Главная / Гуногун / ҶДММ «Чарм» – Корхонаи пойяфзолбарории Душанбе

ҶДММ «Чарм» – Корхонаи пойяфзолбарории Душанбе

ҶДММ «Чарм» яке аз корхонаи калонтарин оид ба коркарди пусту чарм ва истеҳсоли пойафзолҳои гуногун дар Тоҷикистон, ба шумор меравад.

чарм кожзавод

Роҳбарияти ҷамъият барои ташкил ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ диққати махсус дода, корхонаро бо технология ва дастгоҳҳои нави замонавӣ оид ба коркарди пуст, чарми ранга ва истеҳсоли пойафзолҳои гуногун ворид намуда, насб кардааст, ки айни замон мавриди истифода қарор доранд.

Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бе ворид намудани технологияҳои нав ғайри имкон аст. Илова бар ин, корхона аз соли хусусигардони ҳамасола ба маблаги миллион сомонӣ истеҳсоли пойафзол менамояд.

Аз ҷумла хатҳои технологии нави замонавӣ бо таҷҳизотҳои пешрафта дар коргоҳи тагпошнабарорӣ, як хати технологӣ дар коргоҳи поракунии чарм ва як хати технологӣ дар коргоҳи дўзандагӣ харидорӣ намуд, ки ин технологияҳои воридгардида ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Айни замон дастгоҳҳои васлгардида барои истеҳсоли пойафзолҳои гуногун истифода бурда шудаистодаанд, ки сифати истеҳсоли маҳсулотҳои ниҳои баланд гардида, бо меъёрҳои давлатӣ мутобиқ ва дорои сертификат мебошанд.

charm-1-2

Таҷҳизотҳои воридгардида ба ҷамият истеҳсоли далатҳои Итолиё ва Чин буда дорои сифати аъло ва иқтидори баланд мебошанд.

Ҳаҷми истеҳсоли ҷамъият дар соли 2017 – 150 850 ҳаз.  ҷуфт пойафзол ва 50 000 адад пўст, ки 2 млн. 339 900 ҳаз. дм2 – ӣ чарм ба маблағи 18 млн. 453 700 ҳаз. сомонӣ ва дар соли 2018 155 200 ҳаз.  ҷуфт пойафзол ва 65 029 адад пўст, ки 4 млн. 047 000 ҳаз. дм2 – ӣ чармро ташкил медиҳад ба маблағи 21 млн. 081 500 ҳаз. сомонӣ истеҳсол намуда фуруши онро ба роҳ мондааст.

charm-1-1

Телефоны: (+992 37) 260-60-60; (+992) 93-527-27-27

charm_a65@mail.ru
сайт http://charm.tj

ХАРИТАИ МАКОН

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Райхона цветы

Мағозаи гулҳо «Райҳон» дар Душанбешаҳр

Мағозаи РАЙҲОН ин на танҳо мағозаи гулҳо мебошад балки дар он инчунин туҳфаҳо барои зодруз-мавлуд …