Главная / Биология / Картошка барои хурок ё руй?

Картошка барои хурок ё руй?

Картошка кариб дар хама чо парвариш карда мешавад. Вобаста ба навъ картошкахо гуногуншакл (мудаввар, дарозруя) ва гуногунранг (сафед, зард гулоби) мешаванд.

Картошка то 17,5% охар, инчунин канд, намакхои минерали ва сафеда дорад. Кимати гизоии сафедахои он нисбати сафедахои гушт камтар бошад хам, пурбахотарин сафедаи растани ба шумор меравад.

картошка растани

Картошка хамчун манбаи витамини С, гурухи витаминхои В, РР, К хеле ахамиятнок аст. Картошка нисбат ба дигар сабзавоту мева камтар витамини С дорад. Бо вучуди он азбаски инсон дар давоми сол картошкаро бештар истеъмол менамояд, бинобар он талаботи ба витамини С доштаи организм конеъ мешавад. Ватани картошка Америкаи Маркази ва Чануби буда, зиёда аз 14 хазор сол пеш истеъмол мекунанд. Ба Аврупо картошкаро дар миёнахои асри ХVI дароварданд.

Аммо аврупоихо намедонистанд, ки онро чи тавр истеъмол намоянд. Онхо картошкаро дар ибтидо чун растании гулдор парвариш мекарданд.

Баъдтар лундахои хоми онро истеъмол мекардаги шуданд. Танхо дар нимаи дуюми асри ХVII картошкаро хамчун обчакори ва сабзавоти гизои парвариш мекардаги шуданд ва он дар асри ХIХ таракки карда, намудхои зиёди картошкаро алхол парвариш менамоянд.

Дар сохаи хурокпази аз картошка таому хуришхои гуногунро дар шакли обпаз, бугпаз, дампаз, бирён намудан тайёр менамояд.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …