Главная / Биология / Гулсангҳо – Шакпҳои ҳаётии онҳо

Гулсангҳо – Шакпҳои ҳаётии онҳо

Гулсангҳо яке аз организмҳои махсус ташаккулёфтаи растаниҳои дараҷаи паст мебошанд. Ҷисми (танаи) қабат-қабати онҳо аз ду организм – обсабз ва занбӯруғ таркиб ёфтааст ва чун як организми том фаъолияти ҳаётӣ зоҳир мекунад. Аз ду организм иборат будани гулсангҳоро бори аввал олими олмонӣ С. Швендр соли 1867 муай- ян кардааст.

gulsang

Дар рӯи Замин тақрибан 20 000 намуди гулсангҳои шакли мор- фологиашон гуногун маълуманд. Ҳар сол аз тарафи олимони гулсангшинос боз даҳҳо намудҳои навини гулсангҳо муайян карда ме- шаванд.

Гулсангҳо дар табиат ниҳоят паҳн шудаанд. Онҳо дар тамоми кураи Замин, аз биёбонҳои хушки тафсон то Арктика, дар заминҳои беҳосилу бегиёҳ, танаи дарахтон, дар рӯи харсангҳои аз нури офтоб тафсидаю сиёхгашта, дар танаи деворҳо, қуллаҳои баланди кӯҳҳои сар ба фалак месабзанд.

Дар зонаҳои (минтақаҳои) тундра гулсангҳо мақоми хоса доранд. Аз пӯшиши яклухти (сар то сари) гулсангҳо тундра гӯё либоси якрангу хиратобро дарбар дорад. Дар тундра, хусусан, гулсанги гавазнхӯрак, ки бо номи “ушнаи гавазн” маълум аст, хеле фаровон мерӯяд.

Гулсангҳо андозаи гуногун доранд. Баъзеи онҳо чунон хурданд, ки онҳоро фақат дар зери микроскоп дидан муяссар мешавад. Дигар гулсангҳо бошанд, масалан, гулсанги гавазнхӯрак майдонҳои калонро ба мисли қолини яклухт фаро гирифтаанд.

Гулсангҳо рангҳои гуногун доранд. Гуногунии рангҳо ба мав- ҷудияти пигментҳои рангдиҳандаи таркиби онҳо вобаста аст. Пигментҳо дар ҷилди риштаи занбӯруғ, баъзан дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои он ҷамъ мешаванд. Дар гулсангҳо 5 хели пигментҳо: сабз, кабуд, бунафш, сурх ва қаҳваранг дида мешаванд. Дар пайдошавии рангҳои гуногуни гулсангҳо мақому аҳамияти нури офтоб хеле калон аст. Ҳар қадаре, ки дар макони сабзиши гулсангҳо тобиши нурафканиши офтоб фаровон бошад, ҳамон қадар ранги онҳо тобиши баландро ба худ мегирад. Масалан, заргулсанги деворӣ (ксантория), ки дар ҷои серрӯшноӣ месабзад, танаи қабат- қабаташ ранги сурхи норинҷии баландро дорад. Дар шароити камрӯшноӣ бошад, ҳамин гулсанг ранги норинҷии худро гум карда, ба худ ранги хокистарии сабзчатобро мегирад. Аз ин ҷост, ки намудҳои гулсангҳои дар минтақаҳои баландкӯҳ ва қутбҳои Антарктидаю Арктика, ки дар атмосфераи софу бечангу ғубор ва рӯшноии фаровони офтоб нашъунамо мекунанд, ба худ рангҳои равшани баландро гирифтаанд.

Гулсангҳо на танҳо рангҳои гуногун, инчунин шаклҳои гуногуни морфологӣ низ доранд. Ҷисми (танаи) қабат-қабати онхо, ки шакли кафкмонанд дошта, дар рӯи сангҳо месабзанд, баргшакл буда, ранги паҳнаки онҳо гуногун мешавад. Онҳо дар рӯи санг, пӯстлохи дарахтон сабзида, баъзеашон шакли буттагӣ доранд. Гулсангҳои бутташакл шохаронда буда, дорои поя ва навда мебошанд. Ба муҳити сукунаташон тавассути қисми поёнии поя алоқаманд ҳастанд.

Сабзиши гулсангҳо хеле суст мегузарад. Масалан, гулсанги “ушнаи гавазн” дар як сол ҳамагӣ 1-3 миллиметр қад мекашад. Сабзиши ниҳоят сусти гулсангҳо ба ҳарорат, миқдори боришот, намно- кии ҳаво ва ба кам будани захираи модцаҳои органикӣ дар орга- низми онҳо зич вобастагӣ дорад. Пайдошавии моддаҳои органикӣ дар ҷисми (танаи) гулсангҳо ба давомдор гузаштани раванди фотосинтез алоқаманд аст. Хусусан, дар фасли тобистон дар натиҷаи норасогии об дар организми гулсангҳо фотосинтез ниҳоят суст ба амал меояд ва дар онҳо захираи моддаҳои органикӣ ниҳоят кам мебошад. Сабзиш ва инкишофи боавҷи гулсангҳоро, одатан, дар соҳилҳои баҳрҳо ва кӯҳсорони доимо дар зери тумани ғафсбуда мушоҳида кардан мумкин аст.

Гулсангҳо растаниҳои бисёрсолаанд. Онҳо даҳҳо ва садҳо сол умр мебинанд.

  1. Гулсангҳо чӣ хел сохт доранд?
  2. Намудҳои гуногуни гулсангҳо дар куҷоҳо вомехӯранд?
  3. Гуногунрангии намудҳои гуногуни гулсангҳо ба чӣ вобаста аст?
  4. Гуногуншаклии гулсангҳо дар чӣ зоҳир мешавад?
  5. Сабзиши сусти гулсангро чӣ тавр метавон маънидод кард?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …