Главная / Биология / Ҷуворимакка – растании хӯрокӣ, техникӣ ва хӯроки чорво

Ҷуворимакка – растании хӯрокӣ, техникӣ ва хӯроки чорво

Ҷуворимакка растании яксола, аз оилаи хӯшадорҳо мебошад. Ватани ҷуворимакка Америкаи Марказӣ буда, онро сайёҳон ба Аврупо оварданд, ки баъдтар ба дигар мамлакатҳои қитъаи Осиё паҳн гардидааст.

Ҷуворимакка растании рӯшноипарвард ва гармидӯст мебошад. Поя, барг ва хӯшагули нағз инкишофёфта дорад. Хӯшагули чорӯбшаклаш дар нӯги поя ҷойгир аст. Дар он ҷо танҳо гулҳои нарина инкишоф меёбанд (яъне, гарддонҳо ташаккул меёбанд).

Ҷуворимакка

Дар бағали баргҳо хӯшагули сӯта бо гулҳои модина месабзад. Баъди гардолудшавӣ дар сӯта донҳои аз ҷиҳати андоза гуногун ташаккул меёбанд.

Решаи ҷуворимакка ба хок чуқур рафта, дар давраи рушду нумӯяш аз қисми поёнии поя решаҳои иловагии пайдошуда ниҳоли ҷуворимаккаро ба хок мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокӣ барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд.

Дар соҳаи чорвопарварӣ ҷуворимакка ҳамчун манбаи хӯрока ма- қоми баланд дорад. Дар таркиби дони ҷуворимакка миқдори равған зиёд аст. Аз баргу пояи сабз ва сӯтаи нимдунбули он силос
тайёр мекунанд. Силосро ба ғайр аз баргу пояи сабзаш, инчунин аз бар- гу пояи хушкаш, пас аз ғунучини до- наш, низ тайёр кардан мумкин аст.

Ҷуворимакка аҳамияти махсуси техникӣ дорад. Аз дони он оҳар (крахмал), шира, орд, равған, спирт, кислотаи (ҷавҳари) сирко, каучуки сунъӣ ва ғайраҳо истеҳсол мекунанд. Аз поя, сӯта ва барги он коғаз, вискоза, масолеҳи изолятсионӣ, пӯки сунъӣ, навори кино, ширеш ва дигар масолеҳ тайёр карда мешавад.

Дар ҷумҳуриамон асосан навъи ду- рагахои ВИР-156, ВИР-156Т, ВИР-42, ВИР-42М ва ғайраро парвариш мекунанд.

Азбаски ҷуворимакка зироати гар- мидӯст аст, тухми онро ҳангоми 10-12°С гарм будани хок кишт мекунанд. Замини кишти ҷуворимаккаро тирамоҳ ба чуқурии 28-30 см шудгор карда, ба ҳар як гектар 10-35 тонна пору ва 60-80 кг нурии фосфордор меандозанд. Баҳорон замини шудгоршударо ба қаду бар сихмола карда, онро 1-2 маротиба мола мекунанд. Дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳуриамон кишти ҷуворимаккаро то саршавии кишти пахта ва дар водиҳои кӯҳӣ то даҳаи дуюми моҳи май ба охир мерасонанд.

Ҳосилнокии дони ҷуворимакка дар сурати пурра риоя кардани қоидахои агротехникӣ аз ҳар гектар 100-120 сентнерро ташкил медиҳад.

Та-йёр намудани дони ҷуворимакка барои к и ш т. Бо ин мақсад тухми ҷуворимаккаро дар сӯтааш нигоҳ медоранд. Сараввал онро хуб санҷида беҳтаринашро интихоб мекунанд. Дар сӯта донҳои солими нағз пухтарасида асосан дар қисми мобайнӣ ҷойгир шудаанд. Бинобар он, барои кишт фақат ҳамин донҳоро истифода мебарапд. Барои аз ҳар гуна касалиҳо муҳофизат кардани тухмӣ онро бо доруҳои химиявӣ заҳролуд мекунанд.

Нигоҳубини ҷуворимаккаро баъди неш задани тухмӣ ва 3-4-барга шуданаш аз тоқа кардани ниҳолҳо оғоз мекунанд. Сипас, байни қаторҳоро 2-3 маротиба нарм мекунанд, то ки сафолаки сатҳи хок ва алафҳои бегона барҳам дода шавад. Инчунин, барои баланд
бардоштани ҳосили дону баргу пояи сабз дар давоми нашъунамои ҷуворимакка ба ҷуворимакказор бо тартиби муайян нуриҳои фосфорию нитрогендор, поруи парранда ва поруоб медиҳанд.

  1. Ҷуворимакка чӣ гуна аҳамияти хоҷагӣ дорад?
  2. Ҷуворимакка чӣ хел сохти решагӣ дорад?
  3. Кадом навъу дурагаҳои ҷуворимаккаро медонед?
  4. Нигоҳубини ҷуворимакказорро чӣ тавр ба роҳ мемонанд?
  5. Аз дон, поя, барг ва сӯтаи ҷуворимакка чӣ хел масолеҳи тех- никӣ истеҳсол мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …