Главная / Биология / Гулсангхо – Шакпхои хаётии онхо

Гулсангхо – Шакпхои хаётии онхо

Гулсангхо яке аз организмхои махсус ташаккулёфтаи растанихои дарачаи паст мебошанд. Чисми (танаи) кабат-кабати онхо аз ду организм – обсабз ва занбуруг таркиб ёфтааст ва чун як организми том фаъолияти хаёти зохир мекунад. Аз ду организм иборат будани гулсангхоро бори аввал олими олмони С. Швендр соли 1867 муай- ян кардааст.

gulsang

Дар руи Замин такрибан 20 000 намуди гулсангхои шакли мор- фологиашон гуногун маълуманд. Хар сол аз тарафи олимони гулсангшинос боз даххо намудхои навини гулсангхо муайян карда ме- шаванд.

Гулсангхо дар табиат нихоят пахн шудаанд. Онхо дар тамоми кураи Замин, аз биёбонхои хушки тафсон то Арктика, дар заминхои бехосилу бегиёх, танаи дарахтон, дар руи харсангхои аз нури офтоб тафсидаю сиёхгашта, дар танаи деворхо, куллахои баланди куххои сар ба фалак месабзанд.

Дар зонахои (минтакахои) тундра гулсангхо макоми хоса доранд. Аз пушиши яклухти (сар то сари) гулсангхо тундра гуё либоси якрангу хиратобро дарбар дорад. Дар тундра, хусусан, гулсанги гавазнхурак, ки бо номи “ушнаи гавазн” маълум аст, хеле фаровон меруяд.

Гулсангхо андозаи гуногун доранд. Баъзеи онхо чунон хурданд, ки онхоро факат дар зери микроскоп дидан муяссар мешавад. Дигар гулсангхо бошанд, масалан, гулсанги гавазнхурак майдонхои калонро ба мисли колини яклухт фаро гирифтаанд.

Гулсангхо рангхои гуногун доранд. Гуногунии рангхо ба мав- чудияти пигментхои рангдихандаи таркиби онхо вобаста аст. Пигментхо дар чилди риштаи занбуруг, баъзан дар ситоплазмаи хучайрахои он чамъ мешаванд. Дар гулсангхо 5 хели пигментхо: сабз, кабуд, бунафш, сурх ва кахваранг дида мешаванд. Дар пайдошавии рангхои гуногуни гулсангхо макому ахамияти нури офтоб хеле калон аст. Хар кадаре, ки дар макони сабзиши гулсангхо тобиши нурафканиши офтоб фаровон бошад, хамон кадар ранги онхо тобиши баландро ба худ мегирад. Масалан, заргулсанги девори (ксантория), ки дар чои серрушнои месабзад, танаи кабат- кабаташ ранги сурхи норинчии баландро дорад. Дар шароити камрушнои бошад, хамин гулсанг ранги норинчии худро гум карда, ба худ ранги хокистарии сабзчатобро мегирад. Аз ин чост, ки намудхои гулсангхои дар минтакахои баландкух ва кутбхои Антарктидаю Арктика, ки дар атмосфераи софу бечангу губор ва рушноии фаровони офтоб нашъунамо мекунанд, ба худ рангхои равшани баландро гирифтаанд.

Гулсангхо на танхо рангхои гуногун, инчунин шаклхои гуногуни морфологи низ доранд. Чисми (танаи) кабат-кабати онхо, ки шакли кафкмонанд дошта, дар руи сангхо месабзанд, баргшакл буда, ранги пахнаки онхо гуногун мешавад. Онхо дар руи санг, пустлохи дарахтон сабзида, баъзеашон шакли буттаги доранд. Гулсангхои бутташакл шохаронда буда, дорои поя ва навда мебошанд. Ба мухити сукунаташон тавассути кисми поёнии поя алокаманд хастанд.

Сабзиши гулсангхо хеле суст мегузарад. Масалан, гулсанги “ушнаи гавазн” дар як сол хамаги 1-3 миллиметр кад мекашад. Сабзиши нихоят сусти гулсангхо ба харорат, микдори боришот, намно- кии хаво ва ба кам будани захираи модцахои органики дар орга- низми онхо зич вобастаги дорад. Пайдошавии моддахои органики дар чисми (танаи) гулсангхо ба давомдор гузаштани раванди фотосинтез алокаманд аст. Хусусан, дар фасли тобистон дар натичаи норасогии об дар организми гулсангхо фотосинтез нихоят суст ба амал меояд ва дар онхо захираи моддахои органики нихоят кам мебошад. Сабзиш ва инкишофи боавчи гулсангхоро, одатан, дар сохилхои бахрхо ва кухсорони доимо дар зери тумани гафсбуда мушохида кардан мумкин аст.

Гулсангхо растанихои бисёрсолаанд. Онхо даххо ва садхо сол умр мебинанд.

  1. Гулсангхо чи хел сохт доранд?
  2. Намудхои гуногуни гулсангхо дар кучохо вомехуранд?
  3. Гуногунрангии намудхои гуногуни гулсангхо ба чи вобаста аст?
  4. Гуногуншаклии гулсангхо дар чи зохир мешавад?
  5. Сабзиши сусти гулсангро чи тавр метавон маънидод кард?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …