Главная / Маданият ва санъат / ХАРФИ РАВИ ВА КОФИЯИ МУКАЙЯДУ МУТЛАК

ХАРФИ РАВИ ВА КОФИЯИ МУКАЙЯДУ МУТЛАК

Вобаста ба харфи рави, кофия ба ду навъ чудо мешавад: кофияи мукайяд ва кофияи мутлак.

Дар илми бадеъи классики кофияеро, ки харфи рави бо харфи васл начаспидааст, кофияи мукайяд меноманд. Ба таври дигар гуем, кофияи мукайд кофияест, ки охирин харфи он равист ва баъди он харфи дигаре наомадааст. Мисол:

Касе нест бе озу ному нанг,

Хамон ошти бехтар ояд зи чанг. (Фирдавси)

Дар ин байт калимахои «нанг»-у «чанг» кофияи буда, чузви «-анг» р е ш а и к о ф и я аст. Мувофики коидаи илми кофия садоноки кутохи «а» х а з в, хамсадои «н» к а й д ва харфи «г» р а в и с т. Азбаски кофияи ин байт бо харфи рави ба охир расидааст ва баъди он харфе наомадааст, онро кофияи мукайяд (басташуда, ишкел кардашуда) меноманд. Агар дар кофия харфи рави бо харфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи рави харфи дигаре омада бошад, чунин кофияро к о ф и я и м у т л а к меноманд. Мисол:

Мардони кабила рахт бастанд В-аз арса хаме берун нишастанд.

Дар ин байт калимахои «бастанд» ва «нишастанд» кофия буда, чузви «-астанд» решаи кофияро ташкил медихад. Дар ин решаи кофия садоноки кутохи «а» х а з в, харфи «с» кайд, харфи «т» р а в и и м у т – л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л, харфи «д» х у р у ч мебошад.

Чи тавре ки мебинед, дар кофияхои байти боло – «бастанд» ва «нишастанд» баъди харфи рави – «т» боз як садоноку (харакату) ду хамсадо омадааст. Пас, ин кофия кофияи мутлак аст.

Харфхои кофияи мукайяд инхоянд: таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ё асли, ридфи мураккаб ё зоид), кайд ва рави. Яъне харфхои кофияи мукайяд харфхоеанд, ки хамеша пеш аз рави меоянд. Холо ба таври мухтасар доир ба хар кадоми он маълумот медихем.

Таъсис калимаи арабист, маънои лугавиаш бунёд гузоштан, асос гузоштан аст. Дар илми кофия яке аз харфхои решагист. Таъсис садоноки дарози «о» («алиф»)-и пеш аз рави буда, хатман дар байни он ва рави бояд як хамсадою як садоноки кутох вокеъ шавад. Садоноки «о»- ро барои он таъсис меноманд, ки он асоси кофияро ташкил медихад, яъне огози харфхои кофия аз хамин харф сар мешавад. Таъсис хамеша бо харфи дахил меояд, харфхое, ки пеш аз таъсис меоянд, ба решаи кофия дохил намешаванд. Мисол:

Гарчи дарбастам дари мадху газал якбораги,

Зан(н) мабар, к-аз назми алфозу маъони косирам.

Балки дар хар навъ, к-аз акрони ман донад касе

Хох чузве гир онро, хох куле, мохирам.

(Анвари)

Дар ин ду байти Анвари, ки дар бахри Рамали мусаммани махзуф суруда шудааст, калимахои «косирам»-у «мохирам» кофия, чузви «- осирам»-у «-охирам» решаи кофия мебошад. Дар ин решаи кофия харфи «о» т а ъ с и с, харфи «с» (дар кофияи дуюм харфи «х») д а х и л, харфи «и» ишбоъ, харфи «р» р а в и и м у т л а к, харфи «а» м а ч р о ва харфи «м» в а с л аст.

Баъзе шоирон такрори таъсисро Дар кофияи шеър зарур намешуморанд. Мисол:

Ай лаъли чонфизоят накди хазинаи дил,

З-он накд нест моро чуз хуни дида хосил. (Восифи)

Калимахои «дил» ва «хосил»-и байти Восифи кофияи онро ташкил медиханд, калимаи «х о с и л» таъсис дорад, аммо дар калимаи « д и л» таъсис иштирок надорад.

Ашъоре, ки дар кофияхои онхо харфи таъсис истифода шуда бошад, хеле кам аст.

Дахил калимаи арабист, маънои лугавиаш далолаткунанда, баромада; хамрох, шарик аст. Дар илми кофия яке аз харфхои решагиеро гуянд, ки хамеша дар байни т а ъ с и с ва р а в и меояд. Мисол:

Фалак дар сояи барри хавосил,

Заминро парри тути кард хосил. (Абулфарачи Руни)

Дар байти боло калимахои «хавосил» ва «хосил» кофия буда, чузви «- осил» решаи кофия аст. Дар ин решаи кофия харфи «о» т а ъ с и с, харфи «с» д а х и л, садоноки кутохи «и» и ш б о ъ ва харфи «л» равии мукайяд аст.

Аксари шоирони адабиёти классики форс-точик такрори харфи дахилро дар кофия зарур намешуморанд. Агар такрори харфи дахил дар кофияи шеър риоя шавад, онро аз мухассаноти шеър хисоб мекунанд, зеро таъсир ва охангнокии каломи мавзун зиёд мегардад.

Дахил дар баъзе китобхои адабиётшиноси бо номи х о й и л низ дучор меояд ба ин хотир, ки байни т а ъ с и с у д а х и л гуё чудои афкандааст.

Ридф низ калимаи арабист, маънои лугавиаш паи хам даромадан, чизест, ки паси чизи дигар дарояд; тобеъи чизе буда, аммо дар илми кофия яке аз харфхои решагии кофияро гуянд, ки хамеша пеш аз рави меояд. Ридф ду хел аст.

  1. Р и д ф и м у ф р а д ё асли, харфи садоноки дарозест, ки дар кофия пеш аз харфи рави меояд. Ба таври дигар гуем, садонокхои дарози «о», «у», «у», «и» ва «ё» ба вазифаи ридф омада метавонанд.

Мисол:

Чашм агар ин асту абру ину нозу шива ин, Алвидоъ, ай зухду такво, алфирок, ай аклу дин.

Дар ин байт калимахои «ин» ва «дин» кофия буда, чузви «-ин» решаи кофия мебошад. Дар ин решаи кофия «и» ридфи муфрад ва харфи «н» равии мукайяд аст.

  1. Р и д ф и м у р а к к а б ё з о и д харфи хамсадоест, ки дар байни ридфи муфрад ва рави меояд. Дар кавли мухаккикони адабиёти классики, харфхое, ки ба вазифаи ридфи мураккаб меоянд, шаштоянд: «н», «р», «с», «ш», «х» ва «ф». Пас, калимахои «бохт» бо «тохт», «сухт» бо «духт», «бехт» бо «рехт», «корд» бо «орд», «мост» бо «рост», «дошт» бо «пиндошт», «ёфт» бо «бофт», «куфт» бо «руфт», «фирефт» бо «шефт», «монд» бо «ронд» хамкофияанд ва харфхои «х», «р», «с», «ш», «ф» ва «н» ба вазифаи ридфи мураккаб омадаанд.

Шоире ин шаш харфро ба таври зерин дар риштаи назм кашидааст: Ридфи зоид шаш бувад, ай зуфунун,

«Хо»-ву «ро»-ю «син»-у «шин»-у «фо»-ву «нун».

Мисол:

Зи шоху зи лашкар саронро бихонд,

Сазовор бо у ба ромиш нишонд. (Фирдавси)

Дар ин байт, ки дар бахри Мутакориби мусаммани максур суруда шудааст, калимахои «бихонд» ва «нишонд» кофия буда, чузви «-онд» решаи кофия мебошад. Дар ин решаи кофия харфи «о» ридфи муфрад (асли), харфи «х» ридфи мураккаб (зоид) ва харфи «д» равии мукайяд аст. Такрори ридфи мураккаб дар хамаи кофияхо шарт аст.

Кофияе, ки дар решаи он харфи р и д ф омадааст, к о ф и я и м у р -д а ф меноманд, ва дар илми бадеъи классики яке аз санъатхои лафзиро низ м у р д а ф гуянд.

Кайд калимаи арабист, маънои лугавиаш банд, занчир буда, ба маънои истилохи номи яке аз харфхои решагии калимаи кофия аст, ки пеш аз харфи рави омада бошад. Ба таври дигар гуем, тамоми харфхои хамсадои забони точикиро, ки пеш аз харфи рави омадаанду пеш аз онхо садонокхои кутох чой гирифтаанд, чун кайд истифода бурдан мумкин аст. Масалан, дар калимахои «сард» ва «нард» харфи «р» кайд аст. Мисол:

Манех дил бар ойини даври сипехр, К-аз у гох кин зоиду гох мехр.

Дар ин байт, ки вазнаш Мутакориби мусаммани максур аст, калимахои «сипехр»-у «мехр» кофия буда, чузви «-ехр» решаи кофия мебошанд. Дар ин решаи кофия харфи «е» х а з ф, харфи «х» к а й д ва хамсадои «р» равии мукайяд аст.

Агар пеш аз харфи кайд садоноки дароз омада бошад, он хамсадоро к а й д не, балки р и д ф и м у р а к к а б меноманд. Мисол:

Рузе зи сари санг укобе ба хаво хост,

Аз бахри тамаъ болу пари хеш биорост.

(Носири Хусрав)

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макфуфи максур) калимахои «хост» ва «биорост» кофия, чузви «-ост»-и харду калима решаи он буда, садоноки дарози «о» р и д ф и м у ф р а д, хамсадои «с» р и д ф и м у р а к к б ва харфи «т» р а в и и м у к а й я д аст.

Мувофики таърифи кайд, харфи «с»-и кофияи боло бояд кайд бошад, аммо дар ин чо ба вазифаи ридфи мураккаб омадааст, чунки пеш аз он садоноки «о», яъне р и д ф и м у ф р а д омадааст.

Аксари мухаккикони таърихи адабиёт такрори харфи кайдро дар кофия шарт донистаанд. Факат дар сурате такрори к а й д р о зарур нашуморидаанд, ки агар харфи р а в и бо харфи в а с л часпида бошад, яъне дар кофияи мутлак такрори харфи кайд шарт нест. Мисол:

Навруз даромад, ай Манучехри,

Бо лолаи суруху бо гули хумри.

Мургони забонгирифтаро яксар

Бикшод забони сурию ибри.

(Манучехри)

Дар ин байтхо (вазнаш – Хазачи мусаддаси ахраби макбуз) калимахои «Манучехри», «хумри» ва «ибри» кофия, чузвхои «-хри», «-мри» ва «- бри» решаи кофия буда, харфи «р» р а в и и м у т л а к, харфи «и» в а с л, харфхои «х», «м» ва «б» кайд мебошанд, зеро харфи рави бо харфи васл пайваст шудааст. Харфи кайд дар шеъри форси-точики хеле серистеъмол аст.

Рави низ калимаи арабист, аз решаи калимаи р и в о гирифта шудааст. Риво ресмоне бошад, ки бо он бори уштурро банданд. Дар илми кофия охирин харфи решагии калимаи кофияро рави меноманд. Пас тамоми харфхои забони точики – хамсадо ва садонокхои дароз (ба чуз садонокхои кутохи «а», «и», «у») ба вазифаи рави омада метавонанд. Мисол:

Ба ёрони кухан ёри накарди,

Чафо карди, вафодори накарди.

(Камол)

Дар ин байти Камоли Хучанди, ки дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф эчод шудааст, калимахои «ёри» ва «вафодори» кофия, чузвхои «-ори»-ю «ёри» решаи кофия буда, харфхои «ё» ва «о» р и д ф и м у ф р а д (асли), харфи «р» р а в и (р а в и и м у к а й я д)[1], харфи «и» васл мебошанд. Рави ду хел аст:

  1. Р а в и и м у к а й я д (ба кайд омада, гирифтор, побанд), равиеро гуянд, ки он бо харфи в а с л начаспида бошад. Яъне кофия бо харфи рави ба охир расидааст. Мисол:

Руят гули сероб нагуем, чи гуем?

Он лаб шакари ноб нагуем, чи гуем?

(Камол)

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макфуфи максур) калимахои «сероб» ва «ноб» кофия, чузви «-еб» р е ш а и к о ф и я буда, харфи «о» ридфи муфрад (асли), харфи «б» равии мукайяд мебошад.

Мисоли дигар:

Зикри мах кардам шабе, руйи туам омад ба ёд,

Ёди шаб кардам ба мах, дил бо сари зулфат фитод.

(Камол)

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макфуфи максур) калимахои «сероб» ва «ноб» кофия, чузви «-об» р е ш а и к о ф и я буда, харфи «о» ридфи муфрад (асли), харфи «б» равии мукайяд мебошад.

  1. Р а в и и м у т л а к (комил, пурра, тамом), равиеро гуянд, ки он бо харфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи рави харфи дигаре омада бошад. Мисол:

Фош мегуяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишкаму аз хар ду чахон озодам.

(Хофиз)

Дар ин байт (вазнаш – Рамали мусаммани махбуни аслам) калимахои «дилшодам» ва «озодам» кофия, чузви «-одам» р е ш а и к о -ф и я мебошанд. Дар ин решаи кофия харфи «о» риДфи муфраД (асли), харфи «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «м» васл аст. Мисолхо:

Ай дуст, туро бар сари вактам гузаре нест,

Аз холи дили бехабаронат хабаре нест.

(Хасани Дехлави)

***

Ман ба буи ту хавохохи насими сахарам,

К-у зи буи ту хабар дораду ман бехабарам.

(Ч,оми)

***

Ки хайхот, кадри ту нашнохтам,

Ба шукри кудумат напардохтам.

(Саъди)

Дар байти якум калимахои «гузаре» ва «хабаре», дар байти дуюм калимахои «сахарам» ва «бехабарам», дар байти сеюм калимахои «нашнохтам» ва «напардохтам» кофияанд, ки харфи «р»-и кофияи байти якуму дуюм, харфи «т»-и кофияи байти сеюм равии мутлаканд.

Такрори харфи рави дар кофияи шеър шарт аст. Шеъреро, ки дар он харфи рави истифода нашуда бошад, онро шеър намехисобанд.

Аз харфхои кофия таъсис, дахил, ридф, кайд ва аз харакатхои кофия рас, ишбоъ, хазв, тавчех хамеша пеш аз рави ва васлу хуручу мазиду нойира, мачро ва нафоз баъди рави меоянд.

Азбаски кофия бе харфи рави вучуд дошта наметавонад, барои хамин мухаккикони таърихи адабиёт кофияро аслан аз як харф иборат донистаанд. Вахиди Табрези мегуяд:

Кофия дар асл як харф асту хашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нукта инхо дойира.

Харфи таъсису Дахилу рифу кайд, он гах рави,

Баъд аз он васлу хуруц асту мазиду нойира.

Мисолхо барои харфхои кофияи мукайяд:

Мисол барои харфи рави:

Тозаву хуррам аст чун рухи ёр

Сахни гети зи рангу буи бахор.

(Имомии Хирави)

Мисол барои таъсис ва дахил:

Биё, ки турки фалак хони руза горат кард,

Хилол ид ба даври кадах ишорат кард.

(Хофиз)

Мисол барои харфи кайд:

Губори рох шав, то сарврафторон хиром оранд,

Бувад то гушаи чашми туро аз хок бардоранд.

(Хозик)

Савол ва супоришхо:

  1. Харфи рави чист ва чанд хел мешавад?
  2. Кадом навъи кофияро кофияи мукайяд меноманд?
  3. Тафовути кофияи мукайядро аз кофияи мутлак фахмонед.
  4. Кофияи мукайяд аз кадом харфхо иборат аст?
  5. Дар байти зер кадом навъи кофия вучуд дорад?

Наврузи бузургам бизан, ай мутриб, имруз,

Зеро ки бувад навбати Навруз ба Навруз.

(Манучехри)

  1. Харфи таъсис бо дахил чи иртибот дорад?
  2. Кадом харфи кофия ба вазифаи рави омада метавонад?
  3. Ридф чанд хел мешавад?
  4. Маънихои лугави ва истилохии кайдро гуед.

Ю.Харфи кайд бо ридфи мураккаб чи муносибат дорад?

  1. Дар байти зер кадом навъи ридф омадааст?

Рузе зи сари санг укобе ба хаво хост,

Аз бахри тамаъ болу пари хеш биорост.

 

[1] Мукайяд – ба кайд афтода, гирифтор

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …