Главная / Ҷамъият / ҒУСЛИ МУРДА: Шустани маит

ҒУСЛИ МУРДА: Шустани маит

Ғусли пайғамбарон (а) ба ҷиҳати таъзими эшон аст. Ва ғусли дигар мардум аз ҷиҳати наҷосат аст ва ё аз ҷиҳати ҳадас[1] аст.

Вақте ки ҳамаи асбоби ғусл ва кафану қабр шуданд, аввал ҳафт маротиба тахтае, ки майит бар болои он барои ғусл додан гузошта мешавад бо хушбӯӣ бишуянд ва баъдан майитро бар болои он гузошта, либоси майитро аз баданаш бароваранд ва аз ноф то зонуҳоро, ки аврат аст, бо порчае бипӯшонанд. Ва агар дар андоми ӯ олудагие бошад онро бишӯянд.

Нияти ғусли майит чунин аст ва бояд ки паст хонда шавад:

Навайту ани-ғтасала ғуслан лил майити татҳиран, ав нафсим-мин нафсин, канафсив-ва-хруҷи аъёли мин аъмоли дунё ва афъоли дунё ва ашғоли дунё ва фироқи дунё тақаррубан илаллоҳи таоло.

shustani-murda

Тариқи ғусл додан ин аст, ки аввал майитро истинҷо диҳанд, ба ин тартиб, ки ғассол[2] ба дасти худ латтаеро печонида ва дастро аз зери линги майит дохил карда, истинҷо диҳад. Ва сипас таҳорат диҳад бидуни мазмазаву истиншоқ.[3] Як кас аз болои чодар оби гарм мерезад, мурдашӯй баъд аз истинҷо дасташро ба латтаи тоза иваз мекунад ва аввал рӯйи мурдаро мешӯяд, баъд аз он дастҳои ӯро то оринҷ шуста, сари майитро масҳ карда, пойҳояшро мешӯяд. Баъд ӯро бар паҳлӯи чап хобонида, паҳлӯи росташро се маротиба бишӯяд. Ва чунон обро бирезад, ки об аз зераш ҷорӣ гардад. Баъд аз он майитро бар паҳлӯи рост хобонида, паҳлӯи чапашро ба мисоли паҳлӯи рост бишӯяд. Об бояд бо ушон ва собун гарм карда шавад. Ва агар ин ду мавҷуд набошад, оби танҳо кофист.

Баъд аз тамом шудани ғусл ғассол майитро бинишонад ва ба худ такя диҳад ва оҳиста шиками ӯро даст кашад ва агар чизе берун ояд, онро шуяд ва ғуслро дубора такрор накунад. Ва баъд аз он бадани майитро бо лунгии пок хушк карда, бар болои кафан бигӯзорад. Ва агар як маротиба тамоми бадани майит шуста шавад, фарз адо мешавад. Дар вақти ғусл додан гушҳову биниро бо пунба банд кунад, то об дохил нашавад.

Агар майит ҷунуб мурда буд ва ё зан ҳоиз, ё нифос буд, дохил карданӣ об дар даҳону бинии ӯ лозим аст. Ва ба василаи пунба ва ё порча обро аз даҳонаш берун кунад.

Вақте ки майитро бар болои кафан гузоштанд, бар сари ӯ атр бипошанд. Ва агар мард бошад, риши ӯро низ муаттар гардонанд. Сипас он ҳафт андоме, ки бад-он Худои таолоро саҷда мекард, яъне пешониву бинӣ ва кафи ду даст ва ҳар ду зону ва кафи ҳар ду пои майитро кофур ва ё хушбӯии дигар бизананд. Назди мурда Қуръон хондан ҷоиз аст, пас аз ғусл ва ҳам пеш аз ғусл. Вале дар вақти ғусл додан Қуръон хонда нашавад.

Муйҳои майит ва нохунҳои ӯро кӯтоҳ карда нашавад, балки бар ҳоли худ боқӣ гузошта шавад.

Агар кудак зинда таваллуд шавад, баъд бимирад, тариқаи ғуслаш ба мисли одами калонсол аст, фақат ғуслаш бетаҳорат иҷро карда мешавад. Зеро таҳорат ба касе лозим аст, ки дар ҳаёташ намоз ба ӯ фарз аст. Ва барои ин тифл номи хубе гузорида шавад. Ва агар тифле мурда ба дунё омад, ӯро шуста бо порчае печонида, ном гузошта бидуни ҷаноза гӯр карда шавад.

Агар марде вафот кард ва дар миёни мардон касе пайдо нашуд, ки ӯро ғусл диҳад, зане ки маҳрами ӯ бошад, ӯро ғусл диҳад. Ва агар зани маҳрам набошад, пас он майитро таяммум диҳанд. Ва агар марде дар сафар бимурд ва марде, бо ӯ бошад, бояд ки он мард он мурдаро бишӯяд ва агар мард набошад ва занон бошанд, пас, агар дар байнашон зани он марди мурда бошад, ӯро бишӯяд ва кафан кунад ва занон бар вай намоз гузоранд, раво бошад, аммо он зан, ки имомат кунад дар пеш наравад ва дар миёни саф биистад. Ва агар зан зани он мурда набошад, аммо марде кофир бошад ва ҳамчунин занон бошанд, он гоҳ он занон он марди кофирро биёмӯзанд, то он кофир он мурдаро тавонад бишӯяд ва кафан кунад ва он занон бар вай намоз кунанд. Ва агар кофир ҳам набошад, агар аз ин занон яке маҳрами ӯ бошад, он мурдаро бишӯяд. Ва агар маҳрам набошад, пас таяммум диҳанд. Ва агар таяммумдиҳанда номаҳрам бошад, дасти худро бо латтае печида таяммум диҳад.

Таяммуми мурда чунин аст, ки ду дастро бар замин занад ва ангуштон бияфшонад ва бад-он ҳар ду даст рӯйи он мурдаро масҳ кашад, пас ҳар ду дастро бар замин занад ва ангуштонро бияфшонад, пас ҳар ду дасти он мурдаро масҳ кашад, то оринҷ ва оринҷ низ масҳ кунад.

Агар ба воситаи набудани об майитро таяммум доданд ва баъд аз он об пайдо шуд, бояд ӯ ғусл дода шавад. Агар зане вафот кард ва дигар занҳо набошанд, ки ӯро ғусл диҳанд, пас маҳраме ӯро таяммум диҳад, бе чашмбанд ва бидуни либос. Аммо шавҳараш ӯро таяммум диҳад бе чашмбанд бо ҳамроҳии либос. Ва шахси аҷнабӣ (номаҳрам) ӯро таяммум диҳад бо ҳамроҳии чашмбанд ва либос.

Агар шавҳари зан вафот кунад, зан метавонад, ки ӯро ғусл диҳад ва кафан кунад. Ва агар зан бимирад, шавҳараш наметавонад ӯро мисос кунад, албатта, назар кардан ва аз болои кафан гирифтани ҷасадаш ҷоиз аст.

Зан дар ҳолати ҳайзу нифос наметавонад майитро ғусл диҳад.

Барои шустани зан зане, ки аз хешовандони наздикаш бошад, беҳтар аст. Ва агар хешовандони наздик набошанд, ҳар зани диндору парҳезгор бошад, ҷоиз аст.

Ғассол агар дар вақти шустани майит айберо мушоҳида кард, ё сурати ӯро дигаргуншуда дид, бар касе изҳор накунад.

Агар касе дар дарё ғарқ шуда, вафот кард ва ҳар вақт ки ӯ аз об берун оварда шавад, ғусл додани ӯ лозим аст. Ва ғарқ, шудани дар об ҷойи ғуслро намегирад, албатта, агар вақти берун овардан ба нияти ғусл ӯро дар об ҳаракат дода бошанд, ғусл адо мешавад. Ва боридани борон бар майит ҳамин ҳукмро дорад.

Агар танҳо сари касе пайдо шуд, ӯ ғусл дода нашавад, балки ҳамон тавр дафн карда шавад. Ва агар нисфи зиёди бадан пайдо шуд, хоҳ бо cap бошад, хоҳ бесар ғусл додани он воҷиб аст. Ва агар аз нисф камтар бошад, хоҳ бо cap бошад, хоҳ бесар, ғусл дода намешавад.

Агар майите ёфт шуд, аммо маълум нашуд, ки ӯ мусалмон аст ва ё кофир, вале мардуми ноҳияе, ки он майитро аз он ҷо ёфтаанд, аз аҳли ислом ҳастанд, пас ӯро ғусл дода кафан кунанд ва ҷаноза бихонанд.

Агар ҷасади мусалмонон ва кофирон бо ҳам омехта шуда бошанд ва маълум нагардад, ки кадоме аз онҳо мусалмон асту кадоме ғайри мусалмон, пас ҳамаро ғусл диҳанд. Ва агар шинохта шавад, пас танҳо ҷасади мусалмонон ғусл дода мешавад.

Агар яке аз хешованди мусалмонон кофир буд ва ӯ вафот кард, мусалмонон ҷасади ӯро ба ҳаммаслакони ӯ бидиҳанд. Ва агар ҳаммаслакони ӯро наёфтанд ва ё онҳо ӯро қабул накарданд, пас он гурӯҳи муслимин он майитро ғусл диҳанд, вале на ба тариқи суннат, балки ба мисоли як чизи наҷас ӯро бишӯянд, агарчи кофир ба шустан пок намегардад.

Барои шахсони боғӣ ва дуздон, ки ҳангоми задухӯрд бо сарбозони ислом кушта мешаванд, ғусл ҷоиз нест.

Муртад[4] агар бимирад, ғусл дода нашавад ва мурдаашро ба ҳаммазҳабонаш низ дода нашавад.

Барои ғассол беҳтар аст, ки ба покӣ ғусл бидиҳад ва худаш низ баъд аз ғусли майит ғусл бикунад. (Дурру-л-мухтор).

[1] Ҳадас – бетаҳоратӣ, нопокӣ.

[2] Ғассол – мурдашӯй

[3] Мазмазаву истиншоқ – обро дар даҳону дар бинӣ кардан

[4] Муртад – касе, ки аз дини мубини ислом рӯй гардонида, дини дигарро қабул мекунад.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …