Главная / Илм / КАРДИОМИОПАТИЯ

КАРДИОМИОПАТИЯ

kardiomiopatiyaКАРДИОМИОПАТИЯ (аз кардио…, mys, myos – мушак ва pathos – бемори), номи умумии иллатхои гуногуни дил, ки аломати асосии онхо осеби гайриилтихобии миокард мебошад. Дар мавриди К. дил калон шуда, фаъолияти он халал меёбад. К. аз миокардитхо, осеби миокард хангоми бемории камхунии дил, нукси дил, бемории рагхои шуш, миокардиодистрофия фарк дорад.
К. чанд хел мешавад. Хусусан К.-и инъикоди ва ду намуди К.-и гипертрофи (К.-и гипертрофии диффузи ва стенози зериаортавии гипертрофии худзод) бештар дучор меояд.
Хама гуна намудхои К. дар ибтидо бидуни аломатхои хос зохир мешаванд. Вале нишонахои калон шудани дил ва гипертрофияи меъдачаи чапро метавон бо рохи тадкики рентгенологи ва аз руи тагйироти ЭКГ (электрокардиограмма) барвакт ошкор кард. Яке аз аломатхои аввалини К.-и инъикоди дамкутохи мебошад, ки нисбат ба диг. нишонахои нукси дил пештар аз худ дарак медихад. Зухуроти аввалини К.-и гипертрофии диффузи ба падидахои диг. беморихо монанд мебошад: сустию бехолати, дилзани, хароб шудан, баъзан сарчархи, бехуши, дард кардани мавзеи дил, дамкутохи ва г. Нишонахои аввалини К. дар баъзе беморон ихтилоли низоми кори дил – экстрасистолия ва тахикардияи пароксизми мебошанд.
К. дар беморхона муолича карда мешавад. Дар баъзе мавридхо фаъолияти дилро ба эътидол овардан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …