Главная / Биология / Чуворимакка – растании хуроки, техники ва хуроки чорво

Чуворимакка – растании хуроки, техники ва хуроки чорво

Чуворимакка растании яксола, аз оилаи хушадорхо мебошад. Ватани чуворимакка Америкаи Маркази буда, онро сайёхон ба Аврупо оварданд, ки баъдтар ба дигар мамлакатхои китъаи Осиё пахн гардидааст.

Чуворимакка растании рушноипарвард ва гармидуст мебошад. Поя, барг ва хушагули нагз инкишофёфта дорад. Хушагули чорубшаклаш дар нуги поя чойгир аст. Дар он чо танхо гулхои нарина инкишоф меёбанд (яъне, гарддонхо ташаккул меёбанд).

Чуворимакка

Дар багали баргхо хушагули сута бо гулхои модина месабзад. Баъди гардолудшави дар сута донхои аз чихати андоза гуногун ташаккул меёбанд.

Решаи чуворимакка ба хок чукур рафта, дар давраи рушду нумуяш аз кисми поёнии поя решахои иловагии пайдошуда нихоли чуворимаккаро ба хок мустахкам нигох медоранд.

Чуворимакка зироати пуркимати хуроки барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сутаи он зиёда аз 150 махсулоти гуногун тайёр мекунанд.

Дар сохаи чорвопарвари чуворимакка хамчун манбаи хурока ма- коми баланд дорад. Дар таркиби дони чуворимакка микдори равган зиёд аст. Аз баргу пояи сабз ва сутаи нимдунбули он силос
тайёр мекунанд. Силосро ба гайр аз баргу пояи сабзаш, инчунин аз бар- гу пояи хушкаш, пас аз гунучини до- наш, низ тайёр кардан мумкин аст.

Чуворимакка ахамияти махсуси техники дорад. Аз дони он охар (крахмал), шира, орд, равган, спирт, кислотаи (чавхари) сирко, каучуки сунъи ва гайрахо истехсол мекунанд. Аз поя, сута ва барги он когаз, вискоза, масолехи изолятсиони, пуки сунъи, навори кино, ширеш ва дигар масолех тайёр карда мешавад.

Дар чумхуриамон асосан навъи ду- рагахои ВИР-156, ВИР-156Т, ВИР-42, ВИР-42М ва гайраро парвариш мекунанд.

Азбаски чуворимакка зироати гар- мидуст аст, тухми онро хангоми 10-12°С гарм будани хок кишт мекунанд. Замини кишти чуворимаккаро тирамох ба чукурии 28-30 см шудгор карда, ба хар як гектар 10-35 тонна пору ва 60-80 кг нурии фосфордор меандозанд. Бахорон замини шудгоршударо ба каду бар сихмола карда, онро 1-2 маротиба мола мекунанд. Дар нохияхои пахтакори чумхуриамон кишти чуворимаккаро то саршавии кишти пахта ва дар водихои кухи то дахаи дуюми мохи май ба охир мерасонанд.

Хосилнокии дони чуворимакка дар сурати пурра риоя кардани коидахои агротехники аз хар гектар 100-120 сентнерро ташкил медихад.

Та-йёр намудани дони чуворимакка барои к и ш т. Бо ин максад тухми чуворимаккаро дар сутааш нигох медоранд. Сараввал онро хуб санчида бехтаринашро интихоб мекунанд. Дар сута донхои солими нагз пухтарасида асосан дар кисми мобайни чойгир шудаанд. Бинобар он, барои кишт факат хамин донхоро истифода мебарапд. Барои аз хар гуна касалихо мухофизат кардани тухми онро бо дорухои химияви захролуд мекунанд.

Нигохубини чуворимаккаро баъди неш задани тухми ва 3-4-барга шуданаш аз тока кардани нихолхо огоз мекунанд. Сипас, байни каторхоро 2-3 маротиба нарм мекунанд, то ки сафолаки сатхи хок ва алафхои бегона бархам дода шавад. Инчунин, барои баланд
бардоштани хосили дону баргу пояи сабз дар давоми нашъунамои чуворимакка ба чуворимакказор бо тартиби муайян нурихои фосфорию нитрогендор, поруи парранда ва поруоб медиханд.

  1. Чуворимакка чи гуна ахамияти хочаги дорад?
  2. Чуворимакка чи хел сохти решаги дорад?
  3. Кадом навъу дурагахои чуворимаккаро медонед?
  4. Нигохубини чуворимакказорро чи тавр ба рох мемонанд?
  5. Аз дон, поя, барг ва сутаи чуворимакка чи хел масолехи тех- ники истехсол мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …