Главная / Биология / Картошка барои хурок ё руй?

Картошка барои хурок ё руй?

Картошка қариб дар ҳама ҷо парвариш карда мешавад. Вобаста ба навъ картошкаҳо гуногуншакл (мудаввар, дарозрӯя) ва гуногунранг (сафед, зард гулобӣ) мешаванд.

Картошка то 17,5% оҳар, инчунин қанд, намакҳои минералӣ ва сафеда дорад. Қимати ғизоии сафедаҳои он нисбати сафедаҳои гӯшт камтар бошад ҳам, пурбаҳотарин сафедаи растанӣ ба шумор меравад.

картошка растани

Картошка ҳамчун манбаи витамини С, гурӯҳи витаминҳои В, РР, К хеле аҳамиятнок аст. Картошка нисбат ба дигар сабзавоту мева камтар витамини С дорад. Бо вуҷуди он азбаски инсон дар давоми сол картошкаро бештар истеъмол менамояд, бинобар он талаботи ба витамини С доштаи организм қонеъ мешавад. Ватани картошка Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, зиёда аз 14 ҳазор сол пеш истеъмол мекунанд. Ба Аврупо картошкаро дар миёнаҳои асри ХVI дароварданд.

Аммо аврупоиҳо намедонистанд, ки онро чӣ тавр истеъмол намоянд. Онҳо картошкаро дар ибтидо чун растании гулдор парвариш мекарданд.

Баъдтар лӯндаҳои хоми онро истеъмол мекардагӣ шуданд. Танҳо дар нимаи дуюми асри ХVII картошкаро ҳамчун обчакорӣ ва сабзавоти ғизоӣ парвариш мекардагӣ шуданд ва он дар асри ХIХ тараққӣ карда, намудҳои зиёди картошкаро алҳол парвариш менамоянд.

Дар соҳаи хӯрокпазӣ аз картошка таому хуришҳои гуногунро дар шакли обпаз, буғпаз, дампаз, бирён намудан тайёр менамояд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …