Главная / Гуногун / КОДЕКСИ ФАЗОИ ХАВОИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ФАЗОИ ХАВОИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806; с. 2011, №12, мод. 839; с. 2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203; Конуни ЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315)

havo

БОБИ 1. КОИДАХОИ УМУМИ.. 1

Моддаи 1. Истиклолияти фазои хавоии Чумхурии Точикистон. 1

Моддаи 2. Вазифахои Кодекси фазои хавоии Чумхурии Точикистон. 1

Моддаи 3. Сиёсати давлати дар сохаи фазои хавои ва фаъолият дар сохаи авиация. 1

Моддаи 4. Конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон. 1

Моддаи 5 бо КЧТ аз 26.12.11с., №775 хорич карда шуд. 1

Моддаи 6 бо КЧТ аз 18.03.15 с., № 1181 хорич карда шуд. 1

Моддаи 7. Муносибатхое, ки конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон ба танзим медарорад  1

Моддаи 8. Молу мулки авиатсия. 2

Моддаи 9. Сертификация ва аттестацияи хатми дар авиацияи граждани. 2

Моддаи 10. Ичозатномадихии (литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи наклиёти хавои. 2

Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат. 2

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ХАВОи. 2

Моддаи 12. Истифодаи фазои хавои. 2

Моддаи 13. Танзими давлатии истифодаи фазои хавои. 3

Моддаи 14. Афзалиятхои давлати дар истифодаи фазои хавои. 3

Моддаи 15. Ташкили истифодабарии фазои хавои. 3

Моддаи 16. Сохтори фазои хавои. 4

Моддаи 17. Ичозат барои истифодабарии фазои хавои. 4

Моддаи 18. Манъ ё махдуд кардани истифодабарии фазои хавои. 4

Моддаи 19. Назорат ба риояи коидахои истифодабарии фазои хавоии Чумхурии Точикистон. 4

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ АВИАЦИЯ.. 4

Моддаи 20. Навъхои авиация. 4

Моддаи 21. Авиацияи давлати. 4

Моддаи 22. Авиацияи граждани. 5

Моддаи 23. Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи давлати. 5

Моддаи 24. Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи граждани. 5

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ БА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ АВИАЦИЯИ ГРАЖДАНИ.. 5

Моддаи 25. Макоми махсуси ваколатдор, ки ба фаъолият дар сохаи авиация граждании Чумхурии Точикистон назорати давлати мебарад. 5

Моддаи 26. Макомоти назорати давлати ба фаъолият дар сохаи авиацияи граждани. 5

Моддаи 27. Хукук, ухдадори ва масъулияти бозрасхои авиация. 5

Моддаи 28. Хатми будани ичрои талаботи бозрасхои авиация ва хадамоти бозраси. 5

БОБИ 5. КОРМАНДОНИ АВИАЦИЯ.. 5

Моддаи 29. Мафхуми кормандони авиация. 6

Моддаи 30. Ба ичрои фаъолият рох додани шахсоне, ки ба кормандони авиация мансубанд. 6

Моддаи 31. Дорои эътибор донистани сертификати (шаходатномаи) давлати хоричи, ки ба корманди авиация дода шудааст. 6

БОБИ 6. ХАЙАТИ ХАВОПАЙМО.. 6

Моддаи 32. Хайати хавопаймо. 6

Моддаи 33. Сарнишини хавопаймо. 6

Моддаи 34. Хукуки командири хавопаймо. 7

Моддаи 35. Амали экипажи хавопаймо дар холати фалокат. 7

Моддаи 36. Расонидани кумак ба хавопаймо ва одамоне, ки дар хатар мебошанд. 7

БОБИ 7. ХАВОПАЙМОХО.. 7

Моддаи 37. Хавопаймохо. 7

Моддаи 38. Бакайдгирии давлати ва бахисобгирии давлатии хавопаймохо. 8

Моддаи 39. Талаботи кобили парвоз будани хавопаймохои граждани ва хифзи мухити зист аз таъсири фаъолият дар сохаи авиация. 8

Моддаи 40. Ичозати истифодабарии хавопаймохои давлати ва граждани. 8

Моддаи 41. Сертификацияи хавопаймохои граждани. 9

Моддаи 42. Аломатхое, ки ба хавопаймо гузошта мешавад. 9

БОБИ 8. АЭРОДРОМХО, ФУРУДГОХХОИ ВА ИНШООТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ТАШКИЛИ ХАРАКАТИ ХАВОИ.. 10

Моддаи 43. Аэродром ва фурудгоххои. 10

Моддаи 44. Бакайдгирии давлатии аэродромхо ва аэропортхо. 10

Моддаи 45. Объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои. 10

Моддаи 46. Чудо кардани китъаи замин ё сатхи об. 11

Моддаи 47. Аэродромхои чойгиршавии муштарак ва аэродромхои истифодабарии муштарак. 11

Моддаи 48. Сохтмон ва азнавсозии аэродромхо, фурудгоххои ва  объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои. 11

Моддаи 49. Сохтмон дар худуди назди аэродром.. 11

Моддаи 50. Чойгиркунии объектхои гуногун дар минтакаи аэродром.. 11

Моддаи 51. Сертификацияи аэродромхо ва аэропортхо, инчунин объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои. 12

Моддаи 52. Хизматрасонии хавопаймохо дар аэродромхо ва аэропортхо. 12

Моддаи 53. Аломатгузории бинохо ва иншоот. 12

БОБИ 9. КОРХОНАХОИ АВИАЦИОНИ.. 12

Моддаи 54. Корхонахои авиациони ва истифодабаранда. 12

Моддаи 55. Фаъолияти тичорати дар сохаи авиацияи граждани аз тарафи корхонахои авиациони ва сохибкорони инфиродии Чумхурии Точикистон. 13

Моддаи 56. Фаъолияти тичорати дар сохаи авиацияи граждани аз тарафи корхонахои авиацияи граждании хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони инфиродии хоричи  13

Моддаи 57. Тарифхо ва бочхо дар сохаи авиацияи граждани ва коидахои фуруши санадхои хамлу накл  13

Моддаи 58. Назорат аз болои фаъолияти корхонахои авиациони ва сохибкорони инфироди. 14

БОБИ 10. ПАРВОЗ ХАВОПАЙМОХО.. 14

Моддаи 59. Ба парвози хавопаймо ичозат додан. 14

Ба парвози хавопаймое ичозат дода мешавад, ки аломатхои давлати ва бакайдгири ё бихисобгирию фарккунанда дошта аз тайёрии зарури гузаштааст ва дар борт санадхои дахлдорро дорад. 14

Моддаи 60. Санадхое, ки дар борти хавопаймо мавчуданд. 14

Моддаи 61. Ба парвоз омода кардани хавопаймо ва хайати он. 14

Моддаи 62. Таъмини парвози хавопаймохо. 14

Моддаи 63. Накшаи парвозихавопаймо. 15

Моддаи 64. Алокаи радиои бо хавопаймо. 15

Моддаи 65. Парвози хавопаймо аз болои махалхои ахолинишин. 15

Моддаи 66. Парвози намоишии хавопаймо. 15

Моддаи 67. Парвози хавопаймои суръати фавкуссадо дошта. 15

Моддаи 68. Аксбардори, ба наворбаргири ва дигар усулхои тахкики фосилавии замин аз борти хавопаймо. 15

Моддаи 69. Ичораи каналхои алока. 15

Моддаи 70. Истифодаи воситахои алокаи таъиноти умуми. 16

Моддаи 71. Анчом додани таъминоти радиотехникии парвози хавопаймохо ва алокаи радиои бо онхо  16

БОБИ 11. ПАРВОЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХАВОПАЙМОХО.. 16

Моддаи 72. Парвози байналмилалии хавопаймохо. 16

Моддаи 73. Парвоз ва фурудоии хавопаймохои Чумхурии Точикистон ва хавопаймохои давлатхои хоричи хангоми ичрои парвозхои байналмилали. 16

Моддаи 74. Дар каламрави Чумхурии Точикистон эътироф кардани санадхои хавопаймо, ки дар борти хавопаймохои граждании давлатхои хоричи мавчуданд. 17

Моддаи 75. Истифодаи коидахои шиноснома, гумрук ва коидахои дигар хангоми ичрои парвози байналмилалии хавопаймохо. 17

БОБИ 12. БЕХАТАРИИ АВИАЦИЯ.. 17

Моддаи 76. Бехатарии авиация. 17

Моддаи 77. Таъмини бехатарии авиация. 17

Моддаи 78. Муоинаи пеш аз парвоз. 18

БОБИ 13. ЧУСТУЧУ ВА НАЧОТДИХИ.. 18

Моддаи 79. Хавопаймое, ки ба фалокат дучор шуда истодааст ё ба фалокат гирифтор шудааст. 18

Моддаи 80. Бонги фалокат. 18

Моддаи 81. Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои онхо. 19

Моддаи 82. Таъмини корхои чустучуи ва садамавию начотдихи. 19

Моддаи 83. Корхои садамавию начотдихи дар аэродром ва минтакаи аэродром.. 19

Моддаи 84. Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои онхо дар каламрави давлатхои хоричи. 20

Моддаи 85. Хабархо дар бораи хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда  20

Моддаи 86. Хабардоркуни дар бораи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда. 20

Моддаи 87. Катъ намудани чустучуи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайати он  20

БОБИ 14. ТАХКИКИ ХОДИСА Ё ВОКЕАИ АВИАЦИОНИ.. 21

Моддаи 88. Максад ва тартиби тахкики ходиса ё вокеаи авиациони. 21

Моддаи 89. Ваколатхои комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони. 21

Моддаи 90. Нигахдории далелхои модди. 21

Моддаи 91. Таъмини корхо дар чои ходиса ё вокеаи авиациони. 22

Моддаи 92. Маблаггузории корхои тахкики ходиса ё вокеаи авиациони. 22

БОБИ 15. ХАМЛУ НАКЛИ ХАВОИ.. 22

Моддаи 93. Хамлу наклдиханда. 22

Моддаи 94. Хамлу накли хавои. 22

Моддаи 95. Ичрои коидахои хамлу накли хавои. 22

Моддаи 96. Шартномаи хамлу накли хавоии мусофир. Шартномаи хамлу накли хавоии бор. Шартномаи хамлу накли хавоии муросилот. 23

Моддаи 97. Шартномаи кирояи хавопаймо (чартери хавои) 23

Моддаи 98. Санадхои интикол. 23

Моддаи 99. Хизматрасони ва имтиёзоте, ки ба мусофирони хавопаймо пешниход карда мешаванд  23

Моддаи 100. Бо ташаббуси хамлу наклдиханда катъ гардидани амали шартномаи интиколи хавоии мусофир, шартномаи интиколи хавоии бор. 24

Моддаи 101. Бо ташаббуси мусофири хавопаймо катъ гардидани амали шартномаи хамлу накли хавоии мусофир. 24

Моддаи 102. Мухлати расонидани бор. 25

Моддаи 103. Тагйир додани шартномаи интиколи хавоии бор. 25

Моддаи 104. Гирифтани бор дар нуктаи таъиншуда. 25

Моддаи 105. Нагирифтани бор. 25

Моддаи 106. Хамлу накли хавоии борхои хатарнок. 25

БОБИ 16. КОРХОИ АВИАЦИОНИ.. 25

Моддаи 107. Корхои авиациони. 25

Моддаи 108. Шартнома дар бораи ичрои корхои авиациони. 26

БОБИ 17. МАСЪУЛИЯТИ ХАМЛУ НАКЛДИХАНДА, ИСТИФОДАБАРАНДА ВА БОРФИРИСТАНДА   26

Моддаи 109. Асосхои умумии масъулият. 26

Моддаи 110. Масъулияти хамлу наклдиханда барои расонидани зарар ба хаёт ва саломатии мусофири хавопаймо. 26

Моддаи 111. Масъулияти хамлу наклдиханда”,  барои гамшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, хамчунин ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд. 27

Моддаи 112. Андозаи масъулияти хамлу наклдиханда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, инчунин ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд. 27

Моддаи 113. Масъулияти хамлу наклдиханда барои бо таъхир расонидани мусофир, багоч ё бор. 27

Моддаи 114. Масъулияти борфиристанда. 28

Моддаи 115. Масъулияти хамлу наклдиханда барои гумшави, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот. 28

Моддаи 116. Созишномахо дар бораи зиёд намудани худуди масъулияти хамлу наклдиханда. 28

Моддаи 117. Тартиби пешниходи талабот дар холати  вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи интиколи хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот. 28

Моддаи 118. Шахсоне, ки дар сурати вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот хукуки пешниходи талаботро доранд. 28

Моддаи 119. Мухлати пешниходи иддао ба хамлу наклдиханда хангоми хамлу накли хавоии дохили  29

Моддаи 120. Мухлати пешниходи эътироз ба хамлу наклдиханда хангоми интиколи хавоии байналмилали. 29

Моддаи 121. Огози мурури мухлати  даъво. 29

Моддаи 122. Масъулият барои зараре, ки хангоми бо хамдигар бархурдани хавопаймохо расидааст  30

Моддаи 123. Андозахои масъулият барои зараре, ки хангоми хамлу накли хавои расонида шудааст  30

Моддаи 124. Сугуртаи хатмии масъулияти молики хавопаймо дар назди шахсони сеюм.. 30

Моддаи 125. Сугуртаи хатмии хаёт ва саломатии аъзои хайати хавопаймо. 30

Моддаи 126. Сугуртаи хатмии масъулияти хамлу наклдиханда дар назди мусофири хавопаймо. 31

Моддаи 127. Сугуртаи хатмии масъулияти хамлу наклдиханда дар назди сохиби бор ё борфиристанда  31

Моддаи 128. Сугуртаи хатмии масъулияти истифодабаранда хангоми корхои авиациони. 31

БОБИ 18. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 31

Моддаи 129. Хамкории байналмилали дар сохаи истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон. 31

Моддаи 130. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 31

 

 

Кодекси мазкур муносибатхои вобаста ба истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон ва фаъолияти авиацияро ба тартиб дароварда, асосхои амали намудани сиёсати давлатиро дар ин соха мукаррар менамояд. (КЧТ аз 26.12.11г., № 775)

 

БОБИ 1. КОИДАХОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Истиклолияти фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 

Мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон фазои хавоии Чумхурии Точикистон моликияти истиснои давлат мебошад.

Чумхурии Точикистон истиклолияти пурра ва истисноиро нисбати фазои хавоии Чумхурии Точикистон дорад.

 

Моддаи 2. Вазифахои Кодекси фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 

Вазифахои Кодекси мазкур танзими таъмини хамлу накли хавои, корхои авиатсиони, мудофиа ва амнияти давлат, хифзи манфиатхои шахрвандон, бехатарии парвози хавопаймохо, амнияти авиатсиони ва мухити зист мебошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 3. Сиёсати давлати дар сохаи фазои хавои ва фаъолият дар сохаи авиация

 

Сиёсати давлати дар сохаи фазои хавои ва фаъолият дар сохаи авиация мачмуи тадбирхои хукуки, иктисоди, ташкили, харби ва дигарро дар бар гирифта, чорахои зеринро пешбини мекунад:

таъмини амният ва истифодаи окилонаи фазои хавои;

тахия ва татбики барномахои максадноки давлати;

такмили фаъолият дар сохаи авиация;

хамкории мутакобилаи судбахш бо давлатхои хоричи оиди истифодаи фазои хавои ва фаъолият дар сохаи авиация.

 

Моддаи 4. Конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 

Конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 5 бо КЧТ аз 26.12.11с., №775 хорич карда шуд.

Моддаи 6 бо КЧТ аз 18.03.15 с., № 1181 хорич карда шуд.

 

Моддаи 7. Муносибатхое, ки конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон ба танзим медарорад

 

Конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон муносибатхоро дар сохаи истифодаи фазои хавои, муносибатхое, ки бо фаъолият дар сохаи авиация дар каламрави Чумхурии Точикистон вобастаанд, инчунин муносибатхоеро, ки аз парвози хавопаймохои Чумхурии Точикистон берун аз каламрави Чумхурии Точикистон ба вучуд меоянд, танзим менамояд, агар конунхои кишваре, ки хавопаймо дар он карор дорад ё дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбини накрада бошанд ва муносибатхоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози хавопаймохои давлатхои хоричи дар фазои хавоии Чумхурии Точикистон ба вучуд меоянд, агар дар шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон таври дигаре пешбини нашуда бошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 8. Молу мулки авиатсия

 

Молу мулки авиатсияи граждании Чумхурии Точикистон-хавопаймохо, аэродромхо, фурудгоххо, воситахои техники ва дигар воситахое, ки барои таъмини парвози хавопаймохо пешбини шудаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар шаклхои гуногуни моликият вучуд дошта метавонад.

Молу мулки авиатсияи давлати ва объектхои низоми ягонаи ташкили харакати хавои танхо дар шакли моликияти давлати буда метавонанд.

Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд дар моликияти шахсиашон хавопаймохои граждани дошта бошанд. (КЧТ аз 26.12.11с., №775)

 

Моддаи 9. Сертификация ва аттестацияи хатми дар авиацияи граждани

 

Шахсони хукуки – корхонахои авиациони ва сохибкорони алохида, ки хамлу накли хавои ва корхои авиациониро ичро ва таъмин мекунанд; шахсони хукукие, ки хизматрасонии техники ва таъмири техникаи авиациониро анчом медиханд; аэродромхо, фурудгоххо; муассисахои таълими, ки мувофики фехристи вазифахои кормандони авиация мутахассисонро дар сатхи дахлдор тайёр мекунанд; хавопаймохо, мухаррикхои авиациони, паррахои хавои, тачхизоти дохили ва заминии хавопаймохо ва объектхои дигар, хамчунин шахсони хукукие, ки фаъолияти онхо мустакиман бо таъмини бехатарии парвози хавопаймохо ё бехатарии авиациони вобаста мебошад, ба таври хатми мавриди сертификация карор дода мешаванд.

Кормандони авиация ба таври хатми аз аттестация мегузаранд.

Сертификация ва аттестацияи хатми аз тарафи макомоти махсуси ваколатдоре сурат мегирад, ки ташкил ва гузаронидани сертификация ва аттестацияи хатми ба зиммаи онхо вогузор гардидааст. Талаботи гузаронидани сертификация ва аттестацияи хатми ва тартиби гузаронидани онхо, ки бо Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, бояд аз тарафи хамаи макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, хамчунин шахсони хукуки ва шахрвандон хатман риоя карда шаванд.

Гузаронидани сертификацияи хатми пулаки мебошад.

 

Моддаи 10. Ичозатномадихии (литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи наклиёти хавои

 

Фаъолият дар сохаи наклиёти хавои дар асоси ичозатнома ба амал бароварда мешавад.

Ичозатномадихии фаъолият дар сохаи наклиёти хавои мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат

 

Амали сертификат аз тарафи макоме, ки сертификатро додааст, мумкин аст боздошта шавад, инчунин бо тартиби мукаррарнамудаи коидахои умумии авиатсияи Чумхурии Точикистон метавонад ба амали он махдудиятхо чори карда шаванд.

Сертификат аз тарафи макоме, ки ин хуччатро додааст, бо тартиби мукаррарнамудаи коидахои умумии авиатсияи Чумхурии Точикистон метавонад бекор карда шавад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ХАВОи

 

Моддаи 12. Истифодаи фазои хавои

 

Истифодаи фазои хавои фаъолияте мебошад, ки дар чараёни он дар фазои хавои харакати объектхои гуногуни модди (тайёрахо, ракетахо ва объектхои дигар) сурат мегирад, инчунин фаъолиятхои дигар (сохтмони иншооти баландошёна, фаъолияте, ки дар чараёни он шуодихии электромагнити ва гайра ба вучуд меоянд, ба хаво партофтани моддахое, ки диданро душвор мегардонанд, гузаронидани корхои таркониш ва монанди инхо) ичро карда мешавад, ки ба бехатарии харакати хавои тахдид карда метавонад.

Истифодабарандагони фазои хавои-шахрвандон ва шахсони хукукие мебошанд, ки ба онхо ба тартиби мукарраршуда хукуки ичрои фаъолият оид ба истифодаи фазои хавои дода шудааст.

 

Моддаи 13. Танзими давлатии истифодаи фазои хавои

 

Танзими давлатии истифодаи фазои хавои аз тарафи давлат мукаррар карда шудани коидахои умумии чунин фаъолият, инчунин масъулият барои риояи онхо мебошад.

Танзими давлатии истифодаи фазои хавои аз тарафи макомоти зерин сурат мегирад:

1) макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа – танзими пурраи давлатии истифодаи фазои хавои;

2) макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани – танзими давлатии фаъолият оид ба истифодаи он кисми фазои хавои, ки ба тартиби мукарраршуда барои роххои хавои (дохили ва байналмилали), хатхои хавоии махалли, минтакахои корхои авиациони, аэродрому фурудгоххои граждани муайян карда шудааст.

 

Моддаи 14. Афзалиятхои давлати дар истифодаи фазои хавои

 

Хамаи истифодабарандагони фазои хавои хукуки баробари истифодаи онро доранд. Дар сурати ба вучуд омадани зарурати истифодаи хамзамони фазои хавои аз тарафи истифодабарандагон мутобики афзалиятхои давлати бо тартиби зерин дода мешавад:

1) зада гардонидани хучуми хавои, пешгири намудан ва рох надодан ба вайронкунии сархади давлатии Чумхурии Точикистон ё хамлаи мусаллахона ба каламрави Чумхурии Точикистон;

2) расонидани кумак хангоми холатхои фавкулоддаи дорои хусусиятхои табии ва техники;

3) ба замин шинондан, чустучу намудан ва ба чои дигар кучонидани тачхизоти кайхони ва экипажхо;

4) пешгири намудан ва рох надодани вайронкунии коидахои истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон;

5) ичрои парвози хавопаймохо, аз чумла ба манфиати иктидори мудофиави ва амнияти давлат ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои хавои, ки ба тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад;

6) ичрои парвози хавопаймохо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои хавои, ки мутобики шартномахои махсус анчом дода мешавад;

7) ичрои парвози хавопаймохои авиацияи давлати хангоми санчишхои ногахонии омодагии чанги, хамчунин хангоми ба чои дигар кучонидани кисмхо ва вохидхои авиацияи давлати;

8) ичрои парвози хавопаймохои авиацияи давлати;

9) ичрои хамлу накли мунтазами хавоии мусофирон, багоч, борхо ва муросилот;

10) ичрои хамлу накли гайримунтазами хавои, ичрои корхои авиациони;

11) гузаронидани чорабинихои таълими, варзиши, намоиши ва чорабинихои дигар;

12) ичрои парвози хавопаймохо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои хавои, ки ба максади конеъ кунонии талаботи шахрвандон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Ташкили истифодабарии фазои хавои

 

Ташкили истифодабарии фазои хавои таъмини харакати бехатари, сарфакорона, мунтазами хавои ва фаъолияти дигарро доир ба истифодаи фазои хавои пешбини менамояд. Ташкили истифодабарии фазои хавои аз инхо иборат аст:

  • мукаррар намудани сохтори фазои хавои;

2) банакшагири ва хамохангсозии истифодабарии фазои хаво мутобики афзалиятхои давлатие, ки бо моддаи 14 хамин Кодекс мукаррар карда шудаанд;

3) таъмини тартиби ичозатдиханда истифодабарии фазои хавои;

4) ташкили харакати хавои, ки инхоро дарбар мегирад: хизматрасонии (идоракунии) харакати хавои:

ташкили самтхои харакати хавои;

ташкили фазои хавои ба максади таъмини хизматрасонии (идоракунии) харакати хавои ва ташкили самтхои харакати хавои;

5) назорат ба риояи коидахои истифодабарии фазои хавоии Чумхурии Точикистон.

Ташкили истифодабарии фазои хавои аз чониби макомоти системаи ягонаи ташкили харакати хавои, инчунин аз тарафи макомоти истифодабарандаи фазои хавои – макомоти хизматрасонии харакати хавои (идоракунии парвоз) дар минтакахо ва нохияхои барои онхо мукарраршуда ба тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Низомномаи системаи ягонаи ташкили харакати хавои аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 16. Сохтори фазои хавои

 

Сохтори фазои хавои минтакахо, нохияхо ва хатхои хизматрасонии харакати хавои (роххои хавои, хатхои хавоии махалли ва монанди инхо), минтакахои аэродромхо ва нуктахои хавои, минтакахои махсус ва хатхои сайри парвози хавопаймохо, минтакахои мамнуъ, минтакахои хатарнок (минтакахои озмоишгоххо, корхои таркониш ва монанди инхо), минтакахои махдуди парвози хавопаймохо ва дигар унсурхои сохтори фазои хавоиро, ки барои анчом додани фаъолият дар фазои хавои мукаррар карда шудаанд, дарбар мегирад. Сохтори фазои хавои ба тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 17. Ичозат барои истифодабарии фазои хавои

 

Истифодабарии фазои хавои дар асоси ичозати макоми системаи ягонаи ташкили харакати хавои бо огохонидани хатмии макоми системаи ягонаи ташкили харакати хавои дар ин бора сурат мегирад, ба гайр аз холатхое, ки дар бандхои 1-4 кисми дуюми моддаи 14 хамин Кодекс пешбини шудаанд.

 

Моддаи 18. Манъ ё махдуд кардани истифодабарии фазои хавои

 

Истифодабарии фазои хавои ё минтакахои алохидаи он метавонад ба тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон манъ ё махдуд карда шавад.

 

Моддаи 19. Назорат ба риояи коидахои истифодабарии фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 

Назорат ба риояи коидахои истифодабарии фазои хавоии Чумхурии Точикистон аз тарафи макомоти системаи ягонаи ташкили харакати хавои, макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа оид ба ошкор намудани хавопаймохои вайронкор, хамчунин макомоти истифодакунандаи фазои хавои – макомоти хизматрасонии харакати хавои (идоракунии парвоз) дар минтакахо ва нохияхои барои онхо мукарраршуда сурат мегирад.

Макомоти дар кисми якуми хамин модда зикршуда, инчунин истифодабарандагони фазои хавои вазифадоранд, ки барои пешгири ва (ё) рох надодан ба вайронкорихои коидахои истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон чорахои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали намоянд.

 

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 20. Навъхои авиация

 

Авиация ба ду навъ таксим мешавад: давлати ва граждани.

 

Моддаи 21. Авиацияи давлати

 

Авиацияе, ки барои анчом додани хизмати харби, сархади, милиция, гумрук ва дигар хизмати давлати, инчунин барои ичрои вазифахои сафарбарию мудофиави истифода бурда мешавад, ба авиацияи давлати мансуб аст.

Истифодаи авиацияи давлати ба максадхои тичорати ба тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 22. Авиацияи граждани

 

Авиацияе, ки ба максадхои таъмини талаботи шахрвандон ва иктисодиёт истифода бурда мешавад, ба авиацияи граждани мансуб аст.

Авиацияи граждание, ки барои хамлу накли хавоии мусофирон, багоч, борхо, муросилот ва корхои авиационии пулаки истифода бурда мешавад, ба авиацияи граждании тичорати мансуб аст.

Авиацияи граждание, ки бепул истифода бурда мешавад, ба авиацияи таъиноти умуми мансуб аст.

 

Моддаи 23. Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи давлати

 

Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи давлати аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи граждани

 

Танзими давлатии фаъолият дар сохаи авиацияи граждани аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани дар худуди мукаррарнамудаи конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ БА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ АВИАЦИЯИ ГРАЖДАНИ

 

Моддаи 25. Макоми махсуси ваколатдор, ки ба фаъолият дар сохаи авиация граждании Чумхурии Точикистон назорати давлати мебарад

 

Назорати давлатиро ба фаъолият дар сохаи авиацияи граждании Чумхурии Точикистон макоми махсуси ваколатдори давлати, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, амали мегардонад.

Низомномаи макоми махсуси ваколатдори давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд,

 

Моддаи 26. Макомоти назорати давлати ба фаъолият дар сохаи авиацияи граждани

 

Барои назорати давлати ба фаъолият дар сохаи авиацияи граждани Идораи авиацияи граждании (Департаменти авиацияи граждании) Чумхурии Точикистон хадамоти бозраси таъсис медихад.

Сохтор ва вазифахои хадамоти бозраси бо пешниходи Идораи авиацияи граждании (Департаменти авиацияи граждании) Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Хукук, ухдадори ва масъулияти бозрасхои авиация

 

Хукук, ухдадори ва масъулияти бозрасхои авиацияро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Хатми будани ичрои талаботи бозрасхои авиация ва хадамоти бозраси

 

Талаботи бозрасхои авиация ва хадамоти бозраси, ки дар асоси гузаронидани тафтишот ба миён гузошта шудаанд, аз тарафи шахрвандон ва шахсони хукуки бояд хатман ичро карда шаванд.

 

БОБИ 5. КОРМАНДОНИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 29. Мафхуми кормандони авиация

 

Шахсоне, ки дорои омодагии махсус ва сертификат (шаходатнома) буда, фаъолиятро оид ба таъмини бехатарии парвози хавопаймохо ё бехатарии авиациони, хамчунин фаъолиятро оид ба ташкил, ичро, таъмин ва хизматрасонии хамлу накли хавои ва парвози хавопаймохо, корхои авиациони, ташкили истифодабарии фазои хавои, ташкил ва хизматрасонии харакати хавои анчом медиханд, ба кормандони авиация мансуб мебошанд.

Фехристи мансабхои кормандони авиация аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Кормандони авиация аз кормандони авиацияи давлати ва авиацияи граждани иборатанд.

 

Моддаи 30. Ба ичрои фаъолият рох додани шахсоне, ки ба кормандони авиация мансубанд

 

Шахсоне, ки ба кормандони авиацияи давлати мансубанд, ба ичрои фаъолият дар сурати доштани шаходатнома рох дода мешаванд.

Шахсоне, ки ба чумлаи кормандони авиацияи граждани мансубанд, ба ичрои фаъолият дар сурати доштани сертификат (шаходатнома) рох дода мешаванд.

Талабот нисбати кормандони авиацияи граждани бо Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Назорати давлати ба фаъолияти кормандони авиация аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа ва макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани сурат мегирад.

 

Моддаи 31. Дорои эътибор донистани сертификати (шаходатномаи) давлати хоричи, ки ба корманди авиация дода шудааст

 

Сертификати (шаходатномаи) давлати хоричи, ки ба корманди авиация дода шудааст, дар Чумхурии Точикистон ба шарте дорои эътибор дониста мешавад, ки ин сертификат (шаходатнома) ба меъёрхои байналмилалии аз тарафи Чумхурии Точикистон эътирофшуда ва Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мутобикат дошта бошад.

 

БОБИ 6. ХАЙАТИ ХАВОПАЙМО

 

Моддаи 32. Хайати хавопаймо

 

Хайати хавопаймо аз хайати парвозкунанда (командири хавопаймо ва дигар шахсони хайати парвозкунанда) ва хайати кабина (операторони борт ва рохбаладони борт) иборат аст. Агар хайати парвозкунанда аз хайати хадди акали мукарраршуда камтар бошад, ба парвози хавопаймо ичозат дода намешавад.

Хайати хавопаймои навъи муайян мутобики талаботи истифодабарии хавопаймои навъи мазкур дар парвоз мукаррар карда мешавад.

Ба хайати парвозкунандаи авиацияи граждании Чумхурии Точикистон танхо шахрвандони Чумхурии Точикистон шомил шуда метавонанд, агар дар конуни Чумхурии Точикистон таври дигар пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 33. Сарнишини хавопаймо

 

Сарнишини хавопаймо шахсе мебошад, ки сертификати (шаходатномаи) амалкунандаи пилот (лётчик), инчунин тайёри ва тачрибаи зарури барои идоракунии мустакилонаи навъи муайяни хавопаймо дорад.

Сарнишини хавопаймо ба кори хайати хавопаймо рохбари мекунад, барои тартибу интизом дар хавопаймо чавобгар аст, инчуин оид ба таъмини бехатарии одамони дар хавопаймобуда, мухофизати хавопаймо ва молу мулки дар он буда тадбирхои зарури меандешад.

 

Моддаи 34. Хукуки командири хавопаймо

 

Сарнишини хавопаймо хукук дорад:

1) дар бораи огози парвоз ва фуруд омадани хавопаймо, инчунин оид ба катъи парвоз ва баргаштан ба аэродром ё доир ба фуруд омадани мачбури дар сурати тахдиди ошкор ба бехтарин парвози хавопаймо бо максади начоти хаёти одамон, пешгирии зарар ба мухити зист карори нихои кабул кунад. Чунин карорхо бо дигар кардани накшаи парвоз, дастурхои макоми дахлдори системаи ягонаи ташкили харакати хавои ва супориш барои парвоз бо огохонидани хатмии макоми дахлдори хизматрасонии харакати хавои (идоракунии парвоз) ва аз руи имкон мутобики коидахои мукарраршудаи парвоз кабул карда шуда метавонанд;

2) бо максади таъмини бехатарии парвози хавопаймо ба хар шахси дар хавопаймобуда амр дихад ва ичрои онро талаб намояд. Сарнишини хавопаймо хукук дорад нисбат ба шахсоне, ки бо кирдори худ барои бехатарии парвози хавопаймо тахдиди бевосита ба вучуд меоранд ва аз ичрои амрхои комнадири хавопаймо саркаши мекунанд, хамаи тадбирхои зарури, аз чумла чорахои мачбурсозиро андешад. Баъди расидани хавопаймо ба аэродроми наздиктарин, командири хавопаймо хукук дорад, ки чунин шахсонро аз хавопаймо фарорад ва дар сурати содир намудани кирдоре, ки аломатхои чиноят дорад, онхоро ба макомоти хифзи хукук супорад;

3) дар бораи рехтани сузишвори дар чараёни парвоз, партофтани багоч, бор ва муросилот, агар ин амал барои таъмини бехатарии парвози хавопаймо ва фуруд омадани он зарур бошад, карор кабул кунад. Дар сурати мавчуд набудани хадамоти дахлдори бехатарии авиациони, командири хавопаймо хукук дорад, ки пеш аз парвоз шахсон ва объектхои дар моддаи 80 хамин Кодекс зикршударо тафтиш намояд;

4) оид ба таъмини анчоми бехатари парвози хавопаймо тадбирхои дигар андешад.

Дар сурати нишастани мачбурии хавопаймо командирихавопаймо ба амали шахсоне, ки дар хавопаймо карор доранд, то ба намояндагони хадамоти чустучу ва начоти хавопаймо супоридани салохияти худ рохбари мекунад.

 

Моддаи 35. Амали экипажи хавопаймо дар холати фалокат

 

Агар хавопаймо ба фалокат дучор шуда истода бошад ё гирифтори фалокат гардида бошад, командири хавопаймо ва дигар аъзоёни хайати хавопаймо ухдадоранд, ки барои хифзи хаёт ва саломатии одамони дар хавопаймобуда, инчунин дар бобати таъмини хифзи хавопаймо ва молу мулки дар он буда тамоми тадбирхоро андешанд.

 

Моддаи 36. Расонидани кумак ба хавопаймо ва одамоне, ки дар хатар мебошанд

 

Сарнишини хавопаймое, ки бонги фалокатро аз дигар хавопаймои ба фалокат дучоршудаистода ё ба фалокат гирифторшуда кабул кардааст, минтакаи офати экологи ё одамони дар хатар карордоштаро ошкор намудааст, ухдадор аст, ки ба онхо кумак расонад, агар ин амал ба хавопаймо, мусофирон ва экипажи ба у супоридашуда хатарнок набошад, дар накша махалли (минтакаи) фалокатро кайд намояд ва дар ин бобат ба макоми хизматрасони харакати хавои (идоракунии парвоз) хабар дихад.

 

БОБИ 7. ХАВОПАЙМОХО

 

Моддаи 37. Хавопаймохо

 

Хавопаймо – дастгохи парвозкунанда мебошад, ки дар атмосфера аз хисоби амали дутарафаи хавое, ки он аз хавои сатхи замин ва хавои сатхи об фарк мекунад, нигох дошта мешавад.

Хавопаймои босарнишин – хавопаймое, ки хангоми парвоз аз чониби сарнишини (хайати) дар дохили он буда идора карда мешавад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Хавопаймои бесарнишин – дастгох, хавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (хайати) дар дохили он буда парвоз мекунад ва ба таври фосилави идора карда мешавад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Системаи авиатсионии бесарнишин – хавопаймо ва чузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (хайати) дар дохили он буда идора карда мешавад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

 

Моддаи 38. Бакайдгирии давлати ва бахисобгирии давлатии хавопаймохо

 

Хавопаймохое, ки барои ичрои парвоз таъин шудаанд, бояд бо тартиби зерин аз кайди давлати гузаранд:

хавопаймохои давлати – бо тартиби мукаррарнамудаи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа;

хавопаймохои граждани – дар Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон бо додани шаходатномаи ба кайди давлати гирифтани онхо ё дар Фехристи давлатии хавопаймохои граждании давлати хоричи, бо шарти бастани созишнома доир ба нигахдории кобилияти парвози онхо байни давлати истифодабаранда ва давлати бакайдгиранда, аз кайди давлати гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи хавопаймохои граждани дар сурати доштани сертификат дар бораи кобилияти парвоз (гувохномахо дар бораи кобили парвоз будан) ба Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд.

Тартиб додани Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон ба зиммаи Регистри давлатии авиацияи Чумхурии Точикистон, ки ба хайати макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждании Чумхурии Точикистон дохил мешавад, вогузор аст.

Хавопаймое, ки ба тартиби мукарраршуда дар Чумхурии Точикистон ба кайди давлати ва хисоби давлати гирифта шудааст, дорои мансубияти миллии Чумхурии Точикистон мегардад.

Маълумот дар бораи хавопаймои граждани дар холатхои зерин аз Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон хорич карда мешаванд:

аз хисоб баровардани хавопаймои граждани ё аз истифода хорич кардани он;

фуруши хавопаймои граждани ё мувофики дигар асосхои конуни ба давлати хоричи, инчунин ба шахрванди хоричи, шахси бешахрванд ё шахси хукукии хоричи гузаштани хукуки моликият ба он, ба шарти баровардани хавопаймои граждани берун аз каламрави Чумхурии Точикистон;

вайрон карда шудани талаботи бакайдгирии хавопамои граждани.

Хангоми аз Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон хорич кардани маълумот дар бораи хавопаймои граждани, шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии ин хавопаймо эътиборихудро гум мекунад ва бояд ба макоме, ки шаходатномаи мазкурро додааст, баргардонида шавад.

Коидахои бакайдгирии давлати ва бахисобгирии давлатии хавопаймохо аз тарафи макоми дахлдори махсуси ваколатдор мукаррар карда мешаванд.

Коидахои муомилоти хавопаймохои бесарнишин аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Хизматрасони дар бобати бакайдгирии джавлатии хавопаймои граждани пулаки мебошад. Андозаи боч ва тартиби ситонидани он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Бакайдгирии давлатии хукуки моликият ва дигар хукуки молумулки ба хавопаймо, махдуд гардонидани хукуки мазкур, пайдо шудани онхо, гузариш ва катъ гардидани онхо, хамчунин мукаррар намудани тартиби бакайдгирии давлати ва асосхо барои рад намудани бакайдгирии давлатии хавопаймо ва ахдхои бо он вобаста мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад. (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

Дар сурати ба гарав гузоштани хавопаймои граждани маълумот дар бораи гарав бяод ба Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон дохил карда шаванд.

 

Моддаи 39. Талаботи кобили парвоз будани хавопаймохои граждани ва хифзи мухити зист аз таъсири фаъолият дар сохаи авиация

 

Талаботи кобили парвоз будани хавопаймохои граждани ва хифзи мухити зист аз таъсири фаъолият дар сохаи авиация (минбаъд – талабот доир ба кобилияти парвоз ва хифзи мухити зист) бо Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд ва ичрои онхо аз тарафи макомоти хокимияти ичроияи махаллии Чумхурии Точикистон, хамчунин шахсони хукуки ва шахрвандоне, ки дар кабул, истифодабари ва таъмири хавопаймохои граждани иштирок мекунанд, хатмист.

 

Моддаи 40. Ичозати истифодабарии хавопаймохои давлати ва граждани

 

Ичозати истифодабарии хавопаймохои давлати бо тартиби мукаррарнамудаи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа сурат мегирад.

Истифодабарии хавопаймохои граждани дар сурати мавчудияти сертификатхо дар бораи кобилияти парвоз (гувохномахо дар бораи кобили парвоз будан), ки дар асоси сертифакати навъ (шаходатнома дар бораи кобили истифода будан) дода шудаанд ва мутобикати ин хавопаймохоро бо талабот доир ба кобилияти парвози хавопаймохои граждани ва хифзи мухити зист тасдик мекунанд, ичозат дода мешавад.

Тартиби додани ичозати истифодабарии хавопаймохои граждани аз чумла ба шарти кироя, тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 41. Сертификацияи хавопаймохои граждани

 

Сертификацияи хавопаймохои граждани мутобики Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон, ки талабот ва коидахои гузаштани сертификацияро мукаррар мекунад, анчом дода мешавад. Агар дар чараёни гузаронидани сертификация мукаррар гардад, кеи хавопаймохои ба сертификация пешниходшуда бо талабот доир ба кобилияти парвоз ва хифзи мухити зист мутобикат доштан ва мувофикати сохтмони онхо хамчун сохтмони намунави ба типашон эътироф шудааст, сертификация бо додани сертификат анчом меёбад.

Сертификати навъ аз тарафи макоми махсуси ваколатдоре дода мешавад, ки ба зиммаи он бо тартиби мукарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи хатмии хавопаймохои граждани вогузор гардидааст.

Риояи коидахои истифодабарии парвоз ва хизматрасонии техникии хавопаймои граждани, ки дар хуччатхои истифодабарии хавопаймои граждании навъи муайян пешбини гардидаанд ва нигахдории кобилияти парвози хавопайморо таъмин мекунанд, ба зиммаи истифодабаранда вогузор аст.

Хангоми аз тарафи истифодабаранда вайрон карда шудани коидахои дар кисми сеюми хамин моддаи зикршуда, инчунин дар сурати ошкор гардидани холати хилофи меъёрхои бехатари будани хавопаймои граждани, макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани хукук дорад, ки дар истифодаи хавопаймои додашуда махдудият чори намояд ё истифодаи онро боздорад.

Назорати давлати ба кобили парвоз будани хаопаймохои граждани дар давраи истифодаи онхо аз тарафи макоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он бо тартиби мукарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи хатмии хавопаймохои граждани вогузор гардидааст, инчунин аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани сурат мегирад.

Истифодабарандагон вазифадоранд ба макоми махсуси ваколатдор, ки ба зиммаи он бо тартиби мукарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи хатмии хавопаймохои граждани вогузор гардидааст, маълумот дар бораи холати техникии техникаи авиация ва хусусиятхои истифодабарии он пешниход намоянд. Таркиби маълумот ва тартиби пешниходи онхо бо Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Хавопаймохои граждание, ки дар давлати хоричи истехсол шуда, барои истифодабари ба Чумхурии Точикистон оварда мешаванд, мутобики Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон аз сертификация гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 42. Аломатхое, ки ба хавопаймо гузошта мешавад

 

Хангоми ба Фехристи давлатии хавопаймохои граждании Чумхурии Точикистон дохил намудани маълумотхо дар бораи хавопаймохои граждани ба он хавопаймохо аломатхои тафрикаи давлати ва бакайдгири дода шуда, онхо ба хавопаймо накш карда мешаванд.

Ба хавопаймохои давлати аломатхои тафрикаи раками гузошта мешаванд.

Ба хавопаймохои таъиноти хизмати тибби-санитари гайр аз ин тасвири салиби сурх ё хилоли ахмар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон накш карда мешаванд. (КЧТ аз 26.12.11с.,№775)

Ба хавопаймохои граждани гайр аз аломатхои тафрикаи давлати ва бакайдгири бояд тасвири Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, инчунин рамзхои ба тартиби мукарраркардаи конун ба кайд гирифташуда накш карда шаванд.

Тартиби ба хавопаймохои давлати накш кардани аломатхо аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа мукаррар карда мешавад.

Аломатхои давлати ва бакайдгирии хавопаймохои граждани, инчунин тартиби накш кардани онхо ва рамзхо аз тарафи макомоти махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 8. АЭРОДРОМХО, ФУРУДГОХХОИ ВА ИНШООТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ТАШКИЛИ ХАРАКАТИ ХАВОИ

 

Моддаи 43. Аэродром ва фурудгоххои

 

Аэродром – китъаи замин ё сатхи об бо бинохо, иншоот ва тачхизотест, ки барои парвоз кардан, фуруд омадан, идора кардан ва таваккуфи хавопаймохо таъин шудааст.

Аэродром ду навъ мешавад: аэродроми авиаиция давлати ва аэродроми авиацияи граждани.

Аэропорт – мачмуи иншоотест, ки аз аэродром, аэровокзал, дигар иншооте, ки барои кабул ва гуселонидани хавопаймохо, хизматрасонии хамлу накли хавои иборат аст ва барои ин максадхо тачхизот, кормандони авиация ва дигар кормандони заруриро дорад.

Аэропорти байналмилали – аэропортест, ки барои кабул ва гуселонидани хавопаймохо, ки хамлу накли байналмилалии хавоиро анчом медихад ва дар он назорати гумруки, сархади, санитарию карантини ва дигар навъхои назорат сурат мегиранд, кушода аст.

Карор дар бораи кушодани аэродром барои ичрои парвози байналмилалии хавопаймохо ё аэропорти байналмилали аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.

Тартиби кушодан ё бастани аэродром ё фурудгоххо тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 44. Бакайдгирии давлатии аэродромхо ва аэропортхо

 

Аэродромхои авиацияи давлати бояд ба кайди давлати гирифта, маълумот дар бораи онхо ба Фехристи давлатии аэродромхои авиацияи давлатии Чумхурии Точикистон дохил карда шаванд. Тартибдихии фехристи мазкур ба зиммаи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа вогузор мегардад.

Аэродромхо ва аэропортхои граждани бояд ба кайди давлати гирифта шуда, маълумот дар бораи онхо факат дар сурати мавчуд будани сертификатхои (шаходатномахои) кобили истифода будани онхо мутобикан ба Фехристи давлатии аэродромхои граждании Чумхурии Точикистон ва Фехристи давлатии аэропортхои Чумхурии Точикистон дохил карда шаванд. Тартибдихии фехристхои зикршуда ба зиммаи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани вогузор мегардад.

Маълумот дар бориа аэродром ё аэропортхои граждани дар холатхои зерин аз фехристхои дахлдори давлати хорич карда мешаванд:

вайрон карда шудани талаботи бакайдгирии давлатии аэродром ё аэропорти граждани ва талаботи таъмини истифодабарии бехатарии онхо;

дар асоси аризаи шахсе, ки аэродром ё аэропорти гражданиро ба кайд гирифтааст.

Дар сурати аз фехристхои дахлдори давлати хорич карда шудани маълумот доир ба аэродром ё аэропорт истифодабарии аэродром ё аэропорт боздошта мешавад, шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии аэродром ё аропорт эътибори худро гум мекунад ва бояд ба макоме, ки бакайдгирии давлатии аэродром ё аэропортро анчом медихад, баргардонида шавад.

Бакайдгирии давлатии аэродром ё фурудгохи граждани тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с.,№775)

Бакайдгирии давлатии хукуки моликият ва дигар хукуки молумулки ба аэродром ё аэропорт, махдуд кардани ин хукук, ба вучуд омадан, гузариш ва катъи онхо, хамчунин мукаррар намудани тартиби бакайдгирии давлатии хукук ба аэродром ё аэропорт ё асос барои рад кардани онхо ва ахдхои ба онхо вобаста мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 45. Объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои

 

Комплекси бинохо, иншоот, хатхои алока, инчунин воситахо ва системаи заминии хизматрасонии харакати хавои, навигация ба замин шинондан ва робита, ки барои ташкили харакати хавои таъин шудаанд, объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои мебошанд.

Номгуи объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 46. Чудо кардани китъаи замин ё сатхи об

 

Чудо кардани китъаи замин барои аэродром ё барои объекти системаи ягонаи ташкили харакати хавои мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи замин сурат мегирад.

Чудо кардани сатхи об барои аэродром мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба об сурат мегирад.

Чудо кардани китъаи замин ё сатхи об барои аэродром, фурудгоххо ё объекти системаи ягонаи ташкили харакати хавои бо назардошти хусусиятхои экологии махал сурат мегирад.

 

Моддаи 47. Аэродромхои чойгиршавии муштарак ва аэродромхои истифодабарии муштарак

 

Аэродроми чойгиршавии муштарак – аэродромест, ки дар он хавопаймохои граждани ва хавопаймохои давлати якчоя чойгир мешаванд.

Фехристи аэродромхои чойгиршавии муштарак аз тарафт Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Аэродроми истифодабарии муштарак – аэродроми авиацияи давлатист, ки дар он огози парвоз, фуруд омадан, идоракуни ва таваккуфи хавопаймохои граждание, ки парвозро аз руи чадвал анчом медиханд, сурат мегирад ва онхо хукук надоранд дар ин аэродром кароргох дошта бошанд. Карорхо дар бораи истифодабарии муштараки аэродроми авиацияи давлати макоми махсуси ваколатдоре, ки аэродроми мазкур дар ихтиёри он мебошад, кабул мекунад.

Истифодабарии аэродромхои чойгиршавии муштарак ва истифодабарии муштарак дар асоси шартномахо сурат мегирад.

Аэродромхои чойгиршавии муштараки хавопаймохои граждани ва хавопаймохои давлати ва аэродромхои истифодабарии муштарак бояд ба талаботе, ки нисбати аэродромхои граждани пешниход карда мешаванд, чавоб дода тавонанд.

 

Моддаи 48. Сохтмон ва азнавсозии аэродромхо, фурудгоххои ва  объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои

 

Сохтмон ва азнавсозии аэродромхо, фурудгоххои ва объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои бояд бо макомоти дахлдори хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон мувофика карда шавад.

Моддаи 49. Сохтмон дар худуди назди аэродром

 

Лоихакаши, сохтмон ва васеъкунии махалхои ахолинишини шахр ва дехот, хамчунин сохтмон ва азнавсозии иншооти саноати, кишоварзи ва иншооти дигар дар худуди назди аэродромхо бояд бо риояи талаботи бехатарии парвози хавопаймохо, бо дарназардошти окибатхои имконпазири манфии тачхизоти аэродром ва парвози хавопаймохо ба саломатии шахрвандон ва фаъоияти шахсони хукуки ва бо мувофикаи сохиби аэродром анчом дода шавад.

 

Моддаи 50. Чойгиркунии объектхои гуногун дар минтакаи аэродром

 

Дар минтакаи аэродром чойгир кардани бинохо, иншоот, ахтхои алока, ахтхои интиколи барк, объектхои радиотехники ва объектхои дигаре, ки метавонанд  ба бехатарии парвози хавопаймохо тахдид кунанд ё ба кори тачхизоти радиотехникие, ки дар аэродром гузошта мешаванд халал расонанд, бояд бо сохиби аэродром мувофика карда шавад ва мутобики конунгузории фазои хавоии Чумхурии Точикистон сурат гирад.

Чойгиркунии хатхои алока ва хатхои интиколи барк, иншооти таъиноти гуногун дар минтакаи амали системахои фурудои, дар наздикии объектхои радиолокация ва радионавигацияи барои таъмини парвози хавопаймохо таъиншуда ва чойгиркунии объектхои шуодиханда бояд бо макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа, макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани, макомоти системаи ягонаи ташкили харакати хавои, инчунин ба макомоти дахлдори хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон мувофика карда шавад.

 

Моддаи 51. Сертификацияи аэродромхо ва аэропортхо, инчунин объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои

 

Аэродромхо ва фурудгоххое, ки ба максадхои авиацияи граждани истифода мешаванд, бояд хатман сертификация карда шаванд. Тартиби сертификацияи аэродромхо ва аэропортхо, тачхизоти онхо ва номгуи ин тачхизот тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Талабот нисбат ба аэродромхо ва аэропортхо тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд ва риояи онхо аз тарафи макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, инчунин шахрвандон ва шахсони хукукие, ки дар лоихакаши, сохтмон, кабулкуни, истифодабари ва таъмири ин аэродромхо ва аэропортхо иштирок мекунанд, хатмист.

Тачхизоти радиотехники, равшанидихи ва обу хавосанчие, ки дар аэродромхои граждани, аэродромхои муштараки хавопаймохои граждани ва хавопаймохои давлати ва аэродромхои истифодабарии муштарак, инчунин объектхои системаи ягонаи ташкили харакати хавои гузошта шудаанд, бояд ба талаботи кобили истифода будан чавобгуй бошанд, ки он бо сертификати дахлдори кобили истифода будан тасдик карда мешавад.

Назорати давлати ба мутобикати аэродром ва аэропортхо ба талаботи нисбат ба онхо пешниходшаванда аз тарафи макоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он ташкил ва гузаронидани сертификацияи хатмии аэродромхо ва аэропортхои граждани ба тартиби мукарраршуда вогузор гардидааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 52. Хизматрасонии хавопаймохо дар аэродромхо ва аэропортхо

 

Хизматрасонии хавопаймохо дар аэродромхо ва фурудгоххо, бояд бо шароити якхела таъмин карда шавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон таври дигаре пешбини нашуда бошад.

Аэродромхо ва фурудгоххо метавонанд бинобар шароити техники ё обу хаво, ки ба бехатарии парвози хавопаймохо тахдид мекунанд ё мутобики карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон барои кабул ва гуселонидан баста бошанд.

Аэродромхо ва фурудгоххо дар замони чанг ва (ё) хангоми чори намудани вазъияти харби, холати фавкулодда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 53. Аломатгузории бинохо ва иншоот

 

Сохибони бинохо ва иншоот, хатхои алока, хатхои интиколи барк, тачхизоти радиотехники ва объектхои дигар ба максади таъмини бехатарии парвози хавопаймохо вазифадоранд, ки мутобики Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон дар объектхои мазкур аз хисоби худ аломатхо ва олотхои фарккунанда шинонанд.

Дар минтакаи аэродромхо шинондани аломатхо ва олотхо, ки ба аломатхо ва олотхои фарккунандаи барои аэродромхо кабулшуда монанд мебошанд, манъ аст.

 

БОБИ 9. КОРХОНАХОИ АВИАЦИОНИ

 

Моддаи 54. Корхонахои авиациони ва истифодабаранда

 

Дар Кодекси мазкур тахти мафхуми корхонаи авиациони шахси хукукие дар назар дошта мешавад, ки сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликияти худ, максади асосии фаъолияташ хамлу накле пулакии мусофирон, абгоч, борхо, муросилот ва (ё) ичрои корхои авиациони мебошад.

Таъсиси корхонаи авиациони дар каламрави Чумхурии Точикистон бо ширкати сармояи хоричи ба шарте ичозат дода мешавад, ки агар хиссаи ширкати сармояи хоричи аз чилу нух фоизи сармояи оинномавии корхонаи авиациони зиёд набуда, рохбари он шахрванди Чумхурии Точикистон бошад ва микдори шахрвандони хоричи дар макоми рохбарикунандаи корхонаи хавонаварди аз сеяки хайати макоми рохбарикунанда зиёд набошад.

Истифодарабанда – шахрванд ё шахси хукукие мебошад, ки хавопайморо бо хукуки моликият, бо шароити кироя ё бо дигар асоси конуни дар ихтиёр дорад, хавопаймои мазкурро барои парвоз истифода мебарад ва сертификати (шаходатнома) истифодабаранда дорад.

Ба максадхои авиацияи давлати истифода шудани хавопаймо аз тарафи шахрванд ё шахси хукуки ухдадор намесозад, ки шахрванд ё шахси хукуки сертификати (шаходатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаходатнома) дошта бошад.

 

Моддаи 55. Фаъолияти тичорати дар сохаи авиацияи граждани аз тарафи корхонахои авиациони ва сохибкорони инфиродии Чумхурии Точикистон

 

Корхонахои авиациони ва сохибкорони инфиродии Чумхурии Точикистон дар сурати доштани  ичозатномаи мутобики моддаи 10 хамин Кодекс гирифташуда хукук доранд дар сохаи авиация фаъолияти тичоратиро ичро намоянд. . (КЧТ аз 26.12.11с.,№775)

 

 

Моддаи 56. Фаъолияти тичорати дар сохаи авиацияи граждани аз тарафи корхонахои авиацияи граждании хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони инфиродии хоричи

 

Корхонахои авиационии хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони инфиродии хоричи хукук доранд, ки дар сохаи авиацияи граждани ба тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст фаъолияти тичоратиро ичро намоянд.

Хангоми дар каламрави Чумхурии Точикистон анчом додани хамлу накле байналмилали ва (ё) ичрои корхои авиациони корхонахои авиационии хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони инфиродии хоричи бояд  ичозатномаи  дахлдор гиранд.

Додани чунин  ичозатномаи  мутобики моддаи 10 хамин Кодекс сурат мегирад.

Дар мавриди корхонаи авиационии хоричи, сертификати (шаходатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаходатнома) дорои эътибор дониста мешавад, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлати хоричи дода шуда он бо меъёрхои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст мутобик бошад.

Корхонахои авиационии хоричи метавонанд дар каламрави Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва (ё) шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон намяондагихои худро таъсис диханд.

Корхонахои авиационии хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони инфиродии хоричи хукук надоранд, ки:

дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хавопаймохо мусофирон, багоч, борхо ва муросилотро барои хамлу накли хавои ба каламрави давлати хоричи кабул намоянд ё онхоро аз каламрави давлати хоричи ба каламрави Чумхурии Точикистон биёранд, ба шарте, ки дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ё ичозати якдафъаинае, ки аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад, мукаррароти дигаре пешбини нашуда бошад;

дар кааламрави Чумхурии Точикистон ба хавопаймохо мусофирон, багоч, борхо ва муросилотро барои хамлу накл дар худуди каламрави Чумхурии Точикистон бе ичозатномахои макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешаванд, кабул намоянд.

 

Моддаи 57. Тарифхо ва бочхо дар сохаи авиацияи граждани ва коидахои фуруши санадхои хамлу накл

 

Коидахои ташаккул ва истифодаи тарифхо, ситонидани бочхо дар сохаи авиацияи граждани, хамчунин коидахои фуруши чиптахо, додани барномахо ва дигар сандахои хамлу накли аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешаванд.

Барои интиколоти хавоие, ки мутобики шартномаи кирояи хавопаймо (чартери хавои) анчом дода мешавад, метавонанд нарххои шартномави мукаррар карда шаванд. Макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани метавонад барои интиколоте, ки аз руи хатхои муайяни авиациони анчом дода мешавад, бо максади хифзи интиколоти мунтазами хавоие, ки аз руи хамин хатхои авиациони анчом дода мешавад, нарххои хадди акал мукаррар намояд.

Музди интиколоти хавоии мусофирон, багоч, борхо ва муросилот аз тарафи интиколотдихандагон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 58. Назорат аз болои фаъолияти корхонахои авиациони ва сохибкорони инфироди

 

Назорат ба фаъолияти корхонахои авиациони ва сохибкорони инфироди, аз чумла корхонахои авиационии хоричи, намояндагихои байналмилалии истифодабари ва сохибкорони хусусии хоричи аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани сурат мегирад.

 

БОБИ 10. ПАРВОЗ ХАВОПАЙМОХО

 

Моддаи 59. Ба парвози хавопаймо ичозат додан

 

Ба парвози хавопаймое ичозат дода мешавад, ки аломатхои давлати ва бакайдгири ё бихисобгирию фарккунанда дошта аз тайёрии зарури гузаштааст ва дар борт санадхои дахлдорро дорад.

Тьартиби ба парвози хавопаймохои давлати ичозат доданро макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа мукаррар менамояд.

Тартиби ба парвози хавопаймохои граждани ичозат додан тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 60. Санадхое, ки дар борти хавопаймо мавчуданд

 

Хавопаймои давлати бояд дар борт санадхоеро дошта бошад, ки номгуи онхо аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа мукаррар карда мешавад.

Хар як хавопаймои граждани бояд дар борт санадхои зеринро дошта бошад:

  • санадхои хавопаймо:

шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлати;

сертификати (шаходатномаи) истифодабаранда (нусха);

сертификати кобилияти парвоз (шаходатнома дар бораи кобили парвоз будан);

китобхои борт ва санитари;

ичозат барои дастгохи радио, дар сурате, ки агар хавопаймо бо олоти радиои мучаххаз бошад;

дастуруламал оид ба истифодабарии парвоз;

  • асноди дахлдор барои хар як узви хайати;

3) асноде, ки аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани пешбини шудаанд.

 

Моддаи 61. Ба парвоз омода кардани хавопаймо ва хайати он

 

Пеш аз парвоз хавопаймо ва хайати он бояд омода карда шаванд. Коидахои ба парвоз омода крадани хаавопаймо ва экипажи он ва назорат ба омодагии онхо аз тарафи макоми махсуси ваколатдор мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 62. Таъмини парвози хавопаймохо

 

Хизматрасонии харакати хавои, хамчунин таъминоти метеорологи, радиои, барки, равшани, инженерию авиациони дар аэродром, чустучуи, садамавию начотдихи ва дигар навъхои таъминоти парвози хавопаймохо бо шартхои якхела ва пулаки сурат мегирад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон таври дигаре пешбини накарда бошад.

 

Моддаи 63. Накшаи парвозихавопаймо

 

Парвози хавопаймо мутобики накшаи парвозе, ки аз тарафи истифодабарандаи фазои хавои ба макоми дахлдори системаи ягонаи ташкили харакати хавои пешниход карда мешавад, дар сурати доштани  ичозати барои истифодаи фазои хавои амали мегардад, ба истиснои парвози хавопаймо, ки хангоми зада гардонидани хамлаи хавои, пешгири ва катъи вайронкунии Сархади давлатии Чумхурии Точикистон ё хучуми мусаллахона ба кааламрави Чумхурии Точикистон, расонидани кумак хангоми холатхои фавкулоддаи дорои хислати табии ва  техногени, чустучу ва ба чои дигар расонидани тачхизоти кайхони ва экипажхои онхо, пешгири ва (ё) катъи вайронкунии коидахои истифодаи фазои хавои Чумхурии Точикистон, хамчунин парвози хавопаймо, ки дар минтакахои махсуси бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайянгардида анчом дода мешавад.

Парвози хавопаймо берун аз накшаи парвоз дар асоси ичозати макоми дахлдори хизматрасонии харакати хавои (идоракунии парвоз), ба истиснои холатхои дар моддаи 36 хамин Кодекс пешбинигардида, ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 64. Алокаи радиои бо хавопаймо

 

Хавопаймое, ки воситахои алокаи радиои дорад ва макоми дахлдори хизматрасонии харакати хавои (идоракунии парвоз) вазифадоранд, ки байни худ алокаи радиои дошта бошанд.

Хангоми парвоз бо роххои байналмилалии хавои дар худуди каламрави Чумхурии Точикистон, аз чумла дар минтакахои аэродромхои барои ичрои парвози байналмилали кушода, алокаи радиои метавонад бо забонхои англиси ва руси сурат гирад. Тартиби анчом додани алокаи радиои тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 65. Парвози хавопаймо аз болои махалхои ахолинишин

 

Парвози хавопаймо аз болои махалхои ахолинишин бяод дар баландие ичро карда шавад, ки дар холати вайрон шудани хавопаймо барои берун аз худуди махалхои ахолинишин ё дар майдончахои парвозу фурудоии махсус ба хамин максадхо пешбинигардида дар худуди махалхои ахолинишин фуруд омадан имкон дихад. Парвози берун аз ин коида бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 66. Парвози намоишии хавопаймо

 

Парвози намоишии хавопаймо мутобики талаботи бехатарии парвози хавопаймо, ки аз тарафи макоми дахлдори махсуси ваколатдор мукаррар шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ташкил ва гузаронидани парвози намоишии хавопаймо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 67. Парвози хавопаймои суръати фавкуссадо дошта

 

Парвози хавопаймои суръати фавкуссадо дошта дар баландие ичозат дода мешавад, ки таъсири хатарноки зарбаи садоро ба мухити зист истисно намояд. Коидахои ичрои парвози хавопаймо бо суръати фавкуссадо тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 68. Аксбардори, ба наворбаргири ва дигар усулхои тахкики фосилавии замин аз борти хавопаймо

 

Аксбардори, ба наворбаргири ва дигар усулхои тахкики фосилавии замин аз борти хавопаймо тибки тартиби  мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мумкин аст.

 

Моддаи 69. Ичораи каналхои алока

 

Шахрвандон ва шахсони хукукие, ки ба расонидани хизматхои алока хукук доранд, барои таъмини парвози хавопаймохо ва фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои хавои каналхои зарурии алокаро дар асоси шартнома ба макомоти дахлдори махсуси ваколатдор аз руи дархостхои онхо ба ичора медиханд.

Макоми махсуси ваколатдори сохаи алока, макомоти алокаи хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, хамчунин шахрвандон ва шахсони хукукие, ки ба расонидани хизматхои алока хукук доранд, барои таъмини парвози хавопаймохо ва фаъолияти дигар оид ба итифодаи фазои хаво дар навбати аввал додани каналхои алокаро таъмин мекунанд ва дар бобати иваз кардани каналхои алока ва дар сурати вайроншави баркарор намудани онхо тадбирхои бетаъхир меандешанд.

 

Моддаи 70. Истифодаи воситахои алокаи таъиноти умуми

 

Тартиби истифодаи воситахои алокаи таъиноти умуми барои таъмини парвози хавопаймохо аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи алока бо мувофикаи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа ва макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 71. Анчом додани таъминоти радиотехникии парвози хавопаймохо ва алокаи радиои бо онхо

 

Барои таъмини радиотехникии парвози хавопаймохо ва алокаи ардиои бо онхо аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа бо тартиби мукарраршуда басомадхои радиоие, ки бояд аз халахо хифз шуда бошанд, чудо карда мешаванд.

Шахрвандон ва шахсони хукукии дорои тачхизот ва олоте, ки ба восиатхои таъминоти радиотехникии парвози хавопаймохо ва алокаи радиои бо онхо халал мерасонанд, вазифадоранд бо талаби макоми ваколатдори сохаи алока ё вохидхои он бо кувва ва аз хисоби худ халалхоро рафъ намоянд ва то рафъ намудани онхо кори чунин тачхизот ва олотро катъ гардонанд.

 

БОБИ 11. ПАРВОЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХАВОПАЙМОХО

 

Моддаи 72. Парвози байналмилалии хавопаймохо

 

Парвози байналмилалии хавопаймо – парвози хавопаймо дар фазои хавоии зиёдатар аз як давлат мебошад.

Парвози байналмилалии хавопаймохо дар фазои хавои Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, принципхо ва меъёрхои кабулшудаи хукуки байналмилали ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ичро карда мешавад.

Парвози байналмилалии хавопаймохо дар асоси санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ё  ичозатхое, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешаванд, ичро карда мешавад.

Аломатхои фарккунандаи хавопаймохои давлатхои хоричи аз тарафи истифодабарандагон то огози ичрои парвози байналмилали ба макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа ва макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани хабар дода мешаванд.

Барои ичрои парвози хавопаймохои давлатхои хоричи дар фазои хавоии Чумхурии Точикистон истифодабарандагон вазифадоранд, ки ба макмои махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани маълумотро дар бораи сугурта ё таъмини дигари масъулият барои расонидани зарар ба шахсони сеюм ва хавопаймохо пешниход намоянд. Шароити чунин таъминот аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 73. Парвоз ва фурудоии хавопаймохои Чумхурии Точикистон ва хавопаймохои давлатхои хоричи хангоми ичрои парвозхои байналмилали

 

Парвоз ва фурудоии хавопаймохои Чумхурии Точикистон ва хавопаймохои давлатхои хоричи хангоми ичрои парвоз дар фазои хавоии Чумхурии Точикистон дар фурудгоххои байналмилали ва аэродромхое, ки барои парвози байналмилали кушодаанд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 74. Дар каламрави Чумхурии Точикистон эътироф кардани санадхои хавопаймо, ки дар борти хавопаймохои граждании давлатхои хоричи мавчуданд

 

Санадхои хавопаймо, ки дар борти хавопаймохои граждании давлатхои хоричи мавчуданд, агар онхо бо меъёрхои байналмилалии авиационие, ки аз тарафи Чумхурии Точикистон эътироф шудаанд, мутобик бошанд, дар каламрави Чумхурии Точикистон эътироф карда мешаванд.

Хавопаймохои граждании давлатхои хоричи хангоми дар каламрави Чумхурии Точикистон фуруд омадан мумкин аст мавриди муоина ва тафтиши санадхои хавопаймо, ки аз тарафи шахсони ваколатдори макомоти дахлдори махсуси ваколатдор сурат мегирад, карор гиранд.

Дар холатхое, ки агар дар борти хавопаймои граждании давлати хоричи санадхои барои парвози байналмилали мукарраршуда мавчуд набошанд ва барои гайрифаъол донистани хавопаймои мазкур асосх вучуд дошта бошанд, макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани метавонад парвоз карда рафтани чунин хавопайморо боздорад.

 

Моддаи 75. Истифодаи коидахои шиноснома, гумрук ва коидахои дигар хангоми ичрои парвози байналмилалии хавопаймохо

 

Ба хавопаймохо, хайатхои онхо ва мусофироне, ки ба Чумхурии Точикистон меоянд, аз Чумхурии Точикистон мераванд ва ба таври транзит бо нишастан дар каламрави Чумхурии Точикистон харакат мекунанд, хамчунин ба молу мулк багоч, борхо ва муросилоте, ки ба Чумхурии Точикистон оварда мешаванд ва аз Чумхурии Точикистон бурда мешаванд, амали коидахои шиноснома, гумрук ва коидахои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон татбик мегарданд.

 

БОБИ 12. БЕХАТАРИИ АВИАЦИЯ

 

Моддаи 76. Бехатарии авиация

 

Бехатарии авиация – холати хифзи авиация аз дахолати гайриконуни ба фаъолият дар сохаи авиация мебошад.

Бехатарии авиация аз тарафи хадамоти бехатарии авиационии аэродромхо ё аэропортхо, чузъу томхои харбикунонидашудаи мухофизати аэродромхо ё фурудгоххо, хадамоти бехатарии авиационии истифодабарандагон (корхонахои авиациони), инчунин макомоти махсуси ваколатдоре, ки ба онхо бо конунхои Чумхурии Точикистон чунин хукук дода шудааст, таъмин карда мешавад.

Хадамоти бехатарии авиационии аэродромхо ё фурудгоххо ва ахадмоти бехатарии авиационии истифодабарандагон (корхонахои авиациони) хадамоте мебошанд, ки вазифахои махсуси оинномави доранд.

Дахолати гайриконуни ба фаъолият дар сохаи авиация – амали (беамалии) зиддихукукие мебошанд, ки ба фаъолияти бехатарии сохаи авиация тахдид намуда, боиси ходисахои нохуш бо одамон, зарари модди, рабудан ё дуздинаи хавопаймо шудаанд ё тахдид руй додани чунин окибатхоро ба вучуд овардаанд.

 

Моддаи 77. Таъмини бехатарии авиация

 

Шахсоне, ки кабул, гуселонидан ё хизматрасонии хавопайморо анчом медиханд, вазифадоранд, ки оид ба таъмини бехатарии авиация тадбирхо андешанд.

Бехатарии авиация бо роххои зерин таъмин карда мешавад:

1) пешгирии дохил шудани шахсони бегона ва воситахои наклиёт ба минтакаи тахти назорати фурудгох ё аэродром;

2) мухофизати хавопаймохо дар истгоххо бо максади рох надодан ба дохилшавии шахсони бегона ба хавопаймохо;

3) рох надодан ба хамлу накли гайриконунии силоњ, мухимоти чанги, моддахои тарканда, радиоактиви, захролудкунанда, зуд оташгиранда ва дигар ашёву моддахои хавфнок ва чори намудани чорахои махсуси эхтиёти хангоми ичозатии интиколи онхо;

4) муоинаи пеш аз парвоз;

5) махдуд намудани имконияти дастрасии гайриконунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

6) татбики чорахои мукобилият дар мавриди дахоолати гайриконуни ба фаъолият дар сохаи авиация ва тадбирхои дигар, аз чумла тадбирхое, ки бо ширкати макомоти хифзи хукук, анчом дода мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

Хадамоти бехатарии авиациони хукук доранд шахсонеро, ки талаботи бехатарии авиацияро вайрон кардаанд, инчунин багоч, борхо ва муросилотеро, ки ашьё ва моддахои барои хамлу накли хавои манъшуда доранд, барои ба макомоти хифзи хукук супоридан боздошт намоянд ва дар холатхое, ки ба хаёт ва саломатии мусофирон, аъзои хайатхои хавопаймо ё дигар шахрвандон хатар тахдид мекунад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чорахо бинанд. Ба кормандони хадамоти бехатарии авиациони хангоми ичрои вазифахои хизмати бо тартиби мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон гирифта гаштан ва истифодаи силоњи хизмати ичозат дода мешавад.

Талаботи бехатарии авиация ва тартиби ичрои онхо тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 78. Муоинаи пеш аз парвоз

 

Бо максади таъмини бехатарии мусофирон ва аъзои хайатхои хавопаймо пеш аз парвоз хавопаймо, захирахои борти он, аъзои хайатхои, мусофирон, багоч, аз чумла ашёхое, ки хамрохи мусофирон мебошанд, инчунин борхо ва муросилот бояд аз муоинаи хатми гузаронида шаванд.

Муоинаи пеш аз парвози мусофирон, багоч, аз чумла ашёхое, ки хамрохи мусофирон мебошанд, дар майдони хавои ё дар хавопаймо аз тарафи шахсони ваколатдори хадамоти бехатарии авиациони анчом дода мешавад. Ба иштирок дар муоинаи пеш аз парвоз метавонанд кормандони макомоти корхои дохили дар наклиёт чалб карда шаванд.

Гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз имконияти азназаргузарониро хангоми анчом додани фаъолияти оперативи-чустучуи, чинояти-мурофиави ва фаъолияти дигар аз чониби шахсони ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истисно намекунад.

Хангоми ичрои парвози байналмилалии хавопаймохо муоинаи пеш аз парвоз баъди анчом ёфтани назорати сархади, гумруки, санитарию карантини, мухочири, ветеринари, фитосанитари ва назорати дигар сурат мегирад.

Дар холати аз муоинаи пеш аз парвоз саркаши кардани мусофири хавопаймо шартнома дар бораи хамлу накли хавои бекоршуда дониста мешавад.

Коидахои гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 13. ЧУСТУЧУ ВА НАЧОТДИХИ

 

Моддаи 79. Хавопаймое, ки ба фалокат дучор шуда истодааст ё ба фалокат гирифтор шудааст

 

Хавопаймо вакте ба фалокат дучор шудаистода дониста мешавад, ки агар ба чунин хавопаймо ё шахсони дар борти он карордошта хатаре тахдид мекунад, ки он дар натичаи амалхои аъзои хайатхои бартараф шуда наметавонад ё хавопаймое, ки алока бо он канда шудааст ва дар кучо будани он маълум нест.

Хавопаймое ба фалокат гирифторшуда дониста мешавад, ки он хангоми идоракуни, огози парвоз, парвоз, фурдои ё дар натичаи афтидан осеби чидди дидааст ё пурра хароб шудааст, хамчунин хавопаймое, ки берун аз аэродром мачбуран ба замин фаромадааст.

Хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда бояд фавран чустучу карда ва начот дода шаванд.

Чустучу ва начотдихии хавопаймои бесарнишини ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшударо сохибмулки он ташкил ва амали менамояд  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1315).

 

Моддаи 80. Бонги фалокат

 

Барои сари вакт расонидани кумак ба хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои“, онхо бонгхои ягонаи байналмилалии фалокат, фаври будан ва огохи аз хатар (минбаъд – бонги фалокат) истифода бурда мешаванд.

Номгуи воситахои техникие, ки бояд хатман дар хавопаймохо барои додани бонги фалокат шинонда шаванд, тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 81. Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои онхо

 

Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои онхоро макомоти дахлдори махсуси ваколатдор бо хамкории макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, ки ба зиммаи онхо мувофики тартиби мукарраршуда вазифахои ташкил ва таъмини хадамоти чустучу ва начотдихи вогузор гардидаанд, ташкил мекунанд ва анчом медиханд.

Корхонахои авиациони ба таъмини корхои чустучуи ва садамавию начотдихи ва гузаронидани онхо чалб карда шуда метавонанд.

Номгуи чунин корхонахои авиациони аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа бо мувофикаи макомоти дахлдори хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Корхонахои авиационие, ки ба гузаронидани корхои чустучуи ва садмавию начотдихи чалб карда мешаванд, вазифадоранд, ки нерухо ва воситахои чустучуи ва садамавию начотдихиро дар холати омодагии доими нигох доранд. Харочоти корхонахои авиациони барои таъминоти нерухо ва воситахои чустучуи ва садамавию начотдихи, гузаронидани корхои чусутучуи ва садамавию начотдихи ва иштирок дар таъмини онхо аз хисоби маблагхои бучети давлати чуброн карда мешаванд.

Парвози хавопаймохое, ки бо воситахои чустучуи ва садамавию начотдихи таъмин нашудаанд, манъ аст.

Тартиби чалб намудани корхонахои авиациони ба гузаронидани корхои чустучуи ва садамавию начотдихи, чуброни харочот барои ичрои ин корхо, таъмини корхои чустучуи ва садамавию начотдихии парвоз аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 82. Таъмини корхои чустучуи ва садамавию начотдихи

 

Чустучу ва начот додани мусофирон ва хайатхои хавопаймохое, ки ба фалокат дучор шуда истодаанд ё ба фалокат гирифтор шудаанд, бепул мебошад

Аз чои фалокат ба чои дигар бурдани хавопаймое, ки ба фалокат гирифтор шудааст, бо кувваи истифодабаранда ё дигар куввахо аз хисоби маблагхои истифодабаранда анчом дода мешавад

Макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, хамчунин корхонахои авиациони вазифадоранд, ки дар ташкили чустучуи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда иштирок намоянд ва то омадани нерухои чустучуи ва садамавию начотдихи оид ба начоитдихии одамон, расонидани кумаки тибби ба онхо, кумаки дигар, мухофизати хавопаймои мазкур ва санадхою молу мулки дар борти он мавчуда тадбирхои бетаъхир андешанд.

Макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот хукук доранд, ки барои гузаронидани корхои чустучуи ва садамавию начотдихи шахсони хукукиро ба шарти чуброни харочоти онхо аз хисоби маблагхои бучети давлати чалб намоянд.

Ба мусофирон ва экипажххавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшудаи давлатхои хоричи бо шароити баробар ба мусофирон ва хайатхои хавопаймохои ба фалокат гирифторшудаи Чумхурии Точикистон кумак расонида мешавад.

 

Моддаи 83. Корхои садамавию начотдихи дар аэродром ва минтакаи аэродром

 

Корхои садамавию начотдихи дар аэродром ва минтакаи аэродром бо кувваи сохиби аэродром ё фурудгох анчом дода мешаванд.

 

Моддаи 84. Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайатхои онхо дар каламрави давлатхои хоричи

 

Чустучу ва начот додани хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайати он дар каламрави давлати хоричи бо тартибе, ки дар хамон давлат мукаррар шудааст ва бо риояи принципхо ва меъёрхои кабулшудаи хукуки байналмилали ва мутобики санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст анчом дода мешавад.

 

Моддаи 85. Хабархо дар бораи хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда

 

Хабархо дар бораи хавопаймохои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда ба хабархое мансубанд, ки категорияи афзалияти мутлак доранд. Шахсони хукукие, ки воситахои алока доранд, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликият ва шахрвандон вазифадоранд, ки воситаи алокаро барои тарики фаври додани хабар дар бораи хавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда пешниход намоянд ё чунин хабарро худашон диханд. Шахрвандон ва шахсони хукукие, ки ба пешниходи хизматрасонии алока хукук доранд, бояд фаври додани чунин хабарро таъмин намоянд.

Барои додани хабари аввал дар бораи хавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад. Музди мухобироти байнишахрии телефони дар бораи расонидани кумак ба хавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайати он мутобики тарифхо барои хизматрасонии умумии алока пардохта мешавад; музди хабархое, ки бо телеграф дода мешаванд, – мутобики тарифи барои фиристодани хабари фаври мукарраршуда пардохта мешавад. Барои мухобироти байнишахрии телефони бо максади додани хабар дар бораи хавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад.

 

Моддаи 86. Хабардоркуни дар бораи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда

 

Командири хавопаймои ба фалокат гирифторшуда ё дигар узви хайати ин хавопаймо, инчунин дигар шахрванде, ки дар бораи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар дорад, вазифадоранд, ки фавран дар ин бобат ба макоми наздиктарини худидораи махалли, ташкилот ё кисми харби хабар диханд. Макоми мазкур, ташкилот ё кисми харби дар навбати худ вазифадоранд, ки дар бораи ходисаи руйдода корхонаи дахлдори авиациони ё макоми махсуси ваколатдори сохаи мудофиа, макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи гражданиро хабардор намоянд.

Шахсони мансабдори корхонаи авиациони, ки дар бораи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар доранд, вазифадоранд, ки дар ин бора макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи гражданиро хабардор намоянд.

 

Моддаи 87. Катъ намудани чустучуи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайати он

 

Дар холате, ки агар тамоми тадбирхои дар бораи чустучуи хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва хайати он андешидашуда натичае набахшанд, карор дар катъ намудани чустучуи ин хавопайморо макоми махсуси ваколатдоре, ки бакайдгирии давлати ё бахисобгирии давлатии хавопаймои мазкурро анчом додааст, кабул мекунад.

Карор дар бораи катъ намудани чустучуи хавопаймои давлатии ба фалокат гирифторшудаи давлати хоричи аз тарафи макоми махсуси ваколатдор дар сохаи мудофиа, дар бораи хавопаймои граждании ба фалокат гирифторшудаи давлати хоричи аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани кабул карда мешавад.

Хавопаймои ба фалокат гирифторшудае, ки чустучуи он расман катъ гаштааст, бедарак гоибшуда дониста мешавад.

 

БОБИ 14. ТАХКИКИ ХОДИСА Ё ВОКЕАИ АВИАЦИОНИ

 

Моддаи 88. Максад ва тартиби тахкики ходиса ё вокеаи авиациони

 

Ходиса ё вокеаи авиационие, ки бо хавопаймоии давлати ё граждании Чумхурии Точикистон ё хавопаймои давлати хоричи дар каламрави Чумхурии Точикистон руй додааст, бояд хатман тахкик карда шавад.

Максади тахкики ходиса ё вокеаи авиациони мукаррар намудани сабабхои ходиса ё вокеаи авиациони ва дидани чорахо барои пешгирии онхо дар оянда мебошад.

Мукаррар намудани гунох ва масъулияти ягон шахс максади тахкики ходиса ё вокеаи авиациони намебошад.

Тахкикот, дарачабанди ва бахисобгирии ходиса ё вокеахои авиациони аз тарафи макомоти махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи онхо чунин ваколатхо мутобикан дар сохахои авиацияи давлати ва граждани вогузор гардидаанд, анчом дода мешавад.

Гузаронидани тахкикот, дарачабанди ва бахисобгирии ходисахо ё вокеахои авиациони бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 89. Ваколатхои комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони

 

Ходиса ё вокеаи авиациони аз тарафи комиссия тахкик карда мешавад.

Комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони хукук дорад, ки :

1) барои муайян кардани холатхои ходиса ё вокеаи авиациони ба борти хавопаймои ба фалокат гирифторшуда бемамониат дохил шавад;

2) хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, ксимхои таркибии он, молу мулки дар борти хавопаймои ба фалокат гирифторшуда мавчуд ё амволи ба ходиса ё вокеаи авиациони аз берун чалбшуда, сарфи назар аз мансубияти ин амвол, хамчунин воситахо ва объектхои таъмини парвози хавопаймохоро муоина намояд;

3) ба шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликият гузаронидани тахкикот ва корхои вобаста ба тахкики ходиса ё вокеаи авиациониро супорад;

4) барои халли масъалахое, ки дониши сохахои дахлдори илм ва техникаро такозо мекунанд, кормандони ташкилотхоро сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликият чалб намояд;

5) шохидони ходиса ё вокеаи авиациони, шахсоне, ки ба ходиса ё вокеаи авиациони муносибат доранд ё дошта метавонанд, бозпурси кунад, аз макомоти хифзи хукук маълумоти заруриро гирад;

6) хамаи масъалахои истифодабари ва таъмири хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, тайёрии шахсон аз чумлаи кормандони авиация, ташкили харакати хавои, ичро ва таъмини парвози хавопаймохоро омузад; аз макомоти дахлдори хокимияти ичроия, хамчунин аз шахрвандон ва шахсони хукуки дар бораи масъалахои марбут ба ходиса ё вокеаи авиациони санадхо ва маводро дархост намояд ва гирад:

7) тахкики холати рухию физиологии аъзои хайати хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, инчунин шахсони дахлдорро аз чумлаи кормандони авиация гузаронад.

Аъзои комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони, хамчунин шахсоне, ки барои тахкики ходиса ё вокеаи авиациони чалб карда мешаванд, дар сурати пешниход кардани гувохномаи сафари хизмати барои бенавбат гирифтани чипта ба наклиёти истифодаи умум хангоми рафтан ба чои ходиса ё вокеаи авиациони ё рафтуомад бо максади тахкик хукук доранд.

 

Моддаи 90. Нигахдории далелхои модди

 

Аъзои хайати хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, шахрвандони дигар, инчунин шахсони хукуки, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот то омадани комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони бояд дар бобати таъмини нигахдории хавопаймои ба фалокат гирифторшуда, кисмхои таркиби ва шикастапорахои он, воситахои назорати объективии борт ва замини, ашьёи дар борти ин хавопаймо мавчуда ё ашьёе, ки ба ходиса ё вокеаи авиациони аз берун чалб шудаанд, хамчунин санадхое, ки ба истифодабари ва таъмири ин хавопаймо ва таъмири парвози он мансубанд, тамоми тадбирхои имконпазирро андешанд.

Шахсоне, ки дар касдан пинхон кардани ходиса ё вокеаи авиациони, маълумот дар бораи онхо, инчунин дар тахрифи маълумот, вайрон ё нобуд кардани воситахои назорати объективии борт ва заминии марбут ба ходиса ё вокеаи авиациони ва далели модди гунахгоранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 91. Таъмини корхо дар чои ходиса ё вокеаи авиациони

 

Макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликияти онхо, фармондехии кисмхои харби вазифадоранд, ки ба комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони хамачониба кумак расонанд, аз чумла ба ихтиёри комиссия кувва ва воситахои заруриро чудо намоянд, дар бобати таъмини мухофизати чои ходиса ё вокеаи авиациони, фарохам овардани шароити бехатар барои кор дар чои ходиса ё вокеаи авиациони тадбирхо андешанд.

Макомоти худидораи махалли барои аъзои комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони ва мутахассисоне, ки барои тахкики ходиса ё вокеаи авиациони чалб карда мешаванд, хамаи шароити заруриро чихати гузаронидани корхо дар чои ходиса ё вокеаи авиациони фарохам меоранд, аз чумла бо либос, пойафзол, воситахои зарурии хифзи инфироди, воситахои наклиёт ва алока, асбобхои зарури, маводи масрафи, чои истикомат ва хурок таъмин мекунанд.

Корхое, ки дар чои ходиса ё вокеаи авиациони ба максади тахкики ходиса ё вокеаи авиациони гузаронида мешаванд, бо корхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда баробар мебошанд.

 

Моддаи 92. Маблаггузории корхои тахкики ходиса ё вокеаи авиациони

 

Харочоти таъмини кори комиссияи тахкики ходиса ё вокеаи авиациони аз хисоби маблагхои бучети давлати ва барои тахкики ходиса ё вокеаи бо хавопаймои граждани руйдода, гайр аз ин бо тартиби мукаррарнамудаи конун аз хисоби маблагхои мутамаркази ташкилотхои авиацияи граждани бо чуброни минбаъдаи ин маблагхо аз хисоби гунахгорон ба тартибе, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидааст, маблаггузори карда мешаванд.

Тартиби маблаггузории корхои тахкики ходиса ё вокеаи авиациони аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи молия мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 15. ХАМЛУ НАКЛИ ХАВОИ

 

Моддаи 93. Хамлу наклдиханда

 

Хамлу наклдиханда он истифодабарандае мебошад, ки  ичозатнома барои анчом додани хамлу накли хавоии мусофирон, багоч, борхо ва муросилот дар асоси шартномахои хамлу накли хавои дорад.

 

Моддаи 94. Хамлу накли хавои

 

Хамлу накли хавоии дохили – хамлу накли хавоиест, ки дар вакти ичрои он нактаи фиристодан, нуктаи таъинот ва хамаи нуктахои нишаст дар каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ гардидаанд.

Хамлу накли хавоии байналмилали – хамлу накли хавоиест, ки нуктаи фиристодан ва нуктаи таъинот:

мутобикан дар каламравхои ду давлат;

дар каламрави як давлат, агар нуктаи (нуктахои) нишаст дар каламрави давлати дигар пешбини шуда бошад, вокеъ гардидаанд.

 

Моддаи 95. Ичрои коидахои хамлу накли хавои

 

Хамлу наклдихандагон хангоми ичрои хамлу накли хавои вазифадоранд, ки коидахои умумии хамлу накли хавоии мусофирон, багоч ва борхо ва талаботро оиди хизматрасонии мусофирон, борфиристодагон, боргирандагон, ки тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд, риоя намоянд.

Хамлу наклдихандагон хукук доранд, ки коидахои хамлу накли худро мукаррар намоянд. Ин коидахо набояд ба коидахои умумии интиколоти хавои мухолифат дошта бошанд ва набояд сатхи хизматрасониро ба мусофирон, борфиристодагон ва боргирандагон паст намоянд.

Коидахои хамлу накли хавоии муросилот бояд бо макоми махсуси ваколатдори сохаи алокаи муросилот мувофика карда шаванд.

 

Моддаи 96. Шартномаи хамлу накли хавоии мусофир. Шартномаи хамлу накли хавоии бор. Шартномаи хамлу накли хавоии муросилот

 

Мувофики шартномаи хамлу накли хавоии мусофир хамлу наклдиханда вазифадор аст мусофири хавопайморо ба нуктаи таъиншуда бо пешниходи чой дар хавопаймое, ки мувофики хатти харакати дар чипта зикршуда харакат мекунад, расонад ва хангоми хамлу накли“,  хавоии багочи мусофир, инчунин ин багочро ба нуктаи таъиншуда расонад ва ба мусофир ё шахси ба гирифтани багоч ваколатдор онро супорад. Мухлати расонидани мусофир ва багоч тавассути коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраргардида муайян карда мешавад. Мусофири хавопаймо вазифадор мешавад, ки музди хамлу наклиро супорад ва дар сурати мавчуд будани багоче, ки аз меъёри аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи хамлу накли бепули багоч зиёд аст, музди хамлу накли ин багочро низ пардозад.

Мувофики шартномаи хамлу накли хавоии бор ё мувофики шартномаи хамлу накли хавоии муросилот хамлу наклдиханда вазифадор мешавад, ки бор ё муросилоти ба вай супоридаи борфиристандаро ба нуктаи таъиншуда расонад ва онхоро ба шахси барои гирифтани бор ё муросилот ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда вазифадор мешавад, ки музди хамлу накли хавоии бор ё муросилотро пардозад.

 

Моддаи 97. Шартномаи кирояи хавопаймо (чартери хавои)

 

Мувофики шартномаи кирояи хавопаймо (чартери хавои) як тараф (кироядиханда) вазифадор мешавад, ки ба тарафи дигар (кироягиранда) барои ичрои як ё якчанд парвоз як ё  якчанд хавопаймо ё як кисми хавопайморо барои интиколи хавоии мусофирон, багоч, борхо ё муросилот ба ивази музд пешниход намояд. Ичрои хамлу накли хавоии кироя бо хамин Кодекс танзим карда мешавад.

 

Моддаи 98. Санадхои интикол

 

Шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот мутобикан бо чипта, багочнома, борномаи бор ё муросилот тасдик карда мешаванд.

Шаклхои чипта, багочнома ва борнома аз тарафи макоми махсуси ваколатдор дар сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешаванд.

Шаклхои борномаи муросилот аз тарафи макоми махсуси ваколатдори сохаи алокаи муросилот якчоя бо макоми махсуси ваколатдори сохаи авиацияи граждани мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 99. Хизматрасони ва имтиёзоте, ки ба мусофирони хавопаймо пешниход карда мешаванд

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки хизматрасонии мусофирони хавопаймохоро ташкил намояд, онхоро бо маълумоти аник ва саривакти дар бораи харакати хавопаймохо ва хизматрасонии пешниходшаванда таъмин кунад.

Мусофири хавопаймо хукук дорад, ки:

1) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи интиколоти хавои бо шартхои имтиёзнок рафтуомад кунад;

2) дар худуди меъёри мукарраршуда багочи худро бепул хамлу накл дихад. Меъёрхои хамлу накли бепули багоч, аз чумла ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд, вобаста ба навъи хавопаймо мукаррар карда мешаванд ва наметавонанд камтар аз бист килограмм барои як мусофир бошанд;

3) хангоми интиколи хавоии байналмилали – мутобики тарифи имтиёзнок хамрохи худ як тифли на калонтар аз панчсоларо ва дар мавриди интиколи хавоии дохили кишвар як кудаки на калонтар аз панчсоларо бе чои алохида бепул барад. Дигар кудакони на калонтар аз панчсола ва дар мавриди интиколи хавоии дохили кишвар, инчунин кудакони аз панч то дувоздахсола мутобики тарифи имтиёзнок бо пешниходи чои алохида бурда мешаванд;

4) аз хизматрасонии утоки истирохат, утоки модар ва кудак, инчунин чой дар мехмонхона хангоми ба вучуд омадани танаффус дар интиколи хавои бо гунохи интиколдиханда ё хангоми мачбуран ба таъхир афтодани парвози хавопаймо ва (ё) хангоми парвоз дар мондан бепул истифода барад.

Мусофирони дигарро, ки хукуки бепул ё мутобики тарифи имтиёзнок бо хавопаймо сафар карданро доранд, танхо конунхои Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Тартиби ба мусофирони хавопаймо пешниход намудани хизматрасони ва имтиёзот тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 100. Бо ташаббуси хамлу наклдиханда катъ гардидани амали шартномаи интиколи хавоии мусофир, шартномаи интиколи хавоии бор

 

Хамлу наклдиханда дар холатхои зерин метавонад, ки шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии борро ба тарзи якчониба бекор намояд:

1) аз тарафи мусофир, сохиби бор, борфиристонанда вайрон карда шудани талаботи шиносномави, гумруки, санитари ва дигар талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар мавриди интиколи хавои ва хангоми хамлу накли хавоии байнламилали инчунин коидахое, ки аз тарафи макомоти дахлдори давлати парвоз, таъинот ё транзит муайян карда шудаанд;

2) саркаши кардани мусофир, сохиби бор, борфиристанда аз ичрои талаботе, ки ба у тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд;

3) агар вазъи саломатии мусофири хавопаймо шароити махсуси хамлу накли хавоиро такозо намояд ё ба бехатарии худи мусофир ё дигар шахсон тахдид намояд, ки ин холат бо санадхои тибби тасдик гардад, инчунин барои дигар шахсон бетартиби ва норохатии рафънашаванда ба вучуд орад;

4) саркаши кардани мусофирихавопаймо аз пардохти музди хамлу накли багочи худ, ки вазни он аз меъёрхои мукарраршудаи хамлу накли бепули багоч зиёд аст;

5) саркаши кардани мусофири хавопаймо аз пардохти музди хамлу накли кудаке, ки хамрохи у меравад, ба истиснои холатхои дар банди 3 кисми дуюми моддаи 99 хмин Кодекс пешбинигардида;

6) за тарафи мусофири хавопаймо вайрон карда шудани коидахои рафтор дар борти хавопаймо, ки ин ба бехатарии парвози хавопаймо ё ба хаёт ва саломатии дигар шахсон тахдид мекунад, инчунин аз тарафи мусофири хавопаймо ичро накардани дастурхои сарнишини хавопаймо, ки мутобики моддаи 36 хамин Кодекс пешниход шудаанд;

7) дар ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд, инчунин дар багоч, бор мавчуд будани ашё ё моддахои барои хамлу накли хавои манъшуда.

Дар сурати бо ташаббуси интиколдиханда катъ гардидани амали шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ба мусофир, сохиби бор ва борфиристанда маблаге, ки барои хамлу накли хавои пардохта шудааст баргардонида мешавад, ба истиснои холати дар банди 6 кисми якуми хамин модда пешбини гардида. Дар холате, ки дар банди 6 кисми якуми хамин модда пешбини гардидааст, маблаги барои хамлу накли хавои пардохташуда ба мусофири хавопаймо баргардонида намешавад.

 

Моддаи 101. Бо ташаббуси мусофири хавопаймо катъ гардидани амали шартномаи хамлу накли хавоии мусофир

 

Мусофири хавопаймо хукук дорад, ки аз парвоз даст кашад ва дар ин бобат хамлу наклдихандаро на дертар аз бистучор соат пеш аз парвози хавопаймо огох намояд, ба шарте, ки бо коидахои дар бораи хамлу накли хавои мукаррарнамудаи хамлу наклдиханда мухлати имтиёзнок ва баргашта гирифтани маблаги барои хамлу накли хавои пардохташуда муайян нашуда бошад.

Дар сурати аз парвоз даст кашидани мусофири хавопаймо дертар аз мухлати мукарраршуда мусофир хукук дорад, ки маблаги барои хамлу накли хавои пардохташударо бо нигох доштани боч, ки андозаи он наметавонад аз дах фоизи маблаги барои хамлу накли хавои пардохташуда зиёдтар бошад, баргашта гирад.

 

Моддаи 102. Мухлати расонидани бор

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки бори барои хамлу накли кабулшударо дар мухлати мукарраршуда ба нуктаи таъиншуда расонад. Мухлати расонидани бор тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон ё коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи интиколоти хавои муайян карда мешавад, агар дар шартномаи хамлу накли хавоии бор таври дигар пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 103. Тагйир додани шартномаи интиколи хавоии бор

 

Борфиристанда хукук дорад, ки ба тартиби дар Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон ё коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи хамлу накли хавои бори барои хамлу накли супоридашударо то фиристодани он баргашта гирад, дар борнома боргирандаро то ба шахси ваколатдор супорида шудани бор тагйир дихад, дар сурати борро кабул накардани боргиранда ё гайриимкон будани супоридани он ба боргиранда борро ихтиёрдори намояд.

Дар сурати тагйир ёфтани шароити хамлу накли хавои, ки дар шартномаи хамлу накли хавоии бор пешбини шудаанд, хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки дар ин бобат борфиристанда ё боргирандаро хабардор кунад ё дастури онхоро дар мавриди ин бор дархост намояд.

 

Моддаи 104. Гирифтани бор дар нуктаи таъиншуда

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст боргирандаро доир ба расидани бор дар мухлатхое, ки дар Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон ё коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи хамлу накл хабардор намояд, агар дар шартномаи хамлу накли хавоии бор таври дигаре пешбини нашуда бошад.

Боргиранда вазифадор аст, ки борро кабул намояд ва кашонад. Боргиранда хукук дорад аз кабули бори осебдида ё вайроншуда даст кашад, агар мукаррар гардад, ки сифати бор то ба дарачаи гайриимкон будани истифодаи пурра ва (ё) чузъи он мутобики таъиноти аввали тагйир ёфтааст.

 

Моддаи 105. Нагирифтани бор

 

Агар боргиранда бори расидаро дар мухлате, ки дар Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон, коидахои аз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи хамлу накли хавои ё шартномаи хамлу накли хавоии бор пешбини шудааст, нагирад ё аз кабули он даст кашад, хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки дар ин бора борфиристандаро хабардор намояд, борро дар ихтиёри худ аз хисоби борфиристанда ва бо таваккали у нигох дорад.

Боре, ки дар мухлати дар Коидахои умумии авицияи Чумхурии Точикистон, коидахоиаз тарафи хамлу наклдиханда мукарраршудаи хамлу накли хавои ё шартномаи хамлу накли хавоии бор пешбинигардида гирифта нашудааст, дархостнашуда дониста мешавад ва бо тартиби муайяннамудаи Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон фурухта мешавад.

Нигохдории боре, ки бояд аз назорати гумруки гузаронида шавад ва ихтиёрдории он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 106. Хамлу накли хавоии борхои хатарнок

 

Хамлу накли хавоии силоњ, мухимоти чанги, моддахои тарканда, ашё ва моддахои захролудкунанда, зуд оташгиранда, радиоактиви ва дигар ашёву моддахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст сурат мегирад.

 

БОБИ 16. КОРХОИ АВИАЦИОНИ

 

Моддаи 107. Корхои авиациони

 

Корхои авиациони – корхое мебошанд, ки бо истифодаи парвози хавопаймохо дар сохаи кишоварзи, сохтмон, нигохдори ва хифзи табиат, расонидани кумаки тибби ва максадхои дигар анчом дода мешаванд.

Коидахои умумии ичрои корхои авиациони ва коидахои ичрои навъхои муайяни корхои авиациони тавассути Коидахои умумии авиацияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки шароити ичрои корхои авиациони ва махдудиятхоро дар ичрои онхо вобаста ба мушаххасоти экологии каламрави дахлдор ё низоми махсуси дар ин каламрав карор доштани воситахои наклиёт ва одамон мукаррар намоянд. Ба мувофика расонидани шароит ва махдудиятхои мазкур ба зиммаи фармоишгари корхои авиациони вогузор меградад.

 

Моддаи 108. Шартнома дар бораи ичрои корхои авиациони

 

Мувофики шартнома дар бораи ичрои корхои авиациони пудратчи (истифодабаранда) вазифадор мешавад, ки барои фармоишгар корхои авиациониро бо тартиб, дар мухлат, бо хачм ва дар шароити дар ин шартнома пешбинигардида ичро намояд. Фармоишгар вазифадор аст, ки хачми корхои авиациониро, ки дар шартнома пешбини шудааст, пешниход намояд ва музди корхои авиациониро пардозад.

Дар шартномаи ичрои корхои авиациони бояд инчунин инхо пешбини карда шаванд:

тартиби истифода ва дар холати истифодабари нигох доштани аэродромхо, майдонхои нишаст ва тачхизоти онхо;

ба вучуд овардани шароити зарурии зиндагию маиши барои истифрохати аъзои хайатхои хавопаймохо;

дигар шароити таъмини ичрои корхои авиациони бо дарназардошти мушаххасоти онхо.

Тарифхои ичрои корхои авиациони дар асоси шартнома мукаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 17. МАСЪУЛИЯТИ ХАМЛУ НАКЛДИХАНДА, ИСТИФОДАБАРАНДА ВА БОРФИРИСТАНДА

 

Моддаи 109. Асосхои умумии масъулият

 

Хамлу наклдиханда дар назди мусофири хавопаймо ва сохиби бор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот масъулият дорад.

Истифодабаранда вазифадор аст, ки зарари хангоми истифодабарии хавопаймо расонидашударо, агар исбот накунад, ки зарар дар натичаи кувваи бартарафнашаванда ё гарази чабрдида ба вучуд омадааст, чубро намояд.

Хамлу наклдиханда, мусофир, борфиристанда ва боргиранда барои вайрон кардани коидахои гумруки, асъори, санитари, карантини ва коидахои дигари мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 110. Масъулияти хамлу наклдиханда барои расонидани зарар ба хаёт ва саломатии мусофири хавопаймо

 

Масъулияти хамлу наклдиханда барои зараре, ки хангоми хамлу накли хавои ба хаёт ё саломатии мусофири хавопаймо расонида шудааст, агар дар конун ё шартномаи хамлу накли хавоии мусофир андозаи баландтари масъулият пешбини нашуда бошад, мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, хамчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст муайян карда мешаванд.

Мувофики ин модда хамлу накли хавоии мусофир давраи аз лахзаи муоинаи пеш аз парвози мусофири хавопаймо барои саворшави ба хавопаймо то лахзае, ки мусофири хавопаймо зери назорати шахсони масъули хамлу наклдиханда“, эродромро тарк менамояд, дарбар мегирад.

 

Моддаи 111. Масъулияти хамлу наклдиханда”,  барои гамшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, хамчунин ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд.

 

Хамлу наклдиханда,  барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч ва бор баъди кабули онхо ба хамлу накли хавои то ба боргиранда додан ё то мутобики коидахои мукарраршуда супоридан ба дигар шахрванд ё шахси хукуки дар холате ки агар исбот накунад, ки аз тарафи у тамоми тадбирхои зарури дар бобати пешгири намудани зарар андешида шуданд ё андешидани чунин тадбирхо аз имкон берун буд, масъулият дорад.

Хамлу наклдиханда барои хифзи ашёхое хамрохи мусофирбуда, агар исбот накунад, ки гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ин ашьёву анчом бо сабабхое ба вучуд омадааст, ки онхоро хамлу наклдиханда бартараф карда наметавонист ва бартараф кардани онхо аз у вобаста набуд ё гумшави, камомад ё осеб додани (вайрон шудани) ашьёву анчом бо гарази мусофир руй додааст, масъулият дорад.

Хамлу наклдиханда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч ё бор, агар исбот накунад, ки ин хол дар натичаи амали (беамалии) касдан содирнамудаи хамлу наклдиханда ба вучуд омадааст ё берун аз вакти хамлу накли хавои руй додааст, масъулият дорад.

 

Моддаи 112. Андозаи масъулияти хамлу наклдиханда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, инчунин ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд

 

Барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, инчунин ашёхое, ки хамрохи мусофир мебошанд, хамлу наклдиханда ба андозахои зерин масъулият дорад:

1) барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, боре, ки бо арзиши таъиншуда барои хамлу накли кабул карда шудааст, – ба андозаи арзиши таъиншуда. Барои хамлу накли хавоии багоч ё бор бо арзиши таъиншуда аз борфиристанда ё боргиранда музди иловагие, ки андозаи он бо шартномаи хамлу накли хавоии бор мукаррар гардидааст, ситонида мешавад;

2) барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч ва боре, ки бе арзиши таъиншуда барои хамлу накли кабул карда шудааст, – ба андозаи арзиши онхо, аммо на зиёда аз андозаи чоркаратаи нишондиханда барои хисобхо мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои хар килограмм вазни багоч ё бор;

3) барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ашьёву анчоме, ки хамрохи мусофир мебошанд, – ба андозаи арзиши онхо ва дар сурати гайриимкон будани мукарраркунии он – ба андозаи на зиёда аз андозаи дахкаратаи нишондиханда барои хисобхо мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Арзиши багоч, бор, инчунин ашьёву анчоме, ки хамрохи мусофир мебошанд, бо дарназардошти нархе, ки дар хисобномаи фурушанда ё дар шартнома пешбини шудааст ва дар сурати мавчуд набудани он бо дарназардошти нархи миёнаи моли хаммонанд, ки дар чои супоридани бор мавчуд аст, дар рузи ба ихтиёри конеъ намудани чунин талабот ё дар рузи баровардани карори суд, агар талабот ба таври ихтиёри конеъ гардонида нашуда бошад, муайян карда мешавад.

Барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, бор, инчунин ашьёву анчоме, ки хангоми хамлу накли хавоии байналмилали хамрохи мусофир мебошанд, хамлу наклдиханда мутобики санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст масъулият дорад.

 

Моддаи 113. Масъулияти хамлу наклдиханда барои бо таъхир расонидани мусофир, багоч ё бор

 

Барои бо таъхир ба нуктаи таъиншуда расонидани мусофир, багоч ё бор интиколдиханда ба андозаи панчох фоизи нишондиханда барои хисобхо мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои хар соати ба таъхир афтодан, аммо на зиёда аз панчох фоизи музди интикол чарима месупорад, ба шарте, ки агар интиколдиханда исбот накунад, ки ба таъхир афтодан бо сабаби кувваи бартарафнашаванда, рафъи вайронии хавопаймо, ки ба хаёт ва саломатии мусофир тахдид мекунад ё дигар холатхои аз интиколдиханда вобастанабуда руй додааст.

 

Моддаи 114. Масъулияти борфиристанда

 

Борфиристанда барои зараре, ки аз тарафи хамлу наклдиханда ё шахсе, ки хамлу наклдиханда дар назди у масъулият дорад, бо сабаби нодурусти ё нопуррагии маълумоти пешниходкардаи борфиристанда расонида шудааст, масъулият дорад.

 

Моддаи 115. Масъулияти хамлу наклдиханда барои гумшави, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот

 

Хамлу наклдиханда дар назди ташкилотхои муросилот барои гумшави, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот бо гунохи хамлу наклдиханда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият дорад.

 

Моддаи 116. Созишномахо дар бораи зиёд намудани худуди масъулияти хамлу наклдиханда

 

Хамлу наклдиханда хукук дорад, ки бо мусофирон, борфиристонандагон ё боргирандагон дар бораи зиёд намудани худуди масъулияти худ нисбат ба худуде, ки дар хамин Кодекс ё санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст мукаррар карда шудааст, созишнома бандад.

 

Моддаи 117. Тартиби пешниходи талабот дар холати  вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи интиколи хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот

 

Бо талаби мусофир, борфиристанда ё боргиранда ва хангоми пешниходи санади хамлу накли аз тарафи яке аз онхо хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки санади тичорати тартиб дихад.

Бо санади тичорати холатхое, ки метавонанд барои масъулияти молу мулкии хамлу наклдиханда, мусофир, борфиристанда ё боргиранда асос шаванд, тасдик карда мешавад.

Акти тичорати хангоми додани багоч ё бор барои тасдики холатхои зерин тартиб дода мешавад:

1) мутобикат надоштани ном, вазн ё микдори вохидхои вокеии бор бо маълумоте, ки дар санади хамлу накли зикр шудаанд;

2) осеб дидани (вайрон шудани) бор;

3) камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч;

4) ошкор гардидани багоч ё бори бе санади хамлу накли ё  санади хамлу накли бе багоч ё бор.

Барои тасдики холатхои зикршуда оид ба муросилот хамлу наклдиханда ва ташкилоти алокаи муросилот санади тичорати тартиб медиханд.

То пешниходи даъво ба хамлу наклдиханда дар холати вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот ба хамлу наклдиханда иддао пешниход карда мешавад.

Дар сурати вайрон карда шудани хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот ба хамлу наклдиханда бо салохдиди аризадиханда дар аэропорти нуктаи парвоз ё фурудгохи нуктаи таъиншуда ариза ё иддао пешниход карда мешавад.

Вучуд надоштани акти тичорати мусофир, борфиристанда ё боргирандаро аз хукуки пешниходи иддао ё даъво махрум намесозад.

 

Моддаи 118. Шахсоне, ки дар сурати вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, шартномаи хамлу накли хавоии бор ё шартномаи хамлу накли хавоии муросилот хукуки пешниходи талаботро доранд

 

Хукуки ба хамлу наклдиханда пешниход кардани аризаро, дар сурати вайрон карда шудани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир, инхо доранд:

1) дар сурати гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он – мусофир ё шахси ваколатдори вай хангоми пешниходи барномаи багоч ё санади тичорати:

2) дар сурати бо ташаббуси хамлу наклдиханда катъ гардидани шартномаи хамлу накли хавоии мусофир – мусофир.

Хукуки пешниходи эътирз ва даъворо ба хамлу наклдиханда инхо доранд:

1) дар сурати гум шудани бор – боргиранда хангоми пешниходи барномае, ки хамлу наклдиханда ба борфиристанда додааст, бо кайди аэропорти нуктаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор ва хангоми гайриимкон будани пешниходи чунин барнома – санад дар бораи пардохти арзиши бор ва тасдикномаи хамлу наклдиханда дар бораи фиристода шудани бор бо кайди фурудгохи нуктаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор;

2) дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор – боргиранда хангоми пешниходи барнома ё санади тичорати;

3) дар сурати ба таъхир афтодани расонидани бор – боргиранда хангоми пешниходи барнома;

4) дар сурати гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) муросилот, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он – ташкилоти алокаи муросилоти нуктаи таъиншудаи муросилот;

5) сугуртакунанда – хангоми пешниходи асноди дахлдори хамлу накли, инчунин санадхое, ки далелхои баста шудани шартномаи сугурта ва апрдохти чуброни сугуртаро тасдик мекунанд.

 

Моддаи 119. Мухлати пешниходи иддао ба хамлу наклдиханда хангоми хамлу накли хавоии дохили

 

Ба хамлу наклдиханда хангоми хамлу накли хавоии дохили иддаоро дар давоми шаш мох пешниход кардан мумкин аст. Мухлати мазкур ба таври зерин хисоб карда мешавад:

1) дар бораи чуброни зарар дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ё муросилот, инчунин дар сурати ба таъхир афтодани хамлу накли онхо – аз рузи супоридани бор ва дар мавриди муросилот – аз санаи тартиб додани акти тичорати;

2) дар бораи чуброни зарар дар сурати гум шудани бор – баъди дах рузи ба охир расидани мухлати расонидан;

3) дар бораи чуброни зарар дар сурати гум шудани муросилот – баъди ба охир расидани мухлати расонидан;

4) дар бораи чуброни зарар дар хама холатхои дигар – аз рузи ба вучуд омадани вокеае, ки боиси пешниходи иддао гардидааст.

Хамлу наклдиханда хукук дорад эътирозро баъди ба охир расидани мухлати мукарраршуда, агар эътироф намояд, ки ба таъхир афтодани пешниходи эътироз бо сабаби узрнок ба вучуд омадааст, кабул кунад.

 

Моддаи 120. Мухлати пешниходи эътироз ба хамлу наклдиханда хангоми интиколи хавоии байналмилали

 

Дар сурати осеб дидани (вайрон шудани) багоч ё бор хангоми хамлу накли хавоии байналмилали, шахс, ки ба гирифтани он хукук дорад, дар сурати ошкор намудани зарар бояд ба хамлу наклдиханда на дертар аз хафт рузи баъди гирифтани багоч ва на дертар аз чордах рузи баъди гирифтани бор ба таври хатти хабарнома пешниход намояд. Дар сурати ба таъхир афтодани расонидани багоч ё бор иддао бояд дар давоми бисту як руз аз рузи ба ихтиёри шахси ба гирифтани багоч ё бор хукукдошта дода шудани багоч ё бор пешниход карда шавад. Хабарномаи мазкур барои тартиб додани санади тичорати асос мебошад.

Дар сурати гум шудани багоч, бор ё муросилот иддао ба хамлу наклдиханда метавонад дар давоми хаждах мох аз рузи ба майдони хавоии нуктаи таъиншуда расидани хавопаймо, аз рузе, ки хавопаймо бояд расад ё аз рузи катъи хамлу накли хавои пешниход карда шавад.

 

Моддаи 121. Огози мурури мухлати  даъво

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки дар давоми си руз аз санаи ворид шудани эътироз онро барраси кунад ва ба таври хатти ба фиристанда ё боргиранда дар бораи конеъ гардонидан ё рад намудани иддао хабар дихад.

Мурури мухлати даъво баъди як рузи аз тарафи борфиристанда ё боргиранда гирифта шудани чавоб дар бораи рад намудани эътироз ё кисман конеъ гардонида шудани он ва дар сурати нагирифтани чунин чавоб – баъди чилу панч рузи аз тарафи хамлу наклдиханда гирифта шудани иддао, агар дар шартномаи интиколи хавоии бор ё шартномаи интиколи хавоии муросилот мукаррароти дигаре пешбини нашуда бошад, огоз меёбад.

 

Моддаи 122. Масъулият барои зараре, ки хангоми бо хамдигар бархурдани хавопаймохо расидааст

 

Хангоми бо хамдигар бархурдани хавопаймохо, хамчунин хангоми аз тарафи як хавопаймо расонида шудани осеб ба хавопаймои дигар, гарчи онхо бо хамдигар барнахурдаанд, масъулияти молу мулкии сохибони хавопаймо ба тарзи зерин муайян карда мешавад:

1) зараре, ки ба яке аз сохибон бо гунохи сохиби дигар расонида шудааст, аз тарафи гунахгор чуброн карда мешавад;

2) дар сурати мавчуд будани гунохи харду (якчанд) сохибон андозаи чуброни зарар баробар бо дарачаи гунохи хар кадоми онхо муайян карда мешавад. Хангоми гайриимкон будани мукаррарсозии дарачаи гунох масъулият дар байни сохибон баробар таксим карда мешавад.

Дар сурати мавчуд набудани гунохи сохибони хавопаймохо дар расидани зарар ягонтои онхо хукук надорад чуброни зарарро аз дигараш талаб намояд

Хеч яке аз сохибони хавопаймохои бо хамдигар бархурда гунахгор тасаввур карда намешавад, агар бо тартиби мукарраршуда таври дигаре исбот карда нашавад.

Масъулияти амволи барои зараре, ки ба хаёт ва саломатии мусофири хавопаймо расонанда шудааст, хамчунин барои зараре, ки ба молу мулки шахсони сеюми дар хавопаймобуда расонида шудааст, ба зиммаи сохиби хавопаймо вогузор мегардад. Дар айни замон у мутобики кисми якуми хамин модда хукуки ба гунахгор пешниход намудани талаботи баръакс (баргашта)-ро дорад.

 

Моддаи 123. Андозахои масъулият барои зараре, ки хангоми хамлу накли хавои расонида шудааст

 

Барои зараре, ки бахаёт ё саломати ё амволи мусофири хавопаймо хангоми хамлу накли хавои расонида шудааст, сохиби хавопаймо ба андозаи пешбининамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон  масъулият дорад, агар дар шартномаи дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбини нашуда бошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №775)

Барои зараре, ки ба хаёт ё саломати ё молу мулки шахсони сеюм хангоми хамлу накли хавои расонида шудааст, сохиби хавопаймо ба андозаи пешбининамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон масъулият дорад, агар дар шартномаи баёналмилалии Чумхурии Точикистон таври дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 124. Сугуртаи хатмии масъулияти молики хавопаймо дар назди шахсони сеюм

 

Сугурта кардани масъулияти сохиби хавопаймо дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки ба хаёт ё саломати ё молу мулки шахсони сеюм хангоми истифодабарии хавопаймо расонида шудааст, хатми мебошад.

Хангоми ичрои парвоз ва корхои авиациони дар фазои хавоии Чумхурии Точикистон андозаи хадди акали  маблаги сугурта ба андозаи на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи бастани шартномаи сугурта барои хар килограмми вазни хадди аксари парвозии хавопаймо мукаррар карда мешавад.

Хангоми ичрои парвоз ва корхои авиационии байналмилали дар фазои хавои давлатхои хоричи андозаи хадди акали маблаги сугурта мутобики конунхои давлати дахлдори хоричи мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 125. Сугуртаи хатмии хаёт ва саломатии аъзои хайати хавопаймо

 

Сугурта кардани хаёт ва саломатии аъзои хайати хавопаймол хангоми аз тарафи онхо ичро карда шудани вазифахои хизмати хатмист.

Маблаги сугурта барои хар узви хайати хавопаймо ба андозаи на камтар аз хазор нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи бастани шартномаи сугурта мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 126. Сугуртаи хатмии масъулияти хамлу наклдиханда дар назди мусофири хавопаймо

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки масъулиятро барои зарари ба хаёт ва саломатии мусофири хавопаймо расонидашуда, хамчунин барои зараре, ки ба багоч ва ашёхои хамрохи мусофирбуда расонида шудааст, сугурта кунад.

Маблаги сугурта барои хар як мусофири хавопаймо, ки дар шартномаи сугуртаи хаёт ва саломатии мусофир пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз хазор нишондиханда барои хисобхо дар рузи фуруши чипта мукаррар карда мешавад.

Маблаги сугуртае, ки дар шартномаи сугуртаи багоч пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо барои хар килограмм вазни багоч мукаррар карда мешавад.

Маблаги сугуртае, ки дар шартномаи сугуртаи ашёхои хамрохи мусофирбуда пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз дах нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда мешавад.

Хангоми ичрои парвози байналмилалии хавопаймо сугурта кардани масъулияти интиколдиханда дар назди мусофирони хавопаймо, аз чумла масъулият барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) багоч, хамчунин ашёхои, ки хамрохи мусофирон мебошанд, хатми мебошад. Андозаи маблаги сугурта набояд аз андозаи дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ё конунхои давлати дахлдори хоричи пешбинишуда камтар бошад.

 

Моддаи 127. Сугуртаи хатмии масъулияти хамлу наклдиханда дар назди сохиби бор ё борфиристанда

 

Хамлу наклдиханда вазифадор аст масъулиятро дар назди сохиби бор ё борфиристанда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ба маблаги сугуртае, ки андозаи он бояд на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи додани борнома хар килограмм вазни бор бошад, сугурта кунад.

 

Моддаи 128. Сугуртаи хатмии масъулияти истифодабаранда хангоми корхои авиациони

 

Истифодабаранда вазифадор аст масъулияти худро барои зараре, ки бинобар ичрои корхои авиациони аз тарафи у расонида шуданаш мумкин аст, сугурта кунад.

 

БОБИ 18. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

(КЧТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

Моддаи 129. Хамкории байналмилали дар сохаи истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 

Хамкории байналмилали дар сохаи истифодаи фазои хавоии Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ба рох монда мешавад.  (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

Моддаи 130. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.  (ЌЉТ аз 18.03.15 с., № 1181)

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                        Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№ 720

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …