Главная / Илм / КИТОБҲОИ ДИНИ НАСРОНӢ

КИТОБҲОИ ДИНИ НАСРОНӢ

Ба китобхои мукаддаси дини насронӣ 27 китоб дохил мешавад. I Муҳимтарини онхо 4 Инҷил: Инҷилҳои Матто, Марқос, Луқо ва Юҳаннно мебошанд. Дар Инҷили Матто нақл карда мешавад, ки аз зани яҳуди Мариям, ки ба Юсуф ба шаҳвар мебарояд, бидуни муносибати ҷинсӣ аз «рўҳи муқаддас» Исо дар давраи подшоҳии Ҳиродос таввалуд мешавад. Подшоҳ Хиродос аз таваллуди Исо бохабар шуда, азбаски макони таваллуди ўро намедонад, фармон медиҳад, ки тамоми навзодҳоро сар бизананд. Аммо Юсуф, ки аз тарафи малик хабардор карда шуда буд, ба Миср меравад ва баъд дар Носира зиндагӣ ихтиёр мекунад.

Сипас дар бораи пайғамбар Юханно (Яҳё), ки дар биёбонистиқомат карда, мардумро аз наздик шудани рўзи қиёмат; рўзи маҳшар ва ба ҷазо расидани гунаҳкорон меогоҳонид, сухан меравад. Аҳли Яҳудия ба назди Юҳанно ибодаткунӣ мераванд. Дар инҷили Матто мавзиъаҳои болои кўҳ се бобро ташкил медиҳад. Дар ин мавъизаҳо сухан дар бораи ахлоқ меравад. Ба ҳар як кассе, ки таълимоти дини насрониро иҷро намекунад, дар қиёмат ҷазо ваъда карда мешавад. Бисёр навиштаҳои калисо дар папирусҳои Миср ёфт шудаанд.

kitobҲамаи ёдгориҳои насронияти ибтидоӣ ва забони ибрӣ навишта шудаанд, вале Инҷилҳо бошанд, бо забони юнонӣ. Инҷили Марқос аз Инҷили Матто аввалан, аз рўи ҳаҷм фарқ мекунад.

Дар Матто 28 боб, дар Марқос – 16; матнаш ҳам аз се ду ҳиссаи Матторо ташкил медиҳад. Сониян, аз ҷиҳати мазмун низ Инҷили Марқос аз Матто фарқ дорад. Масалан, аз Марқос шаҷараи Исо оварда мешавад, ки дар Инчили Матто нест. Дар Матто Мавъизаи болои кух, оварда нашудааст ва гайра. Тибки маълумоти «Таърихи Калисо»- и Евсевия муаллифи Инчили сеюм Луко аст. Аз руи хачм Инчили сеюм аз ҳамаи он ду калонтар аст.

Аз Маркос ду бор хачмаш зиёд аст. Баъзе ривоятхо ва наклхо дар ин чо бори аввал дарҷ мегардад. Аз чихати хронология низ ходисахо фарк доранд. Инҷил аз ривоят дар бораи бефарзандии падару модари Юханнои Маъмадон (Яҳёи Таъмиддиханда) оғоз меёбад ва пай дар пай дар бораи ҳомиладоршавии Марям, ба назди Элисобаъ рафтани у, сухбат бо малоика дар бораи таваллуди кудаки оянда накл мегардад.

Вакте ки Марям бармегардад, Элисобаъ писар мезояд. Закарие, падари Юханно гунг мешавад. Хангоми номгузоӣ дубора забонаш кушода мегардад. Луко баъд ба баёни тафсили таваллуди фарзанди Марям мегузарад. Луко нишон медиҳад, ки Исо танхо дар тасаввури мардум фарзанди Юсуф аст, шачараи у ба Одам рафта мерасад. Одам бошад офаридаи Худост ва хамин тавр дар байни инсони заминӣ ва Худо алока баркарор мегардад.

Инҷили Юҳанно ҳам аз ҷиҳати хронологи, топографӣ, интихоби ривоятҳо аз дигар Инчилхо фарк мекунад. Дар ин чо бештар ба рўҳоният эътибор дода мешавад. Аз руи он дар аввал сухан буд, сухани Худо. Ҳама чиз аз он сар мешавад: хает, бориш, рушной ва гайра. Макони фаъолияти Исо дар Инчили Юханно Яхудия ва Байтулмукаддас аст. Гуфта мешавад, ки Исои Масехо писари Худост. Вай дар бораи Мариям, таввалуди Исо ва ғайра зиёд таваккуф намекунад. Аз руи тадқиқотҳо Инҷили Юханно сохт, услуб ва гояи ягона дорад.

Баъди Инҷилиҳа дар аҳди Ҷадид Аъмоли Ҳаввориён қарор дорад, ки давоми Инҷилиҳо мебошад. Баъди марги Исо шогирдони ў – ҳаввориён бояд мустақилона ҳамфикрони худро роҳбарӣ намоянд. Дар байни онҳо ду ҳавворӣ – Петрус ва Павлус мавъеи марказӣ доранд. Қисми сеюми адабиётҳои Аҳди Ҷадидро рисолаҳои ҳаввориён ташкил додаанд, ки аз 21 рисола ё гуфтор – яке аз Юҳанно, ду аз Петрус, се аз Юҳанно, як аз Яҳудо, 14-то аз Павлус иборатанд.

Ваҳй 27-умин китоби Аҳди Ҷадид аст. Дар маркази он ғояи ба охир расонидани дунё, наздик омадани қиёмат қарор дорад. Ин ду боб аз рисолаҳои дорои муроҷият ба 7 ҷамоаи насронии ибтидоӣ иборат аст.

Рисолаҳои мазкур аз ҷиҳати ҳаҷм хеле кўҳанд. Худо дар ин ҷо ба сурати одамӣ тасвир шуда, дорои чашмони оташбор, пойҳои чун миси гудохта, мўйҳои сафед мебошад. Дар даст ситора дорад ва рўяш ҳамчун офтоб дурахшон аст. Дар Ваҳй баъзе воқеаҳои таърихӣ низ тасвир шудаанд.

Супориш ва саводхо.

  1. Библияро мутоила намудед, кодом мавзўъҳяш ба шумо маъқуланд?
  2. Умумияти дини Насронӣ бо дини Ислом дар чист?
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

СИНТОИЗМ

Синтоизм: пайдоиш ва таърихи он

Синтоия /аз японӣ – роҳи худоён/ – дини японҳост, ки дар асрҳои VI-VII ба вуҷуд …