Главная / Чамъият / ГУСЛИ МУРДА: Шустани маит

ГУСЛИ МУРДА: Шустани маит

Гусли пайгамбарон (а) ба чихати таъзими эшон аст. Ва гусли дигар мардум аз чихати начосат аст ва ё аз чихати хадас[1] аст.

Вакте ки хамаи асбоби гусл ва кафану кабр шуданд, аввал хафт маротиба тахтае, ки майит бар болои он барои гусл додан гузошта мешавад бо хушбуи бишуянд ва баъдан майитро бар болои он гузошта, либоси майитро аз баданаш бароваранд ва аз ноф то зонухоро, ки аврат аст, бо порчае бипушонанд. Ва агар дар андоми у олудагие бошад онро бишуянд.

Нияти гусли майит чунин аст ва бояд ки паст хонда шавад:

Навайту ани-гтасала гуслан лил майити татхиран, ав нафсим-мин нафсин, канафсив-ва-хручи аъёли мин аъмоли дунё ва афъоли дунё ва ашголи дунё ва фироки дунё такаррубан илаллохи таоло.

shustani-murda

Тарики гусл додан ин аст, ки аввал майитро истинчо диханд, ба ин тартиб, ки гассол[2] ба дасти худ латтаеро печонида ва дастро аз зери линги майит дохил карда, истинчо дихад. Ва сипас тахорат дихад бидуни мазмазаву истиншок.[3] Як кас аз болои чодар оби гарм мерезад, мурдашуй баъд аз истинчо дасташро ба латтаи тоза иваз мекунад ва аввал руйи мурдаро мешуяд, баъд аз он дастхои уро то оринч шуста, сари майитро масх карда, пойхояшро мешуяд. Баъд уро бар пахлуи чап хобонида, пахлуи росташро се маротиба бишуяд. Ва чунон обро бирезад, ки об аз зераш чори гардад. Баъд аз он майитро бар пахлуи рост хобонида, пахлуи чапашро ба мисоли пахлуи рост бишуяд. Об бояд бо ушон ва собун гарм карда шавад. Ва агар ин ду мавчуд набошад, оби танхо кофист.

Баъд аз тамом шудани гусл гассол майитро бинишонад ва ба худ такя дихад ва охиста шиками уро даст кашад ва агар чизе берун ояд, онро шуяд ва гуслро дубора такрор накунад. Ва баъд аз он бадани майитро бо лунгии пок хушк карда, бар болои кафан бигузорад. Ва агар як маротиба тамоми бадани майит шуста шавад, фарз адо мешавад. Дар вакти гусл додан гушхову биниро бо пунба банд кунад, то об дохил нашавад.

Агар майит чунуб мурда буд ва ё зан хоиз, ё нифос буд, дохил кардани об дар дахону бинии у лозим аст. Ва ба василаи пунба ва ё порча обро аз дахонаш берун кунад.

Вакте ки майитро бар болои кафан гузоштанд, бар сари у атр бипошанд. Ва агар мард бошад, риши уро низ муаттар гардонанд. Сипас он хафт андоме, ки бад-он Худои таолоро сачда мекард, яъне пешониву бини ва кафи ду даст ва хар ду зону ва кафи хар ду пои майитро кофур ва ё хушбуии дигар бизананд. Назди мурда Куръон хондан чоиз аст, пас аз гусл ва хам пеш аз гусл. Вале дар вакти гусл додан Куръон хонда нашавад.

Муйхои майит ва нохунхои уро кутох карда нашавад, балки бар холи худ боки гузошта шавад.

Агар кудак зинда таваллуд шавад, баъд бимирад, тарикаи гуслаш ба мисли одами калонсол аст, факат гуслаш бетахорат ичро карда мешавад. Зеро тахорат ба касе лозим аст, ки дар хаёташ намоз ба у фарз аст. Ва барои ин тифл номи хубе гузорида шавад. Ва агар тифле мурда ба дунё омад, уро шуста бо порчае печонида, ном гузошта бидуни чаноза гур карда шавад.

Агар марде вафот кард ва дар миёни мардон касе пайдо нашуд, ки уро гусл дихад, зане ки махрами у бошад, уро гусл дихад. Ва агар зани махрам набошад, пас он майитро таяммум диханд. Ва агар марде дар сафар бимурд ва марде, бо у бошад, бояд ки он мард он мурдаро бишуяд ва агар мард набошад ва занон бошанд, пас, агар дар байнашон зани он марди мурда бошад, уро бишуяд ва кафан кунад ва занон бар вай намоз гузоранд, раво бошад, аммо он зан, ки имомат кунад дар пеш наравад ва дар миёни саф биистад. Ва агар зан зани он мурда набошад, аммо марде кофир бошад ва хамчунин занон бошанд, он гох он занон он марди кофирро биёмузанд, то он кофир он мурдаро тавонад бишуяд ва кафан кунад ва он занон бар вай намоз кунанд. Ва агар кофир хам набошад, агар аз ин занон яке махрами у бошад, он мурдаро бишуяд. Ва агар махрам набошад, пас таяммум диханд. Ва агар таяммумдиханда номахрам бошад, дасти худро бо латтае печида таяммум дихад.

Таяммуми мурда чунин аст, ки ду дастро бар замин занад ва ангуштон бияфшонад ва бад-он хар ду даст руйи он мурдаро масх кашад, пас хар ду дастро бар замин занад ва ангуштонро бияфшонад, пас хар ду дасти он мурдаро масх кашад, то оринч ва оринч низ масх кунад.

Агар ба воситаи набудани об майитро таяммум доданд ва баъд аз он об пайдо шуд, бояд у гусл дода шавад. Агар зане вафот кард ва дигар занхо набошанд, ки уро гусл диханд, пас махраме уро таяммум дихад, бе чашмбанд ва бидуни либос. Аммо шавхараш уро таяммум дихад бе чашмбанд бо хамрохии либос. Ва шахси ачнаби (номахрам) уро таяммум дихад бо хамрохии чашмбанд ва либос.

Агар шавхари зан вафот кунад, зан метавонад, ки уро гусл дихад ва кафан кунад. Ва агар зан бимирад, шавхараш наметавонад уро мисос кунад, албатта, назар кардан ва аз болои кафан гирифтани часадаш чоиз аст.

Зан дар холати хайзу нифос наметавонад майитро гусл дихад.

Барои шустани зан зане, ки аз хешовандони наздикаш бошад, бехтар аст. Ва агар хешовандони наздик набошанд, хар зани диндору пархезгор бошад, чоиз аст.

Гассол агар дар вакти шустани майит айберо мушохида кард, ё сурати уро дигаргуншуда дид, бар касе изхор накунад.

Агар касе дар дарё гарк шуда, вафот кард ва хар вакт ки у аз об берун оварда шавад, гусл додани у лозим аст. Ва гарк, шудани дар об чойи гуслро намегирад, албатта, агар вакти берун овардан ба нияти гусл уро дар об харакат дода бошанд, гусл адо мешавад. Ва боридани борон бар майит хамин хукмро дорад.

Агар танхо сари касе пайдо шуд, у гусл дода нашавад, балки хамон тавр дафн карда шавад. Ва агар нисфи зиёди бадан пайдо шуд, хох бо cap бошад, хох бесар гусл додани он вочиб аст. Ва агар аз нисф камтар бошад, хох бо cap бошад, хох бесар, гусл дода намешавад.

Агар майите ёфт шуд, аммо маълум нашуд, ки у мусалмон аст ва ё кофир, вале мардуми нохияе, ки он майитро аз он чо ёфтаанд, аз ахли ислом хастанд, пас уро гусл дода кафан кунанд ва чаноза бихонанд.

Агар часади мусалмонон ва кофирон бо хам омехта шуда бошанд ва маълум нагардад, ки кадоме аз онхо мусалмон асту кадоме гайри мусалмон, пас хамаро гусл диханд. Ва агар шинохта шавад, пас танхо часади мусалмонон гусл дода мешавад.

Агар яке аз хешованди мусалмонон кофир буд ва у вафот кард, мусалмонон часади уро ба хаммаслакони у бидиханд. Ва агар хаммаслакони уро наёфтанд ва ё онхо уро кабул накарданд, пас он гурухи муслимин он майитро гусл диханд, вале на ба тарики суннат, балки ба мисоли як чизи начас уро бишуянд, агарчи кофир ба шустан пок намегардад.

Барои шахсони боги ва дуздон, ки хангоми задухурд бо сарбозони ислом кушта мешаванд, гусл чоиз нест.

Муртад[4] агар бимирад, гусл дода нашавад ва мурдаашро ба хаммазхабонаш низ дода нашавад.

Барои гассол бехтар аст, ки ба поки гусл бидихад ва худаш низ баъд аз гусли майит гусл бикунад. (Дурру-л-мухтор).

[1] Хадас – бетахорати, нопоки.

[2] Гассол – мурдашуй

[3] Мазмазаву истиншок – обро дар дахону дар бини кардан

[4] Муртад – касе, ки аз дини мубини ислом руй гардонида, дини дигарро кабул мекунад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …