Главная / Гуногун / Дуоҳои шукри неъмат

Дуоҳои шукри неъмат

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ғанномии Баёзӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҳар шахсе вақти субҳ ин дуоро бихонад, он шахс шукри ҳамаи неъматҳои он рӯзро ба ҷо оварда бошад ва ҳар шахсе ҳангоми шом ин дуоро бихонад, ӯ шукри ҳама неъматҳои он шабро ба ҷо оварда бошад»[1].

duo-dastarxon

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма мо асбаҳа бӣ мин ниъматин фа минка ваҳдака ло шарика Лака фа Лака-л-ҳамду ва Лака-ш-шукр.

Тарҷума: Эй бор Худоё, ҳар он неъмате, ки насиби ман, ё яке аз махлуқоти Ту имрӯз субҳ шудааст, танҳо аз тарафи Ту ато шудааст. Ту шарике надорӣ, ҳамаи ҳамду ситоиш барои Ту ҳастанд ва ҳамаи шукр барои Туст.

Дуои аз хона берун омадан

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар гоҳ касе вақти берун омадан аз манзил ин дуоро бихонад, дар он вақт ба ӯ гуфта мешавад, яъне фариштаҳо мегӯянд: «Корҳои ту дуруст карда шуданд ва аз ҳар бадӣ муҳофизат карда шудӣ». Шайтон номуроду ноком шуда аз ӯ дур мешавад»[2]. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бисмиллоҳи таваккалту алаллоҳи, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.

Тарҷума: Maн бо номи Аллоҳ берун меравам, бар Аллоҳ таваккал мекунам. Ҳосил кардани ҳар хайр, ё наҷот аз ҳар бадӣ фақат бо амри Аллоҳ мумкин аст.

Ва дар ривояте чунин омадааст: «Дар он вақт (баъд аз хондани ин дуо) ба ӯ гуфта мешавад: «Комилан роҳнамоӣ карда шудӣ. Корҳои ту дуруст карда шуданд ва ту муҳофизат карда шудӣ». Пас шайтонҳо аз ӯ дур мешаванд. Шайтони дигаре ба он шайтони қаблӣ мегӯяд: «Ту чӣ тавр метавонӣ бар чунин шахсе ғолиб шавӣ, ки роҳнамоӣ карда шудааст? Корҳои ӯ дуруст карда шудаанд ва ӯ муҳофизат карда шудааст».[3]

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

  [2] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[3] «Ал-аҳодису-л-мунтахаб».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …