Главная / Маданият ва санъат / КАТОЛИЗМ – Пайдош ва таърих

КАТОЛИЗМ – Пайдош ва таърих

Баъд аз чудошавии дини насрони ба калисои Гарби /рими, католики/ ва Шарки /православие, ортодокс/ хусусиятхои хоси ин равия ба вучуд омад. Дар катори нуктахои ба тамоми дини насрони хос: эътикод ба салосаи мукаддас, хакикати Таврот ва гайра католисизм дар таълимот, маросим ва сохти ташкилоти акидахои махсуси худро дорад. Католисизм зухури рухи мукаддасро на танхо аз падар-худо, балки аз писар-худо низ медонад ва ба гайр аз бихишту дузах вучудияти барзахро таъкид менамояд, бегунох, пайрави Исо дар замин, давомдихандаи кори Апостал Петруси хаввори будани Папаи Римро эътироф мекунад. Баръакси протестантизм дар радифи танхо «Китоби мукаддас», «Ривоёти мукаддас»-ро низ манбаи таълимоти дини мехисобад. Агар дар протестантизм Библияро хар як диндор тафсир карда тавонад, дар католисизм ба ин кор танхо рухониён хак доранд.

katolicizmДар шаъни рухониёни католик хукми мучарради чори аст. Калисои католики хамчун православие хафт мукаддасот: ашои раббот, гусли тамъид, эътирофи гунох, тадхин, тадхини майит (такоруб), мукаддасоти /рухонияти/ никохро эътироф мекунад, вале дар тарзи ичрои онхо аз православие фарк мекунад.

Масалан, маросими гусли тамъид дар католицизм хам бо рохи обрези ва хам ба тарики фуру рафтан ба об ба чо оварда мешавад, хол он ки дар православие танхо ба таршут фуру рафтан ба об ичро карда мешавад, тадхин дар католисизм баъди 7-8 солаги, дар православие бошад баъди таваллуд, пас аз тамъид, ашои раббони /нон хурондан/ дар католисизм ба нони бо квас омехта, дар православие бо нони бенамак ичро мегарданд. Гайр аз ин дар католисизм ба парастиши модархудо бештар дикаат дода мешавад. Ичрои мутантани маросимхо, дар шакли сахнави гузаронидани ибодат, яъне истифодаи васеи санъатхои гуногун, мусики, рассоми, театр ва гайра хусусияти дигари католисизм аст. Дар католисизм парастиши хар гуна «чабрдидагон» мукаддасоти мухталиф /20 хазор шахсони мукаддас (киддис), 200 хазор сазовори мархамати илохи гашта чой дорад. Холо дар католисизм ду равия-мухофизакори ва тачдид ба вучуд омадааст.

Модернистхо мехоханд, ки тамоми таълимоти дин, хатто фахмиши «Китоби мукаддас» низ аз нав дида баромада шавад ва ба шароит мувофик гардад, роххои боз хам нозуктари таъсиррасони ба шуур ва эхсосоти олами имруза ёфта шавад. Онхо талаб мекунанд, ки ин оину расмхои католики хеле кам, содда ва бо замона мувофик, карда шаванд. Ибодот хам, мегуянд модернистхо, на аз руи анъана бо забони лотини, балки бо забонхои зиндаи имруза гузаронида шаванд.

darzmolkБисёр маросимхоро ба шароити имруза мувофик сохтан лозим аст. Калисои имрузаи католики ташкилоти бузурги дини-сиёси, идеологи мебошад, ки на танхо дар чахонбинии пайравони худ, балки дар назарияхои фалсафи-ичтимои, ахлокии назарияпардозони буржуази ва реформисти таъсир дорад ва дар хайти сиёси, идеологии мамлакатхои католикнишин фаъолона иштирок доранд. Дар ин кор ба тачрибаи фаровони табакахои сиёси, ташкилотхои омави такя мекунад. Католисизм аз руи маълумоти солхои 80-ум зиёда аз 400 хазор рухони, зиёда аз 1400 рохиби марду зан дошт.

Ин калисо дар кори таргиботии худ аз воситахои гуногуни католики, донишгоххо, богчахои бачагона, муассисахои тандурусти, матбуот, радио, телевизион ва гайра истифода мекунад. Мувофики таълимоти муаллифони хоричи 160 хазор мактаби католики дар чахон вучуд дорад. Дар як худи Италия 1800 нашрияи мухталиф бо тираж 16 млн нусха нашр мешавад. Католисизм зиёд аз 800 маркази радио дорад, ки 34 барнома бо 30 забон ташкил додааст. Дар як худи Франция 1500 толори синамо мавчуд аст. Дар байни занон, чавонон низ католисизм ташкилотхои худро дорад. Ватикон – шахр – давлат ва маркази Калисои Католики мебошад, ки дорои хамаи сохторхои давлати аст. Пайдоиши католисизм дар даврае рост омад, ки шиори умумии он озодии шахсият, озодие, ки аз бисёр чихат ба муносибатхои нави молию пули, яъне муносибатхои сармоядори алокаманд буд. Вобаста ба пайдоиши муносибатхои нав зиддиятхои муайяне дар чомеа ба вучуд омаданд.

Байни тарафдорони муносибатхои кухна ва нав зиддияти оштинопазир вучуд дошт, ки ифодаи худро дар таълимотидини ва пайрави аз калисо низ ёфт. 

Супориш ва саволхо.

  1. Равияи Православи бо кадом хислатхояш
  2. Ин равияхо бештар дар давлатхо гардидаанд?

 

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

volidayn

Дуои «Хукуки волидайн»

Барои хукуки волидайн низ ду ракъат намоз адо кунад ва дар хар ду ракъат баъд …