Главная / Илм / КАРДИОМИОПАТИЯ

КАРДИОМИОПАТИЯ

kardiomiopatiyaКАРДИОМИОПАТИЯ (аз кардио…, mys, myos – мушак ва pathos – беморӣ), номи умумии иллатҳои гуногуни дил, ки аломати асосии онҳо осеби ғайриилтиҳобии миокард мебошад. Дар мавриди К. дил калон шуда, фаъолияти он халал меёбад. К. аз миокардитҳо, осеби миокард ҳангоми бемории камхунии дил, нуқси дил, бемории рагҳои шуш, миокардиодистрофия фарқ дорад.
К. чанд хел мешавад. Хусусан К.-и инъиқодӣ ва ду намуди К.-и гипертрофӣ (К.-и гипертрофии диффузӣ ва стенози зериаортавии гипертрофии худзод) бештар дучор меояд.
Ҳама гуна намудҳои К. дар ибтидо бидуни аломатҳои хос зоҳир мешаванд. Вале нишонаҳои калон шудани дил ва гипертрофияи меъдачаи чапро метавон бо роҳи тадқиқи рентгенологӣ ва аз рӯи тағйироти ЭКГ (электрокардиограмма) барвақт ошкор кард. Яке аз аломатҳои аввалини К.-и инъиқодӣ дамкӯтоҳӣ мебошад, ки нисбат ба диг. нишонаҳои нуқси дил пештар аз худ дарак медиҳад. Зуҳуроти аввалини К.-и гипертрофии диффузӣ ба падидаҳои диг. бемориҳо монанд мебошад: сустию беҳолатӣ, дилзанӣ, хароб шудан, баъзан сарчархӣ, беҳушӣ, дард кардани мавзеи дил, дамкӯтоҳӣ ва ғ. Нишонаҳои аввалини К. дар баъзе беморон ихтилоли низоми кори дил – экстрасистолия ва тахикардияи пароксизмӣ мебошанд.
К. дар беморхона муолиҷа карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо фаъолияти дилро ба эътидол овардан мумкин аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …