Главная / Маданият ва санъат / КАТОЛИЗМ – Пайдош ва таърих

КАТОЛИЗМ – Пайдош ва таърих

Баъд аз ҷудошавии дини насронӣ ба калисои Ғарбӣ /римӣ, католикӣ/ ва Шарқӣ /православие, ортодокс/ хусусиятҳои хоси ин равия ба вуҷуд омад. Дар қатори нуқтаҳои ба тамоми дини насронӣ хос: эътиқод ба салосаи муқаддас, ҳақиқати Таврот ва ғайра католисизм дар таълимот, маросим ва сохти ташкилоти ақидаҳои махсуси худро дорад. Католисизм зухури рўҳи муқаддасро на танҳо аз падар-худо, балки аз писар-худо низ медонад ва ба ғайр аз биҳишту дўзах вуҷудияти барзахро таъкид менамояд, бегуноҳ, пайрави Исо дар замин, давомдиҳандаи кори Апостал Петруси ҳавворӣ будани Папаи Римро эътироф мекунад. Баръакси протестантизм дар радифи танҳо «Китоби муқаддас», «Ривоёти муқаддас»-ро низ манбаи таълимоти дини меҳисобад. Агар дар протестантизм Библияро ҳар як диндор тафсир карда тавонад, дар католисизм ба ин кор танҳо рўҳониён ҳак доранд.

katolicizmДар шаъни рўҳониёни католик ҳукми муҷаррадӣ ҷорӣ аст. Калисои католики ҳамчун православие ҳафт муқаддасот: ашои раббот, ғусли тамъид, эътирофи гуноҳ, тадҳин, тадҳини майит (такоруб), муқаддасоти /рўҳонияти/ никоҳро эътироф мекунад, вале дар тарзи иҷрои онҳо аз православие фарқ мекунад.

Масалан, маросими ғусли тамъид дар католицизм ҳам бо роҳи обрезӣ ва ҳам ба тарики фурў рафтан ба об ба ҷо оварда мешавад, ҳол он ки дар православие танҳо ба таршут фурў рафтан ба об иҷро карда мешавад, тадҳин дар католисизм баъди 7-8 солагӣ, дар православие бошад баъди таваллуд, пас аз тамъид, ашои раббонӣ /нон хўрондан/ дар католисизм ба нони бо квас омехта, дар православие бо нони бенамак иҷро мегарданд. Ғайр аз ин дар католисизм ба парастиши модархудо бештар диқаат дода мешавад. Иҷрои мутантани маросимҳо, дар шакли саҳнавӣ гузаронидани ибодат, яъне истифодаи васеи санъатхои гуногун, мусикӣ, рассомӣ, театр ва ғайра хусусияти дигари католисизм аст. Дар католисизм парастиши ҳар гуна «ҷабрдидагон» муқаддасоти мухталиф /20 ҳазор шахсони муқаддас (қиддис), 200 ҳазор сазовори марҳамати илохӣ гашта ҷой дорад. Ҳоло дар католисизм ду равия-мухофизакорӣ ва таҷдид ба вуҷуд омадааст.

Модернистҳо мехоҳанд, ки тамоми таълимоти дин, ҳатто фаҳмиши «Китоби муқаддас» низ аз нав дида баромада шавад ва ба шароит мувофиқ гардад, роҳҳои боз ҳам нозуктари таъсиррасонӣ ба шуур ва эҳсосоти олами имрўза ёфта шавад. Онҳо талаб мекунанд, ки ин оину расмҳои католикӣ хеле кам, содда ва бо замона мувофиқ, карда шаванд. Ибодот ҳам, мегўянд модернистҳо, на аз рўи анъана бо забони лотинӣ, балки бо забонҳои зиндаи имрўза гузаронида шаванд.

darzmolkБисёр маросимҳоро ба шароити имрўза мувофиқ сохтан лозим аст. Калисои имрўзаи католикӣ ташкилоти бузурги динӣ-сиёсӣ, идеологӣ мебошад, ки на танҳо дар ҷаҳонбинии пайравони худ, балки дар назарияҳои фалсафӣ-иҷтимоӣ, ахлоқии назарияпардозони буржуазӣ ва реформистӣ таъсир дорад ва дар ҳайти сиёсӣ, идеологии мамлакатҳои католикнишин фаъолона иштирок доранд. Дар ин кор ба таҷрибаи фаровони табақаҳои сиёсӣ, ташкилотҳои омавӣ такя мекунад. Католисизм аз рўи маълумоти солҳои 80-ум зиёда аз 400 ҳазор рўҳонӣ, зиёда аз 1400 роҳиби марду зан дошт.

Ин калисо дар кори тарғиботии худ аз воситаҳои гуногуни католикӣ, донишгоҳҳо, боғчаҳои бачагона, муассисаҳои тандурустӣ, матбуот, радио, телевизион ва ғайра истифода мекунад. Мувофиқи таълимоти муаллифони хориҷи 160 ҳазор мактаби католикӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар як худи Италия 1800 нашрияи мухталиф бо тираж 16 млн нусха нашр мешавад. Католисизм зиёд аз 800 маркази радио дорад, ки 34 барнома бо 30 забон ташкил додааст. Дар як худи Франция 1500 толори синамо мавҷуд аст. Дар байни занон, ҷавонон низ католисизм ташкилотҳои худро дорад. Ватикон – шаҳр – давлат ва маркази Калисои Католикӣ мебошад, ки дорои ҳамаи сохторҳои давлатӣ аст. Пайдоиши католисизм дар даврае рост омад, ки шиори умумии он озодии шахсият, озодие, ки аз бисёр ҷиҳат ба муносибатҳои нави молию пулӣ, яъне муносибатҳои сармоядорӣ алоқаманд буд. Вобаста ба пайдоиши муносибатҳои нав зиддиятҳои муайяне дар ҷомеа ба вуҷуд омаданд.

Байни тарафдорони муносибатҳои кўҳна ва нав зиддияти оштинопазир вуҷуд дошт, ки ифодаи худро дар таълимотидинӣ ва пайравӣ аз калисо низ ёфт. 

Супориш ва саволҳо.

  1. Равияи Православӣ бо кадом хислатҳояш
  2. Ин равияҳо бештар дар давлатҳо гардидаанд?

 

 

 

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …