Главная / Гуногун / ДОСТОНИ МУРҒОНИ ҚОФИЯСАНҶИ САРОБЎСТОНИ СУХАНВАРӢ

ДОСТОНИ МУРҒОНИ ҚОФИЯСАНҶИ САРОБЎСТОНИ СУХАНВАРӢ

ДАР ДОСТОНИ МУРҒОНИ ҚОФИЯСАНҶИ САРОБЎСТОНИ СУХАНВАРӢ ВА ТЎТИЁНИ ҒАЗАЛСАРОЙИ ШАКАРИТОНИ НАЗМГУСТАРӢ

Шеър дар урфи қудамои¹ ҳукамо каломест муаллаф2 аз муқаддамоти мухайила3, яъне аз шаъни он бошад, ки дар хаёли сомеъ4 андозад маъониеро, ки мўҷиби иқбол5 бошад бар чизе ё эъроз6 аз чизе, хоҳ фӣ нафсиҳӣ содиқ бошад, хоҳ не, хоҳ сомеъ эътиқоди он дошта бошад, хоҳ не, чунон ки гўянд: «Хамр7—лаълест музоб ё ёқутест сайёл»8 ё «асал — чизест талх ё шўри қайкардаи занбўр».
Ва мутааххирини9 ҳукамо ба он вазн ва қофияро эътибор кардаанд. Фа-аммо дар урфи ҷумҳур 10 ҷузви вазн ва қофия дар он мўътабар нест.
Пас шеър — каломе бошад мавзун11 ва муқаффӣ 12 ва тахайюл 13 ва адами 14 тахайюл ва сидқ ва адами сидқро дар он ҳақиқат эътибор не.

М а с н а в ӣ

Ҳеҷ шоҳид чун сухан мавзун нест,
Сирри хубӣ зи хаташ берун нест.
Сабр аз ў саъбу тасаллӣ мушкил,
Хоса вақте, ки пайи бурдани дил,
Кашад аз вазн ба бар хилъати ноз,
Кунад аз қофия домон-ш тироз,
По ба халхоли радиф орояд,
Бар ҷабин холи хаёл афзояд,
Рух зи ташбеҳ диҳад ҷилва чу моҳ,
Бибарад ақли сад афтода зи роҳ,
Мў ба таҷнис зи ҳам бишкофад,
Холӣ аз фарқ ду гесў бофад,
Лаб зи тарсеъ гуҳаррез кунад,
Зулфи мушкин гуҳаровез кунад,
Чашм аз иҳом кунад чашмакзан,
Фитна дар анҷумани ваҳмфиган,
Бар сари чеҳра ниҳад зулфи маҷоз,
Шавад аз парда ҳақиқатпардоз.

…Шеър бар чанд ақсом аст чун қасида ва ғазал ва маснавӣ ва қитъа ва рубоӣ ва шуаро дар муморасати 15 онҳо мутафовит 16. Баъзе мутафаннинанд17, ки бар ҷамъи ин ақсом шеър гуфтаанд ва баъзе аз он қабиланд, ки майли эшон ба баъзе аз ин ақсом бештар будааст, чун мутақаддимон, ки эҳтимоми 18 эшон ба қасоид будааст ва дар мадоеҳ 19 ва мавоиз20 ва ғайри он ва эҳтимоми баъзе ба маснавӣ, ба хилофи мутааххирон, ки суханони эшон аксар бар тариқи ғазал воқеъ шудааст ва адади ин тоифа аз ҳаду ҳаср 21 берун аст ва зикри тафосили 22 эшон аз қоидаи иҳота мутаҷовиз 23. Лоҷарам 24 бар зикри чанде аз машоҳири25 эшон иқтисор26 карда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …