Главная / Маданият ва санъат / ҲАРФИ РАВИ ВА ҚОФИЯИ МУҚАЙЯДУ МУТЛАҚ

ҲАРФИ РАВИ ВА ҚОФИЯИ МУҚАЙЯДУ МУТЛАҚ

Вобаста ба ҳарфи равӣ, қофия ба ду навъ ҷудо мешавад: қофияи муқайяд ва қофияи мутлақ.

Дар илми бадеъи классикӣ қофияеро, ки ҳарфи равӣ бо ҳарфи васл начаспидааст, қофияи муқайяд меноманд. Ба таври дигар гӯем, қофияи муқайд қофияест, ки охирин ҳарфи он равист ва баъди он ҳарфи дигаре наомадааст. Мисол:

Касе нест бе озу ному нанг,

Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг. (Фирдавсӣ)

Дар ин байт калимаҳои «нанг»-у «ҷанг» қофияи буда, ҷузви «-анг» р е ш а и қ о ф и я аст. Мувофиқи қоидаи илми қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳ а з в, ҳамсадои «н» қ а й д ва ҳарфи «г» р а в и с т. Азбаски қофияи ин байт бо ҳарфи равӣ ба охир расидааст ва баъди он ҳарфе наомадааст, онро қофияи муқайяд (басташуда, ишкел кардашуда) меноманд. Агар дар қофия ҳарфи равӣ бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад, чунин қофияро қ о ф и я и м у т л а қ меноманд. Мисол:

Мардони қабила рахт бастанд В-аз арса ҳаме берун нишастанд.

Дар ин байт калимаҳои «бастанд» ва «нишастанд» қофия буда, ҷузви «-астанд» решаи қофияро ташкил медиҳад. Дар ин решаи қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳ а з в, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» р а в и и м у т – л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л, ҳарфи «д» х у р ӯ ҷ мебошад.

Чи тавре ки мебинед, дар қофияҳои байти боло – «бастанд» ва «нишастанд» баъди ҳарфи равӣ – «т» боз як садоноку (ҳаракату) ду ҳамсадо омадааст. Пас, ин қофия қофияи мутлақ аст.

Ҳарфҳои қофияи муқайяд инҳоянд: таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ё аслӣ, ридфи мураккаб ё зоид), қайд ва равӣ. Яъне ҳарфҳои қофияи муқайяд ҳарфҳоеанд, ки ҳамеша пеш аз равӣ меоянд. Ҳоло ба таври мухтасар доир ба ҳар кадоми он маълумот медиҳем.

Таъсис калимаи арабист, маънои луғавиаш бунёд гузоштан, асос гузоштан аст. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагист. Таъсис садоноки дарози «о» («алиф»)-и пеш аз равӣ буда, ҳатман дар байни он ва равӣ бояд як ҳамсадою як садоноки кӯтоҳ воқеъ шавад. Садоноки «о»- ро барои он таъсис меноманд, ки он асоси қофияро ташкил медиҳад, яъне оғози ҳарфҳои қофия аз ҳамин ҳарф сар мешавад. Таъсис ҳамеша бо ҳарфи дахил меояд, ҳарфҳое, ки пеш аз таъсис меоянд, ба решаи қофия дохил намешаванд. Мисол:

Гарчи дарбастам дари мадҳу ғазал якборагӣ,

Зан(н) мабар, к-аз назми алфозу маъонӣ қосирам.

Балки дар ҳар навъ, к-аз ақрони ман донад касе

Хоҳ ҷузве гир онро, хоҳ куле, моҳирам.

(Анварӣ)

Дар ин ду байти Анварӣ, ки дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф суруда шудааст, калимаҳои «қосирам»-у «моҳирам» қофия, ҷузви «- осирам»-у «-оҳирам» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» т а ъ с и с, ҳарфи «с» (дар қофияи дуюм ҳарфи «ҳ») д а х и л, ҳарфи «и» ишбоъ, ҳарфи «р» р а в и и м у т л а қ, ҳарфи «а» м а ҷ р о ва ҳарфи «м» в а с л аст.

Баъзе шоирон такрори таъсисро Дар қофияи шеър зарур намешуморанд. Мисол:

Ай лаъли ҷонфизоят нақди хазинаи дил,

З-он нақд нест моро ҷуз хуни дида ҳосил. (Восифӣ)

Калимаҳои «дил» ва «ҳосил»-и байти Восифӣ қофияи онро ташкил медиҳанд, калимаи «ҳ о с и л» таъсис дорад, аммо дар калимаи « д и л» таъсис иштирок надорад.

Ашъоре, ки дар қофияҳои онҳо ҳарфи таъсис истифода шуда бошад, хеле кам аст.

Дахил калимаи арабист, маънои луғавиаш далолаткунанда, баромада; ҳамроҳ, шарик аст. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагиеро гӯянд, ки ҳамеша дар байни т а ъ с и с ва р а в ӣ меояд. Мисол:

Фалак дар сояи барри ҳавосил,

Заминро парри тӯтӣ кард ҳосил. (Абулфараҷи Рунӣ)

Дар байти боло калимаҳои «ҳавосил» ва «ҳосил» қофия буда, ҷузви «- осил» решаи қофия аст. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» т а ъ с и с, ҳарфи «с» д а х и л, садоноки кӯтоҳи «и» и ш б о ъ ва ҳарфи «л» равии муқайяд аст.

Аксари шоирони адабиёти классики форс-тоҷик такрори ҳарфи дахилро дар қофия зарур намешуморанд. Агар такрори ҳарфи дахил дар қофияи шеър риоя шавад, онро аз муҳассаноти шеър ҳисоб мекунанд, зеро таъсир ва оҳангнокии каломи мавзун зиёд мегардад.

Дахил дар баъзе китобҳои адабиётшиносӣ бо номи ҳ о й и л низ дучор меояд ба ин хотир, ки байни т а ъ с и с у д а х и л гӯё ҷудоӣ афкандааст.

Ридф низ калимаи арабист, маънои луғавиаш паи ҳам даромадан, чизест, ки паси чизи дигар дарояд; тобеъи чизе буда, аммо дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагии қофияро гӯянд, ки ҳамеша пеш аз равӣ меояд. Ридф ду хел аст.

  1. Р и д ф и м у ф р а д ё аслӣ, ҳарфи садоноки дарозест, ки дар қофия пеш аз ҳарфи равӣ меояд. Ба таври дигар гӯем, садонокҳои дарози «о», «у», «ӯ», «ӣ» ва «ё» ба вазифаи ридф омада метавонанд.

Мисол:

Чашм агар ин асту абру ину нозу шива ин, Алвидоъ, ай зуҳду тақво, алфироқ, ай ақлу дин.

Дар ин байт калимаҳои «ин» ва «дин» қофия буда, ҷузви «-ин» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия «и» ридфи муфрад ва ҳарфи «н» равии муқайяд аст.

  1. Р и д ф и м у р а к к а б ё з о и д ҳарфи ҳамсадоест, ки дар байни ридфи муфрад ва равӣ меояд. Дар қавли муҳаққиқони адабиёти классикӣ, харфҳое, ки ба вазифаи ридфи мураккаб меоянд, шаштоянд: «н», «р», «с», «ш», «х» ва «ф». Пас, калимаҳои «бохт» бо «тохт», «сӯхт» бо «дӯхт», «бехт» бо «рехт», «корд» бо «орд», «мост» бо «рост», «дошт» бо «пиндошт», «ёфт» бо «бофт», «кӯфт» бо «рӯфт», «фирефт» бо «шефт», «монд» бо «ронд» ҳамқофияанд ва ҳарфҳои «х», «р», «с», «ш», «ф» ва «н» ба вазифаи ридфи мураккаб омадаанд.

Шоире ин шаш ҳарфро ба таври зерин дар риштаи назм кашидааст: Ридфи зоид шаш бувад, ай зуфунун,

«Хо»-ву «ро»-ю «син»-у «шин»-у «фо»-ву «нун».

Мисол:

Зи шоху зи лашкар саронро бихонд,

Сазовор бо ӯ ба ромиш нишонд. (Фирдавсӣ)

Дар ин байт, ки дар баҳри Мутақориби мусаммани мақсур суруда шудааст, калимаҳои «бихонд» ва «нишонд» қофия буда, ҷузви «-онд» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» ридфи муфрад (аслӣ), ҳарфи «х» ридфи мураккаб (зоид) ва ҳарфи «д» равии муқайяд аст. Такрори ридфи мураккаб дар ҳамаи қофияҳо шарт аст.

Қофияе, ки дар решаи он ҳарфи р и д ф омадааст, қ о ф и я и м у р -д а ф меноманд, ва дар илми бадеъи классикӣ яке аз санъатҳои лафзиро низ м у р д а ф гӯянд.

Қайд калимаи арабист, маънои луғавиаш банд, занҷир буда, ба маънои истилоҳӣ номи яке аз ҳарфҳои решагии калимаи қофия аст, ки пеш аз ҳарфи равӣ омада бошад. Ба таври дигар гӯем, тамоми ҳарфҳои ҳамсадои забони тоҷикиро, ки пеш аз ҳарфи равӣ омадаанду пеш аз онҳо садонокҳои кӯтоҳ ҷой гирифтаанд, чун қайд истифода бурдан мумкин аст. Масалан, дар калимаҳои «сард» ва «нард» ҳарфи «р» қайд аст. Мисол:

Манеҳ дил бар ойини даври сипеҳр, К-аз ӯ гоҳ кин зоиду гоҳ меҳр.

Дар ин байт, ки вазнаш Мутақориби мусаммани мақсур аст, калимаҳои «сипеҳр»-у «меҳр» қофия буда, ҷузви «-еҳр» решаи қофия мебошанд. Дар ин решаи қофия ҳарфи «е» ҳ а з ф, ҳарфи «ҳ» қ а й д ва ҳамсадои «р» равии муқайяд аст.

Агар пеш аз ҳарфи қайд садоноки дароз омада бошад, он ҳамсадоро қ а й д не, балки р и д ф и м у р а к к а б меноманд. Мисол:

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биорост.

(Носири Хусрав)

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур) калимаҳои «хост» ва «биорост» қофия, ҷузви «-ост»-и ҳарду калима решаи он буда, садоноки дарози «о» р и д ф и м у ф р а д, ҳамсадои «с» р и д ф и м у р а к к б ва ҳарфи «т» р а в и и м у қ а й я д аст.

Мувофиқи таърифи қайд, ҳарфи «с»-и қофияи боло бояд қайд бошад, аммо дар ин ҷо ба вазифаи ридфи мураккаб омадааст, чунки пеш аз он садоноки «о», яъне р и д ф и м у ф р а д омадааст.

Аксари муҳаққиқони таърихи адабиёт такрори ҳарфи қайдро дар қофия шарт донистаанд. Фақат дар сурате такрори қ а й д р о зарур нашуморидаанд, ки агар ҳарфи р а в ӣ бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне дар қофияи мутлақ такрори ҳарфи қайд шарт нест. Мисол:

Наврӯз даромад, ай Манучеҳрӣ,

Бо лолаи суруху бо гули ҳумрӣ.

Мурғони забонгирифтаро яксар

Бикшод забони сурию ибрӣ.

(Манучеҳрӣ)

Дар ин байтҳо (вазнаш – Ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбуз) калимаҳои «Манучеҳрӣ», «ҳумрӣ» ва «ибрӣ» қофия, ҷузвҳои «-ҳрӣ», «-мрӣ» ва «- брӣ» решаи қофия буда, ҳарфи «р» р а в и и м у т л а қ, харфи «ӣ» в а с л, ҳарфҳои «ҳ», «м» ва «б» қайд мебошанд, зеро ҳарфи равӣ бо ҳарфи васл пайваст шудааст. Ҳарфи қайд дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ хеле серистеъмол аст.

Равӣ низ калимаи арабист, аз решаи калимаи р и в о гирифта шудааст. Риво ресмоне бошад, ки бо он бори уштурро банданд. Дар илми қофия охирин ҳарфи решагии калимаи қофияро равӣ меноманд. Пас тамоми ҳарфҳои забони тоҷикӣ – ҳамсадо ва садонокҳои дароз (ба ҷуз садонокҳои кӯтоҳи «а», «и», «у») ба вазифаи равӣ омада метавонанд. Мисол:

Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ,

Чафо кардӣ, вафодорӣ накардӣ.

(Камол)

Дар ин байти Камоли Хуҷандӣ, ки дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф эҷод шудааст, калимаҳои «ёрӣ» ва «вафодорӣ» қофия, ҷузвҳои «-орӣ»-ю «ёрӣ» решаи қофия буда, ҳарфҳои «ё» ва «о» р и д ф и м у ф р а д (аслӣ), ҳарфи «р» р а в ӣ (р а в и и м у қ а й я д)[1], ҳарфи «ӣ» васл мебошанд. Равӣ ду хел аст:

  1. Р а в и и м у қ а й я д (ба қайд омада, гирифтор, побанд), равиеро гӯянд, ки он бо ҳарфи в а с л начаспида бошад. Яъне қофия бо ҳарфи равӣ ба охир расидааст. Мисол:

Рӯят гули сероб нагӯем, чӣ гӯем?

Он лаб шакари ноб нагӯем, чӣ гӯем?

(Камол)

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур) калимаҳои «сероб» ва «ноб» қофия, ҷузви «-еб» р е ш а и қ о ф и я буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад (аслӣ), ҳарфи «б» равии муқайяд мебошад.

Мисоли дигар:

Зикри маҳ кардам шабе, рӯйи туам омад ба ёд,

Ёди шаб кардам ба маҳ, дил бо сари зулфат фитод.

(Камол)

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур) калимаҳои «сероб» ва «ноб» қофия, ҷузви «-об» р е ш а и қ о ф и я буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад (аслӣ), ҳарфи «б» равии муқайяд мебошад.

  1. Р а в и и м у т л а қ (комил, пурра, тамом), равиеро гӯянд, ки он бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад. Мисол:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

(Ҳофиз)

Дар ин байт (вазнаш – Рамали мусаммани махбуни аслам) калимаҳои «дилшодам» ва «озодам» қофия, ҷузви «-одам» р е ш а и қ о -ф и я мебошанд. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» риДфи муфраД (аслӣ), ҳарфи «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «м» васл аст. Мисолҳо:

Ай дӯст, туро бар сари вақтам гузаре нест,

Аз ҳоли дили бехабаронат хабаре нест.

(Ҳасани Деҳлавӣ)

***

Ман ба бӯи ту ҳавохоҳи насими саҳарам,

К-ӯ зи бӯи ту хабар дораду ман бехабарам.

(Ч,омӣ)

***

Ки ҳайҳот, қадри ту нашнохтам,

Ба шукри қудумат напардохтам.

(Саъдӣ)

Дар байти якум калимаҳои «гузаре» ва «хабаре», дар байти дуюм калимаҳои «саҳарам» ва «бехабарам», дар байти сеюм калимаҳои «нашнохтам» ва «напардохтам» қофияанд, ки ҳарфи «р»-и қофияи байти якуму дуюм, ҳарфи «т»-и қофияи байти сеюм равии мутлақанд.

Такрори ҳарфи равӣ дар қофияи шеър шарт аст. Шеъреро, ки дар он ҳарфи равӣ истифода нашуда бошад, онро шеър намеҳисобанд.

Аз ҳарфҳои қофия таъсис, дахил, ридф, қайд ва аз ҳаракатҳои қофия рас, ишбоъ, ҳазв, тавҷеҳ ҳамеша пеш аз равӣ ва васлу хурӯҷу мазиду нойира, маҷро ва нафоз баъди равӣ меоянд.

Азбаски қофия бе ҳарфи равӣ вуҷуд дошта наметавонад, барои ҳамин муҳаққиқони таърихи адабиёт қофияро аслан аз як ҳарф иборат донистаанд. Ваҳиди Табрезӣ мегӯяд:

Қофия дар асл як ҳарф асту ҳашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нуқта инҳо дойира.

Ҳарфи таъсису Дахилу рифу қайд, он гаҳ равӣ,

Баъд аз он васлу хурӯц асту мазиду нойира.

Мисолҳо барои ҳарфҳои қофияи муқайяд:

Мисол барои ҳарфи равӣ:

Тозаву хуррам аст чун рухи ёр

Саҳни гетӣ зи рангу бӯи баҳор.

(Имомии Ҳиравӣ)

Мисол барои таъсис ва дахил:

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард,

Ҳилол ид ба даври қадаҳ ишорат кард.

(Ҳофиз)

Мисол барои ҳарфи қайд:

Ғубори роҳ шав, то сарврафторон хиром оранд,

Бувад то гӯшаи чашми туро аз хок бардоранд.

(Ҳозиқ)

Савол ва супоришҳо:

  1. Ҳарфи равӣ чист ва чанд хел мешавад?
  2. Кадом навъи қофияро қофияи муқайяд меноманд?
  3. Тафовути қофияи муқайядро аз қофияи мутлақ фаҳмонед.
  4. Қофияи муқайяд аз кадом ҳарфҳо иборат аст?
  5. Дар байти зер кадом навъи қофия вуҷуд дорад?

Наврӯзи бузургам бизан, ай мутриб, имрӯз,

Зеро ки бувад навбати Наврӯз ба Наврӯз.

(Манучеҳрӣ)

  1. Ҳарфи таъсис бо дахил чӣ иртибот дорад?
  2. Кадом ҳарфи қофия ба вазифаи равӣ омада метавонад?
  3. Ридф чанд хел мешавад?
  4. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии қайдро гӯед.

Ю.Ҳарфи қайд бо ридфи мураккаб чӣ муносибат дорад?

  1. Дар байти зер кадом навъи ридф омадааст?

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биорост.

 

[1] Муқайяд – ба қайд афтода, гирифтор

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …