Главная / Гуногун / ҲИНДУИЯ ВА СИКҲИЯ

ҲИНДУИЯ ВА СИКҲИЯ

Ҳиндуия яке аз динҳои сернуфузи миллӣ мебошад. Он дар миёнаи ҳазораи яки солшумории мелодӣ, яъне асрҳои IV-VI дар империяи Гупта ба амал омадааст. Ҳиндуия арабишакли калимаи форси Ҳинду /дарёи Инд/ мебошад. Ҳиндуия дар асоси браҳмания пайдо шудааст. Ва браҳмания худои Браҳмаро, ки холиқи ҷаҳон аст, парастиш менамояд. Дар баробари Браҳма худоён Вишну /муҳофизи олам/ ва Шива /харобкори олам/ парастида мешаванд, ки бақавли муҳаққиқон салосаи муқаддаси ҳиндуия – тримуритиро ташкил медиҳанд.

hinduizmАсоси таълимот ҳиндуия дар Ведаҳо баён шудааст. Он аз чор маҷмўа иборат мебошад: Ригведа /маҷмўаи сурудҳои асотирӣ/, Самаведа /маҷмўаи дастурот доир ба маросимҳо/, Яҷурведа /маҷмўаи қоидаҳои қурбонӣ/ ва Атхарваведа /маҷмўа дар бораи қоида ва дуоҳои сеҳрангез/. Яке аз аслҳои муҳими ҳиндуия таълимот дар бораи сапсара /аз санскритсаёҳат, кишваргардӣ/ аз нав тавалудшавӣ, таносухи руҳ мебошад.

Рўҳ метавонад аз инсон ба рустанӣ, ҳайвон ва баръакс мутобиқи қонуни карма /аз санскрит-амал, вазифа/ гузарад. Ҳар кас мувофиқи амалаш мукофот мегирад, вобаста ба он ки то чӣ андоза талаботи ҳиндуияро иҷро мекунад. Мақсади асосии ҳаёти инсон аз рўи таълимоти ҳиндуия дарёфти гузариш аз таносух гузариш ба васл бо Браҳма – рўҳи ҷаҳонӣ, нафси кулл мебошад.

Ба шарафи худоёни ҳиндуия ибодатгоҳҳои бошукўҳи зиёде бино шудаанд, ки дар онҳо руҳониёни ҳиндуия роҳбарӣ мекунанд. Обу баъзе ҳайвонот /мисли гов, маймун, фил/ аз мукддасоти хиндуия ба хисоб мераванд. Дар хиндуия равияхои вишнуия ва шиваия мавчуданд, ки афзалиятро ба худо Вишну ва ё худо Шива медиханд.

Дар дохилӣ хиндуия йога /аз санскрит-алока, робита ё махдуда/ таълимоти дини ирфони дар бораи тасфияи чон, озодшавии он аз таъсири бадан ва пайваст шудан ба рухи мутлаки худо ба вучуд омадааст. Йога инчунин мачмуи коидахои риёзати бадан, табобат ба воситаи гимнастикаро ба вучуд овардааст. Такрибан дар асрхои ХV-ХVI дар асоси хиндуия сикхия /аз калимаи “сикх” – шогирд/ пайдо шуда, минбаъд дини мустакил гардид. Сикххо асосан дар Панчоби

Хиндустон зиндагй мекунанд. Онхо эътикод ба худой ягонаро, ки тасвираш номумкин аст, пайравй менамоянд. Дар сикхия парастиши гурурухонӣ, шер, ки яке аз онхо Конака асосгузори дин хам хисоб мешавад, чорӣ аст. Имруз як кисми сикххо барои мустакилияти Панчоб ва ташкили давлати Холистон кушиш менамоянд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …