобгирию фарқкунанда дошта аз тайёрии зарурӣ гузаштааст ва дар борт санадҳои дахлдорро дорад.

Тьартиби ба парвози ҳавопаймоҳои давлатӣ иҷозат доданро мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар менамояд.

Тартиби ба парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ иҷозат додан тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 60. Санадҳое, ки дар борти ҳавопаймо мавҷуданд

 

Ҳавопаймои давлатӣ бояд дар борт санадҳоеро дошта бошад, ки номгўи онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар карда мешавад.

Ҳар як ҳавопаймои гражданӣ бояд дар борт санадҳои зеринро дошта бошад:

  • санадҳои ҳавопаймо:

шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

сертификати (шаҳодатномаи) истифодабаранда (нусха);

сертификати қобилияти парвоз (шаҳодатнома дар бораи қобили парвоз будан);

китобҳои борт ва санитарӣ;

иҷозат барои дастгоҳи радио, дар сурате, ки агар ҳавопаймо бо олоти радиоӣ муҷаҳҳаз бошад;

дастуруламал оид ба истифодабарии парвоз;

  • асноди дахлдор барои ҳар як узви ҳайати;

3) асноде, ки аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 61. Ба парвоз омода кардани ҳавопаймо ва ҳайати он

 

Пеш аз парвоз ҳавопаймо ва ҳайати он бояд омода карда шаванд. Қоидаҳои ба парвоз омода крадани ҳаавопаймо ва экипажи он ва назорат ба омодагии онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 62. Таъмини парвози ҳавопаймоҳо

 

Ҳизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ҳамчунин таъминоти метеорологӣ, радиоӣ, барқӣ, равшанӣ, инженерию авиационӣ дар аэродром, ҷустуҷўӣ, садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар навъҳои таъминоти парвози ҳавопаймоҳо бо шартҳои якхела ва пулакӣ сурат мегирад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 63. Нақшаи парвозиҳавопаймо

 

Парвози ҳавопаймо мутобиқи нақшаи парвозе, ки аз тарафи истифодабарандаи фазои ҳавоӣ ба мақоми дахлдори системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ пешниҳод карда мешавад, дар сурати доштани  иҷозати барои истифодаи фазои ҳавоӣ амалӣ мегардад, ба истиснои парвози ҳавопаймо, ки ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи ҳавоӣ, пешгирӣ ва қатъи вайронкунии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷуми мусаллаҳона ба қааламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани кўмак ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хислати табиӣ ва  техногенӣ, ҷустуҷў ва ба ҷои дигар расонидани таҷҳизоти кайҳонӣ ва экипажҳои онҳо, пешгирӣ ва (ё) қатъи вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин парвози ҳавопаймо, ки дар минтақаҳои махсуси бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида анҷом дода мешавад.

Парвози ҳавопаймо берун аз нақшаи парвоз дар асоси иҷозати мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз), ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 36 ҳамин Кодекс пешбинигардида, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 64. Алоқаи радиоӣ бо ҳавопаймо

 

Ҳавопаймое, ки воситаҳои алоқаи радиоӣ дорад ва мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) вазифадоранд, ки байни худ алоқаи радиоӣ дошта бошанд.

Ҳангоми парвоз бо роҳҳои байналмилалии ҳавоӣ дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои аэродромҳои барои иҷрои парвози байналмилалӣ кушода, алоқаи радиоӣ метавонад бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат гирад. Тартиби анҷом додани алоқаи радиоӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 65. Парвози ҳавопаймо аз болои маҳалҳои аҳолинишин

 

Парвози ҳавопаймо аз болои маҳалҳои аҳолинишин бяод дар баландие иҷро карда шавад, ки дар ҳолати вайрон шудани ҳавопаймо барои берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё дар майдончаҳои парвозу фурудоии махсус ба ҳамин мақсадҳо пешбинигардида дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин фуруд омадан имкон диҳад. Парвози берун аз ин қоида бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 66. Парвози намоишии ҳавопаймо

 

Парвози намоишии ҳавопаймо мутобиқи талаботи бехатарии парвози ҳавопаймо, ки аз тарафи мақоми дахлдори махсуси ваколатдор муқаррар шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ташкил ва гузаронидани парвози намоишии ҳавопаймо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 67. Парвози ҳавопаймои суръати фавқуссадо дошта

 

Парвози ҳавопаймои суръати фавқуссадо дошта дар баландие иҷозат дода мешавад, ки таъсири хатарноки зарбаи садоро ба муҳити зист истисно намояд. Қоидаҳои иҷрои парвози ҳавопаймо бо суръати фавқуссадо тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 68. Аксбардорӣ, ба наворбаргирӣ ва дигар усулҳои таҳқиқи фосилавии замин аз борти ҳавопаймо

 

Аксбардорӣ, ба наворбаргирӣ ва дигар усулҳои таҳқиқи фосилавии замин аз борти ҳавопаймо тибқи тартиби  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

 

Моддаи 69. Иҷораи каналҳои алоқа

 

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба расонидани хизматҳои алоқа ҳуқуқ доранд, барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ва фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ каналҳои зарурии алоқаро дар асоси шартнома ба мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор аз рўи дархостҳои онҳо ба иҷора медиҳанд.

Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқа, мақомоти алоқаи ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба расонидани хизматҳои алоқа ҳуқуқ доранд, барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ва фаъолияти дигар оид ба итифодаи фазои ҳаво дар навбати аввал додани каналҳои алоқаро таъмин мекунанд ва дар бобати иваз кардани каналҳои алоқа ва дар сурати вайроншавӣ барқарор намудани онҳо тадбирҳои бетаъхир меандешанд.

 

Моддаи 70. Истифодаи воситаҳои алоқаи таъиноти умумӣ

 

Тартиби истифодаи воситаҳои алоқаи таъиноти умумӣ барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқа бо мувофиқаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 71. Анҷом додани таъминоти радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи радиоӣ бо онҳо

 

Барои таъмини радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи ардиоӣ бо онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа бо тартиби муқарраршуда басомадҳои радиоие, ки бояд аз халаҳо ҳифз шуда бошанд, ҷудо карда мешаванд.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии дорои таҷҳизот ва олоте, ки ба восиатҳои таъминоти радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи радиоӣ бо онҳо халал мерасонанд, вазифадоранд бо талаби мақоми ваколатдори соҳаи алоқа ё воҳидҳои он бо қувва ва аз ҳисоби худ халалҳоро рафъ намоянд ва то рафъ намудани онҳо кори чунин таҷҳизот ва олотро қатъ гардонанд.

 

БОБИ 11. ПАРВОЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАВОПАЙМОҲО

 

Моддаи 72. Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо

 

Парвози байналмилалии ҳавопаймо – парвози ҳавопаймо дар фазои ҳавоии зиёдатар аз як давлат мебошад.

Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принципҳо ва меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иҷро карда мешавад.

Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё  иҷозатҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, иҷро карда мешавад.

Аломатҳои фарқкунандаи ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ аз тарафи истифодабарандагон то оғози иҷрои парвози байналмилалӣ ба мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ хабар дода мешаванд.

Барои иҷрои парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарандагон вазифадоранд, ки ба мақмои махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ маълумотро дар бораи суғурта ё таъмини дигари масъулият барои расонидани зарар ба шахсони сеюм ва ҳавопаймоҳо пешниҳод намоянд. Шароити чунин таъминот аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 73. Парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ

 

Парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвоз дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва аэродромҳое, ки барои парвози байналмилалӣ кушодаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 74. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани санадҳои ҳавопаймо, ки дар борти ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷуданд

 

Санадҳои ҳавопаймо, ки дар борти ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷуданд, агар онҳо бо меъёрҳои байналмилалии авиационие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, мутобиқ бошанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

Ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадан мумкин аст мавриди муоина ва тафтиши санадҳои ҳавопаймо, ки аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор сурат мегирад, қарор гиранд.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар борти ҳавопаймои граждании давлати хориҷӣ санадҳои барои парвози байналмилалӣ муқарраршуда мавҷуд набошанд ва барои ғайрифаъол донистани ҳавопаймои мазкур асосҳ вуҷуд дошта бошанд, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ метавонад парвоз карда рафтани чунин ҳавопайморо боздорад.

 

Моддаи 75. Истифодаи қоидаҳои шиноснома, гумрук ва қоидаҳои дигар ҳангоми иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо

 

Ба ҳавопаймоҳо, ҳайатҳои онҳо ва мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд ва ба таври транзит бо нишастан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ҳамчунин ба молу мулк бағоҷ, борҳо ва муросилоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешаванд, амали қоидаҳои шиноснома, гумрук ва қоидаҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

 

БОБИ 12. БЕХАТАРИИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 76. Бехатарии авиация

 

Бехатарии авиация – ҳолати ҳифзи авиация аз дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиация мебошад.

Бехатарии авиация аз тарафи хадамоти бехатарии авиационии аэродромҳо ё аэропортҳо, ҷузъу томҳои ҳарбикунонидашудаи муҳофизати аэродромҳо ё фурудгоҳҳо, хадамоти бехатарии авиационии истифодабарандагон (корхонаҳои авиационӣ), инчунин мақомоти махсуси ваколатдоре, ки ба онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқ дода шудааст, таъмин карда мешавад.

Хадамоти бехатарии авиационии аэродромҳо ё фурудгоҳҳо ва ахадмоти бехатарии авиационии истифодабарандагон (корхонаҳои авиационӣ) хадамоте мебошанд, ки вазифаҳои махсуси оинномавӣ доранд.

Дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиация – амали (беамалии) зиддиҳуқуқие мебошанд, ки ба фаъолияти бехатарии соҳаи авиация таҳдид намуда, боиси ҳодисаҳои нохуш бо одамон, зарари моддӣ, рабудан ё дуздинаи ҳавопаймо шудаанд ё таҳдид рўй додани чунин оқибатҳоро ба вуҷуд овардаанд.

 

Моддаи 77. Таъмини бехатарии авиация

 

Шахсоне, ки қабул, гуселонидан ё хизматрасонии ҳавопайморо анҷом медиҳанд, вазифадоранд, ки оид ба таъмини бехатарии авиация тадбирҳо андешанд.

Бехатарии авиация бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

1) пешгирии дохил шудани шахсони бегона ва воситаҳои нақлиёт ба минтақаи таҳти назорати фурудгоҳ ё аэродром;

2) муҳофизати ҳавопаймоҳо дар истгоҳҳо бо мақсади роҳ надодан ба дохилшавии шахсони бегона ба ҳавопаймоҳо;

3) роҳ надодан ба ҳамлу нақли ғайриқонунии силоњ, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, радиоактивӣ, заҳролудкунанда, зуд оташгиранда ва дигар ашёву моддаҳои хавфнок ва ҷорӣ намудани чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми иҷозатии интиқоли онҳо;

4) муоинаи пеш аз парвоз;

5) маҳдуд намудани имконияти дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

6) татбиқи чораҳои муқобилият дар мавриди дахоолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиация ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла тадбирҳое, ки бо ширкати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, анҷом дода мешаванд (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Хадамоти бехатарии авиационӣ хуқуқ доранд шахсонеро, ки талаботи бехатарии авиацияро вайрон кардаанд, инчунин бағоҷ, борҳо ва муросилотеро, ки ашьё ва моддаҳои барои ҳамлу нақли ҳавоӣ манъшуда доранд, барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридан боздошт намоянд ва дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофирон, аъзои ҳайатҳои ҳавопаймо ё дигар шахрвандон хатар таҳдид мекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо бинанд. Ба кормандони хадамоти бехатарии авиационӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта гаштан ва истифодаи силоњи хизматӣ иҷозат дода мешавад.

Талаботи бехатарии авиация ва тартиби иҷрои онҳо тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 78. Муоинаи пеш аз парвоз

 

Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон ва аъзои ҳайатҳои ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳавопаймо, захираҳои борти он, аъзои ҳайатҳои, мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд, инчунин борҳо ва муросилот бояд аз муоинаи ҳатмӣ гузаронида шаванд.

Муоинаи пеш аз парвози мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд, дар майдони ҳавоӣ ё дар ҳавопаймо аз тарафи шахсони ваколатдори хадамоти бехатарии авиационӣ анҷом дода мешавад. Ба иштирок дар муоинаи пеш аз парвоз метавонанд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт ҷалб карда шаванд.

Гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз имконияти азназаргузарониро ҳангоми анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҷиноятӣ-мурофиавӣ ва фаъолияти дигар аз ҷониби шахсони ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно намекунад.

Ҳангоми иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо муоинаи пеш аз парвоз баъди анҷом ёфтани назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ, муҳоҷирӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва назорати дигар сурат мегирад.

Дар ҳолати аз муоинаи пеш аз парвоз саркашӣ кардани мусофири ҳавопаймо шартнома дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ бекоршуда дониста мешавад.

Қоидаҳои гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 13. ҶУСТУҶЎ ВА НАҶОТДИҲӢ

 

Моддаи 79. Ҳавопаймое, ки ба фалокат дучор шуда истодааст ё ба фалокат гирифтор шудааст

 

Ҳавопаймо вақте ба фалокат дучор шудаистода дониста мешавад, ки агар ба чунин ҳавопаймо ё шахсони дар борти он қарордошта хатаре таҳдид мекунад, ки он дар натиҷаи амалҳои аъзои ҳайатҳои бартараф шуда наметавонад ё ҳавопаймое, ки алоқа бо он канда шудааст ва дар куҷо будани он маълум нест.

Ҳавопаймое ба фалокат гирифторшуда дониста мешавад, ки он ҳангоми идоракунӣ, оғози парвоз, парвоз, фурдоӣ ё дар натиҷаи афтидан осеби ҷиддӣ дидааст ё пурра хароб шудааст, ҳамчунин ҳавопаймое, ки берун аз аэродром маҷбуран ба замин фаромадааст.

Ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда бояд фавран ҷустуҷў карда ва наҷот дода шаванд.

Ҷустуҷў ва наҷотдиҳии ҳавопаймои бесарнишини ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшударо соҳибмулки он ташкил ва амалӣ менамояд  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

 

Моддаи 80. Бонги фалокат

 

Барои сари вақт расонидани кўмак ба ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои“, онҳо бонгҳои ягонаи байналмилалии фалокат, фаврӣ будан ва огоҳӣ аз хатар (минбаъд – бонги фалокат) истифода бурда мешаванд.

Номгўи воситаҳои техникие, ки бояд ҳатман дар ҳавопаймоҳо барои додани бонги фалокат шинонда шаванд, тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 81. Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои онҳо

 

Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои онҳоро мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор бо ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда вазифаҳои ташкил ва таъмини хадамоти ҷустуҷў ва наҷотдиҳӣ вогузор гардидаанд, ташкил мекунанд ва анҷом медиҳанд.

Корхонаҳои авиационӣ ба таъмини корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ва гузаронидани онҳо ҷалб карда шуда метавонанд.

Номгўи чунин корхонаҳои авиационӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа бо мувофиқаи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Корхонаҳои авиационие, ки ба гузаронидани корҳои ҷустуҷўӣ ва садмавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда мешаванд, вазифадоранд, ки нерўҳо ва воситаҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳиро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд. Хароҷоти корхонаҳои авиационӣ барои таъминоти неруҳо ва воситаҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, гузаронидани корҳои ҷусутуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ва иштирок дар таъмини онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд.

Парвози ҳавопаймоҳое, ки бо воситаҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ таъмин нашудаанд, манъ аст.

Тартиби ҷалб намудани корхонаҳои авиационӣ ба гузаронидани корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, ҷуброни хароҷот барои иҷрои ин корҳо, таъмини корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳии парвоз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 82. Таъмини корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ

 

Ҷустуҷў ва наҷот додани мусофирон ва ҳайатҳои ҳавопаймоҳое, ки ба фалокат дучор шуда истодаанд ё ба фалокат гирифтор шудаанд, бепул мебошад

Аз ҷои фалокат ба ҷои дигар бурдани ҳавопаймое, ки ба фалокат гирифтор шудааст, бо қувваи истифодабаранда ё дигар қувваҳо аз ҳисоби маблағҳои истифодабаранда анҷом дода мешавад

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин корхонаҳои авиационӣ вазифадоранд, ки дар ташкили ҷустуҷўӣ ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда иштирок намоянд ва то омадани неруҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ оид ба наҷоитдиҳии одамон, расонидани кўмаки тиббӣ ба онҳо, кўмаки дигар, муҳофизати ҳавопаймои мазкур ва санадҳою молу мулки дар борти он мавҷуда тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ доранд, ки барои гузаронидани корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ шахсони ҳуқуқиро ба шарти ҷуброни хароҷоти онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷалб намоянд.

Ба мусофирон ва экипажҳҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшудаи давлатҳои хориҷӣ бо шароити баробар ба мусофирон ва ҳайатҳои ҳавопаймоҳои ба фалокат гирифторшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмак расонида мешавад.

 

Моддаи 83. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва минтақаи аэродром

 

Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва минтақаи аэродром бо қувваи соҳиби аэродром ё фурудгоҳ анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 84. Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайатҳои онҳо дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ

 

Ҷустуҷў ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайати он дар қаламрави давлати хориҷӣ бо тартибе, ки дар ҳамон давлат муқаррар шудааст ва бо риояи принципҳо ва меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 85. Хабарҳо дар бораи ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда

 

Хабарҳо дар бораи ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда ба хабарҳое мансубанд, ки категорияи афзалияти мутлақ доранд. Шахсони ҳуқуқие, ки воситаҳои алоқа доранд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки воситаи алоқаро барои тариқи фаврӣ додани хабар дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда пешниҳод намоянд ё чунин хабарро худашон диҳанд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба пешниҳоди хизматрасонии алоқа ҳуқуқ доранд, бояд фаврӣ додани чунин хабарро таъмин намоянд.

Барои додани хабари аввал дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад. Музди мухобироти байнишаҳрии телефонӣ дар бораи расонидани кўмак ба ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайати он мутобиқи тарифҳо барои хизматрасонии умумии алоқа пардохта мешавад; музди хабарҳое, ки бо телеграф дода мешаванд, – мутобиқи тарифи барои фиристодани хабари фаврӣ муқарраршуда пардохта мешавад. Барои мухобироти байнишаҳрии телефонӣ бо мақсади додани хабар дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад.

 

Моддаи 86. Хабардоркунӣ дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда

 

Командири ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда ё дигар узви ҳайати ин ҳавопаймо, инчунин дигар шаҳрванде, ки дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар дорад, вазифадоранд, ки фавран дар ин бобат ба мақоми наздиктарини худидораи маҳаллӣ, ташкилот ё қисми ҳарбӣ хабар диҳанд. Мақоми мазкур, ташкилот ё қисми ҳарбӣ дар навбати худ вазифадоранд, ки дар бораи ҳодисаи рўйдода корхонаи дахлдори авиационӣ ё мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданиро хабардор намоянд.

Шахсони мансабдори корхонаи авиационӣ, ки дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар доранд, вазифадоранд, ки дар ин бора мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданиро хабардор намоянд.

 

Моддаи 87. Қатъ намудани ҷустуҷўи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайати он

 

Дар ҳолате, ки агар тамоми тадбирҳои дар бораи ҷустуҷўи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва ҳайати он андешидашуда натиҷае набахшанд, қарор дар қатъ намудани ҷустуҷўи ин ҳавопайморо мақоми махсуси ваколатдоре, ки бақайдгирии давлатӣ ё баҳисобгирии давлатии ҳавопаймои мазкурро анҷом додааст, қабул мекунад.

Қарор дар бораи қатъ намудани ҷустуҷўи ҳавопаймои давлатии ба фалокат гирифторшудаи давлати хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор дар соҳаи мудофиа, дар бораи ҳавопаймои граждании ба фалокат гирифторшудаи давлати хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ қабул карда мешавад.

Ҳавопаймои ба фалокат гирифторшудае, ки ҷустуҷўи он расман қатъ гаштааст, бедарак ғоибшуда дониста мешавад.

 

БОБИ 14. ТАҲҚИҚИ ҲОДИСА Ё ВОҚЕАИ АВИАЦИОНӢ

 

Моддаи 88. Мақсад ва тартиби таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ

 

Ҳодиса ё воқеаи авиационие, ки бо ҳавопаймоии давлатӣ ё граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳавопаймои давлати хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рўй додааст, бояд ҳатман таҳқиқ карда шавад.

Мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ муқаррар намудани сабабҳои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ва дидани чораҳо барои пешгирии онҳо дар оянда мебошад.

Муқаррар намудани гуноҳ ва масъулияти ягон шахс мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ намебошад.

Таҳқиқот, дараҷабандӣ ва баҳисобгирии ҳодиса ё воқеаҳои авиационӣ аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи онҳо чунин ваколатҳо мутобиқан дар соҳаҳои авиацияи давлатӣ ва гражданӣ вогузор гардидаанд, анҷом дода мешавад.

Гузаронидани таҳқиқот, дараҷабандӣ ва баҳисобгирии ҳодисаҳо ё воқеаҳои авиационӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 89. Ваколатҳои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ

 

Ҳодиса ё воқеаи авиационӣ аз тарафи комиссия таҳқиқ карда мешавад.

Комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ҳуқуқ дорад, ки :

1) барои муайян кардани ҳолатҳои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ба борти ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда бемамониат дохил шавад;

2) ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, қсимҳои таркибии он, молу мулки дар борти ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда мавҷуд ё амволи ба ҳодиса ё воқеаи авиационӣ аз берун ҷалбшуда, сарфи назар аз мансубияти ин амвол, ҳамчунин воситаҳо ва объектҳои таъмини парвози ҳавопаймоҳоро муоина намояд;

3) ба шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият гузаронидани таҳқиқот ва корҳои вобаста ба таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиациониро супорад;

4) барои ҳалли масъалаҳое, ки дониши соҳаҳои дахлдори илм ва техникаро тақозо мекунанд, кормандони ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият ҷалб намояд;

5) шоҳидони ҳодиса ё воқеаи авиационӣ, шахсоне, ки ба ҳодиса ё воқеаи авиационӣ муносибат доранд ё дошта метавонанд, бозпурсӣ кунад, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти заруриро гирад;

6) ҳамаи масъалаҳои истифодабарӣ ва таъмири ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, тайёрии шахсон аз ҷумлаи кормандони авиация, ташкили ҳаракати ҳавоӣ, иҷро ва таъмини парвози ҳавопаймоҳоро омўзад; аз мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, ҳамчунин аз шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар бораи масъалаҳои марбут ба ҳодиса ё воқеаи авиационӣ санадҳо ва маводро дархост намояд ва гирад:

7) таҳқиқи ҳолати рўҳию физиологии аъзои ҳайати ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, инчунин шахсони дахлдорро аз ҷумлаи кормандони авиация гузаронад.

Аъзои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ, ҳамчунин шахсоне, ки барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ҷалб карда мешаванд, дар сурати пешниҳод кардани гувоҳномаи сафари хизматӣ барои бенавбат гирифтани чипта ба нақлиёти истифодаи умум ҳангоми рафтан ба ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ё рафтуомад бо мақсади таҳқиқ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 90. Нигаҳдории далелҳои моддӣ

 

Аъзои ҳайати ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, шаҳрвандони дигар, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот то омадани комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ бояд дар бобати таъмини нигаҳдории ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, қисмҳои таркибӣ ва шикастапораҳои он, воситаҳои назорати объективии борт ва заминӣ, ашьёи дар борти ин ҳавопаймо мавҷуда ё ашьёе, ки ба ҳодиса ё воқеаи авиационӣ аз берун ҷалб шудаанд, ҳамчунин санадҳое, ки ба истифодабарӣ ва таъмири ин ҳавопаймо ва таъмири парвози он мансубанд, тамоми тадбирҳои имконпазирро андешанд.

Шахсоне, ки дар қасдан пинҳон кардани ҳодиса ё воқеаи авиационӣ, маълумот дар бораи онҳо, инчунин дар таҳрифи маълумот, вайрон ё нобуд кардани воситаҳои назорати объективии борт ва заминии марбут ба ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ва далели моддӣ гунаҳгоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 91. Таъмини корҳо дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ

 

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти онҳо, фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ вазифадоранд, ки ба комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ҳамаҷониба кўмак расонанд, аз ҷумла ба ихтиёри комиссия қувва ва воситаҳои заруриро ҷудо намоянд, дар бобати таъмини муҳофизати ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ, фароҳам овардани шароити бехатар барои кор дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ тадбирҳо андешанд.

Мақомоти худидораи маҳаллӣ барои аъзои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ва мутахассисоне, ки барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ҷалб карда мешаванд, ҳамаи шароити заруриро ҷиҳати гузаронидани корҳо дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ фароҳам меоранд, аз ҷумла бо либос, пойафзол, воситаҳои зарурии ҳифзи инфиродӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, асбобҳои зарурӣ, маводи масрафӣ, ҷои истиқомат ва хўрок таъмин мекунанд.

Корҳое, ки дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиационӣ ба мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ гузаронида мешаванд, бо корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда баробар мебошанд.

 

Моддаи 92. Маблағгузории корҳои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ

 

Хароҷоти таъмини кори комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи бо ҳавопаймои гражданӣ рўйдода, ғайр аз ин бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ташкилотҳои авиацияи гражданӣ бо ҷуброни минбаъдаи ин маблағҳо аз ҳисоби гунаҳгорон ба тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Тартиби маблағгузории корҳои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиационӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи молия муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 15. ҲАМЛУ НАҚЛИ ҲАВОӢ

 

Моддаи 93. Ҳамлу нақлдиҳанда

 

Ҳамлу нақлдиҳанда он истифодабарандае мебошад, ки  иҷозатнома барои анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот дар асоси шартномаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ дорад.

 

Моддаи 94. Ҳамлу нақли ҳавоӣ

 

Ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ – ҳамлу нақли ҳавоиест, ки дар вақти иҷрои он нақтаи фиристодан, нуқтаи таъинот ва ҳамаи нуқтаҳои нишаст дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд.

Ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ – ҳамлу нақли ҳавоиест, ки нуқтаи фиристодан ва нуқтаи таъинот:

мутобиқан дар қаламравҳои ду давлат;

дар қаламрави як давлат, агар нуқтаи (нуқтаҳои) нишаст дар қаламрави давлати дигар пешбинӣ шуда бошад, воқеъ гардидаанд.

 

Моддаи 95. Иҷрои қоидаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ

 

Ҳамлу нақлдиҳандагон ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли ҳавоӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои умумии ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ ва борҳо ва талаботро оиди хизматрасонии мусофирон, борфиристодагон, боргирандагон, ки тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, риоя намоянд.

Ҳамлу нақлдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақли худро муқаррар намоянд. Ин қоидаҳо набояд ба қоидаҳои умумии интиқолоти ҳавоӣ мухолифат дошта бошанд ва набояд сатҳи хизматрасониро ба мусофирон, борфиристодагон ва боргирандагон паст намоянд.

Қоидаҳои ҳамлу нақли ҳавоии муросилот бояд бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқаи муросилот мувофиқа карда шаванд.

 

Моддаи 96. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот

 

Мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст мусофири ҳавопайморо ба нуқтаи таъиншуда бо пешниҳоди ҷой дар ҳавопаймое, ки мувофиқи хатти ҳаракати дар чипта зикршуда ҳаракат мекунад, расонад ва ҳангоми ҳамлу нақли“,  ҳавоии бағоҷи мусофир, инчунин ин бағоҷро ба нуқтаи таъиншуда расонад ва ба мусофир ё шахси ба гирифтани бағоҷ ваколатдор онро супорад. Мўҳлати расонидани мусофир ва бағоҷ тавассути қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраргардида муайян карда мешавад. Мусофири ҳавопаймо вазифадор мешавад, ки музди ҳамлу нақлиро супорад ва дар сурати мавҷуд будани бағоҷе, ки аз меъёри аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли бепули бағоҷ зиёд аст, музди ҳамлу нақли ин бағоҷро низ пардозад.

Мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор мешавад, ки бор ё муросилоти ба вай супоридаи борфиристандаро ба нуқтаи таъиншуда расонад ва онҳоро ба шахси барои гирифтани бор ё муросилот ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда вазифадор мешавад, ки музди ҳамлу нақли ҳавоии бор ё муросилотро пардозад.

 

Моддаи 97. Шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ)

 

Мувофиқи шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ) як тараф (кироядиҳанда) вазифадор мешавад, ки ба тарафи дигар (кироягиранда) барои иҷрои як ё якчанд парвоз як ё  якчанд ҳавопаймо ё як қисми ҳавопайморо барои интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ё муросилот ба ивази музд пешниҳод намояд. Иҷрои ҳамлу нақли ҳавоии кироя бо ҳамин Кодекс танзим карда мешавад.

 

Моддаи 98. Санадҳои интиқол

 

Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот мутобиқан бо чипта, бағоҷнома, борномаи бор ё муросилот тасдиқ карда мешаванд.

Шаклҳои чипта, бағоҷнома ва борнома аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор дар соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.

Шаклҳои борномаи муросилот аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқаи муросилот якҷоя бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиацияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 99. Хизматрасонӣ ва имтиёзоте, ки ба мусофирони ҳавопаймо пешниҳод карда мешаванд

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки хизматрасонии мусофирони ҳавопаймоҳоро ташкил намояд, онҳоро бо маълумоти аниқ ва саривақтӣ дар бораи ҳаракати ҳавопаймоҳо ва хизматрасонии пешниҳодшаванда таъмин кунад.

Мусофири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки:

1) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи интиқолоти ҳавоӣ бо шартҳои имтиёзнок рафтуомад кунад;

2) дар ҳудуди меъёри муқарраршуда бағоҷи худро бепул ҳамлу нақл диҳад. Меъёрҳои ҳамлу нақли бепули бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, вобаста ба навъи ҳавопаймо муқаррар карда мешаванд ва наметавонанд камтар аз бист килограмм барои як мусофир бошанд;

3) ҳангоми интиқоли ҳавоии байналмилалӣ – мутобиқи тарифи имтиёзнок ҳамроҳи худ як тифли на калонтар аз панҷсоларо ва дар мавриди интиқоли ҳавоии дохили кишвар як кўдаки на калонтар аз панҷсоларо бе ҷои алоҳида бепул барад. Дигар кўдакони на калонтар аз панҷсола ва дар мавриди интиқоли ҳавоии дохили кишвар, инчунин кўдакони аз панҷ то дувоздаҳсола мутобиқи тарифи имтиёзнок бо пешниҳоди ҷои алоҳида бурда мешаванд;

4) аз хизматрасонии утоқи истироҳат, утоқи модар ва кўдак, инчунин ҷой дар меҳмонхона ҳангоми ба вуҷуд омадани танаффус дар интиқоли ҳавоӣ бо гуноҳи интиқолдиҳанда ё ҳангоми маҷбуран ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо ва (ё) ҳангоми парвоз дар мондан бепул истифода барад.

Мусофирони дигарро, ки ҳуқуқи бепул ё мутобиқи тарифи имтиёзнок бо ҳавопаймо сафар карданро доранд, танҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби ба мусофирони ҳавопаймо пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва имтиёзот тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 100. Бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи интиқоли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор

 

Ҳамлу нақлдиҳанда дар ҳолатҳои зерин метавонад, ки шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии борро ба тарзи якҷониба бекор намояд:

1) аз тарафи мусофир, соҳиби бор, борфиристонанда вайрон карда шудани талаботи шиносномавӣ, гумрукӣ, санитарӣ ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интиқоли ҳавоӣ ва ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байнламилалӣ инчунин қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ парвоз, таъинот ё транзит муайян карда шудаанд;

2) саркашӣ кардани мусофир, соҳиби бор, борфиристанда аз иҷрои талаботе, ки ба ў тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;

3) агар вазъи саломатии мусофири ҳавопаймо шароити махсуси ҳамлу нақли ҳавоиро тақозо намояд ё ба бехатарии худи мусофир ё дигар шахсон таҳдид намояд, ки ин ҳолат бо санадҳои тиббӣ тасдиқ гардад, инчунин барои дигар шахсон бетартибӣ ва нороҳатии рафънашаванда ба вуҷуд орад;

4) саркашӣ кардани мусофириҳавопаймо аз пардохти музди ҳамлу нақли бағоҷи худ, ки вазни он аз меъёрҳои муқарраршудаи ҳамлу нақли бепули бағоҷ зиёд аст;

5) саркашӣ кардани мусофири ҳавопаймо аз пардохти музди ҳамлу нақли кўдаке, ки ҳамроҳи ў меравад, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 қисми дуюми моддаи 99 ҳмин Кодекс пешбинигардида;

6) за тарафи мусофири ҳавопаймо вайрон карда шудани қоидаҳои рафтор дар борти ҳавопаймо, ки ин ба бехатарии парвози ҳавопаймо ё ба ҳаёт ва саломатии дигар шахсон таҳдид мекунад, инчунин аз тарафи мусофири ҳавопаймо иҷро накардани дастурҳои сарнишини ҳавопаймо, ки мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс пешниҳод шудаанд;

7) дар ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, инчунин дар бағоҷ, бор мавҷуд будани ашё ё моддаҳои барои ҳамлу нақли ҳавоӣ манъшуда.

Дар сурати бо ташаббуси интиқолдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ба мусофир, соҳиби бор ва борфиристанда маблағе, ки барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохта шудааст баргардонида мешавад, ба истиснои ҳолати дар банди 6 қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардида. Дар ҳолате, ки дар банди 6 қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташуда ба мусофири ҳавопаймо баргардонида намешавад.

 

Моддаи 101. Бо ташаббуси мусофири ҳавопаймо қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир

 

Мусофири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки аз парвоз даст кашад ва дар ин бобат ҳамлу нақлдиҳандаро на дертар аз бистучор соат пеш аз парвози ҳавопаймо огоҳ намояд, ба шарте, ки бо қоидаҳои дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ муқаррарнамудаи ҳамлу нақлдиҳанда мўҳлати имтиёзнок ва баргашта гирифтани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташуда муайян нашуда бошад.

Дар сурати аз парвоз даст кашидани мусофири ҳавопаймо дертар аз мўҳлати муқарраршуда мусофир ҳуқуқ дорад, ки маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташударо бо нигоҳ доштани боҷ, ки андозаи он наметавонад аз даҳ фоизи маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташуда зиёдтар бошад, баргашта гирад.

 

Моддаи 102. Мўҳлати расонидани бор

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки бори барои ҳамлу нақли қабулшударо дар мўҳлати муқарраршуда ба нуқтаи таъиншуда расонад. Мўҳлати расонидани бор тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи интиқолоти ҳавоӣ муайян карда мешавад, агар дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор таври дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 103. Тағйир додани шартномаи интиқоли ҳавоии бор

 

Борфиристанда ҳуқуқ дорад, ки ба тартиби дар Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ бори барои ҳамлу нақли супоридашударо то фиристодани он баргашта гирад, дар борнома боргирандаро то ба шахси ваколатдор супорида шудани бор тағйир диҳад, дар сурати борро қабул накардани боргиранда ё ғайриимкон будани супоридани он ба боргиранда борро ихтиёрдорӣ намояд.

Дар сурати тағйир ёфтани шароити ҳамлу нақли ҳавоӣ, ки дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинӣ шудаанд, ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки дар ин бобат борфиристанда ё боргирандаро хабардор кунад ё дастури онҳоро дар мавриди ин бор дархост намояд.

 

Моддаи 104. Гирифтани бор дар нуқтаи таъиншуда

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст боргирандаро доир ба расидани бор дар мўҳлатҳое, ки дар Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақл хабардор намояд, агар дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Боргиранда вазифадор аст, ки борро қабул намояд ва кашонад. Боргиранда ҳуқуқ дорад аз қабули бори осебдида ё вайроншуда даст кашад, агар муқаррар гардад, ки сифати бор то ба дараҷаи ғайриимкон будани истифодаи пурра ва (ё) ҷузъи он мутобиқи таъиноти аввалӣ тағйир ёфтааст.

 

Моддаи 105. Нагирифтани бор

 

Агар боргиранда бори расидаро дар мўҳлате, ки дар Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинӣ шудааст, нагирад ё аз қабули он даст кашад, ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки дар ин бора борфиристандаро хабардор намояд, борро дар ихтиёри худ аз ҳисоби борфиристанда ва бо таваккали ў нигоҳ дорад.

Боре, ки дар мўҳлати дар Қоидаҳои умумии авицияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳоиаз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинигардида гирифта нашудааст, дархостнашуда дониста мешавад ва бо тартиби муайяннамудаи Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта мешавад.

Нигоҳдории боре, ки бояд аз назорати гумрукӣ гузаронида шавад ва ихтиёрдории он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 106. Ҳамлу нақли ҳавоии борҳои хатарнок

 

Ҳамлу нақли ҳавоии силоњ, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, ашё ва моддаҳои заҳролудкунанда, зуд оташгиранда, радиоактивӣ ва дигар ашёву моддаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст сурат мегирад.

 

БОБИ 16. КОРҲОИ АВИАЦИОНӢ

 

Моддаи 107. Корҳои авиационӣ

 

Корҳои авиационӣ – корҳое мебошанд, ки бо истифодаи парвози ҳавопаймоҳо дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат, расонидани кўмаки тиббӣ ва мақсадҳои дигар анҷом дода мешаванд.

Қоидаҳои умумии иҷрои корҳои авиационӣ ва қоидаҳои иҷрои навъҳои муайяни корҳои авиационӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиацияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки шароити иҷрои корҳои авиационӣ ва маҳдудиятҳоро дар иҷрои онҳо вобаста ба мушаххасоти экологии қаламрави дахлдор ё низоми махсуси дар ин қаламрав қарор доштани воситаҳои нақлиёт ва одамон муқаррар намоянд. Ба мувофиқа расонидани шароит ва маҳдудиятҳои мазкур ба зиммаи фармоишгари корҳои авиационӣ вогузор меградад.

 

Моддаи 108. Шартнома дар бораи иҷрои корҳои авиационӣ

 

Мувофиқи шартнома дар бораи иҷрои корҳои авиационӣ пудратчӣ (истифодабаранда) вазифадор мешавад, ки барои фармоишгар корҳои авиациониро бо тартиб, дар мўҳлат, бо ҳаҷм ва дар шароити дар ин шартнома пешбинигардида иҷро намояд. Фармоишгар вазифадор аст, ки ҳаҷми корҳои авиациониро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, пешниҳод намояд ва музди корҳои авиациониро пардозад.

Дар шартномаи иҷрои корҳои авиационӣ бояд инчунин инҳо пешбинӣ карда шаванд:

тартиби истифода ва дар ҳолати истифодабарӣ нигоҳ доштани аэродромҳо, майдонҳои нишаст ва таҷҳизоти онҳо;

ба вуҷуд овардани шароити зарурии зиндагию маишӣ барои истифроҳати аъзои ҳайатҳои ҳавопаймоҳо;

дигар шароити таъмини иҷрои корҳои авиационӣ бо дарназардошти мушаххасоти онҳо.

Тарифҳои иҷрои корҳои авиационӣ дар асоси шартнома муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 17. МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛУ НАҚЛДИҲАНДА, ИСТИФОДАБАРАНДА ВА БОРФИРИСТАНДА

 

Моддаи 109. Асосҳои умумии масъулият

 

Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо ва соҳиби бор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот масъулият дорад.

Истифодабаранда вазифадор аст, ки зарари ҳангоми истифодабарии ҳавопаймо расонидашударо, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қувваи бартарафнашаванда ё ғарази ҷабрдида ба вуҷуд омадааст, ҷубро намояд.

Ҳамлу нақлдиҳанда, мусофир, борфиристанда ва боргиранда барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, асъорӣ, санитарӣ, карантинӣ ва қоидаҳои дигари мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 110. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо

 

Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои зараре, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ҳаёт ё саломатии мусофири ҳавопаймо расонида шудааст, агар дар қонун ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир андозаи баландтари масъулият пешбинӣ нашуда бошад, мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст муайян карда мешаванд.

Мувофиқи ин модда ҳамлу нақли ҳавоии мусофир давраи аз лаҳзаи муоинаи пеш аз парвози мусофири ҳавопаймо барои саворшавӣ ба ҳавопаймо то лаҳзае, ки мусофири ҳавопаймо зери назорати шахсони масъули ҳамлу нақлдиҳанда“, эродромро тарк менамояд, дарбар мегирад.

 

Моддаи 111. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда”,  барои гамшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, ҳамчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд.

 

Ҳамлу нақлдиҳанда,  барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ва бор баъди қабули онҳо ба ҳамлу нақли ҳавоӣ то ба боргиранда додан ё то мутобиқи қоидаҳои муқарраршуда супоридан ба дигар шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ дар ҳолате ки агар исбот накунад, ки аз тарафи ў тамоми тадбирҳои зарурӣ дар бобати пешгирӣ намудани зарар андешида шуданд ё андешидани чунин тадбирҳо аз имкон берун буд, масъулият дорад.

Ҳамлу нақлдиҳанда барои ҳифзи ашёҳое ҳамроҳи мусофирбуда, агар исбот накунад, ки гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ин ашьёву анҷом бо сабабҳое ба вуҷуд омадааст, ки онҳоро ҳамлу нақлдиҳанда бартараф карда наметавонист ва бартараф кардани онҳо аз ў вобаста набуд ё гумшавӣ, камомад ё осеб додани (вайрон шудани) ашьёву анҷом бо ғарази мусофир рўй додааст, масъулият дорад.

Ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор, агар исбот накунад, ки ин ҳол дар натиҷаи амали (беамалии) қасдан содирнамудаи ҳамлу нақлдиҳанда ба вуҷуд омадааст ё берун аз вақти ҳамлу нақли ҳавоӣ рўй додааст, масъулият дорад.

 

Моддаи 112. Андозаи масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд

 

Барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, ҳамлу нақлдиҳанда ба андозаҳои зерин масъулият дорад:

1) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, боре, ки бо арзиши таъиншуда барои ҳамлу нақли қабул карда шудааст, – ба андозаи арзиши таъиншуда. Барои ҳамлу нақли ҳавоии бағоҷ ё бор бо арзиши таъиншуда аз борфиристанда ё боргиранда музди иловагие, ки андозаи он бо шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор муқаррар гардидааст, ситонида мешавад;

2) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ва боре, ки бе арзиши таъиншуда барои ҳамлу нақли қабул карда шудааст, – ба андозаи арзиши онҳо, аммо на зиёда аз андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар килограмм вазни бағоҷ ё бор;

3) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ашьёву анҷоме, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, – ба андозаи арзиши онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани муқарраркунии он – ба андозаи на зиёда аз андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Арзиши бағоҷ, бор, инчунин ашьёву анҷоме, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, бо дарназардошти нархе, ки дар ҳисобномаи фурўшанда ё дар шартнома пешбинӣ шудааст ва дар сурати мавҷуд набудани он бо дарназардошти нархи миёнаи моли ҳаммонанд, ки дар ҷои супоридани бор мавҷуд аст, дар рўзи ба ихтиёрӣ қонеъ намудани чунин талабот ё дар рўзи баровардани қарори суд, агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, муайян карда мешавад.

Барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашьёву анҷоме, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ ҳамроҳи мусофир мебошанд, ҳамлу нақлдиҳанда мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст масъулият дорад.

 

Моддаи 113. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои бо таъхир расонидани мусофир, бағоҷ ё бор

 

Барои бо таъхир ба нуқтаи таъиншуда расонидани мусофир, бағоҷ ё бор интиқолдиҳанда ба андозаи панҷоҳ фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соати ба таъхир афтодан, аммо на зиёда аз панҷоҳ фоизи музди интиқол ҷарима месупорад, ба шарте, ки агар интиқолдиҳанда исбот накунад, ки ба таъхир афтодан бо сабаби қувваи бартарафнашаванда, рафъи вайронии ҳавопаймо, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофир таҳдид мекунад ё дигар ҳолатҳои аз интиқолдиҳанда вобастанабуда рўй додааст.

 

Моддаи 114. Масъулияти борфиристанда

 

Борфиристанда барои зараре, ки аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда ё шахсе, ки ҳамлу нақлдиҳанда дар назди ў масъулият дорад, бо сабаби нодурустӣ ё нопуррагии маълумоти пешниҳодкардаи борфиристанда расонида шудааст, масъулият дорад.

 

Моддаи 115. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот

 

Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди ташкилотҳои муросилот барои гумшавӣ, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

 

Моддаи 116. Созишномаҳо дар бораи зиёд намудани ҳудуди масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда

 

Ҳамлу нақлдиҳанда ҳуқуқ дорад, ки бо мусофирон, борфиристонандагон ё боргирандагон дар бораи зиёд намудани ҳудуди масъулияти худ нисбат ба ҳудуде, ки дар ҳамин Кодекс ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст муқаррар карда шудааст, созишнома бандад.

 

Моддаи 117. Тартиби пешниҳоди талабот дар ҳолати  вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот

 

Бо талаби мусофир, борфиристанда ё боргиранда ва ҳангоми пешниҳоди санади ҳамлу нақли аз тарафи яке аз онҳо ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки санади тиҷоратӣ тартиб диҳад.

Бо санади тиҷоратӣ ҳолатҳое, ки метавонанд барои масъулияти молу мулкии ҳамлу нақлдиҳанда, мусофир, борфиристанда ё боргиранда асос шаванд, тасдиқ карда мешавад.

Акти тиҷоратӣ ҳангоми додани бағоҷ ё бор барои тасдиқи ҳолатҳои зерин тартиб дода мешавад:

1) мутобиқат надоштани ном, вазн ё миқдори воҳидҳои воқеии бор бо маълумоте, ки дар санади ҳамлу нақли зикр шудаанд;

2) осеб дидани (вайрон шудани) бор;

3) камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ;

4) ошкор гардидани бағоҷ ё бори бе санади ҳамлу нақли ё  санади ҳамлу нақлӣ бе бағоҷ ё бор.

Барои тасдиқи ҳолатҳои зикршуда оид ба муросилот ҳамлу нақлдиҳанда ва ташкилоти алоқаи муросилот санади тиҷоратӣ тартиб медиҳанд.

То пешниҳоди даъво ба ҳамлу нақлдиҳанда дар ҳолати вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ба ҳамлу нақлдиҳанда иддао пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати вайрон карда шудани ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ба ҳамлу нақлдиҳанда бо салоҳдиди аризадиҳанда дар аэропорти нуқтаи парвоз ё фурудгоҳи нуқтаи таъиншуда ариза ё иддао пешниҳод карда мешавад.

Вуҷуд надоштани акти тиҷоратӣ мусофир, борфиристанда ё боргирандаро аз ҳуқуқи пешниҳоди иддао ё даъво маҳрум намесозад.

 

Моддаи 118. Шахсоне, ки дар сурати вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ҳуқуқи пешниҳоди талаботро доранд

 

Ҳуқуқи ба ҳамлу нақлдиҳанда пешниҳод кардани аризаро, дар сурати вайрон карда шудани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, инҳо доранд:

1) дар сурати гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он – мусофир ё шахси ваколатдори вай ҳангоми пешниҳоди барномаи бағоҷ ё санади тиҷоратӣ:

2) дар сурати бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир – мусофир.

Ҳуқуқи пешниҳоди эътирз ва даъворо ба ҳамлу нақлдиҳанда инҳо доранд:

1) дар сурати гум шудани бор – боргиранда ҳангоми пешниҳоди барномае, ки ҳамлу нақлдиҳанда ба борфиристанда додааст, бо қайди аэропорти нуқтаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор ва ҳангоми ғайриимкон будани пешниҳоди чунин барнома – санад дар бораи пардохти арзиши бор ва тасдиқномаи ҳамлу нақлдиҳанда дар бораи фиристода шудани бор бо қайди фурудгоҳи нуқтаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор;

2) дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор – боргиранда ҳангоми пешниҳоди барнома ё санади тиҷоратӣ;

3) дар сурати ба таъхир афтодани расонидани бор – боргиранда ҳангоми пешниҳоди барнома;

4) дар сурати гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) муросилот, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он – ташкилоти алоқаи муросилоти нуқтаи таъиншудаи муросилот;

5) суғуртакунанда – ҳангоми пешниҳоди асноди дахлдори ҳамлу нақлӣ, инчунин санадҳое, ки далелҳои баста шудани шартномаи суғурта ва апрдохти ҷуброни суғуртаро тасдиқ мекунанд.

 

Моддаи 119. Мўҳлати пешниҳоди иддао ба ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ

 

Ба ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ иддаоро дар давоми шаш моҳ пешниҳод кардан мумкин аст. Мўҳлати мазкур ба таври зерин ҳисоб карда мешавад:

1) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ё муросилот, инчунин дар сурати ба таъхир афтодани ҳамлу нақли онҳо – аз рўзи супоридани бор ва дар мавриди муросилот – аз санаи тартиб додани акти тиҷоратӣ;

2) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати гум шудани бор – баъди даҳ рўзи ба охир расидани мўҳлати расонидан;

3) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати гум шудани муросилот – баъди ба охир расидани мўҳлати расонидан;

4) дар бораи ҷуброни зарар дар ҳама ҳолатҳои дигар – аз рўзи ба вуҷуд омадани воқеае, ки боиси пешниҳоди иддао гардидааст.

Ҳамлу нақлдиҳанда ҳуқуқ дорад эътирозро баъди ба охир расидани мўҳлати муқарраршуда, агар эътироф намояд, ки ба таъхир афтодани пешниҳоди эътироз бо сабаби узрнок ба вуҷуд омадааст, қабул кунад.

 

Моддаи 120. Мўҳлати пешниҳоди эътироз ба ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми интиқоли ҳавоии байналмилалӣ

 

Дар сурати осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ, шахс, ки ба гирифтани он ҳуқуқ дорад, дар сурати ошкор намудани зарар бояд ба ҳамлу нақлдиҳанда на дертар аз ҳафт рўзи баъди гирифтани бағоҷ ва на дертар аз чордаҳ рўзи баъди гирифтани бор ба таври хаттӣ хабарнома пешниҳод намояд. Дар сурати ба таъхир афтодани расонидани бағоҷ ё бор иддао бояд дар давоми бисту як рўз аз рўзи ба ихтиёри шахси ба гирифтани бағоҷ ё бор ҳуқуқдошта дода шудани бағоҷ ё бор пешниҳод карда шавад. Хабарномаи мазкур барои тартиб додани санади тиҷоратӣ асос мебошад.

Дар сурати гум шудани бағоҷ, бор ё муросилот иддао ба ҳамлу нақлдиҳанда метавонад дар давоми ҳаждаҳ моҳ аз рўзи ба майдони ҳавоии нуқтаи таъиншуда расидани ҳавопаймо, аз рўзе, ки ҳавопаймо бояд расад ё аз рўзи қатъи ҳамлу нақли ҳавоӣ пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 121. Оғози мурури мўҳлати  даъво

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки дар давоми сӣ рўз аз санаи ворид шудани эътироз онро баррасӣ кунад ва ба таври хаттӣ ба фиристанда ё боргиранда дар бораи қонеъ гардонидан ё рад намудани иддао хабар диҳад.

Мурури мўҳлати даъво баъди як рўзи аз тарафи борфиристанда ё боргиранда гирифта шудани ҷавоб дар бораи рад намудани эътироз ё қисман қонеъ гардонида шудани он ва дар сурати нагирифтани чунин ҷавоб – баъди чилу панҷ рўзи аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда гирифта шудани иддао, агар дар шартномаи интиқоли ҳавоии бор ё шартномаи интиқоли ҳавоии муросилот муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, оғоз меёбад.

 

Моддаи 122. Масъулият барои зараре, ки ҳангоми бо ҳамдигар бархўрдани ҳавопаймоҳо расидааст

 

Ҳангоми бо ҳамдигар бархўрдани ҳавопаймоҳо, ҳамчунин ҳангоми аз тарафи як ҳавопаймо расонида шудани осеб ба ҳавопаймои дигар, гарчӣ онҳо бо ҳамдигар барнахўрдаанд, масъулияти молу мулкии соҳибони ҳавопаймо ба тарзи зерин муайян карда мешавад:

1) зараре, ки ба яке аз соҳибон бо гуноҳи соҳиби дигар расонида шудааст, аз тарафи гунаҳгор ҷуброн карда мешавад;

2) дар сурати мавҷуд будани гуноҳи ҳарду (якчанд) соҳибон андозаи ҷуброни зарар баробар бо дараҷаи гуноҳи ҳар кадоми онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани муқаррарсозии дараҷаи гуноҳ масъулият дар байни соҳибон баробар тақсим карда мешавад.

Дар сурати мавҷуд набудани гуноҳи соҳибони ҳавопаймоҳо дар расидани зарар ягонтои онҳо ҳуқуқ надорад ҷуброни зарарро аз дигараш талаб намояд

Ҳеҷ яке аз соҳибони ҳавопаймоҳои бо ҳамдигар бархўрда гунаҳгор тасаввур карда намешавад, агар бо тартиби муқарраршуда таври дигаре исбот карда нашавад.

Масъулияти амволӣ барои зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо расонанда шудааст, ҳамчунин барои зараре, ки ба молу мулки шахсони сеюми дар ҳавопаймобуда расонида шудааст, ба зиммаи соҳиби ҳавопаймо вогузор мегардад. Дар айни замон ў мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҳуқуқи ба гунаҳгор пешниҳод намудани талаботи баръакс (баргашта)-ро дорад.

 

Моддаи 123. Андозаҳои масъулият барои зараре, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст

 

Барои зараре, ки баҳаёт ё саломатӣ ё амволи мусофири ҳавопаймо ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст, соҳиби ҳавопаймо ба андозаи пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъулият дорад, агар дар шартномаи дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №775)

Барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ё молу мулки шахсони сеюм ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст, соҳиби ҳавопаймо ба андозаи пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад, агар дар шартномаи баёналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 124. Суғуртаи ҳатмии масъулияти молики ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм

 

Суғурта кардани масъулияти соҳиби ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ё молу мулки шахсони сеюм ҳангоми истифодабарии ҳавопаймо расонида шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиационӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҳадди ақали  маблағи суғурта ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта барои ҳар килограмми вазни ҳадди аксари парвозии ҳавопаймо муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиационии байналмилалӣ дар фазои ҳавои давлатҳои хориҷӣ андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта мутобиқи қонунҳои давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 125. Суғуртаи ҳатмии ҳаёт ва саломатии аъзои ҳайати ҳавопаймо

 

Суғурта кардани ҳаёт ва саломатии аъзои ҳайати ҳавопаймол ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро карда шудани вазифаҳои хизматӣ ҳатмист.

Маблағи суғурта барои ҳар узви ҳайати ҳавопаймо ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 126. Суғуртаи ҳатмии масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки масъулиятро барои зарари ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо расонидашуда, ҳамчунин барои зараре, ки ба бағоҷ ва ашёҳои ҳамроҳи мусофирбуда расонида шудааст, суғурта кунад.

Маблағи суғурта барои ҳар як мусофири ҳавопаймо, ки дар шартномаи суғуртаи ҳаёт ва саломатии мусофир пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рўзи фурўши чипта муқаррар карда мешавад.

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи бағоҷ пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар килограмм вазни бағоҷ муқаррар карда мешавад.

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи ашёҳои ҳамроҳи мусофирбуда пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймо суғурта кардани масъулияти интиқолдиҳанда дар назди мусофирони ҳавопаймо, аз ҷумла масъулият барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, ҳамчунин ашёҳои, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд, ҳатмӣ мебошад. Андозаи маблағи суғурта набояд аз андозаи дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё қонунҳои давлати дахлдори хориҷӣ пешбинишуда камтар бошад.

 

Моддаи 127. Суғуртаи ҳатмии масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда дар назди соҳиби бор ё борфиристанда

 

Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст масъулиятро дар назди соҳиби бор ё борфиристанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ба маблағи суғуртае, ки андозаи он бояд на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи додани борнома ҳар килограмм вазни бор бошад, суғурта кунад.

 

Моддаи 128. Суғуртаи ҳатмии масъулияти истифодабаранда ҳангоми корҳои авиационӣ

 

Истифодабаранда вазифадор аст масъулияти худро барои зараре, ки бинобар иҷрои корҳои авиационӣ аз тарафи ў расонида шуданаш мумкин аст, суғурта кунад.

 

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

Моддаи 129. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.  (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

Моддаи 130. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№ 720

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

hqdefault

Заминдории феодалӣ дар Аморати Бухоро

Дар нимаи аввали асри XIX асосан ҳамон шаклҳои пешинаи моликияти хусусии заминдории феодалӣ – замини …