Главная / Гуногун / Ҷигарбирёнро чихел мепазанд?

Ҷигарбирёнро чихел мепазанд?

Технологияи тайёр кардани таом аз ҷигар

Таҷҳизот: тахтача барои гушти хом, корд, дег, зарфҳо барои масолеҳ, плита.

Миқдори масолеҳ: 500 г. ҷигар, 100 г. равған, 4-5 дона бехпиёз, 300 г. помидори тару тоза, намак ва қаланфур мувофиқи табъ.

Роҳи 1ум: Ҷигарбирён – ҷигарро аз парда ва раҳҳои заҳра тоза карда мешўянду колон калон намак мепошанд. Сипас бо пиёзи майда резашуда дар равған 10-12 дақиқа бирён мекунанд. Вақте, ки ҷигар хуб бирён шуд мурҷу намак пошида дегро сарпўш мекунанд ва 10 дақиқа дам медиҳанд.

gushtbiryon

Вақти пухтани ҷигарро муайян намудан аҳамияти калон дорад, зеро ҷигари аз меъёр зиёд пухта шах мешавад. Мағзи ҷигар пухта ҳангоми Буридан, набояд сурхча бошад. Ҷигарюирёнро ба табақчаҳо кашида бо пиёзу помидор ба дастурхон мегузоранд.

Роҳи 2юм: Ҷигари дар об пухта – ҷигари гўсфанд ё говро коркарди аввала гузаронида баъд онро дар об ҷўшонда, ба обаш пиёз, сирпиёз, кабуди меандозанд. Баъди пухтан ҷигарро аз дег гирифта хунук мекунанд. Ҷигарро реза карда ба табақчаҳо мегиранд ва ба рўи он намак, мурчи кўфта пошида ба дастурхон мегузорнад, обашро истифода намебаранд.

Эзоҳ: Шумо метавонед таомро ихтиёрӣ иҷро намоед.

Савол ва супориш

  1. Аҳмияти сабзавот барои организми одам чӣ вобастагӣ дорад.
  2. Зарурияти витаминҳоро дар организм одамро гӯед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …