Главная / Илм / КИТОБХОИ ДИНИ НАСРОНИ

КИТОБХОИ ДИНИ НАСРОНИ

Ба китобхои мукаддаси дини насрони 27 китоб дохил мешавад. I Мухимтарини онхо 4 Инчил: Инчилхои Матто, Маркос, Луко ва Юханнно мебошанд. Дар Инчили Матто накл карда мешавад, ки аз зани яхуди Мариям, ки ба Юсуф ба шахвар мебарояд, бидуни муносибати чинси аз «рухи мукаддас» Исо дар давраи подшохии Хиродос таввалуд мешавад. Подшох Хиродос аз таваллуди Исо бохабар шуда, азбаски макони таваллуди уро намедонад, фармон медихад, ки тамоми навзодхоро сар бизананд. Аммо Юсуф, ки аз тарафи малик хабардор карда шуда буд, ба Миср меравад ва баъд дар Носира зиндаги ихтиёр мекунад.

Сипас дар бораи пайгамбар Юханно (Яхё), ки дар биёбонистикомат карда, мардумро аз наздик шудани рузи киёмат; рузи махшар ва ба чазо расидани гунахкорон меогохонид, сухан меравад. Ахли Яхудия ба назди Юханно ибодаткуни мераванд. Дар инчили Матто мавзиъахои болои кух се бобро ташкил медихад. Дар ин мавъизахо сухан дар бораи ахлок меравад. Ба хар як кассе, ки таълимоти дини насрониро ичро намекунад, дар киёмат чазо ваъда карда мешавад. Бисёр навиштахои калисо дар папирусхои Миср ёфт шудаанд.

kitobХамаи ёдгорихои насронияти ибтидои ва забони ибри навишта шудаанд, вале Инчилхо бошанд, бо забони юнони. Инчили Маркос аз Инчили Матто аввалан, аз руи хачм фарк мекунад.

Дар Матто 28 боб, дар Маркос – 16; матнаш хам аз се ду хиссаи Матторо ташкил медихад. Сониян, аз чихати мазмун низ Инчили Маркос аз Матто фарк дорад. Масалан, аз Маркос шачараи Исо оварда мешавад, ки дар Инчили Матто нест. Дар Матто Мавъизаи болои кух, оварда нашудааст ва гайра. Тибки маълумоти «Таърихи Калисо»- и Евсевия муаллифи Инчили сеюм Луко аст. Аз руи хачм Инчили сеюм аз хамаи он ду калонтар аст.

Аз Маркос ду бор хачмаш зиёд аст. Баъзе ривоятхо ва наклхо дар ин чо бори аввал дарч мегардад. Аз чихати хронология низ ходисахо фарк доранд. Инчил аз ривоят дар бораи бефарзандии падару модари Юханнои Маъмадон (Яхёи Таъмиддиханда) огоз меёбад ва пай дар пай дар бораи хомиладоршавии Марям, ба назди Элисобаъ рафтани у, сухбат бо малоика дар бораи таваллуди кудаки оянда накл мегардад.

Вакте ки Марям бармегардад, Элисобаъ писар мезояд. Закарие, падари Юханно гунг мешавад. Хангоми номгузои дубора забонаш кушода мегардад. Луко баъд ба баёни тафсили таваллуди фарзанди Марям мегузарад. Луко нишон медихад, ки Исо танхо дар тасаввури мардум фарзанди Юсуф аст, шачараи у ба Одам рафта мерасад. Одам бошад офаридаи Худост ва хамин тавр дар байни инсони замини ва Худо алока баркарор мегардад.

Инчили Юханно хам аз чихати хронологи, топографи, интихоби ривоятхо аз дигар Инчилхо фарк мекунад. Дар ин чо бештар ба рухоният эътибор дода мешавад. Аз руи он дар аввал сухан буд, сухани Худо. Хама чиз аз он сар мешавад: хает, бориш, рушной ва гайра. Макони фаъолияти Исо дар Инчили Юханно Яхудия ва Байтулмукаддас аст. Гуфта мешавад, ки Исои Масехо писари Худост. Вай дар бораи Мариям, таввалуди Исо ва гайра зиёд таваккуф намекунад. Аз руи тадкикотхо Инчили Юханно сохт, услуб ва гояи ягона дорад.

Баъди Инчилиха дар ахди Чадид Аъмоли Хаввориён карор дорад, ки давоми Инчилихо мебошад. Баъди марги Исо шогирдони у – хаввориён бояд мустакилона хамфикрони худро рохбари намоянд. Дар байни онхо ду хаввори – Петрус ва Павлус мавъеи маркази доранд. Кисми сеюми адабиётхои Ахди Чадидро рисолахои хаввориён ташкил додаанд, ки аз 21 рисола ё гуфтор – яке аз Юханно, ду аз Петрус, се аз Юханно, як аз Яхудо, 14-то аз Павлус иборатанд.

Вахй 27-умин китоби Ахди Чадид аст. Дар маркази он гояи ба охир расонидани дунё, наздик омадани киёмат карор дорад. Ин ду боб аз рисолахои дорои мурочият ба 7 чамоаи насронии ибтидои иборат аст.

Рисолахои мазкур аз чихати хачм хеле куханд. Худо дар ин чо ба сурати одами тасвир шуда, дорои чашмони оташбор, пойхои чун миси гудохта, муйхои сафед мебошад. Дар даст ситора дорад ва руяш хамчун офтоб дурахшон аст. Дар Вахй баъзе вокеахои таърихи низ тасвир шудаанд.

Супориш ва саводхо.

  1. Библияро мутоила намудед, кодом мавзуъхяш ба шумо маъкуланд?
  2. Умумияти дини Насрони бо дини Ислом дар чист?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …